Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Нашр шуд: 18 Марти 2023
Диданд: 2646

Душанбе, 18-уми марти соли 2023

18-уми марти соли 2023 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Наврӯзи байналмилалӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз карда, кормандони Марказро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт. Дар суханронии директори Марказ аз ҷумла қайд шуд, барои мо, тоҷикон, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки иди Наврӯз – ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни шукуфоии табиат бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.

ТАБРИКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАЪФАРЗОДА САБЗАЛӢ ФАЙЗАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Нашр шуд: 17 Марти 2023
Диданд: 2776

Ҳамватанони азиз!

Наврӯзи фархундапай бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, назокату латофаташ ба кишвари хуршедию зебоманзарамон, ба хонадони ҳар яки мо боз қадами мубораки худро мениҳад.

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.

Боиси тазаккур аст, ки Наврӯз – ин ҷашни миллӣ ва бостонии халқи тоҷик бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳониро гирифт.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

Нашр шуд: 07 Марти 2023
Диданд: 2201

Душанбе, 7-уми марти соли 2023

7-уми марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми директори Марказ Шодиниё А.Ш. кушода, бо табрики бонувони Марказ ба муносибати идашон, дар боби бузургдошти зан – модар, мақоми ӯ дар ҷомеа ибрози назар кард. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки бонувони тоҷик аз даврони бостон бо ақлу заковати олӣ, ҷасорату диловарӣ, наҷобату фидокорӣ дар баробари мардон шуҳратёр гардидаанд ва имрӯз низ бо ин хислатҳои ҳамидаашон дар ободию созандагии кишвари маҳбубамон саҳми зиёд доранд.

БАРГУЗОРИИ МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДУРАХШАНДАГОН»

Нашр шуд: 03 Марти 2023
Диданд: 3553

Душанбе, 3-юми марти соли 2023

3-юми марти соли 2023 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаьфарзода Сабзалӣ иштирок карданд.

ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023

Нашр шуд: 01 Марти 2023
Диданд: 6967

Душанбе, 1-уми марти соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1‑уми март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз кард. Ин марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

  1. КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
  2. БАРНОМАИ ИНТИХОБИ ИХТИСОС

Саҳифаи 55 аз 176

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 50
  • 51
  • 52
  • 53
  • ...
  • 55
  • 56
  • 57
  • 58
  • 59
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон