салом, ман як савол доштам, ман танҳо ду ихтисос, ихтисоси тарбияи ҷисмони ва омодагии дифои ҳарбиро интихоб кардам, дар даъватномаи ман дарҷ шудааст ки 2 рӯз имтиҳон супорам, А - дар мактаб тариқи тест, В - дар донишгоҳ тариқи маҳорат ва эҷодиёти махсус, мехостам донам ки ман бояд 2 имтиҳонро супорам, ё танҳо имтиҳони маҳоратиро супорам барои ихтисоси интихоб гардидаам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар даъватнома дуруст омадааст. Шумо бояд 2 маротиба имтиҳон супоред. Дар супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳуқуқ доред, ки танҳо 2 компоненти аввалро супоред. Дар ин ҳолат, ҳангоми нарасидани балли гузариш дар озмуни тақсимоти асосӣ аз ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ маҳрум мешавед.
Салом, сабаб чист ки ба раками дар сомона гузошташуда занг зада намешавад?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Лутфан, аввал аниқ нависед, ки кай ва кадом рақам ҷавоб надод. Сониян, дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 телефонҳо бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 фаъол аст. Азбаски ҷараёни бақайдгирӣ, тақсимоти даъватнома, муайян кардани имтиёздорон ва ғайра давом дорад, баъзан пайвастшавӣ мушкил аст.
Ба гуруҳи 4-ум ба ҳар як фанн чи қадари хол дода мешавад? Боз барои чи хизматрасонии ХУДРО БИСАНҶ кор накарда истодааст?
Дуруд, довталаби муҳтарам! 1.Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Дар низоми ИМД ба саволу масъалаи тест (вобаста аз шакли он-3) меъёри холгузорӣ муайян карда шудааст: (1) бо интихоби як ҷавоби дуруст -1 хол; (2) муайян кардани мувофиқат-то 4 хол ва (3) бо ҷавоби кӯтоҳ - 2 хол. Ҳамин тавр, холи ниҳоӣ барои 4 субтести гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 160-ро бояд ташкил диҳад. 2. Хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир буда, мунтазам фаъол мебошад. Намоиш дода нашудани саволҳои тест ё субтестҳо пас аз интихоби фан танҳо аз суръати паст ё ноустувори интернет вобаста аст, бинобар ин тавсия дода мешавад, ки суръати шабакаро санҷида, саҳифаро аз нав боргузорӣ намоед ё аз дигар браузер ва дастгоҳ истифода баред. Дар сурати рафъ нагаштани камбудӣ тавассути телефони 224 53 62 бо мутахассисон дар тамос шавед.
Ассалому алейкум Ман дар даври якум ҳуҷҷат насупоридаам метовонам ки дар даври 2юм супорам? Ва дар кадом муассисаҳо дар шаҳри Душанбе метавонам ки ҳуҷҷат супорам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, метавонед. Бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 ё 320 сомонӣ) то 30.06.2026 аз қайд гузашта метавонед. Санаи супоридани имтиҳонҳо 15.07.2026 муқаррар шудааст. Макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/markazhoi-imtihoni-va-nishonii-onho-2026.html Минбаъд, зикри насабатонро фаромӯш насозед.
Салом як савол доштам ба кабинети инфиродии бародарзодаам Олимов Меҳроб Ганҷиевич барои гиритфни даъватнома ворид карда намешавад рақами назоратӣ 1102261101010
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом. Ман довталаби ИМД-2026 ҳастам. Ҳангоми бақайдгирӣ маркази супоридани имтиҳони ман шаҳри Душанбе интихоб кардаам ва ҳоло мехохам Кулоб кунам.Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, агар имкон бошад, маркази имтиҳонсупории маро ба шаҳри Кӯлоб иваз намоед. Даъватномаро ҳоло нагирифтаам. Лутфан тартиб ва имконияти иваз карданро фаҳмонед. Ташаккур.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар даври якуми имтиҳонҳо иваз намудани макони имтиҳонсупорӣ имконнопазир мебошад. Бо ин мақсад, Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ ва ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он ҳозир гашта, ариза пешниҳод намоед (пас аз 01.07.2026 ва супоридани 80 сомонӣ). Баъди баррасии ариза ба Шумо барои дар санаи 15.07.2026 супоридани имтиҳон иҷозат хоҳанд дод. Барои гоирифтани маълумоти муфассал атавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед
Салом ман хонандаи синфи нухум ма хучатхоямро ба кластери 5 ум супурдам алакай ман мехохам ки фахмам ки мо аз фанни химия аз руйи компаненти худ эгзамин месупорем ва дар саволхо аз химияи органики суол меояд ë не мо хол аз руйи програмаи дарси химияи органикиро нахондаем?
Салом, Муҳтарам Шарифзода Идрис! Саволҳое, ки Маркази миллии тестӣ ҳангоми имтиҳон истифода мебарад, дар доираи барномаи таълимӣ мебошад. Саволҳо барои имтиҳонҳои компоненти Б синфҳои 9, танҳо, дар доираи барномаи татаълимии то синфи 9 таҳия гаштаанд.
Барои дохил шудан ба класстери 1 хамаги бояд чанд бал лозим бошад синфи9
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос ва ё гурӯҳи ихтисосҳо пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Ассалому алейкум ман ба шумо як савол доштам. Ман дар аввал хостам, ки духтур шавам ва ҳуҷҷат хоямро ба ихтисоси 5 супурдам аммо хозир бо сабабҳои гуногун мехохам ба ихтисоси 1 ба сохаи зехни сунъи иваз намоям оё инро илочаш хаст?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайди Марказ гузаштаанду хоҳиши дар давраи дуюм иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд, бо пардохти пурраи маблағи бақайдгирӣ (370 ё 320 сомонӣ) то 30.06.2026 аз қайд гузашта метавонанд. Санаи супоридани имтиҳонҳои онҳо 15.07.2026 муқаррар шудааст.
Салом алейкум!Ман хонандаи синфи 11 мактаби русӣ-точикии "МТМУ ба номи К.Д.Ушинскӣ ш.Кулоб" мебошам ва мехостам аз Шумо 2 савол пурсам. 1) Агар ман бо дипломи сурх ва медали тилло хатм кунам, бо ман ягон имтиез аст? 2) Ман ғолиби олимпиядаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони рӯси мебошам (ҷойӣ дуюм) ва ихтисоси "123010203 - Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ-хитоӣ)" интихоб кардаам. Бо ман баллҳои иловаги дода шуда мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки соҳиби шаҳодатнома (аттеастат)-и сурх ва медали тилло ҳастанд, дар низоми ИМД балли имтиёзӣ муқаррар нагардидааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки барои ғолибият дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ ба ихтисосҳои “123010203-Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ-хитоӣ)” имтиёз пешбинӣ нашудааст.
Ман метавонам кластеро иваз кунам? Агар шавад чи гуна?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки то 30-юми июн давом мекунад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед. Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ нашр шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми ба нуқтаи бақайдгирӣ омадан, Шумо бояд варақаи бақайдгирии давраи асосӣ, шиноснома ва нусхаашро ҳамроҳ дошта бошед. Дар ҳолати пешниҳод насохтани варақаи бақайдгирии давраи асосӣ, ҳамаи он ҳуҷҷатҳое, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ пешниҳод намуда будед, такроран пешниҳод бояд кунед. Минбаъд, навиштани насаб ва нишонии макони истиқоматро фаромӯш насозед.
Ман 15 Сола хастам паспорт надорам метавонам хучатхоямро ба маркази Милли тести супорам барои колеч хондан
Салом, муҳтарам Маллаев Муҳаммадэром! Барои аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан, бояд чунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошед: шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру акс аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо, инчунин, маълумотнома бо муҳр ва акс аз муассисаи таълимӣ дар хусуси хатмкунандаи синфи 9 будан.
Салом.Ман дар озмуни фаннии мактаббачагон аз даври Ҷумҳурияви соҳиби ҷои сеюм гаштам.Аз фанни забони давлатӣ(забони тоҷикӣ)Оё ин барои балли зиёдтар ба даст оварданам кумак мекунад .Ман диплом ва медали худро дорам.Ва бояд онро дар куҷо истифода барам.Ва як чизи дигар Ном ва фамилия ман асосан Воҳидзода Муниса аст ва дар диплом Воҳидова омадааст оё ин ба назар гирифта мешавад?
Салом, муҳтарам Воҳидова Муниса! Ҳамаи он хонндагоне, ки дар соли хатми муассиса (синфи 11) аз озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гаштаанд, аз ҳамаи имтиҳонҳо холи гузаришро соҳиб мешаванд, ҳангоми мувофиқати фанни имтиёзӣ бо равия ва ихтисосҳои интихобкарда ба онҳо имтиёз дода мешавад. Агар ном ва насаби Шумо бо ном ва насаби дар диплом дарҷ гардида мувофиқат нанамояд, ба Шумо имтиёз дода намешавад. Аз ин хотир, Шумо бояд ба Марказ ариза дар бораи доштани имтиёз, шаҳодатномаи ивази ному насаб, диплом ва нусхаҳои онро пешниҳод намоед, то ин ки Марказ имтиёзи Шуморо ҳангоми озмуни тақсимот ба инобат гирад.
Ман ихтисосамро интихоб кардам ва Нохияи Панчро интихоб кардам ва Холо мехохам ба колечи Шахри Бохтар гузарондам Чи хел ин копро кунам
Дуруд, довталаби муҳтарам! То анҷоми давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки то 30-юми июн давом мекунад, Шумо метавонед, ки бо пардохти маблағи иловагӣ муассисаҳои таълимиро иваз намоед.
Ассалому алайкум Ман рузи 08.07.2026 тести ММТро месупорам чавои тест кай меояд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест дар давоми рӯзи имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад.
Почему на сайте отсутствует информация о стоимости услуг Центра? Сегодня уже 24.06.2026г., стоимость услуг Центра уже давно согласована и установлена. Почему этой важной информации, необходимой для каждого абитуриента на сайте нет???
Здравствуйте, уважаемый абитуриент! Прежде всего, рекомендуем внимательно читать информацию, размещённую на сайте. Подробная информация о размере платы за услуги была опубликована в официальном сайте Центра 26 февраля 2026 года. Ознакомиться с ней можно по ссылке: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/arzishi-khizmatrason-dar-imd-2026.html Кроме того, вы могли обратиться за разъяснениями в главный офис Центра или в один из его региональных филиалов. Также данную информацию можно получить в пунктах регистрации. Основной этап регистрации проходил с 02. 03 по 30.04.2026 г. Второй этап регистрации проходит с 10.06 по 30.06.2026 г. Дуруд, довталаби муҳтарам! Аввалан, аз навгониҳо пурра шинос шуда, пас аз он даъво намоед. Маълумоти муфассал доир ба ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ дар сомонаи расмии Марказ ҳанӯз 26-уми феврали соли 2026 нашр шуда буд. Ин маълумотро аз пайванди https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/arzishi-khizmatrason-dar-imd-2026.html гирифта метавонед. Сониян, метавонистед, ки ба бинои асосии Марказ ва ё бахшҳои минтақавии он муроҷиат намоед. Ҳамзамон, ин маълумотро аз нуқтаҳои бақайдгирӣ (даври асосӣ аз 02.03. то 30.04. 2026 ва даври дуюм аз 10 то 30.06.2026) гирифта метавонистед ва метавонед.
Салом. Оё ба нимятимон балҳои иловаги дода мешавад. Агар шавад чи кадар?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки нимятим ҳастанд, дар низоми ИМД балли имтиёзӣ муқаррар нагардидааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед. Ба нимятимон, танҳо, ҳангоми бақайдгирӣ, дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёз муқаррар шудааст (яъне, 50 % аз 370 сомонӣ (синфи 11) ё 50 % аз 320 сомонӣ (синфи 9)).
Бали максимали барои кластери як чанд аст? (400 e 500)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми А 500 ва аз ҳамаи субтестҳои қисми Б 300 аст. Қисми А -имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ. Қисми Б - имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ
Ман дар даври 2 ММТ хучат супоридам аз ихтисосхои интихоб кардаам норозиям чихел ихтисосхоямро иваз кунам
Дуруд, довталаби муҳтарам! То анҷоми давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки то 30-юми июн давом мекунад, Шумо метавонед, ки бо пардохти маблағи иловагӣ ихтисосҳоятонро иваз намоед.
Салом! Савол доштам. Ман аз кластери 5ихтисоси т. ҷисмони ва экология интихоб кардам. Даъватномаи ман барои имтиҳонсупорӣ ба ман ду муассиса қисми А ва Б нишон медиҳад. Аввал мактаби миёна ва баъдтар донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ. Мехостам донам, ки ман ду маротиба имтиҳон месупорам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, Шумо бояд ду маротиба имтиҳон супоред (имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-тест ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус). Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 ва дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 53-60)
Ман мехохам хучат хоямро ба Маркази Миллии Тести спорам Айни хол имконаш хаст Агар бошад бояд чи кор кард
Дуруд, муҳтарам Бобовые(?) Оиша!! Давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон то 30-юми июн давом мекунад. Шумо ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки ба макони зистатон наздик аст, ҳозир шуда, худро номнавис намоед. Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ: 1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он; 2. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он; 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн”.
Ассалому алейкум ман дар олимпиадаи чумхурияви аз фанни биология чойи сеюмро ишгол намудам мехохам ба ДДТ ба номи Абуали ибни Сино дохил шавам ба ман бал хамрох мешавад ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ман мехостам бидонам даври 2уми кабул яне дакумет супори аз чандум то чандум аст ва чи дакумент лозим аст
Дуруд, довталаби муҳтарам! Давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон то 30-юми июн давом мекунад. Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ: 1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он; 2. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он; 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн”
Салом алейкум. Аз куҷо метавонем балли гузариши Кластери 2-и имсоларо бубинем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Салом, ман аз кабинети инфиродии худ истифода бурда натавониста истодаам чунки рақами назорати ва рамзе ки да варақаи бақайдгири буд хато гуфта қабул намекунад ҳол он ки ма онҳоро бехато ворид мекунам, сабабаш чист ва чи тавр ислоҳ мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Дар колечи техналогия читать савло меояд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед? Ҷумлаатонро боз як бор хонед, канӣ чӣ фаҳмидед? Сониян, насаб ва нишонии макони истиқоматиатонро пурра нависед.
Салом алекум даъватномаи ман наомадааст ман аз кучо дастрас карда метавонам Аз кабнети инфироди дидам дар он чо хаст аммо ман дар дастам надорам дар вакти имтихлн супоридан лозим аст ё не
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин хусус дар банди 2-юми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, маълумот дода шудааст. Доир ба тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС паёмак ирсол гардидааст (01.06.2026) ва онро аз маконе, мегиред, ки рӯзи бақайдгирӣ интихоб кардаед. Шакли электронии даъватнома дар кабинети инфиродиатон нашр гаштааст ва онро чоп карда метавонед. Хотиррасон менамоем, ки яке аз ҳуҷҷатҳои асосие, ки барои ворид шудан ба марказҳои имтиҳонӣ ҳатмист, даъватгнома мебошад. Минбаъд, нишонии макони зистатонро пурра нависед.
Ман дар даври аввал худамро ба кайд гирифтаам вале мутассифона дар рузи имтиҳон ҳозир шуда наметавонам ва мехоҳам бо шахсони дар даври дуюм ба кайдгирифта имтиҳон супорам. Барои ин бояд чи кор кард? Ман худамро дар даври дуюм ба кайд гирам ё ягон роҳи дигар дорад
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин ҳолат, Шумо дар таърихи аз 01 то 10-уми июли соли 2026 ба бинои асосии Марказ ҳозир гашта, бо пешниҳоди расид (80 сомонӣ) барои супоридани имтиҳон дар даври дуюм ариза нависед. Пасон, дар имтиҳони рӯзи 15.07.2026 баргузоршаванда иштирок менамоед.
Ман чхел худамро санчам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо бо истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир буда, мунтазам фаъол мебошад, худро санҷида метавонед. Барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, сараввал бояд дархости рамз кунед. Дархости рамз тавассути рақами телефони мобилӣ ва суроғаи электронӣ анҷом дода мешавад. Барои дархости рамз тавассути телефони мобилӣ, бояд рақами телефони мобилии фаъол ишора шавад. Бояд қайд намуд, ки ба як рақами телефони мобилӣ танҳо як маротиба рамз ирсол карда мешавад. Яъне як рамзро шумо метавонед бе маҳдуд, истифода бурда донишу малакаи худро дар ин хизматрасонӣ санҷед. Ҳамчунин, аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ маҷмуаи саволу масъалаҳои тест таҳия гардида, ба муассисаҳои таълимӣ тақсим шудааст ва аз онҳо низ истифода баред. Таъкид менамоем, ки то 40% саволу масъалаҳои мазкур дар имтиҳонҳои соли 2026 такрор мешавад. Минбаъд, навиштани насаб ва нишонии макони истиқоматро фаромӯш насозед.
Салом ман мехоҳам дар даври дуюми бақайдгирӣ ба руйхати ихтисосҳоям ихтисосҳои нав интихоб кардаамро ворид кунам оё ин имкон дорад? ва барои ин кадом ҳуҷатҳоро бояд пешкаш намоям? Ва ягон тағирот ё фарқият мешавад?
Салом, довталаби муҳтарам! Довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайди Марказ гузаштаанду хоҳиши дар давраи дуюм иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд, онҳо бо пардохти пурраи маблағи бақайдгирӣ (370 ё 320 сомонӣ) аз қайд мегузаранд ва санаи супоридани имтиҳонҳои онҳо 15.07.2026 муқаррар шудааст.
Салом.Мехостам фахмам ки даъватномаро худ низ чоп кунем мешавад ё ки аз чои хуччат супоридаам рафта гирифтанам лозим аст?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, Шакли электронии даъватнома дар кабинети инфиродиатон нашр гаштааст ва онро чоп карда метавонед. Шакли хаттии даъватнома ба маконе ирсол шудааст, ки дар варақаи бақайдгирӣ Шумо интихоб намудаед.
Ассалом , ман ғайри имтихони қисми А боз қисми Б ва Г дорам, Агар ман имтихонхои қисми Б ва Г-ро насупорам . Ман метавонам ба дигар ихтисосхое ки ин имтихонхоро талаб намекунанд дохид шавам ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, метавонед, лекин имтиҳонҳои қисми А барои онҳое, ки синфи 11-ро хатм кардаанд, вале қисми Б барои онҳое, ки хатмкардаи синфи 9 мебошанд. Шояд Шумо имтиҳони қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат)-ро дар назар доред?
ман мехоҳам фаҳмам ки даври дуюми бақайдгирии сар шуда бошад ва маконаш дар куҷо бошад.Бори аввал 370 барои чек супоридам оё бори дуюм боз ҳам месупорам ё не.Ба ҳамин саволҳои ман лутфан ҷавоб медодед.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки то 30-юми июн давом мекунад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед. Имтиҳон барои онҳое, ки дар даври дуюм аз қайд мегузаранд, 15.07.2026 баргузор мегардад.
Салом ман мехохам ихтисосамро иваз карданиям ман чанка мухлат дорамки ихтисосамро иваз карда метавонам баъд ман мохи дига эгзамин супори меравам ё даври дуюмда меравам ихтисосамро то 1июл иваз карда метавонам ё не
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки то 30-юми июн давом мекунад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед. Имтиҳон барои онҳое, ки дар даври дуюм аз қайд мегузаранд, 15.07.2026 баргузор мегардад. Минбаъд ба маънои ҷумлаҳои менавиштаатон низ диққат диҳед...
барои худро санчидан
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Салом ман Худойбердиев Идибек Саволи ман ин аст ки ба ман варақаи даъватнома наомадааст Ба куҷо муроҷиат кунам ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин хусус дар банди 2-юми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, маълумот дода шудааст. Доир ба тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС паёмак ирсол гардидааст (01.06.2026) ва онро аз маконе, мегиред, ки рӯзи бақайдгирӣ интихоб кардаед. Шакли электронии даъватнома дар кабинети инфиродиатон нашр гаштааст ва онро чоп карда метавонед. Минбаъд, нишонии макони зистатонро пурра нависед
Ассалому алайкум. Мехостам ба кабинети инфиродӣ ворид шавам аммо, рақами назоратӣ ё рамз нодуруст гуфта истодааст. Рамзи муваққатӣ ба ман 2 то бо смс омадааст ва 1 то дар варақаи бақайдгири довталаб навишта шудааст бо ҳамаи онҳо тафтиш кардам лекин нашуд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Ман рамзи кабинети инфиродиамро фаромуш кардам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шуморо лозим аст, ки тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
барои чи ба даромадан ба кабинети инфироди хамаро дуруст зада истодаам ошибка мебарорад !
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Саволи ман хами аст ки чаро худро бисанч кор намекунад ? Мо медароем интихоб мекунем фанро аз кадом фан субтест аммо тестро нишон намедихад мегуфтед хуб мешуд
Хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир буда, мунтазам фаъол мебошад. Барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, сараввал бояд дархости рамз кунед. Дархости рамз тавассути рақами телефони мобилӣ ва суроғаи электронӣ анҷом дода мешавад. Барои дархости рамз тавассути телефони мобилӣ, бояд рақами телефони мобилии фаъол ишора шавад. Бояд қайд намуд, ки ба як рақами телефони мобилӣ танҳо як маротиба рамз ирсол карда мешавад. Яъне як рамзро шумо метавонед бе маҳдуд, истифода бурда донишу малакаи худро дар ин хизматрасонӣ санҷед. Дар сурати рафъ нагаштани камбудӣ тавассути телефони 224 53 62 бо мутахассисон дар тамос шавед.
Номери телефонам кор намекунад чихел ман каьинети инфироди дароям мешавад номро иваз кунам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ҳангоми муроҷиат бояд насаб ва нишонии макони зистро низ пурра зикр намоед.
Ман бори аввал ба кабинети инфироди ворид шудам аммо дуюмбор намешавад хатто коди нав мезанам аммо Error менависад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом, барои чӣ ҳангоми даромадан ба кабинети инфиродӣ, рақами назоратиро хато гуфта истодааст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Сообщенияи ман хамааш удалит шудааст имконият хаст ки аз сар фиристед
Дуруд, довталби муҳтарам! Мутаассифона, мо чунин имконият надорем. Ҳамаи маълумот дар кабинети инфиродиатон гузошта мешавад.
Кабинети инфироди чихел дароем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Дар вакти бакайдгирии ман хато шудаги. Аниктараш дар забони имтихонсупории ман бачои руси точики гузошта шудаги.Ман инро дируз фахмидам ба тавреки бовари доштамки ба забони руси месупорам забони имтихонсупориямро руси интихоб карда будам. Ягонтавр алиш карда мешавад? Ташакур
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳарчӣ зудтар ба бинои асосии марказ ва ё ба яке аз бахшҳои Марказ, ки ба макони зистатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом як савол доштам ба ман паёмак омад ки даъватнома дар кабинети инфиродӣ дастрас аст аммо ман ворид мешавам рақами назорати ва рамро мезанам боз рамзи нав мегуяд дар онҷо бояд чи занам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Метавонам рақами телефони ки дар вақти бақайдгири додаамро иваз намоям
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои иваз намудани рақами телефон бояд ба бинои асосии Марказ (ш.Душанбе) ва ё ба яке аз бахшҳои Марказ, ки ба макони зистатон наздик аст, муроҷиат намоед. Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан, ба рақамҳои (+992 37) 224 53 62 занг занед.
Мехохам ки даъватномаи ман ба кадом руз ва дар кадом мактаб мешавад
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин хусус дар банди 2-юми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, маълумот дода шудааст. Доир ба тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС паёмак ирсол гардидааст (01.06.2026) ва онро аз маконе, мегиред, ки рӯзи бақайдгирӣ интихоб кардаед. Минбаъд, нишонии макони зистатонро пурра нависед.
Салом мо имруз ба кивота рафтем ва бад аз он дидем, ки дар китоби маркази миллии тестти мисол дигар хел аст , вале дар квота онро дигар хел навиштаанд.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои он ки мо ба Шумо ҷавоби қонеъкунанда гардонем, бояд донем, ки дар кадом китоб, аз кадом фан, кадом тест фарқият ҳаст. Аз ин лиҳоз, лутфан, камбудиро пурра зикр намоед. Ташаккур.
Салом, ман соли гузашта супорида натавонистам, имсол мехоҳам супорам. Ҳангоми бақайдгирӣ справка аз мактаб даркор мешавад ё не?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки худро номнавис намоед. Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ: 1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он; 2. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он; 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн”.
Салом Ман мехостам фахмам Ки имтихонхои кластери 2 кай огоз мегардад ва дар Кадом минтакаи Душанбе
Салом, муҳтарам Латипов Далер! Барои довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 2-юмро интихоб кардаанд, имтиҳонҳои қисми А 02-юми июли соли 2026 ба роҳ монда мешавад. Макони имтиҳонсупорӣ дар даъватномаатон дарҷ шудааст.
Агар ман дар ММТ 50бал гирам ба ман 150бали дигар илова карда мешавад(аз сабаби ятими кул будан).ое ман бо ин бали гирифтаам метавонам гузарам е не?
Салом, довталаби гиромӣ! Дар сурати гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳо ва тасдиқи имтиёзи Шумо аз тарафи мақомоти дахлдор ба шумо, ҳатман, балли имтиёз илова мешавад. Тақсимот шудан ё нашуданатон ба натиҷаи довталабони дигар вобаста мебошад.
Ассалом.Дар соли 2026 (имтиҳонҳои даври якум 1-7июл)гурӯҳи кластери 4-ум аз фанни забони тоҷикӣ ва забони англисӣ тестҳои навъи кушода меояд? Чунки Тартиби ҳалли навъи тестҳои саволу масъалаҳои кушода бо ҷавоби кӯтоҳ дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" чунин саволу масъалаҳо нишон додааст.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2026 барои ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ тести навъи кушода ворид карда шудааст.
Салом алейкум. В субтесте 3 варианта по предмету "Русский язык и литература" в 23 вопросе соотношении C допущена ошибка. Прошу рассмотреть!
Здравствуйте. В Задании 23 субтеста по Русскому языку и литературе, Вариант 3, ошибки нет. Если Вы имеете ввиду ключ - С 2, то здесь также ошибки нет. Не вносить (что?) изменения, не вносить (куда?) в план (винительный падеж).
Тестҳои кластери 1
Дуруд, довталаби муҳтарам, дуруст савол доданро биомӯзед!!!
Салом, дар имтиҳони ММТ, дар кластери Б, дар тести химия ҷадвали даврии Менделеев ва ҷадвали ҳалшавандагии моддаҳоро медиҳанд ё на? Зеро бе ин ҷадвалҳо иҷрои супоришҳо ғайриимкон аст, чунки ҳеҷ кас наметавонад ин қадар маълумотро аз ёд кунад.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Оре, дар саволномаи тести химия ҷадвали даврии Менделеев ва ҷадвали ҳалшавандагии моддаҳо дода мешаванд.
Саволномаҳои довталабони ба коллеҷи тиббӣ бо довталабони донишгоҳҳо як намуд аст ё фарқ мекунанд, агар фарқ кунанд кадомҳоянд?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Албатта, саволномаҳои тест барои довталабони коллеҷи тиббӣ аз саволномаҳои тест барои довталабони донишгоҳҳо фарқ мекунанд. Саволномаҳо барои гурӯҳи аввал дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва барои гурӯҳи дуюм дар асоси барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия мешаванд. Шумораи саволу масъалаҳои тест низ фарқ мекунанд. Дар баробари ин, довталабони коллеҷҳои тиббӣ аз се фан: забони тоҷикӣ, биология ва химия ва довталабони донишгоҳҳои тиббӣ аз чор фан: забони тоҷикӣ, биология, химия ва физика имтиҳон месупоранд.
Ман талабаи маркази дурахшандагон, мо рузи 20.06.26 имтихон дорем. Ман аз шумо мехостам пурсам ки касби ман интихоб карда дар кадом кластер чойгир аст ? Касби ман : "Ракамикунони ва идоракунии инноватсияхо" ?. Ман намедонам ки ба чандум кластер таёрии худро бинам .
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ихтисоси Шумо интихобнамуда, дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум мебошад.
Асалому алейкум ман мехоҳам муаллимаи забони форси шавам барои дохил шудан бояд кадом кластеро интихоб кунам ва ман кадом забонҳоро тайёр кунам
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ихтисоси Шумо интихобнамуда, дар гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм мебошад. Имтиҳонҳои қисми А аз субтестҳои "Забони тоҷикӣ", "Таърих", "Адабиёти тоҷик" ва аз забони хориҷие, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб намудаед.
Салом алейкум, дар ҷои маълумоти оморӣ, Балҳои гузаришда мисол дар кластери 4 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон медароям дар онҷо Балҳои гузариш аст ва дар бари ин балҳои гузариш Озмун навишта шудааст ки балҳои аз балҳои гузариш хелло фарқ доранд, лутфан ба ман гӯед маънои Озмун чиро дар назар дорад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Сутуни "Озмун" нишон медиҳад, ки чанд нафар довталаб ба 1 ҷойи ихтисос хоҳишманд аст. Аз ин лиҳоз, аз сутуни "Бали гузариш" фарқ мекунад.
Ман дипломи момодояги дорам ва колеҷро соли 2019 хатм кардам имсол англорруский дар митакаи худамон супоридам дар вакти супоридан ба ман гуфтанд ки ту метавони аз 2 курс хони чунки як диплом дори ман агар дар имтиҳонҳо ба касби хостагиям дохил шавам метавонам 2 курс дохил шавам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Вобаста ба ин масъала бевосита ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кардан лозим аст.
Ассалом Дар китобачахои тести аз фанни забони точики(кластер 5) Кисми Саволу масьалахо Барои муайян кардани мувофикат.Фонетика ва ходисахои фонетики...дар мувофикаи 32-юм Ду вариант ҷойҳояшон алиш шудааст .. Эътимод ---озод,холӣ Фориғ---боварӣ, дилпурӣ Ва дар мувофиқаи 26 Зидмаънои *адл* бояд *зулм* бошад на инсоф... Чӣ чора меандешед?! ҳатман ҷавоби саволҳо дода шавад)) Ташаккур
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ҳайати таҳририяи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо барои таваҷҷуҳи дақиқ ва саривақтиатон ба намунаи саволу масъалаҳои тести Марказ таҳиянамуда изҳори сипос менамояд. Тестҳои мавриди таваҷҷуҳи Шумо ҳангоми ороиши техникӣ ва нашри маҷмуа ҷояшон иваз шудааст. Ин камбудӣ ошкор ва дар сомона ислоҳ карда шуд. Ҳамин тавр, калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и тести №26: А-3, В-5,С-2, Д-1 ва тести №32: А-4, В-2,С-3, Д-5.
Бали гузариш ба Донишгоххо чанд бал мебошад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад. Шумо метавонед бо балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2025 аз пайвандаки зерин шинос шавед: https://stat.ntc.tj/Y26/Index
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар ҷавобҳо ба саволҳои имтиҳонӣ номувофиқӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар саволи №374 аз фанни таърих дар кластери чорум хатогӣ дида мешавад.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба Шумо тавсия медиҳем, ки қабл аз он ки нодурустии чизеро собит намоед, аввал, омӯзед, нафаҳмидед, бипурсед ва баъдан хулоса бароред. Саволи №374 ва калиди ҷавобҳо"Д" дуруст аст! Лутфан, боз як маротиба аз устодонатон пурсед.
Салом Алейкум. Ман дар даври якум иштирок кардаам, хозир бошад ай ихтисосхои гирифтаам норозиам.Метавонам ихтисосхоямро дар даври дуюм иваз кунам ва даъватномахои даври дуюм кай фиристода мешавад?
Салом, Муҳтарам Бурҳонов Билол! Довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайди Марказ гузаштаанду хоҳиши дар давраи дуюм иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд, онҳо бо пардохти пурраи маблағи бақайдгирӣ (370 ё 320 сомонӣ) аз қайд мегузаранд ва санаи супоридани имтиҳонҳои онҳо 15.07.2026 муқаррар шудааст (ҳарчанд ба унвони Шумо, аллакай, даъватнома ирсол гаштааст. Бо тайёр шудани даъватнома барои имтиҳонҳои даври дуюм ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
Салом. Суроғаи нуқтаҳои даври дуюми бақайдгириро дар куҷо пайдо кардан мумкин?
Салом, муҳтарам Дилафруз Собировна! Дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ntc.tj рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шудааст, нашр карда шуд: (https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/elon-nuqtahoi-baqajdgir-baroi-ishtirok-dar-davrai-duyumi-imd-2026-muajyan-gardid.html). Шумо метавонед, ки аз рӯйхат нуқтаи бақайдгирии ба макони зистатон наздикро интихоб намуда, аз қайд гузаред.
Салом. Даври дуюми бакайдгири аз кай огоз мегардад
Салом, муҳтарам Буриев Муҳаммад! Давраи дуюми бақайдгирӣ тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, аз 10 то 30.06.2026 баргузор мегардад.. Имтиҳон 15.07.2026. Шумо метавонед, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии ба макони зистатон наздик худро номнавис намоед. Ҳамзамон, минбаъд нишонии макони зистро пурра нишон диҳед!
Салом, ман дар айни ҳуҷҷат супори забони имтиҳон супориямро забони англиси интихоб кардам, оё дар имтиҳон супори тестхоям ба забони англиси меояд? Ва онро дар вақти имтиҳон супори иваз карда метавонам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, ному насаб ва нишонии макони истиқоматиатонро тибқи ҳуҷҷат ва меъёрҳои забони давлатӣ пурра ва возеҳ баён намоед.
Ман ба колечи тибии шахри хисор супоридам тохоло ба ман даватнома наомадааст чикор кунам
Салом, муҳтарам Сафаров Умарҷон! Даъватномаи Шумо ба макони фиристодани даъватнома, ки дар варақаи бақайдгириатон интихоб намудаед, фиристода шудааст ва Шумо онро аз ҳамон макон дастрас карда метавонед. Инчунин, нусхаи электронии он дар кабинети инфиродиатон нашр шудааст ва онро метавонед чоп намуда, гиред ва бо он ба маркази имтиҳонӣ ҳозир шавед. Барои дастрас намудани нусхаи чопии даъватнома Шумо метавонед ба таблиғгари марказ дар шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор муроҷиат намоед.
Ман мехостам бифаҳмам чаро баъзе довталабон ки кластери 3 супоридаанд ба рӯзи 4 июл даъватнома омадаги лекин аксаран рӯзи 3 июл имтиҳон месупоранд
Салом, муҳтарам Ҳоҷизода Оиша! Аз сабаби он ки дар гурӯҳи ихтисосҳои сеюм шумораи довталабон зиёд мебошад, Марказ онҳоро ба ду қисм ҷудо намудааст. Як қисми довталабон санаи 03.07.2026 ва як қисми дигарашон санаи 04.07.2026 имтиҳон месупоранд. Ба имтиҳон бояд, ҳатман, тибқи нишондоди даъватнома ҳозир шавед!
Ман бояд 370 сомониро дар кучо супорам ва дар кучо метавонам хуччатхоямро супорам .Ман аз Шахри Истаравшан
Салом, муҳтарам Фозилов Фидо! Барои аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан, Шумо бояд ба бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар бинои муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №2 қарор дорад, муроҷиат намоед. Нуқтаи бақайдгирии Марказ дар дохили бахши минтақавӣ қарор дорад. Маблағи хизматрасониро барои бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои “Амонатбонк” супорида метавонед.
Агар хонанда дар синфи 7-ӣ ва 8-ӣ ду маротиба пайиҳам дар олимпиадаи фаннӣ сазовори ҷойи аввал гардида бошад дар ММТ ягон имтиёзҳо ҳастанд?
Салом, муҳтарам Муқимов Аҳмад! Балҳои имтиёз ба он довталабон-ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ илова мегардад, ки онҳо дар соли баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (яъне, соли 2026) ғолибият ба даст овардаанд, холи гузаришро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ намояд.
Дар Айни хол иваз намудани ихтисосҳои худ мумкин аст ё не? Кластери 1
Салом, муҳтарам Умарзода Ҳусен! Довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайди Марказ гузаштаанду хоҳиши дар давраи дуюм иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд, бо пардохти пурраи маблағи хизмтрасонӣ аз қайд гузашта метавонанд. Санаи супоридани имтиҳонҳои ин давр 15.07.2026 мебошад.
Салом, мехостам донам ки оё барои нафароне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии фаннӣ сазовори ҷойҳо гаштанд, пас аз имтиҳони ммт бал дода мешавад ё дар вақти ҷавобҳо баромадан, бояд довталаб ягон ҳуҷат пешниҳод кунад барои имтиёзҳо? агар имтиёз дода нашуд чи кор кардан лозим аст?
Салом, муҳтарам Муҳаммад Ғафоров! Довталабоне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок намудаанду сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гаштаанд ва ихтисосҳои интихобкардаашон дар рӯйхати ихтисосҳое, ки ба он балли имтиёзӣ дода намешавад набошад, ба Шумо бали имтиёзӣ дар доираи имтиёзи доштаатон дода мешавад. Натиҷаи олимпиадаи ҷумҳуриявиро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас менамояд. Дар ҳолати беасос илова накардани балҳои имтиёзӣ, метавонед, ки баъди эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо бо аризаи апеллясионӣ ба Марказ муроҷиат намоед.
Ма вакт дорам дохил шавам
Салом, Юсупов Фахриддин Кутбиддинович! Даври дуюми бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10.06 то 30.06.2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии интихобӣ ба роҳ монда шудааст. Шумо метавонед, ки дар дилхоҳ нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор аз қайд гузаред. Минбаъд, нишонии макони истиқоматро пурра зикр намоед!
Салом МАН хонандаи синфи 9 шиноснома (пасспорт) надорам Маро дар маркази миллии тести Кабул мекунанд?
Салом, муҳтарам Насруллоев Мустафо! Агар синну соли Шумо ба 16 расида бошад, барои аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан, доштани шиноснома ҳатмӣ мебошад. Агар Шумо ба синни 16 нарасида бошед, бояд чунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоед: шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру акс аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо.
Салом! Ман соли гузашта мактабро хатм кардам.Ман мехохам чадвали ихтисоссхои класстери 1 пайёдо кунам. Аммо гарчанде, ки Ман дар шабакахои интернети чустучу мекунам пайёдо карданаш душвор. Мехохам ба даври дуюм ихтисоссхои класстери 1 интихоб карда ба ММТ супорам
Салом, муҳтарам Каримзода Акбар! Шумо метавонед рӯйхати ихтисосҳоро аз сомонаи расмии Марказ www.ntc.tj , эълонҳо, нақшаи қабули соли таҳсили 2026-2027 дарёфт намуда, ихтисосҳоятонро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои якум интихоб намоед. Инчунин, нуқтаҳои бақайдгирии таъсисдодаи Марказ бо ҷадвали интихоби ихтисосҳо таъмин шудааст ва Шумо метавонед, ки аз он ихтисосҳоятонро интихоб намоед.
Салом. Ман мехохам аз сари нав 12 ихтисоро чойбанди кунам. Ин корро чи тавр анчом дихам. Оё ягон халле дорад
Салом, муҳтарам Саидов Миразиз! Довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайди марказ гузаштаанду хоҳиши дар давраи дуюм иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд, метавонанд, ки бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ мавқеи ихтисосҳояшонро тағйир диҳанд. Имтиҳонҳои ин давр 15.07.2026 доир мегардад.
Имтихонхо кай огоз мешаванд
Салом, муҳтарам Салмон! Давраи асосии имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ санаи 01.07.2026 оғоз мегардад. Минбаъд зикри насабатонро фаромӯш насозед.
Барои 5 кластер
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед? Сониян, нишонии макони истиқоматиатонро дуруст нависед (Норак ё Кӯлоб?).
Хамаи мавзухои
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Класстери 3
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Савол
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Баёни матлабатонро фаромӯш кардаед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Баёни матлабатонро фаромӯш кардаед.
5кластер
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Забон,англиси,география,математика
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Имтихонхоц
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Салом
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Даъватнома
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Банкер
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
1000
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Ассалому алайкум ба ман мегуфтед ки чи намуд ҳуҷҷатҳо лозиманд барои донишгоҳ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, насабатон ва нишонии истиқомататонро пурра дарҷ намоед.
Салом ман аз куҷо фаҳмам ки ман аз қайд гузаштам ва ба ман даъватнома меояд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар аз қайд гузашта бошед, ба Шумо варақаи бақайдгирӣ пешниҳод шудааст. Пешниҳод гардидани варақаи бақайдгирӣ бо ном ва сурататон далели аз қайд гузаштанро дорад. Даъватнома бо ҷадвали имтиҳонҳо барои иштирок дар имтиҳонҳо, ба маконе, ки шумо дар вақти бақайдгирӣ ишора кардед, ирсол карда шуд. Шакли электронии даъватнома дар кабинети инфиродиатон нашр шудааст.
Ман аз Google play ММТ-ро насб кардам вале он кор намекунанд чи кор кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мағозаи барномаҳои Google (Play Маркет) расман барномаи низоми ИМД – ро ҷойгир накардааст. Ҳар барномае бо номи ММТ дар ин мағоза ҷойгир шудааст, аз таҳиягарони бегона мебошанд. Бинобар ин аз чи сабаб кор накардани барномаи насб кардаатонро аз таҳиягарони барнома суол кунед.
Салом ҳоло ҳам ихтисосҳои дар доираи як кластер иваз кардан мумкин аст дар ин ҳолат маро ба даври дуюми имтиҳон намепартоянд ва ва баъд аз тағйир додани ихтисосҳо чиҳоро ба мисоли рӯзи имтиҳон ва макон тағйир медиҳанд
Салом, Муҳтарам Бобоқулов Меҳрубон! довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайди Марказ гузаштаанду хоҳиши дар давраи дуюм иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд, онҳо бо пардохти пурраи маблағи бақайдгирӣ аз қайд мегузаранд ва санаи супоридани имтиҳонҳои онҳо 15.07.2026 муқаррар шудааст. Макони имтиҳонсупорӣ тибқи дархости ниҳоии Шумо ҳангоми аз қайди Марказ гузаштан интихоб мешавад.
Салом ҳангоми дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи яке аз гурӯҳи ихтисосҳои тиббӣ тамом кардан дар ягон ҷой кор кардан мешавад дипломи Донишгоҳи милли Тоҷикистон аз дипломҳои Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи А Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо чи фарқ мекунад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Он нафароне, ки муассисаҳои таълимии зикрнамудаи Шуморо хатм мекунанд, соҳиби шаҳодатномаи расмӣ дар бораи хатм кардани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, яъне, диплом мешаванд, ки ҳамааш арзиши баробар дорад. Барои маълумоти бештар бевосита ба муассиса муроҷиат намоед.
Барои дохил шудан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар имтиҳони ММТ аз кластери 3юм чанд бал лозим аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Балли гузариши ММТ кластери 2 ихтисос идораи давлатӣ чи қадар аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Ассалом мае ба ммт кластери 5 супоридам ба ДДТ ба номи Сино мехостам пурсам хар як ихтисосаш чанд бали медихад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Мехохам дуюм ихтисос равоншиноси амали гирам (якум ихтисосам Омар), барои дохил шудан ба донигох кадом хуччатхоро ва кай пешниход намоям?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимии мехостаатон муроҷиат намоед.
Салом барои чи ба худо бисанч ворид шуда нашудаистодааст? Ман раками телефонро дуруст номбар кардаам аммо такроран чанд бор навишта истодааст, ки ракам нодуруст ин аз Кадом сабаб аст? Ва вакте ки ман дархости Рамзи навро пахш мекунам дар ончо навишиа шуд ки ба раками шумо рамз равон шудааст хамонио нависед Амо то хол ба раками телефони ман рамз наомадааст.
Хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир буда, мунтазам фаъол мебошад. Барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, сараввал бояд дархости рамз кунед. Дархости рамз тавассути рақами телефони мобилӣ ва суроғаи электронӣ анҷом дода мешавад. Барои дархости рамз тавассути телефони мобилӣ, бояд рақами телефони мобилии фаъол ишора шавад. Бояд қайд намуд, ки ба як рақами телефони мобилӣ танҳо як маротиба рамз ирсол карда мешавад. Яъне як рамзро шумо метавонед бе маҳдуд, истифода бурда донишу малакаи худро дар ин хизматрасонӣ санҷед. Дар сурати рафъ нагаштани камбудӣ тавассути телефони 224 53 62 бо мутахассисон дар тамос шавед.
Мехохам кобинети инфироди кушоям
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Чаро ҳангоми ба кабинети инфироди дохил шудан "Ҳангоми коркарди дархости шумо хатогӣ ба амал омад"-гуфта истодааст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед. Минбаъд, навиштани номатонро фаромӯш насозед.
Даватнома Кай меояд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин хусус дар банди 2-юми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, маълумот дода шудааст. Доир ба тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС паёмак ирсол гардидааст (01.06.2026) ва онро аз маконе, мегиред, ки рӯзи бақайдгирӣ интихоб кардаед. Минбаъд, нишонии макони зистатонро пурра нависед.
Ман дар Россия хастам айни хол 23 Сола метаввонам дар ин барнома иштирок намоям
Салом, Муҳтарам Раҷабов Зиёратшоҳ! Шумо метавонед, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, иштирок намоед ва дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии таъсисдодаи Марказ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин: шиносномаи миллӣ бо нусхааш, аттестат бо нусхааш ва расид аз бонки “Амонатбонк” аз қайд гузаред.
Здравствуйте, я бы хотел узнать, как могу открыть личный кабинет и пройти ваше тестирование? Так как обучаюсь в РФ не успел вовремя подать документы, и есть возможность онлайн пройти?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Кабинети инфиродӣ, танҳо, пас аз бақайдгирӣ таъсис дода мешавад. Бақайдгирӣ ва имтиҳон ба таври онлайн пешбинӣ нашудааст. Шумо дар даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад, худро номнавис карда метавонед.
Ассаломалекум, Ман имруз хужатома дидим ки маьлумоти шахсида милатм нодуруст ворид шудай ин ба ман мушкили намешава дар вакти Имтихон супори?
Салом, Муҳтарам Шабнам! Новобаста ба он ки ҳангоми ворид кардани маълумотҳоятон дар барномаи бақайдгирӣ миллати Шумо нодуруст ворид шудааст, ин ба супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ монеа намешавад. Шумо метавонед, ки бо шиноснома ва даъватномаатон ба маркази имтиҳонӣ ҳозира шуда, имтиҳонҳоятонро супоред. Минбаъд, ҳангоми муроҷиат зикри насаб ва нишонии макони истиқоматиатонро фаромӯш насозед.
Барои кудакони ятими кул дар ммт чанд бал илова карда мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки ятим ҳастанд, дар низоми ИМД 150 бал муқаррар гардидааст. Балли имтиёзӣ дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва соҳиб шудан ба холи гузариш аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ илова карда мешавад. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
дар ихтисоси тбби бояад али ман то чан ка балнд бошад стоматол кори табобати кори фарматсеп зехни суни тибби ба ман чи кадр бал лозим аст то як аз ин ихтисосом гузарам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Ассалому алейкум мехостам ки фахмам чаро дар забони англисии худро бисанч хатоги дорад ба ин хатоги 1 мох шуд Саволхояш нодуруст пешкаш шудааст ва давом намеравад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Камбудиҳои техникӣ дар сомонаи «Худро бисанҷ» комилан бартараф карда шуд ва саҳифаи он кор карда истодааст. Шумо метавонед бе монеа ворид шуда, тестҳоро супоред ва хатоиҳои худро бинед. Минбаъд, дар чунин ҳолатҳо тавассути телефон бо рақами: (+992 37) 224 53 62 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед. Лутфан, тестҳои ба назаратон нодурустро аниқ нависед, то мо санҷида бароем. Ба Шумо дар имтиҳонҳо барору комёбӣ мехоҳем!
Шумо дар китобҷаи Маҷмуи саволу масъалаҳои тести дар саволи 264 хато кардаед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, ғалатҳои ошкоркардаатонро бо далелҳо ва нишон додани фан ва рақами тест ба мо нависед. Мутахассисон дида мебароянд ва ба Шумо хулосаашонро ирсол менамоянд.
Кай маркази миллӣ тестӣ кластери 3 оғоз мешавад ва дар куҷо
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Ман дар даври якум як бор ихтисосхоямро иваз кардам ва мехохам боз иваз кунам Боз хамон 30 сомони месупорем ё ин ки 370 маблаг месупорем Ва аз сабаби даври якум тамом шудан боз иваз кунам даври дуюм ба хисоб меравад???
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо дар даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10-ум то 30-юми июн баргузор мегардад, бо пардохти маблағи пурра (370 сомонӣ) метавонед, аз қайд гузаред. Имтиҳони ин давр 15.07.2026 баргузор мегардад.
Ба кластри 5 хуччат супурда метонамми Агар мумкин бошад аз кай ва ба кучо мурочиат кардан даркор
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед. Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ нашр хоҳад шуд. Минбаъд, навиштани насабатонро фаромӯш насозед.
Ман дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фанни аз фанни забон адабиёти тоҷик дар соли охири хатм ҷойи сеюм гирифтам ва аз рӯйи кластери сеюм донишгоҳ супурдам. Мехостам фаҳмам ки ин имтиёз чи гуна ҳисоб мешавад.
Салом! Муҳтарам Бозмамадова Анорбегим, тибқи муқаррароти "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки 1 августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, дар ҳолати мувофиқати фанҳои имтиҳонӣ ва ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳар як субтест ба Шумо 50 бали имтиёзӣ дода мешавад.
Коди кабинет инфиродиамро фаромуш кардам ва наметавонам онро иваз кунам Чи Бойд кард?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Ман колечи тибиро тамом кардам танхо гост месупорам тамом ва мехохам Химия биология донишгох супорам Мехохам фахмам аз чандум курси давом метиям ва Чи хучатхо лозим
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Вобаста ба ин масъала бевосита ба муассисаи таълимие, ки Шумо хоҳиши таҳсил намуданро доред, муроҷиат кардан лозим аст. Рӯйхати муассисаҳои таълимиро бо нишонӣ ва рақами телефон аз пайванди зерин дастрас намуда метавонед: https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/muassisaho.html
Ман соли гузашта мактаби миёна ро хатм кардам ва кластери 2 дар ДБССТ дохил шудам ва то ҳол таҳсил мекунам вале ҳоло мехоҳам дигар кластер супорам дар даври якум иштирок накардам дар даври дуюм иштирок кардан мехоҳам кай ва чи ҳуҷатҳо лозим аст барои супоридан ва кай вақти имтиҳон мешавад, ва чи ҳуҷатҳоро аз донишгоҳ гирифтан даркор барои супоридан вақте дохил шудам ҳамаи ҳуҷатҳоям ро аз донишгоҳ мегирам барои донишгоҳи нав дохил шудаам,ё мешавад айни замон ду донишгоҳ ро хатм куни якто яшро фосилави ва дигарашро рузона?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои ин, Шумо бояд ҳуҷҷатҳои худро аз донишгоҳ бозпас гиред, зеро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома)) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он аз қайд гузашта наметавонед. Давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Нигаред ба пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки дар як вақт дар ду муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил намудан мумкин нест (новобаста аз шакл ва намуди таҳсил).
Чаро кабинети инфироди кор накардос
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Барои ба кластери 5 ихтисоси стоматолог гузаштан Чи қадар бал лозим аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро бо риояи меъёрҳои забони давлатӣ баён намоед. Ҳамчунин, ному насаб ва нишонии макони зистатонро пурра зикр кунед.
Ман соли гузашта мактаби миёнаро хатм карда будам ва ммт супорида будам кластери 2 гузашта будам як сол хондам ва мехоҳам аз нав ммт супорам дар даври дуюм барои иштирок чи ҳуҷатҳо лозим аст ва дар куҷо мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Лутфан, бо тартиби бақайдгирӣ, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Даври дуюми бақайдгирӣ аз 10-ум то 30-юми июн баргузор мегардад. 3. ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ: 1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он; 2.Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он; 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн”.
Можно ли добавить дополнительный университет, если уже подали документы?
Салом, шаҳрванди муҳтарам! Бале, тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед.
Барои кушодани кабинети инфироди кӯмак намоед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Аз ҳама бали ками гузариши кластери 5 чанд аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Салом! Барои одамоне ки нимятим астанд чанд бал медиҳанд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки нимятим ҳастанд, дар низоми ИМД балли имтиёзӣ муқаррар нагардидааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед. Ба нимятимон, танҳо, ҳангоми бақайдгирӣ, дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёз муқаррар шудааст (яъне, 50 % аз 370 сомонӣ (синфи 11) ё 320 сомонӣ (синфи 9)).
Биалогия,забони точики, физика,химия
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Салом ман коди Кабинети инфиродиамро фаромуш кардам ва онро наметавонам пайваст кунам ба воситаи раками телефон мекнам код ба телефон намеояд мегуяд соблени равон карда шуд вале намеояд илова бар ин ман дастраси бо емайл надорам ки онио бо он восстановить кунам. Хозир ман бояд чи кор кунам?
Салом! Дар ин ҳолат, барои тафтиши рақами телефони шумо дар пойгоҳи додаҳо ва ислоҳи техникӣ, лутфан бо рақамҳои телефони боварии Марказ: 224 53 62 (Раёсати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ) дар тамос шавед. Мутахассисон ба шумо кӯмак мекунанд, то коди барқароркуниро дастрас намоед.
Намунаи саволҳои кушодаи фанни Ҳуқуқ лозим. Дар сомонаи марказ нест.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Азбаски саволҳои кушода дар субтести ҳуқуқ бори аввал истифода мешаванд, намунаи ин шакли саволу масъалаҳо дар сомонаи Марказ гузошта нашудааст. Шумо ба имтиҳон аз рӯйи барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии амалкунанда тайёр шавед, чунки саволу масъалаҳо берун аз барномаи таълимӣ дода намешаванд.
Салом ман дар бакайдгири довталаб ном навис кардам ба ман вараки ба кайдгири додан ман мехохам кабинети инфиродии худро кушоям раками назорати ва рамзи кабинети инфиродиямро мезанам мегуяд намешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, аввал диққат диҳед ва рақами назоративу рамзро айнан ба мисли варақаи бақайдгирӣ ворид мекунед. Агар мушкилӣ ҳал нашавад, барои тафтиши фаврии маълумот ва барқарор кардани дастрасӣ бо Раёсати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Марказ тавассути телефон, бо рақами 224 53 62 дар тамос шавед.
Чаро саҳифаи "Худро бисанҷ" дуруст кор намекунад. Аз он ҷумла Забони англисӣ танҳо як савол дорад. Хоҳиши зиёд ҳамин саҳифаро дуруст, танзим намоед.
Салом! Мушкилии техникӣ дар саҳифаи "Худро бисанҷ" комилан бартараф карда шуд. Айни замон хизматрасонӣ ба таври зарурӣ кор карда истодааст ва Шумо метавонед ворид шуда, дониши худро бисанҷед. Муваффақият ба Шумо!
Салом ман азку фаҳмамки ба ман даъватнома омадааст ё не барои он ки кабинети инфиродии ман ошибка мебарорад. Баргомаи кабинети инфиродии ман кор накардааст истода аст барои чи.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар айни замон даъватнома ҳанӯз омода нашудааст. Баъди пурра омода шудани даъватнома, ба рақами телефони шумо паёми кӯтоҳи SMS фиристода мешавад ва инчунин, дар кабинети инфиродӣ гузошта мешавад.
Салом оё саволу масъалаҳои тестҳо бо калидҳояшон ҷуфт нестанд базе ҷавобашон нодуруст аст лутфан ислоҳ намоед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо мушаххас нависед, ки калиди кадом саволу масъала нодурус аст, то ки онҳоро ислоҳ намоем.
Салом, барои ба озмуни фанни ҷумҳуриявӣ тайёр шудан кадом адабиётҳоро истифода барем ва оё аз куҷо саволҳое ки дар солҳои гузашта дар озмунҳои фании ҷумҳуриявӣ омада буданд дастрас намоем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ шумо аз рӯйи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии амалкунанда тайёр шавед (инчунин, бояд дар назар дошта бошед, ки то 20%-и саволу масъалаҳо берун аз барномаи таълимианд). Намунаи саволу масъалаҳо дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/olymp-republic.html) гузошта шудааст.
Салом. Ман аз куҷо метавонам саволҳои ММТ-и соли 2025-ро дарёфт кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест ҳамасола ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои маркази ноҳия ва шаҳрҳо дастрас карда мешавад (ройгон). Аз ин рӯ, ба ин муассисаҳо муроҷиат намоед.
Салом,чихел китобчаи саволхои тестиро барои соли 2026 дастрас кунем агар мактабро хатм карда бошем ягон рохи дигар дорад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст) дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст.
САЛОМ! Ман мехостам Ихтисосхои худро иваз намоям ва Оё ман айни хол имкон дорам рафта ихтисосхои худро иваз намоям
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед.
Ман мехохам ки ихтисоси супурдаамро иваз намоям. Ë ин ки метавонам ду ихтисосро интихоб кунам
Салом, муҳтарам Фозилов Фидо! Дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед. Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки тибқи тартиб довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) то 12 комбинатсияи ихтисосро интихоб карда метавонад.
Салом! Баъди ба анҷом расидани вақти ҳуҷҷатсупорӣ иваз кардани ихтисосҳо имконпазир аст?
Салом, муҳтарам Суяров Муҳаммадҷон! Дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед.
Оё Ман метавонам ихтисосхои гирифтаамро иваз кунам
Салом, муҳтарам Меҳронаи Хуршед! Бале, тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, Шумо дар давраи дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон, ки аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ (370 сомонӣ) метавонед, ки ихтисосҳоятонро аз нав интихоб намоед.
Имтихонхо дар кадом сана огоз меебанд?
Салом, муҳтарам Очилов Ҷасур! Барои довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ, ки аз санаи 1-уми март то 30-юми апрели соли 2026 аз қайд гузаштаанд, имтиҳонҳо вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 10-уми июли соли 2026 ба роҳ монда мешавад.
Салом, ихтисоси "Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ" чи гуна ихтисос аст? Агар мо ин ихтисосро хонда хатм кунем, дар кадом касбҳо кор карда метавонем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи иттилои мутахассисон, ихтисоси "Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (бо нишон додани забон)" дар гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм ҷойгир буда, мутахассисонро дар тахассусҳои зерин тайёр менамояд: муҳаррир-тарҷумон, гид-тарҷумон, тарҷумони адабиёти техникӣ, муҳаррири тарҷумаҳои назоратӣ, наттоқ, наттоқ (шореҳ), наттоқи идораи радиошунавонӣ. Маълумоти бештарро оид ба ихтисоси болозикр аз худи муассисаҳои таълимии дахлдор дастрас карда метавонед.
Импулс. Қонуни бақои импулс. Ҳаракати реактивӣ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Салом ! Агар дар даври якум нагзарем бад дар даври дуюм шанс аст ки гузарем ?
Муҳтарам Муслимзода Сино! Тибқи талаботи банди 255-и “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, “Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд”.
Ман мехохам ба ММТ кор кунам.Чои кори Холи бошад.ДДОТ хондагиям диплом дорам.факултети химия.ихтисос химия биология.
Муҳтарам Меликова Ханифа! Дар сурати зарурат Марказ эълони ҷойҳои кории холиро дар сомонаи Марказ ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр менамояд. Дар ин ҳолат, метавонед, ки ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоед ва дар озмун иштирок кунед. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Дар ҳоле ки мо класстер ва ихтисосҳои худро интихоб мекунем оё чунин мешавад ки баъд аз имтиҳонсупори дар ммт аз сабаби нарасидани балл мо аз ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаи худ афтем (ҳатто агар дагавор)бошад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар холи гузариш ё камро соҳиб шавед, тақсимот намешавед, новобаста аз шаклу намуди таҳсил. Аммо тибқи талаботи банди 255-и “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, “Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд”.
Салом, Ман мехостам ки ихтисосмро дар ҳамон як кластер иваз кунам вале марҳиллаи аввали бақайдгирии ба анҷом расидааст. Оё ман метавонам ихтисосамро иваз кунам? ва ба куҷо муроҷиат кунам? ва ҳоли ҳозир ё дарви 2 юмро мунтазир шавам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10-ум то 30-юми июн баргузор мегардад, интизор шавед. Макони баргузории бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ то 10.06.2026 нашр мешавад. Имтиҳонҳои даври дуюм 15-уми июл доир мешавад.
Салом ман бори аввал кабинети инфиродии худамро фаъол гардони дам аммо аз байн чанд вақт гузашт хостам, ки дубора фаъол гардонда бинам, ки даъватнома омадааст ё не аммо нашуд :ошибка мебарорад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Кабинети инфиродиатон фаъол аст. Шумо рамзи муваққатии кабинети инфиродиатонро иваз намудаед. Лутфан, ҳангоми воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ рақами назоратӣ ва рамзи наватонро дуруст ворид намоед. Даъватнома пас аз 01.06.2026 дар кабинети инфиродӣ нашр карда мешавад. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед. Минбаъд, ҳангоми суол додан, лутфан, навиштани шаҳр ё ноҳияатонро фаромӯш насозед.
Чаро саҳифаи Худро бисанҷ кор намекунад.Саволҳои забони англисӣ хатогиҳо ва нишон намедиҳад, чунин паём менависад,"Sorry, an error occurred while processing your request."
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Камбудиҳои техникӣ дар сомонаи «Худро бисанҷ» комилан бартараф карда шуд ва саҳифаи он кор карда истодааст. Шумо метавонед бе монеа ворид шуда, тестҳоро супоред ва хатоиҳои худро бинед. Минбаъд, дар чунин ҳолатҳо тавассути телефон бо рақами: (+992 37) 224 53 62 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед. Ба Шумо дар имтиҳонҳо барору комёбӣ мехоҳем!
Салом алейкум Вариантҳои соли 2014 то 2021 аз куҷо дастрас намоем?
Дуруд, шаҳрванд муҳтарам! Вариантҳои китобчаҳои солҳои қаблии дар имтиҳонҳо истифодашуда, дар бойгонии Марказ нигоҳ дошта намешавад. Китобчаҳои дар имтиҳонҳо истифоданагардида дар имтиҳонҳои озмоишӣ истифода гардидаанд.
Саволҳои имтиҳонҳои иловагиро солҳои гузаштаро яъне рузи 12.07 супоридагиҳоро аз куҷо дастрас намоем.
Дуруд, шаҳрванд муҳтарам! Вариантҳои китобчаҳои солҳои қаблӣ дар имтиҳонҳои даврҳои 2-юм-4-ум истифодашуда, дар бойгонии Марказ нигоҳ дошта намешавад. Саволу масъалаҳои тестҳои мазкур ба маҷмуаи саволу масъалаҳои тести соли 2026 ворид карда шудааст. Китобчаҳои дар имтиҳонҳо истифоданашуда дар имтиҳонҳои озмоишӣ истифода гардиданд.
Мехостам донам ки китобчаи саволу масъалаҳои тести чаро бо калидҳояшон мувофиқ нестанд лутфан ҷавобҳоро беасос нанависед аз рӯйи онҳо мо хол мегирем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, ғалатҳои ошкоркардаатонро бо далелҳо ва нишон додани фан ва рақами тест ба мо нависед. Мутахассисон дида мебароянд ва ба Шумо хулосаашонро ирсол менамоянд. Пурра нишон додани нишонии макони зистатонро низ фаромӯш насозед.
Намунаи саволҳои кушодаи фанни Ҳуқуқ лозим. Дар сомонаи марказ нест.
Дуруд. Мо ба кӣ посух гардонем? Лутфан, ному насаб ва нишонии макони истиқоматиатонро пурра дарҷ намоед.
Аз фанни маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест қисми б гурӯҳи ихтисосҳои 5 ум тиб биология ва варзиш ҷавобҳо
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст. Минбаъд, ба мантиқи саволҳоятон диққат диҳед, ки чӣ пурсиданӣ ҳастед.
Чаро бегайр аз забони англеси дигар ягон забони хоричи нест Ба ман забони хоричи немиси даркор Кисми А ихтисоси 2
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо намунаи саволу масъалаҳо аз забони немисӣ, франсавӣ ва арабӣ дар сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://ntc.tj/images/Downloads/A4-234_Fr.pdf шинос шуда метавонед. Минбаъд, дар ҳолати зикр накардани насаб саволатон ба эътибор гирифта намешавад.
Агар мо аз фанни забони англисӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷой гирем, дар ихтисосҳои "муносибатҳои байналмилалӣ " , "танзими ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия" ва "фаъолияти судӣ-прокурорӣ-муфаттишӣ" ба мо бал дода мешавад?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар сурати ишғол намудани ҷойҳои 1-3 аз фанни забони англисӣ балли имтиёзӣ, танҳо, барои ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалӣ” илова карда мешавад. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ман ба вазифаи корманди мувақатӣ ба қайд гирифта шудам. Мехоҳам аз қайд барорам. Ин имконпазир аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Иштирок дар вазифаи кормандони муваққатӣ ихтиёрист. Дархости Шумо қабул гардид ва ному насаби Шумо аз рӯйхати нафароне, ки дар семинарҳои омӯзишӣ бояд иштирок кунанд, бароварда шуд.
салом, мо чи хел метавонем на танҳо намуна, балки саволҳои кушодаро аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва забони англисӣ дастрас кунем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби он ки ин навъи тестҳо бори якум дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ истифода мешаванд, танҳо, намунаҳо пешниҳод гаштаанд. Дар маҷмуаи саволу масъалаҳои тести соли 2027 теъдоди ин суолҳо зиёд мешавад.
Ассалом мо аз куҷо метавонем фаҳмидан, ки аз олимпиадаҳои ноҳияви, шаҳри ва ҷумҳурияви ҷой гирифтаем ё ин, ки не?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ё Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
ассалом алейкум ман мактабро хатм кардагиам хуччат супорам даъватнома барои имтиҳон ба куҷо меояд?Агар ман даври дувум ҳуҷҷат супорам танҳо ихтисосе ки ман интихоб кардам агар ҷойҳои ҳолӣ бошад медароям?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Макони дастрас намудани даъватномаро Шумо ҳангоми бақайдгирӣ таъкид менамоед ва дар варақаи бақайдгирӣ сабт карда мешавад. Натиҷаи имтиҳонҳо ва озмуни тақсимоти даври якум ва дуюм дар як вақт ҷамъбаст карда мешавад. Барои ишғоли ҷойҳои холӣ озмуни тақсимоти даври сеюм ва чаҳорум гузаронида мешавад.
Салом агар ман дар даври чухуриявии озмуни биалогия чойи 3 умро ишгол кунам ба ман барои донишгохи давлати тибии Точикистон ба номи Абу Али ибни Сино барои ихтисоси кори табобати имтиëз дода мешавад. Ва боз ба хамин ихтисос ба азоëни академияи хурди илмхои Точикистон аз руйи низомнома Бояд 50 бал диханд имтиëз дода мешавад агар ман аз фанни химия аъзо Бошам.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Тибқи банди 212-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, дар гурӯҳи ихтисосҳои 5 ҳангоми интихоби ихтисоси "Кори табобатӣ" ба ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва аъзоёни академияи хурди илмҳои Тоҷикистон имтиёз дода намешавад. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ман мехохам худамро санчам бо саволхои шумо
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, барои ин аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳам дар сомонаи расмии Марказ маълумот дода шудааст (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689), истифода карда метавонед. Ҳамчунин, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҷмуаи саволу масъалаҳои тест аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ тақсимот шудааст, ки метавонед истифода баред. Шакли электронии маҷмуаҳо дар сомонаи расмии Марказ нашр шудааст (https://ntc.tj/ru/abiturientu/tipovye-testovye-zadaniya.html).
Салом ман Зоиров Абубакр давраи 3 юми тести дар кадом мох мешавад ва ман соли 2024мактабро хатм кардам мправка аз мактаб барои маркази мили тести лозим мешавад ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ аз 29.08.то 10.09.2026 баргузор мегардад. 2. Лутфан, бо тартиби бақайдгирӣ, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 3. Аз сабаби он ки Шумо шаҳодатномаи хатм (аттестат) доред, аз муассисаи таълимӣ маълумотнома лозим нест.
Асалом, савол доштам, ман аттестати мактаби миенаро дорам, чи хуччатхо ба ман лозим барои супоридан ва дар кадом мактаб, чои зист кучаи Рудаки 88.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Лутфан, бо тартиби бақайдгирӣ, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 нуқтаҳо ташкил карда шудаанд, дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/r-jkhati-nu-ta-oi-ba-ajdgir-baroi-ishtirok-dar-imd-2026.html нашр шудааст. Шумо ба нуқтаи бақайдгирии дилхоҳатон то соати 17:00-и 30.04.2026. муроҷиат карда метавонед.
Авалан салому дуруд ба мушовирони ммт савол ин ки агар дар мкасисаҳои оли касби ба тарзи ғоибона таҳсил кунем аз хизмати ҳарби озодем ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти моддаи 31 ("Асосҳо барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ")-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки 29 январи соли 2021, № 1753 ба тасвиб расидааст, "Онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бори аввал таҳсил менамоянд, то хатми муассисаҳои таълимии мазкур муҳлати даъват ба хизмат ба таъхир гузошта мешавад".
Салом ба дорандагони мукофоти давлати чи имтиёз ҳо аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба довталабоне, ки холи гузаришро аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ ба даст меоранд ва барои дарёфти имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод менамоянд, тибқи муқаррароти "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, имтиёз дода мешавад.
ман хатимкунадаи колеҷи тибби шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода гурӯҳи буҷави мебошам, мехохам хуҷатҳои худро ба маркази милли тести супорам ба гурӯҳи фосилави е ғоибона супорам аз колеҷ маълумотномаи хатмро ҳам пешниход карадам аммо кабул накардан. ман барои супоридани хуҷат чи кор кунам. айни ҳол ман дар маркази саломати шаҳр ҳамчун ҳамашираи оилави кор ва фаъолият мекунам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022, № 563 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд. Бинобар ин хатмкардагони коллеҷҳо танҳо пас аз се соли кор диплом ва замимаи онро аз муассисаи таълимии хатмкардаашон гирифта, бо пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо аз қайд гузашта метавонанд.
Салом, шахсе ки малумоти олии якумро (медколедж) дар Россия гирифтааст, мехохал малумоти олии 2юм гирад дар точикистон, ин тавасути ММТ сурат мегирад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Довталаб дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ будааст, аз ин рӯ, барои гирифтани таҳсилоти олии касбӣ бояд тавассути Марказ имтиҳон супорад. Барои гирифтани маълумоти дуюм довталаб бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ бошад. Дар ин ҳолат, қабул дар ваколати муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Салом, агар довталаб ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбиашро натавонад ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод кунад, ба вай имтиёз дода мешавад? ё ин ки, оё вай метавонад ҳуҷҷатҳояшро пас аз муҳлати бақайдгирӣ тамом шудан супорад? довталаб бояд чи кор кунад агар натавонист ҳуҷҷатҳояшро дар вақти бақайдгири супорад?
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани имтиёз довталаб, ҳатман, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд пешниҳод намояд. Дар ҳолати тайёр набудани ҳуҷҷат довталаб имконият дорад, ки то моҳи июл ҳуҷҷатҳояшро омода созад ва ба Марказ пешниҳод намояд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Дуруд Барои осон шудани кор мо аз хизматрасонии Пешномнависӣ истифода бурдем, аммо ҳангоми бақайдгирӣ (дар мактаби №94 н. Сино) маълум шуд, ки ин хизматрасонӣ кор намекардааст (тугмачаи он дар барномаи сабти ном ғайрифаъол аст). Ба мо тавсия доданд бе он аз нав бақайд гиред. Хуллас мо аз нав бе Пешномнависӣ ба қайд гирифтем. Савол! Оё ягон проблема намешавад. Зеро мо пешномнависӣ карда будем ва аз нав боз ба қайд гирифтем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Хизматрасонии "Пешномнависӣ" барои он қатъ гардид, ки баъди фаъол шудани он қариб 50% ихтисосҳо иваз шуданд. Қисми зиёди ихтисосҳо нест карда шуданд. Яъне довталабон ихтисосҳои набударо интихоб карданд. Аз ин лиҳоз, хавотир мабошед. Интихоб ва натиҷаҳои бадастмеовардаи Шумо тибқи варақаи бақайдгирӣ, ки дар нуқтаи бақайдгирӣ як нусхаашро имзо гузошта гирифтед, коркард карда мешавад.
Салом ман мехохам маьлумоти дуюм супорам аммо дигар ихтисос, ин хам бо ММТ ё не ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, ҳамаи талаботи пешниҳоди саволро риоя намоед (насаб ва нишонии макони зистатонро пурра нависед).
Оё мо метавонем забони имтиҳонсупориро иваз намоем ??? Масалан дар вақти ҳуҷҷатсупорӣ мо забони имтиҳонсупориро забони тоҷикӣ интихоб намудем ва ҳоло бошад мо мехоҳем имтиҳонро ба забони русӣ супорем. Мо метавонем забонро иваз кунем ва чи тавр ????
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, нишонии макони зистатонро дуруст нависед (ш.Бохтар, магар ноҳияи Данғара дорад? Агар чунин бошад, номи деҳа ё кӯчаатон чист?).
Руйхати ихтисосхоро саросема шуда, хато интихоб намудам, иваз карда метавонам ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо то 30.04.2026 метавонед, ки ба он нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан аз қайд гузашта будед, ҳозир шуда, ихтисосҳоятонро иваз намоед. Маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 30 сомонӣ муайян шудааст.
Салом санаи хуччатсупори то 28 апрел ва 28 апрел хам медарояд агар хуччатамонро дар давраи дуюм супорем метавонем донишгоххои тиббии хатлон ва дущанберо интихоб кунем ва онхое ки дар давраи дуюм хуччатро супориданд имтихонхоро дар мохи июл месупоранд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, номатон ва нишонии макони истиқомататонро пурра баён намоед.
Ман донишгохро интихоб кардам, мехохам аз сар дигар донишгохро интихоб кунам, ман боз 370 сомон ба бонк супорам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 30 сомонӣ муайян шудааст. Минбаъд, навиштани насабатонро фаромӯш насозед.
Ассалом.Агар ҳуҷҷатҳои худро мо дар яке аз наздиктарин макони қабули ҳуҷҷатҳои ИМД супорем ва аз ихтисосҳо дар ҷадвали интихоби ихтисос хато шуд, мо чӣ хел онро иваз карда метавонем. Ва то кадом муҳлат онро иваз карда метавонем.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо то 30.04.2026 метавонед, ки ба он нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан аз қайд гузашта будед, ҳозир шуда, ихтисосҳоятонро иваз намоед.
салом алекум мнхосӣам фаҳмам киҳо дар даври дуйюми ҳуҷатсупори ҳуқуқ доранд ҳуҷатсупоранд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10-ум то 30-юми июн баргузор мегардад ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи иштирок доранд. Дар интихоби муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳо маҳдудият нест. Имтиҳонҳои даври дуюм 15-уми июл доир мешавад. Минбаъд, пеш аз ирсол ғалатҳоятонро ислоҳ намоед.
Даъватномаи 2026 1 давр кай мерасад.Аз 1 кластер то 4 кай супоридан огоз мешавад
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин хусус дар банди 2-юми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, маълумот дода шудааст. Доир ба тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад (аз 04-10.06.2026) ва онро аз маконе, мегиред, ки рӯзи бақайдгирӣ интихоб кардаед. Минбаъд, насаб ва нишонии макони зистатонро беғалат ва пурра нависед.
Почему система проверки себя на сайте не работает?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Хизматрасониҳои Марказ дар сомона мунтазам такмил дода мешавад. Бинобар ин, тез-тез санҷида истед. Айни ҳол, хизматрасонӣ фаъол аст. Минбаъд, дар чунин ҳолатҳо тавассути телефон бо рақами: (+992 37) 224 53 62 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом, мехостам фахмам имсол барои чоизадорони озмунхо ва инчунин шахсони ятиму ним ятим имтиезхо пешбини шудааст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиёзҳо маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701
Ассалому алейкум бародари ман 1-ум кластерро интихоб карда худро ба кайд гирифт холо даври 1-уми холо мехохад ба чои 1-ум кластер 4-ум кластерро интихоб намояд мухлати бацайдгирии даври 1-ум то 27.04.2026 идома дорад барои иваз кардани интихоби кластер юояд чи кор кунад ва чанд сомон маблаги иловаги месупорад ва ба кучо мурочиат кунад қаблан ташакури зиёд.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо то 30.04.2026 метавонед, ки ба он нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан аз қайд гузашта будед, ҳозир шуда, ихтисосҳоятонро иваз намоед. Барои хизматрасонӣ 30 сомонӣ супориданатон лозим аст. Бо тартиби бақайдгирӣ, аз сомонаи расмии Марказ, аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шуда метавонед.
Барои кори муваққати дар Маркази миллии тестӣ муроҷиатро пур карда равон кардам ҳуҷҷатҳои лозимаро чи гуна ирсол намоям
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом. Ман соли гузашта ЛКТ-и н. Айниро хатм кардам ва дар Федератсияи Россия дохил ва айни ҳол маро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Ман мехоҳам ба даври 2-юми ММТ супорам, ба ман чӣ ҳуҷҷатҳо лозим аст? Ҷавоби шуморо интизорам!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Лутфан, бо тартиби бақайдгирӣ, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Даври дуюми бақайдгирӣ аз 10-ум то 30-юми июн баргузор мегардад. 3. Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ: 1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он; 2. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он; 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн”.
Онлайн барои ммт аз кайд гузарим мешадми
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Мехостам донам барои чой гирифтан дар олимпиада чумҳурияви 1 чой чанд бал тухфа мекунед. Кластери 4 ҳукукшиноси. Олимпиадаба Илҳомзода Ойша 1 чой сазовор шуд. Аз фанни ҳукук
Дуруд, довталаби муҳтарам! Тибқи банди 212-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, дар гурӯҳи ихтисосҳои 4 ҳангоми интихоби ихтисосҳои «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ», «Санҷиши судӣ», «Сиёсат ва идораи давлатӣ», «Сиёсати берунӣ ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», «Таъмин(от)и ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ», «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», «Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ (аз рӯи самтҳо)», «Ҳуқуқи андозу бонкӣ», «Ҳуқуқи гумрукӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ», «Ҳуқуқи нақлиётӣ» ва «Ҳуқуқшиносӣ» ба ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ имтиёз дода намешавад. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Салом оё маъюбони гурӯҳи дуюм вақте ки аз як муассиса ба муассисаи дигари давлати перевод (интиқол) мегиранд маблағи шартномаи таҳсил 50%кам мешавад ё не дар коллеҷҳои давлати агар тариқи интиқол (перевод) гузарем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Каму зиёд намудани ҳаҷми маблағи таҳсил дар ваколати роҳбари муассисаи таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба муассисае, ки интиқол шудан мехоҳед, муроҷиат намоед.
Ман мехоҳам барои супурдани имтиҳонҳо вақт гирам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Салом.Мехостам хуччатхоямро ба ММТ б супорам(дарачаи бакалавр) кадом хуччатхо лозим аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Аввалан, бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Ҳуҷҷати ҳатмӣ: шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои боқимонда дар сомонаи Марказ. 3. Барои гирифтани маълумоти дуюм бевосита ба муассисаи таълимии мехостаатон муроҷиат намоед.
Чаро дар кабинети инфироди рӯзи имтиҳонҳо вуҷуд надорад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Таърихи доир шудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар "Даъватнома" ва "Кабинети инфиродӣ" (аз 04 то 10.06.2026) нашр хоҳад шуд.
Чигуна ба кабинети инфироди ворид шавем Рамзи шахси
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, нишонии макони зистатонро пурра нависед (деҳа, кӯча, рақами манзил).
«Зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт» ба кадом кластер дохил мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, нишонии макони зистатонро пурра нависед (кӯча, рақами манзил ...).
Салом мехостам хуччатхоямро ба ММТ(дарачаи бакалавр) супорам.Бади хатми Донишгох.Кадом хуччатхо лозим аст ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои он ки ба суол ҷавоб гиред, бояд нишонии макони зистро пурра нишон диҳед.
салом. ман мехоҳам ба факултаи стоматология дохил шавам ҳангоми 12 комбинатсия пур кардан ман метавонам кори табобатиро ҳам нависам? 12 комбинатсия пур кардан ҳатми аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати интихоби ихтисосҳо аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум ҳуқуқ доред, ки то 12 ихтисос, муассисаи таълимӣ ва ғайраро инттихоб намояд. Интихоби теъдоди комбинатсияҳо ба худи Шумо вобаста аст. Метавонед, ки 1 интихоб ва ё 12 интихоб дошта бошед.
Салом алейкум, смс ки барои ворид шудан ба саҳифаи худ ба номери 024624848 фиристед илтимос
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои иваз намудани рақами телефон Шумо бояд ба бинои асосии Марказ (шаҳри Душанбе) ва ё ба яке аз бахшҳои минтақавии Марказ, ки ба макони зистатон наздик ҳаст (ш.Хуҷанд ва ё ш.Панҷакент), ҳозир шавед ва ё тавассути почтаи расмии электронии Марказ: office@ntc.tj дархост ирсол намоед.
Ман синфи 11 мебошам шиноснома надорам метавона тариқи (метирка ) ҳуҷат супорам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Аввалан, бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Ҳуҷҷати ҳатмӣ барои номнавис намудан: шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он (агар аз 16-сола боло бошед).
Салом! Ман мехостам ки бали гузариши 2 кластери соли 2026 аз кучо фахмидан мумкин аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. Минбаъд, ба мазмуни саволи медодаатон ҳам диққат диҳед...
Химия забони точики биология
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, ки чиро донистан мехоҳед?
Салом. Агар ман дар даври дуюми имтиҳонҳо иштирок кунам ҷои ихтисосҳо бо онҳое ки дар даври аввали имтиҳонҳо гузаштан пур шуда намемонад? Имтиҳонҳои даври дувум кай мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои онҳое, ки дар даври якум (01-10.07.2026) ва дуюм (15.07.2026) имтиҳон месупоранд, дар як вақт тақсимот гузаронида мешавад. Тақсимоти ҷойҳои холӣ дар даврҳои сеюм ва чаҳорум.
Хангоми интихоби ихтисосхо метавонем хам донишгох ва хам колечро интихоб кунем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо дар интихоби муассисаҳои таълимӣ озод ҳастед. Нигаред, ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=682
Кластери 5 ум донишкадай т чисмон Ду имтихон месупори максад махорат доррад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, насаб ва нишонии макони зистатонро дурусту пурра зикр кунед.
Салом алейкум ман саволҳои тестии аз фанни информатикаро кай дастрас кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ин фан имтиҳон нест. Сониян, иттилоъ медиҳем, ки довталабони ин ихтисосро интихоб намуда, аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, физика ва химия имтиҳон месупоранд. Сониян, маҷмуаи саволу масъалаҳои тест ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои маркази ноҳия ва шаҳрҳо дастрас карда шудааст.
Ман баьди хатми синфи нухум ба колечи тиби супорам оё баьди хатми колеч ба хизмати харби меравам ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, бо ин суол ба мутасаддиёни коллеҷ ва ё комиссариати ҳарбии шаҳр ва ё ноҳияатон муроҷиат намоед.
Дар сайти худро бисанч ворид шуда намешавад каблан ворид мешудем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Хизматрасониҳои Марказ дар сомона мунтазам такмил дода мешавад. Бинобар ин, мунтазам санҷида истед. Айни ҳол, хизматрасонӣ фаъол аст. Минбаъд, дар чунин ҳолатҳо тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом.Барои супоридани хуччатхо ба ммт кадом намуди хуччатхо лозим аст ( 3 сол пеш донишгохи 1 ум ро хатм намудам)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимии мехостаатон муроҷиат намоед. Шумо, оё дар 2 шаҳр зиндагӣ менамоед? Минбаъд аниқ нависед!
Салом , ман мехоҳам фаҳмам ки даъватномаи худро аз куҷо гирам ва ҳангоми даъват ба ман смс-паёмак меояд ё не?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ин хусус дар банди 2-юми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода баданд, маълумот дода шудааст. Доир ба тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад ва онро аз маконе, мегиред, ки рӯзи бақайдгирӣ интихоб кардаед.
саволҳои руси барои хатми 9 барои коллеҷи тиббии ҷумҳурияви аз куҷо дастрас намоем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест ҳамасола ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои маркази ноҳия ва шаҳрҳо дастрас карда мешавад (ройгон ва вобаста ба забони таҳсил). Аз ин рӯ, ба ин муассисаҳо муроҷиат намоед. Ҳамчунин, шакли электронии ин маҷмуаҳо дар пайванди https://ntc.tj/ru/abiturientu/tipovye-testovye-zadaniya.html
Агар Ман ба донишгохи мили Гузарам ба ма перевод карда метавонам ба стоматологи перевод кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Интиқоли донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигар дар ваколати ректор (директор)-они муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Оё довталаб метавонад бе шиноснома бакайд гирад? Агар сокини шахри Кулоб бошад метавонад дар шахри Душанбе ба кайд гирад? Агар ба сини 21 солаги расида бошад бакайд мегирандаш,?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Аввалан, бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Ҳуҷҷати ҳатмӣ: шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он. 3. Довталабон дар интихоби нуқтаи бақайдгирӣ озоданд. 4. Маҳдудияти синну сол, танҳо, дар баъзе ихтисосҳо мавҷуд аст. Нигаред ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.18-19).
ман мехохам ба коллеч хуччат супорам, магар дер нашудааст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо то 28.04.2026 метавонед, ки ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир гашта, аз қайд гузаред.
Салом Агар ман дар Русия таҳсил карда бошаму аз онҷо хориҷ шудам ва имсол мехоҳам имтиҳони Марказиро супорам, чӣ бояд кард, ки бо худ гирам? Барои бақайдгирӣ ба ман кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд? Ман соли 2025 мактабро хатм кардам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед. 2. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ: шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё маълумотнома аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ё ноҳияи дахлдор бо сурат (акс), муҳр ва нусхаи он; аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он; рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””, ҶСК “Бонки Эсхата”, ё аз барномаҳои мобилии “Амонат Мобайл” ё “Эсхата Онлайн".
Салом ман ҳуҷатсупорида будам санаи 11_04_2026 Мехоҳам ихтисосамро иваз кунам мешавад?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо то 28.04.2026 метавонед, ки ба он нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан аз қайд гузашта будед, ҳозир шуда, ихтисосҳоятонро иваз намоед.
Дуруд! Фарз кардем ман факултаи забонҳоро (ар Донишгоҳи миллӣ) интихоб кардам. 1.забони англисӣ 2.забони фаронсавӣ... Довталаби дигар дар ин факулта чунин интихоб кард: 1.забони фаронсавӣ 2.забони англисӣ ... Фарз кардем бали гузариш аз забони англисӣ 300 ва аз забони фаронсавӣ 250 бошад. Ман 255 бал гирифтам ва довталаби дуюм 250 бал гирифт. Ман забони фаронсавиро дар интихоби худ дар ҷои дуюм гузоштаам ва довталаби дигар дар интихоби худ онро дар ҷои аввал гузоштааст. Савол! Дар ин сурат оё довталаби дигаре, ки забони фаронсавиро дар интихоби худ дар ҷои аввал гузоштааст ва 250 бал гирифтааст ва ман, ки забони фаронсавиро дар интихоби худ дар ҷои дуюм гузоштаам ва 255 бал гирифтаам аз ман бартарӣ дорад ё на?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар маҷмуъ, аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ балли Шумо баланд бошад, ҳатман афзалият ба Шумо дода мешавад.
Салом алекум. Шумораи довталабонро ки то санаи 15 апрел ҳуҷат супоридаанд мехоҳем фаҳмем, яъне кластери 5 дар ихтисосҳои кори табобати стомотологияи ва педиатрия чи қадар довталаб ҳуҷат супоридааст.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои шинос гаштан бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2026-ум ба сомонаи расмии Марказ (www.ntc.tj) ба бахши "Маълумоти оморӣ" ва ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/USPSelection?ClusterID=5&Code= ворид шавед.
Ман хонандаи синфи 11, ду карра гирандаи степендияи Президентӣ мебошам. Дар синфи 10 ва 11 гирифтам. Ба наздики ба ММТ ҳуҷҷатҳои худро супурдам ба ихтисои забони англисӣ (омӯзгор) Саволи ман чунин аст ки оё ба ман имтиёзи холи дода мешавад хамчун гирандаи стипендияи Президентӣ ё не?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки гирандаи стипендияи президентӣ ҳастанд, дар низоми ИМД балли имтиёзӣ муқаррар нагардидааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Салом имтиҳонҳои маркази миллии тести кай сар мешавад
Дуруд, муҳтарам Муртазоев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, ноҳия ва нишонии макони зистатонро пурра зикр кунед.
берун аз кишвар ман чи тавр ҳуҷҷат супорам кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст ?
Дуруд, муҳтарам Эркаев! Мо ба Шумо тавсия дода будем, ки ба сомонаи расмии Марказ муроҷиат намоед ва бо тартиби бақайдгирӣ шинос шавед. Берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ аз қайд гузашта наметавонед, яъне ҳангоми бақайдгирӣ ҳузури бевоситаи довталаб зарур аст. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар сомонаи Марказ.
Салом ман мехоҳам дар маркази миллии тести иштирок кунам кластери 3 ум омӯзгори ман дар чанд бал дар донишгоҳ мегузарам
Дуруд, муҳтарам Муртазозода! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ бо риояи меъёрҳои забони давлатӣ баён намоед. Ҳамчунин, ноҳия ва нишонии макони зистатонро пурра зикр кунед.
Ман ҳозир берун аз кишвар агар то даври дуюми ҳуҷат супори равам дар даври авали имтиҳон ки аз якум то панҷуми июл мешавад иштирок карда метонам ? даври дуюми ҳуҷат супори кай баргузор мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684 шинос шавед. 2. Даври дуюми бақайдгирӣ аз 10-ум то 30-юми июн баргузор мегардад. 3. Имтиҳонҳои даври якум вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 10-уми июл ва даври дуюм 15-июл доир хоҳад гашт.
Салом як савол доштам 1530102 - Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот 140010205 - Низом ва технологияи иттилоотӣ (фаъолияти идоракуни) 140010104 - Системаи таъмини бехатарии маълумот 1400101 - Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ 1310304 - Информатика 1400302 - Зеҳни сунъӣ Оё ин ихтисосҳое ки ман навиштам ба барномасоз (програмист) ягон алоқамандие дорад ё не. Кадомаш алоқаманди дорад ва кадомаш не лутфан нависед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус Шуморо лозим аст, ки бо мутахассисони муассисаҳои таълимие, ки чунин ихтисосҳо доранд, муроҷиат намоед.
Чихел ба ммт дохил шавем ба ихтисоси менеҷмент ва чавоби саволҳоро диҳед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед. 2. Ихтисоси интихобнамудаи Шумо ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм мансуб аст.
Салому дуруди худро арз мекунам, ва мехостам пурсам, ман хатм кардаи Коллечи тиббии Чумхурияви, ихтисоси Кори момодояги мебошам. Боз мехохам ба Донишгохи милли факултаи биология ба таври фосилави дохил шавам, ба кучо мурочиат карданам лозим??
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар Шумо хатмкардаи намуди таҳсили пулакӣ бошед, метавонед, ки ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, худро барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ номнавис намоед. Ҳамзамон, метавонед, ки ба муассисаи мазкур рафта, маслиҳат бигиред.
Кай имтихони ммт мешавад дар Шахри Исфара
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марказҳои имтиҳонӣ ва оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пас аз анҷоми бақайдгирӣ маълум ва эълон карда мешавад. Маълумоти муфассал доир ба супоридани имтиҳонҳо дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 53-70) ва гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691
Ассалом.Ман хатмкардаи Донишгохи славянии Руссияву Точикистон мебошам. Ман мехохам дуюм ихтисос гирам ва фосилави бихонам. Барои ин бояд ба ММТ мурочиат кунам е ба худи донишгох? Ва чи хубтар аст ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимии мехостаатон муроҷиат намоед.
Данишгози давлатии Чумхурии Точикистон ба номи абуали ибни сино
Муҳтарам Дамонов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ бо ҳуруфи Times New Roman баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро пурра зикр кунед.
Салом. Дар чавобхои китобчахои Маркази Милли Тести хатогихо мавчуд аст онро тибки калид пур кунем ёчавоби дурусти худамон интихобкардаро.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, ғалатҳои ошкоркардаатонро бо далелҳо ва нишон додани фан ва рақами тест ба мо нависед. Мутахассисон дида мебароянд ва ба Шумо хулосаашонро ирсол менамоянд. Пурра нишон додани нишонии макони зистатонро низ фаромӯш насозед.
Ассалому алайкум калидҳои кластери 4 ро аз кучои дастрас кунем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст. Минбаъд сабти ном ва нишон додани нишонии макони зистатонро низ фаромӯш насозед.
Салом. Ман мехостам ки дар соҳаи авиатсия яъне Капитани ҳавопаймо хонданро мехохам вале ман надонистам кадом кластер надонистам. Илтимос аз шумо ман ҷавоби пурра интизор мешавам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Касби Шумо интихобкарда дар Тоҷикистон тайёр карда намешавад. Доир ба соҳаи авиатсия бошад, ихтисосҳоро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум интихоб карда метавонед.
здравствуйте,я хочу подать документы на 2 образование? какие документы нужно сдать?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан, барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимии мехостаатон муроҷиат намоед.
Салом, ман дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ ҷой гирифтам, ба ман гуфтанд ки агар аз фанни англиси ҷой гирифта бошед , дар ихтисоҳои тарҷумонӣ бал дода намешавад, танҳо да соҳаи омузгорӣ бал дода мешавад, лутфан ба ман мегуфтед ки дар гуруҳи ихтисосҳои 3юм дар кадом ихтисосҳо бал дода мешавад, ва дар кадом гурӯҳи кластерҳо бал дода мешавад агар аз фанни англиси ҷой дошта бошем.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Тибқи банди 212-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, дар гурӯҳи ихтисосҳои 3 ҳангоми интихоби ихтисосҳои «Забонҳои муосири хориҷӣ (аз рӯи самтҳо)» ва «Таъмин(от)и забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (аз рӯи самтҳо)» ба ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ имтиёз дода намешавад. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ман колеҷи тиббиро хатм кардам мехоҳам аз нав марказии милли супорам ба ман ягон хол дода мешавад ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Не, барои доштани таҳсилоти миёнаи касбӣ холи иловагӣ дода намешавад.
Салом. Фарзанди ман аз синфи 6 то 11 ҳар сол дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои 1,2 ва 3 ро гирифтааст. Холи имтиёзиаш барои ишғоли ҳар як ҷояш ҳисоб карда мешавад ё танҳо дар синфи 11 баҳисоб гирифта мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Имтиёз, танҳо, ба ғолибони олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии соли 2026 дар ҳолати ба даст овардани холи гузариш (аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ), муқаррар шудааст.
Ассалому алайкум Дар китоби довталаб 2026 ихтисоси програмисти яхне барномасоз ба кадом ном ё ID омадааст метавонед фаҳмонед ва каме маълумот диҳед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, номи ихтисос ба мисли "Барномасозӣ" дар рӯйхати ихтисосҳо нест. Ихтисосҳои ин самт бо номҳои "Муҳандисии барномавӣ", "Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ", "Воситаҳои математикӣ ва барномавӣ", "Амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ)" ва ғайра, ки дар беш аз 12 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд аст, аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Rplan дастрас намоед.
Агар ман 3 ихтисосро интихоб кунам Мисол 1 стоматология 2 фармацевт 3 педиатрия Якумашда балам брасад метонам дюмасда будаги донишгох брам?
Дуруд, муҳтарам Сапаров! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра, возеҳ ва бо забони адабӣ баён намоед, ҳамчунин, нишонии макони зистатонро низ қайд намоед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарм! Дар ин ҳолат Шумо бояд аз муассисаи таълимӣ маълумотнома (бо сурат) дар хусуи хатмкунандаи гурӯҳи пулакӣ буданро бигиред ва ба масъулони нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоед. Шакли тахсили ма ройгонай агар да малумотнома шарномави нависта биёрум Бад ягон мушкили намеша?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар сурати гирифтани маълумотномаи қалбакӣ ҳам муассиса ва ҳам Шумо ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Беҳтараш маблағи таҳсили кардаатонро пардохт намоед, он гоҳ маълумотномаи мазкурро гирифта метавонед. Ҳолати дигар, аз таҳсил даст мекашед. Дар ин сурат Шуморо аз муассиса хориҷ менамоянд ва ҳуҷҷатҳоятонро гирифта метавонед.
Намунаи китобча вариантҳои соли пешро чи хел дастрас намоем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест ҳамасола ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои марказии ноҳия ва шаҳрҳо дастрас карда мешавад (ройгон). Аз ин рӯ, ба ин муассисаҳо муроҷиат намоед.
Асалому алайкум мо донишҷуҳои колеҷи тиббӣ давлати ҳастем шакли таҳсил ройгон ҳуқуқӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷат барои маркази миллии тестӣ дорем? Дипломи мо моҳи август тайёр мешавад чорсола дагавори колеҷа супорида диплома мегирем. Агар ҳуқуқи супоридани имтиҳонҳои маркази миллии тестӣ дошта бошем ба донишгоҳи гузаштаамон пешниҳод мекунем диплома
Дуруд, шаҳрванди муҳтарм! Дар ин ҳолат Шумо бояд аз муассисаи таълимӣ маълумотнома (бо сурат) дар хусуи хатмкунандаи гурӯҳи пулакӣ буданро бигиред ва ба масъулони нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоед.
Салом. Агар довталаб дар мактабҳои дигар давлат хонда истода бошад, чи хел дар Тоҷикистон ҳуҷҷат супорад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед. 2. Довталаб имконият дорад, ки дар даври дуюм ва ё сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ) аз 10-ум то 30-юми июн ва ё аз 29-уми август то 1-уми сентябр иштирок намояд.
Ман аз кучо саволхои квотаи президентиро бинам аз 4рум класер ба ман мефахмондед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба наздикӣ намунаи саволу масъалаҳои тест барои довталабони квотаи президентӣ дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад.
Салом ман донишҷуи курси 1и донишгоҳи аграри мебошам ва мехоҳам ки боз аз нав имтиҳони маркази миллии тести супорам оё имкон ҳаст, ки бидуни хориҷ шудан аз донишгоҳ боз имтиҳони маркази миллии тести супорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ як нафар якбора дар ду муассисаи таълимӣ таҳсил намуда наметавонад. Ҳамчунин, ҳангоми бақайдгирӣ аз Шумо ҳуҷҷати тасдиқунандаи таҳсилот (аттестат-шаҳодатномаи хатми синфи 11) талаб карда мешавад. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Ассалому алейкум ба гурухи хизматрасонии "Саволу чавоб" ман модари довталаб хастам. Мехостам ба як саволам равшани меандохтед. Фарзанди ман мехохад касби врач -лабарантро интихоб намояд. дар кастери 5-ум кадом донишгох ва кадом ихтиссосро интихоб намояд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба муассисаҳои таълимии самти тиб муроҷиат намоед.
Барои хуччатсупори ба ммт кадом хуччатхо даркор аст?
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо бояд тартиби муоширатро риоя менамудед (насабатон зикр нашудааст ва оё Шумо дар 2 шаҳр зиндагӣ менамоед?).
Салом рузи бакайдгири изи ангушти бародари хурдии ман хонда нашуд корманд гуфтанд, ки ман метавонам изи ангушти худро гузорам ва дар имтихон бо у хозир шуда изи худро гузорам то ин ки у гузашта дар имтихон иштирок кунад .Оё ин тавр мумкин аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи тартиб чунин амал мумкин аст. Хавотир нашавед.
Ассалому алайкум.Ман айни хол дар шахри Москва тахсил мекунам.Мехохам дар Донишгохи саати тасвири ва лизайн дохил шавам .Бояд имтихони ЕГЭ супорам,Барои хуччатсупори ба маркази милли айни хол рафта наметавонам .Чи пешниход хаст рохи халли ин масала.Саволи дигар ман кластери 3 бояд ба забони руси месупорам барои он ки якчан сол ин чо тахсил кардам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед. 2. Шумо имконият доред, ки дар даври дуюм ва ё сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ) аз 10-ум то 30-юми июн ва ё аз 29-уми август то 1-уми сентябр иштирок намоед. 3.Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад ва интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст.
Дар. Кластери 4 ум Бали. Гузариш. Аз чанд. Боло аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. Минбаъд зикри насабатонро фаромӯш насозед!
Салом! Ма чи тавр регистратса кунам ки имтихонхоро саволхояшро бинам таёр кунам ба Ман кумак дихед ташаккур!!!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Қабл аз пурсиш ному насаб ва нишонии макони зистатонро пурра нависед.
Хамаги чанд бал гирем ки бад ба донишгох дохил мешавам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Агар аз имтихони ммт гузарам ва бад ба донишгоххои руссия перевод гирифта метавонами ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Интиқоли донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигар дар ваколати ректор (директор)-они муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ҳолате ки Шумо мегӯед, аллакай дар ваколати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин сабаб, ба мақомоти мазкур муроҷиат намоед.
Хангоми интихоб ман метавонам хам донишгох ва хам колеч интихоб намоям?
Муҳтарам Ҳасанов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, нишонии макони истиқоматиатонро пурра нависед!
Ассалом! Мумкин сабти онлайн кардан?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Дуруд! Барои пардохти маблағи хизматрасонии ИМД ба имтиёзи 50% барои нимятимон ҳуҷҷатҳои мувофиқро бояд дар шуъбаи бонки Амонатбонк супорӣ ё бояд ҳуҷҷатҳои барои тасдиқи имтиёзнокиро дар ягон нуқтаи ИМД пешниҳод куниву варақаи бақайдгирӣ гирифта ба бонк барои пардохд равӣ ва боз баргардӣ ба нуқтаи ИМД? Ман камтар гум задам, кӯмак кунед, ташаккур!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дар бонк пешниҳод менамоед, маблағи заруриро месупоред ва баъдан ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир мешавед. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (бо нусхаашон) ва рақами расиди пардохти маблағро ба кормандони нуқтаи бақайдгирӣ нишон медиҳед ва Шуморо номнавис менамоянд. Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед, ки тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
Салом сеюми апрел ҳуҷҷатҳоро супорида будем то ҳол смс наомад барои чи ин тавр
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом 100 хол ба гузаштан ба донишгоххои тибби точикистон мерасадми ва 100 хол чанд бал мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар 160 хол ва ё 500 бал ба даст оред, ҳатман донишҷӯ мешавед. Хотиррасон менамоем, ки хол ва балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Худро бисанч?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Матлабатон истифодаи хизматрасонии “Худро бисанҷ” бошад, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳам дар сомонаи расмии Марказ маълумот дода шудааст (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689). Дар ҳолати зарурӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Кластери 3 саволу чавобхо
Дуруд, муҳтарам Мирзосаидова! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
Бали гузариш ба кластери 3-вум Чи Кадар аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо ва муассисаҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Ман соли гузашта иштирокчии даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии илм Фуруги маърифат аз фанни физика будам Ман чи гуна имтиёз дорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки дар озмуни "Илм фурӯғи маърифат" иштирок ва ғолиб омадаанд, дар низоми ИМД балли имтиёзӣ муқаррар нагардидааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ман ҳуҷҷатҳоямро дар мактаби 25 супоридам вале дар шиносномаам Ҷалоллидинович ҳаст ва дар ИНН Ҷамолиддинович ва ҳуҷҷатҳоямро вақте гирифтам ва ба хона омадам баъд инро дидам оё онлайн метавонед инро ислоҳ кунед
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо Марказ дар тамос шавед. Минбаъд нишонии макони зистатонро пурра нависед.
Хангоми интихоб ман метавонам хам донишгох ва хам колеч интихоб кунам?
Муҳтарам Ҳалимов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!.
Ман аз нохияи Сино хастам, ба кучо рафтан хатмист барои супоридани хуччатхо? Ба мактаби 25 бояд равам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Макони бақайдгирӣ ихтиёрӣ мебошад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/r-jkhati-nu-ta-oi-ba-ajdgir-baroi-ishtirok-dar-imd-2026.html нашр шудааст.
Дар фанни физика дар ҷумхури чои намоёнро ишголкуни оё дар дилхох кластер спори бал медиханд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дастоварди довталаб дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар фанне, ки довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз он ғолиб шудааст, барои ихтисос(ҳо)и интихобкардааш субтести асосӣ ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда бошад. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (нигаред ба саҳифаҳои 87-90) ва шакли электрониаш дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701
Ман дар Россия хастам мехостам дар этапи 1 бакайдгири мохи март ва апрел хуччатхоямро пешниход кунам ягон рохе хаст ки ба воситаи хешовандон ё инки онлайн бакайд гирам илтимос чавоб дихед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед. 2. Шумо имконият доред, ки дар даври дуюм ва ё сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ) аз 10-ум то 30-юми июн ва ё аз 29-уми август то 1-уми сентябр иштирок намоед. 3. Минбаъд, насаб ва нишонии макони зистатонро пурра дарҷ намоед.
салом, агар мо мисол дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷой гирифтем, ба мо бал медиҳанд, ҳамон балро да муддати бақайдгирӣ бояд қайд карда мешавад ё дар вақти имтиҳони ммт, мо бояд ҳангоми бақайдгири дипломи озмунро нишон диҳем ё дар вақти имтиҳони ммт, ҳаминро мефаҳмондед, ташаккур
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳое, ки бояд имтиёз гиранд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ пешниҳод менамояд, аз ин сабаб Шумо нороҳат набошед. Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед. Минбаъд нишонии макони зистатонро пурра нависед.
Ҳудро санҷидан меҳоҳам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, барои ин аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳам дар сомонаи расмии Марказ маълумот дода шудааст (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689), истифода карда метавонед. Минбаъд, агар ном ва нишониатонро пурра дарҷ накунед, суолатон лағв карда мешавад.
Салом алейкум.аз 30 март супоридем тохамируза регистрация нашудестай ,сабт нашудост.кабинет.рамз ва раками назорати нодуруст гуфта сабт нашудост кабинет hуй нашудестай.ери мекаден,е маслихат медоден.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Саволу супориш дар кучо гирифта мешавад
Муҳтарам Амонов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
2 рӯз шуд,ки ман ба кабинети инфироди ворид шуда натавонистам. Ҳангоми ивази рамз рамзи муваққати ва рамзи нав дохил намудан лозим аст гуфтаанд. Лекин ҳамин тавр кунам хатоги гуфта , натавонистам ки дохил шавам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Кабинети инфиродӣ дар давоми 3 рӯзи корӣ фаъол мешавад. Лутфан, танҳо, пас аз анҷоми ин муҳлат ба кабинет ворид шавед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом. Дар мавзуи квота маълумот медодед агар хохем кластери 5ум бо тарики квота супорем чи гуна имтихон кабул мекунанд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Ман ба колечи тиббии чумхуриявии шахри Душанбе
Муҳтарам Назаров! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро пурра зикр кунед.
Тестҳо барои синфи 11
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст) дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст.
Ман дах маротиба шуд ки рамзро менависам аммо нодуруст мегуяд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Кабинети инфиродӣ дар давоми 3 рӯзи корӣ фаъол мешавад. Лутфан, танҳо, пас аз анҷоми ин муҳлат ба кабинет ворид шавед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Ман хонандаи синфи 9 мехоҳам ба коллеҷ дохил шавам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, даври асосии бақайдгирӣ барои ҳамаи довталабон-хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2026 оғоз гардид ва то 28.04.2026 идома меёбад. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва аз гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 гирифта метавонед.
Имтиҳони озмоишӣ гуфта чиро дар назар доранд, инҷо саволу ҷавобҳоро хондам. Мехостам дар ин бора маълумот медодед ва чӣ хел санҷиданро низ роҳнамоӣ мекардед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои омода намудани хатмкунандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо истифода аз китобчаҳои имтиҳонии солҳои қаблӣ имтиҳон доир намуданд, ки ин имтиҳонҳоро "имтиҳонҳои озмоишӣ" меноманд.
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ Мо ба хучатсупори рафтем ва онхо гуфтанд аз синфи 9 танхо 4 ихтисос аст дар кластери 5 ва ба онхо (фармасевти, тиббию ташхиси,дандонсози,хамшираги) АММО МАН МЕХОСТАМ ОБШИЙРО ИНТИХОБ КУНАМ лутфан чавоб дихед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, нависед, ки Шумо кадом коллеҷро интихоб карданӣ ҳастед, зеро ихтисосҳои коллеҷҳо гуногун мебошад. Бо Марказ тавассути телефон дар тамос шуда метавонед. Рақамҳо барои тамос: (+992 37) 224 53 73; 224 53 68
Аз синфи11 ба кластри 5 чанд сол хондан даркор.
Муҳтарам Бобур! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, насаб ва нишонии макони зистатонро пурра зикр кунед.
Салом! Ман соли гузашта имтиҳонҳоро супурда будам, аммо мутаассифона, дар даври аввал ба коллеҷ гузаштам. Ҳоло ман донишҷӯи соли аввали коллеҷ ҳастам. Оё ман метавонам имсол ба MMT ҳуҷҷат супорам ва кӯшиш кунам, ки ба донишгоҳ дохил шавам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои ин Шумо бояд ҳуҷҷатҳои худро аз коллеҷ бозпас гиред, зеро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома)) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он аз қайд гузашта наметавонед. Нигаред ба пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684
Фарз мекунем ки ман дар факултети физикаи Донишгоҳи милли дар курси аввал таҳсил карда истодаам. Дар охирҳои моҳи октябр тавонистам ки дар озмуни ҷумҳуриявии ИЛМ Фуруги МАЪРИФАТ дар ҷумҳури сазовори ҷойи сеюм гаштам Ман метавонам ки ба ихтисоси молия ва қарз гузарам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Гузариши донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигар дар ваколати ректор (директор)-они муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин сабаб ба роҳбарони муассисаҳои дилхоҳатон муроҷиат намоед.
Чи ҳел имтиҳонсупорӣ мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти муфассал доир ба супоридани имтиҳонҳо дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 53-70) ва гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691
Оё аз синфи 9 метавонем аз кластери 5 мо ихтисоси кори табобати яъне (обший)-ро интихоб намоем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Довталаб бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсили тибқи нақшаи қабул пешбинигардида то 12 комбинатсияи ихтисосро интихоб карда метавонад. Шумо низ дар интихоби ихтисос озод ҳастед ва ихтисоси 2790101-Кори табобатиро аз тамоми коллеҷҳои тиббӣ интихоб карда метавонед. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 13-19) ва гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=682
Ассалому алейкум, савол чунин хел аст шахс Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобочон Гафуровро бо ихтисоси таърих хатм кардааст, мехоҳад бугалтер(муҳосиб) супорад. Бо Маркази тестӣ месупорад ё тариқи сӯҳбат мешавад. Дар колеҷ ё Донишгоҳ? Ташаккур барои ҷавоб!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимӣ муроҷиат намоед.
дар ноҳияи Ёвон коркунони бонки Амонатбонк гуфтанд , ки имруз 31,03,2026 охирин рузи пули марказ супоридан аст. Оё ин рост аст?
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ то 28.04.2026 давом мекунад ва маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД ҳамаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” бояд қабул намоянд. Шумо метавонед, ки тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” ва ё барномаи мобилии “Эсхата онлайн” низ маблағро пардохта, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоед.
Оё ҳамаи саволҳои ММТ аз китобчаҳо (намунаи саволу масъалаи тест) меоянд Агар на бо фоиз ҷовоб диҳед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 дар имтиҳонҳо то 40% аз ҳар як фанни имтиҳонӣ истифода мегардад.
Салом ман маъюбӣ гурӯҳи 2 ҳастам барои дохил шудан ба донишгоҳ барои ман чи гуна имтиёзҳо ҳастанд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва соҳиб гаштан ба холҳои гузариш ба натиҷаҳои бадастовардаатон 150 бал илова карда мешавад. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ассалом алейкум кормандони ММТ ман як саволе доштам соли таваллудам 2002 мактаби миёна синфи 11ро дар синфи руси тамом карда, хизмати харбиро 2 соли пурра адо намудам,холо дар Руссия мухочир хастам, ман мехохам довталаб шавам:ё стоматолог ё невролог,ман мохи июл ба Ватан бармегардам, ба ман мумкин аст, ки холо онлайн хуччат супорам, барои бакайдгири? агар илочаш бошад гуед, ки ман имтихонро дар Душанбе месупорам ё дар нохияи худамон ба чавобатон пешаки ташаккур
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед. 2. Шумо имконият доред, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ) аз 29-уми август то 1-уми сентябр иштирок намоед. 3. Имтиҳонҳои ин давр дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад ва интихоби маркази имтиҳонӣ ихтиёрист.
Ман маъюбӣ гурӯҳи 2 ҳастам барои дохил шудан ба донишгоҳ барои ман чи гуна имтиёзҳо ҳастанд. ман мехоҳам ба кори бонки супорам баъди хатми донишкада маро ба кор қабул мекунанд ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед. 2. Дар хусуси бо кор таъмин намудан, Шумо бояд ба кордиҳандагон муроҷиат намоед.
Ҳуҷҷатҳои лозима барои маркази миллии тестӣ 👋
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Азбаски хонанда ва ё хатмкунандаи кадом синф буданатон маълум нест, тавсия медиҳем, ки, лутфан, ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он ба пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 назар афканед.
Салом ба ҳама. Ман дар вақти гузаронидани маблағи бақайдгирӣ ному насаби худро хато ворид кардаам. Чӣ тавр ман метавонам онро ислоҳ намоям?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо бояд ба муассисае, ки маблағро пардохт намудаед ва ё бо ариза ба Марказ ва ё бахшҳои минтақавӣ (наздик ба макони истиқоматиатон) муроҷиат намоед.
Салом ман мехостам барои тайёри ба имтихонхои маркази миллии тести дастурамали саволхоро гирам сохаи интихобкардаи ман тиб аст.Ва агар имконаш бошад чавобхояшро яьне калидхои саволхои тестиро ба ман равон мекардед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст) дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст.
Дар колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мӯҳлати таҳсил чанд сол аст баъди хатми синфи 11
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба муассисаи таълимии мазкур муроҷиат намоед (тел. (3422) 6-32-81).
Ассалом оё донишкадаи исломи Имом Аъзам духтар кабул мекунад аз руи класстери 3 ба факултети забонхо?хохиш зудтар чавоб дихед бори дигар рахмат
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба муассисаи таълимии мазкур муроҷиат намоед (тел. (37)224-22-36).
Бояд хатман бо корти милли пардохт намоем ё бо пули накд низ мешавд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои муроҷиат нишон додани ном ва нишонии истиқомат зарур аст.
Асалому алейкум ман мехостам дар бораи супоридани бурсияхои туркия фахмам кай қабул мекунед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед
Ассалому алейкум, лутфан ба ман калиди имтихонхои ММТ- ро аз соли 2022 хам пас аз хатми синфи 9 ва хам баъди хатми синфи 11 аз руи кластери 5 бифиристед. 92 732 04 14 (ватсап)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и солҳо қаблӣ дар бойгонӣ нигоҳ дошта намешавад. Калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и соли 2025-ум дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст.
Хуччатсупори то кай давом медихад?)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ барои ҳамаи довталабон-хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2026 оғоз гардид ва то 28.04.2026 идома меёбад. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед.
Ман хатмкунандаи синфи 9. Мехоҳам ихтисоси 'Бехатарии иттилоот'-ро дар кластери 1 интихоб кунам. Дар нақшаи қабули соли 2026 ин ихтисос бо кадом рамз меравад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам. Ихтисоси мазкур дар ҷадвал бо рамзи 240010104 оварда шудааст.
Ба ғолибони озмуни Ҷумҳуриявии беҳтарин барномасози ҷавон ва иштиоокчии олимпиадаҳои ҷусҳурияви ва иштиоокчии озмуни ҷумҳуриявии Илм фуруги марифат имтиёз медиҳанд?. Ман дар ҳамаи инҳо то сатҳи Ҷумҳур иштирок кардаам дар Озмуни барномасози ҷавон ғолиб шудаам имтиёз дорам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки дар озмунҳои зикркардаатон иштирок ва ғолиб омадаанд, бали имтиёзӣ муқаррар нагардидааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Салом! Ман хонандаи синфи 11. Мехостам фаҳмам дар кадом саитҳо ман метавонам имтиҳон супорам мисле ки дар ММТ месупоранд максад ин якбор худро санчам бинам ки балли ман чанд аст ва ба кадом ихтисос роҳ ёфтам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои ин аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳам дар сомонаи расмии Марказ маълумот дода шудааст (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689), истифода карда метавонед. Дар ҳолати мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 73; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
Савол
Муҳтарам Зокирова! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро дуруст зикр кунед.
Салом хамаи саволхои класстери 3ро фирсонда метавонед?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудаанд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) гузошта шудааст. Минбаъд, лутфан, насаб ва нишонаатонро пурра нависед.
Олимпиадаи фаннии даври ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 11 кай оғоз мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо муроҷиат намоед, зеро то кунун ҷадвали доиршавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба Марказ ворид нагаштааст.
Мехостам фахмам шахрвандони ки чансол пас аз хатми мактаб мехохан дохил шаванд дар донишгохо ва бинобар сабаби аз кишвар берун буданашон метавонанд онлайн Худро дар маркази Милли тести номнавис куранд? , ва бадан дар имтихонхо омада иштирок намоянд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Салом алейкум рузатон ба хайр бошад ман айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнати мебошам мехоҳам донистан 4 марҳилаи бақайдгириро ки мегузарад бо санаҳояшон ташаккури зиёд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ барои ҳамаи довталабон-хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2026 оғоз гардид ва то 28.04.2026 идома меёбад. Маълумоти муфассалро доир ба давраҳои минбаъдаи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва аз гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 гирифта метавонед.
Ассалом! Мехоҳам дар таътили баҳорӣ имтиҳони озмоиши дар синфҳои тоҷикӣ гирам. Агар имконият мебуд, "Дастури маъмури имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонӣ"-ро бо забони русӣ (ба WhatsApp 974927373) мефиристодед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мутаассифона, муроҷиати Шумо ба рӯзҳои таътил рост омад ва муҳлати таътили баҳорӣ низ ба анҷом расид. Чун дастур барои имтиҳонҳои соли 2026 тасдиқ гардад ва зарур шуморед, албатта, ирсол менамоем.
Ассалом. Дар саҳифаи 68 Роҳнамои довталабон омадааст:"Оё дар соли 2026 аз рӯйи Гурӯҳи ихтисоси 4 фанни ҳуқуқ,таърих, Забони англисӣ ва Забони тоҷикӣ имтиҳонҳо 20-тесҳои бо интихоби як ҷавоби дуруст, 4-муайян кардани муқуовимат, 2-ҷавоби кутоҳ низ менависем. Оё ҷавобҳои кутоҳ низ менависем.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тартиби ҳалли навъи тестҳои саволу масъалаҳои кушода бо ҷавоби кӯтоҳ дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳифаи 62) муфассал шарҳ ёфтааст.
Ассалом. Оё бо Эсхата онлайн маблағи хизматрасонии ИМД-2026 барои синфҳои 11 супорем, онлайн баъд расиди пардохтро гирем.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳангоми бақайдгирӣ муҳим ин рақами расид мебошад.
Ман бо бонки Эсхата онлайн пул супоридам ва чи тавр фаҳмам ки пул ба ммт бе хато рафтааст ? Бо пурраги Фақат тезтар ҷавоб медодед илтимос
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар Шумо бемамониат аз қайд гузашта бошед, пас маблағ ба суратҳисоби Марказ гузаштааст. Хавотир нашавед.
"Дастури маъмури имтиҳон" бо забони русиро аз куҷо гирам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! " Дастурамали маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ" дар рӯзҳои баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ба шунавандагон бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) дастрас мешавад.
Ассалом! Мехоҳам дар таътили баҳорӣ имтиҳони озмоиши дар синфҳои русӣ гирам. Агар имконият мебуд, "Дастури маъмури имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонӣ"-ро бо забони русӣ (ба Ватсап 985941957) мефиристодед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! "ИНСТРУКЦИЯ ТЕСТ-АДМИНИСТРАТОРА" (соли 2025) тавассути WhatsApp ирсол карда шуд. Барори кор.
Ассалому алейкум.Бакайдгирй ММТ барои синфхои 9-ум кай баргузор мешавад.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ барои ҳамаи довталабон-хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2026 оғоз гардид ва то 28.04.2026 идома меёбад. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед. Минбаъд, нишонии макони истиқомататонро дуруст ва пурра нависед!
Салом. Сурогаи хонанда н. Сино сурогаи мактаби тахсилоти н. Сомони. Барои маблаги маркази тестиро супоридан бояд ба кадом шуьбаи Амонатбонк мурочиат кард: н. Сино ё н. Сомони?
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД ба филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии ба макони зистатон наздики Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата”, ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” ва ё барномаи мобилии “Эсхата онлайн” пардохта, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоед.
Асалом алейкум ман мактаб бади 9 буромада кулҷба даромадаги будам хози 2 кус хастам а инҷа буромада инҷаба супорам мешад синфи 11 дипломаш нест хамин чихел хуҷат гирифтанам даркор а колеҷ
Муҳтарам Ҷабборов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра, возеҳ ва бо забони адабӣ баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро дуруст зикр кунед (деҳаатон "Эгизамин" ном дорад?".
Ман дар колеҷ таҳсил кардаам аттестати синфи 11 надорам дипломи коллеҷ дорам дар озмуни Ҷумҳуриявии "Тоҷикон оинаи таърихи миллат сазовори ҷои 3 юм дар даври ҷумҳурияви байни ҳайати шахсии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Милли гардидаам белити ҳарби дорам ва инҷунин Дорандаи мукофототи давлатии " Марзбони шуҷои Тоҷикистон ҳастам ба ман дар Маркази миллии тести имтиёз дода мешавад илтимос ҷавоб деҳид
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед. Шумо бо дипломи таҳсилоти миёнаи касбӣ низ ҳуқуқи аз қайд гузаштанро доред. Агар ду соли расо дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат карда бошед, бо ба даст овардани холҳои гузариш ба балҳои соҳибшудаатон 75 бал илова карда мешавад.
Ассалому алайкум. Дар сомонаи ntc.tj дар бахши Намунаи саволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ аллакай намунаи соли 2026 нашр гардидааст. Аз они кадлм сол аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чи тавре ки қайд карда шудааст, ин саволу масъалаҳои тест намунавӣ буда, солҳои қаблӣ дар олимпиадаҳо истифода шудааст.
Ассалому алейкум ! Муҳтарам кормандони Маркази миллии тестӣ! Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ман аллакай аз қайди бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашуда гузашта будам ва маблағи хизматрасонии бақайдгириро пурра пардохт намудам. Баъдтар маълум шуд, ки падарам як рӯз пеш аз рӯзи бақайдгирии ман вафот кардаанд. Дар бораи вафоти падарам ман танҳо баъд аз ду рӯзи анҷом додани бақайдгирӣ огоҳ шудам. Бо ин нома мехоҳам шуморо аз ин вазъияти оилавии худ огоҳ намоям ва хоҳиш менамоям, ки ин маълумотро ба инобат гиред. Пешакӣ барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо бояд ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192 ҳозир гашта, ариза пешниҳод намоед. Албатта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, дар ин маврид, хатти вафоти падар (асл ва нусхааш) бояд пешниҳод гардад. Қаблан барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 73; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
Хатмкунандаи мактаби миёна, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳасту лекин мактаби миёнаро дар хориҷа хонда истодааст бояд чи гуна ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба ин суоли худ Шумо, муфассал, аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед.
Оё ман метавонам аз ҳамёнҳои электронӣ истифода бурда маблағи Маркази миллии тестиро супорам? Агар ҳа лозим аст, ки расидашро чоп карда бо ҳуҷҷатҳоям пешниҳод намоям?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳам сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684) гирифта метавонед. Шумо метавонед расид (квитансия) ё рақами онро аз яке аз бонкҳои дахлдор, аз ҷумла, Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»”, ҶСК «Бонки Эсхата», ё аз барномаҳои мобилии «Амонат Мобайл» ё «Эсхата Онлайн» оид ба пардохти маблағ пешниҳод намоед.
салом ман бояд завочни ба донишгоҳи тиби дохил шавам барои ин ман бояд аввал қадам ба қадам бояд аз чи сар кунам лутфан ба ман ба пураги фаҳмонед пешаки раҳмат
Муҳтарам Талбонов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, ном ва нишонии макони зистатонро дурусту пурра зикр кунед
Раками назоратии худро гум кардам ое бо номер телефон онро дарефт карда метавонам
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои гирифтани кумаки мутахассисон, лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 73; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
Шаҳрвандони Россия лекин Тоҷик чихел ҳуҷат супоранд
Муҳтарам Комилшоҳ! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, насаб ва нишонии макони зистатонро дурусту пурра зикр кунед.
Физика
Муҳтарам Рахматуллоев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро дуруст зикр кунед.
Дар кластери 5 колечки фарматсевти чанд бала гири ки аз эгзамен гузари
Дуруд, муҳтарам БОБИНЫ! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. Минбаъд, ҳангоми суол додан ному насабатонро беғалат нависед.
Салом. МАН кабинети ифиродиро пайваст кардам ва хостам Ба барномаи худро бисанҷед дохил шавам вале ҳангоми дохил шудан ба нуктаи худро бисанҷед номери телифонамро хато мегуяд вале дар кабинети инфиродии номери телефонам дуруст ачт
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳам дар сомонаи расмии Марказ маълумот дода шудааст (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689). Дар ҳолати мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 73; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
Салом алейкум. Мо хучатхои даркорира супоридем ба кайд гирида хозир мехохам кластера алиш кнм мешава ё не ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Аз сабаби он ки бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар як вақт амалӣ мешавад, метавонед. Агар 13.03.2026 худро номнавис карда бошед, дар ҳамон нуқтаи бақайдгирии сабтшудаатон, бе супоридани маблағи хизматрасонӣ гурӯҳи ихтисосҳоятонро иваз карда метавонед. Агар рӯзҳои қаблӣ аз қайд гузашта бошед, бояд 30 сомонӣ супоред. Минбаъд, лутфан, нишонии макони истиқоматиатонро ҳатман зикр намоед.
Салом , ман дирӯз тавассути рақамҳои 006221953 хостам пешномнависи кунам , вале онро пурра ба хотир нарасонда сайтро гум кардам.Акнун хостам аз сари нав тавассути ин рақамҳо иҷро кунам , лекин система мегӯяд ки бо ин рақамҳо довталаб аллакай аст , пас ман рақамҳои дигар нависам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хизматрасонии "Пешномнависӣ" барои ҳар як довталаб истифодаи танҳо як рақами мобилӣ иҷозат дода мешавад. Азбаски Шумо аллакай як бор бо рақами 006221953 раванди бақайдириро оғоз кардед, система ин рақамро ҳамчун "истифодашуда" дар махзани маълумот сабт намудааст. Ҳатто, агар Шумо то охир нарафта бошед ҳам, рақам аллакай банд ҳисобида мешавад. Бинобар ин, бо рақами мобилии дигар аз нав кӯшиш кунед.
Ман кабинети инфироди кушоям мегуям вале намешавад мегуяд Ки рамз хато аст АМО рамз низ намеояд Ман Чи кор кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Кабинети инфиродӣ дар давоми 3 рӯзи корӣ фаъол мешавад. Лутфан, танҳо, пас аз анҷоми ин муҳлат ба кабинет ворид шавед.
Салом аллейкум Ман як савол дорам ман кабинети инфиродиро бояд дар ҳамон телфоне ки аз нуқтаи бақайдгирии смс омад дар ҳамон телфон ё дар ҳамон номер кушоям
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед ба кабинети инфиродӣ тавассути дилхоҳ телефон ё компютер ворид шавед, вале истифодаи ҳамон рақами мобилие, ки ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод намудаед ва ба он SMS-паёмак омадааст, ҳатмист.
Салом , ман ҳангоми бақайдири тавассути рақами мобилии 006221953 ворид шудам лекин пешномнависиро пурра ба итмом нарасондам, дар натиҷа равзанаро гум кардам ва ҳозир бо рақамҳои мазкур ворид шудан наметавонам , мегуяд ки бо ин рақамҳо аллакай довталаб ба қайд гирифта шудааст.Оё метавонед ки ин рақамҳоро ихтисор кунед ё ман бо рақамҳои дигар ворид шавам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хизматрасонии "Пешномнависӣ" барои ҳар як довталаб истифодаи танҳо як рақами мобилӣ иҷозат дода мешавад. Азбаски Шумо аллакай як бор бо рақами 006221953 раванди бақайдириро оғоз кардед, система ин рақамро ҳамчун "истифодашуда" дар махзани маълумот сабт намудааст. Ҳатто, агар Шумо то охир нарафта бошед ҳам, рақам аллакай банд ҳисобида мешавад. Бинобар ин, бо рақами мобилии дигар аз нав кӯшиш кунед.
В каких школах будут принимать документы в городе Худжанде и если родители в разводе то имеет ли это какую то значимость при оплате суммы договора когда опекуном является отец
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Рӯйхати муассисаҳое, ки дар он нуқтаҳои бақайдгирӣ амал менамояд, дар сомонаи Марказ , дар пайванди https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/r-jkhati-nu-ta-oi-ba-ajdgir-baroi-ishtirok-dar-imd-2026.html нашр шудааст. 2. Пардохти маблағи таҳсил дар ваколати муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ , агар дониҷӯй шудед, бо ариза ба ректор (директор)-и муассисаи таълимӣ муроҷиат менамоед.
Салом! 1. Речаи кории нуктаи бакайдгири то соати 17.00 бошад, нуктаи бакайдгири оё метавонад бакайдгириро дар соати 16.50 катъ кунад. Яъне дигар одам кабул нанамояд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи реҷаи корӣ нуқтаи бақайдгирӣ бояд то соати 17:00 довталабонро қабул кунад, лекин барои бақайдгирии як довталаб то 20 дақиқа вақт сарф мешавад. Пас, бояд охирин довталаби қабулмекарда дар нуқтаи бақайдгирӣ соати 16:40 ворид гардад, то ин ки бақайдгиранда дар давоми 20 дақиқа ӯро номнавис намояд. Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, ҳамчунин, бояд соати 17:00 ба Марказ ҳисобот диҳад ва нуқтаро маҳкам намояд.
Салом. Оё саволҳои масъалаҳои тестӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ (Ҳуқуқ)барои хонандагони синфҳои 11мегӯянд саволҳо дар доираи Маркази миллии Тестӣ саволҳоро гирифта мешаванд? Гуруҳи синфӣ 11 савоҳояш танҳо аз китоби дарсии синфӣ 11 меояд, ё синфҳои 10-9 гирифта мешавад, оё аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меояд. Маълумоти иловагӣ бошад, гӯед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Намунаи саволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ пас аз ташхиси ниҳоии мутахассисон дар сомонаи расмии Марказ нашр карда мешавад. 2. Дар олимпиада суолҳо аз китобҳои дарсии ҳамаи синфҳое, ки ин фан таълим дода мешавад ва ҳамчунин, 20% берун аз китобҳои дарсӣ низ гирифта мешавад.
Салом! Оё Донишкадаи тиббӣ иҷтимоӣ ва Донишгоҳи Милли довталабонро аз санҷиши табиби чашм мегузаронад? Чунки Донишгоҳи Тибби Сино ва Д. Тиббии Хатлон мегузаронад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Довталабоне, ки ба ихтисосҳои самти тиб тақсимот мегарданд, ҳатман, аз озмоиши пурраи тиббӣ мегузаранд. Аз ҷумла, довталабони ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсимотгашта. Лутфан, бори дигар бо рӯйхати бемориҳое, ки шахсони мубтало ҳуқуқи дар самти тиб таҳсил карданро надоранд, шинос шавед ва қаблан аз муоинаи тиббӣ гузаред.
Салом метавонед бароям бигуед ки чихел кабинети инфиродии боз намоям?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Ман зозир 10 мебошам мехохам ки ба сохаи менечмен бихонам
Муҳтарам Ибаригов (агар нодуруст муроҷиат кардем, узр. Худатон чунин навиштаед)! Минбаъд ҳангоми муроҷиат бодиққат бошед. Аввал хонед, ки дуруст навиштаед, ё не. Сониян, агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро возеҳ баён намоед, ному насаб ва нишонии макони истиқомататонро пурра нависед! Фаромӯш насозед, ки ин сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!
Дар китобчаи маҷмӯаи саволу масъалаҳои тести 2026 Қисми А аз фанни Ҳуқуқ чунин савол омадааст: саволи : 133 Дар кадом ҳолат никоҳ дар суд қатъ карда мешавад? А) Агар яке аз ҳамсарон барои бекор кардани никоҳ розӣ набошад. В) Агар ҳамсарон аҳдномаи никоҳ надошта бошанд. С)Агар ҳамсарон зиёда аз 5 сол дар ақди никоҳ қарор дошта бошанд. Д)Агар ҳамсарон ду ва зиёда фарзанди ба балоғат расида дошта бошанд. Дар инҷо ду ҷавоби дуруст аст: варианти А ва Б дар саволҳои 134 ва 135 низ ҳамин ҳолат дида мешавад. мехостам аниқ кунам, ки кадомаш дуруст аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарм! Ҳангоми бо суолу масъалаҳои тест кор кардан, бояд эҳтиёткор бошед. Чӣ тавре ки мутахассисон посух доданд, ҷавоби дурусти саволи №133-А мебошад. Нигаред ба Қисми 1, моддаи 21 Кодекси оилаи ҶТ; Ҷавоби дурусти саволи №134-Д мебошад. Нигаред ба Қисми 2, моддаи 21 Кодекси оилаи ҶТ; Ҷавоби дурусти саволи №135-Д мебошад. Нигаред ба Қисми 2, моддаи 21 Кодекси оилаи ҶТ ва китоби дарсӣ барои синфи 9-ум "Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (саҳ. 78-79).
Бахшиш барои нодуруст нишон додани суроға. Салом! Лутфан, гӯед, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 11 дар соли таҳсили 2026 дар кадом рӯз(ҳо) оғоз мешавад? Оё олимпиадаи фанни ҳуқуқ барои синфҳои 11 танҳо аз доираи синфӣ 11 савол мешавад ва ё аз синфҳои 8-9-10 меояд. Ташаккур
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1. Бо ин суол ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо муроҷиат намоед, зеро то кунун ҷадвали доиршавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба Марказ ворид нагаштааст. 2. Дар олимпиада суолҳо аз китобҳои дарсии ҳамаи синфҳое, ки ин фан таълим дода мешавад ва ҳамчунин, 20% берун аз китобҳои дарсӣ низ гирифта мешавад.
Дар кластери 2юм ихтисос бо номи 125011026 - Иқтисодиёти рақамӣ вучуд дорад, дар борат хамин ихтисос малумот муфассалтар медодед, хатмкунандагони ин ихтисос дар оянда дар Чи гуна сохахо кор карда метавонанд, ин ба бозори когазхои кимматноку ин хел чизхо ягон алокаманди дорад ё не?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Вобаста ба ин масъала бевосита ба муассисаҳои таълимие, ки дорои чунин ихтисос ҳастанд, муроҷиат намоед. Рӯйхати муассисаҳои таълимиро бо нишонӣ ва рақами телефон аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/muassisaho.html пайдо намуда метавонед.
Салом дар Роҳнамои Довталаб 2026 ихтисоси Барномасози хаст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои барномасоз шудан ихтисосҳоро ба мисли "Муҳандисии барномавӣ", "Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ", "Воситаҳои математикӣ ва барномавӣ (ФММТДМТБваДТТ)", "Амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ)" ва ғайра интихоб намоед. Ихтисосҳои мазкур дар зиёда аз 12 муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд аст ва аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Rplan дастрас намуда метавонед.
Агар довталаб дар олимпиадаи шахри макоми 1 дар даври вилоятии озмуни "Илм-фуруги маърифат" макоми 3 касб карда бошад чи имтиёзхо пешбини шудаанд агар дастовард ба ихтисос мувофик бошад (кластери 5)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, агар довталаб аз фанне, ки барои ихтисоси интихобкардааш субтести асосӣ ё фанни ба он мувофиқаткунанда бошаду дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз он ғолиб шуда бошад, тибқи тартиб имтиёз муқаррар гардиааст. Аммо дар мавриди Шумо имтиёз муқаррар нашудааст.
Ҳоло мувофиқи ҷадвали ихтисосҳо ихтисоси "Барномасозӣ" дида намешавад. Шумо мегуфтед номи ин ихтисос дар роҳнамо ба чи иваз шудааст ё пурра бардошта шудааст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, номи ихтисос ба мисли "Барномасозӣ" дар рӯйхати ихтисосҳо нест. Вале метавонед, ихтисосҳои ин самтро ба мисли "Муҳандисии барномавӣ", "Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ", "Воситаҳои математикӣ ва барномавӣ (ФММТДМТБваДТТ)", "Амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ)" ва дигар ихтисосҳо, ки дар зиёда аз 12 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд аст, аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Rplan дастрас намоед.
Салом ман якчанд савол дорам саволи аввал ман 5 сол аст ки дар ш москва қарор дорам оё метавонам бақайдгириро тариқи онлайн ва санаи имтиҳон омада супорам ? Оё барои шаҳрвандони Ҷ Т ки берун аз ватан ҳаст по чи воситаҳо метавонанд супоранд ба воситаи сафоратхона ё бо чи як маълумоти мукаммал медодед ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Оё ҳамаи саволҳои ки рузи имтиҳонсупори ба довталаб пешниҳод мешавад аз китобчаи “Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест аз фанни…” пешноҳод мешавад ё на ? Чаро ин китобҳо дар байни хонандагон ба номи “китобчаи саволҳои 40%” маъмул аст оё ҳамагӣ 40% аз ин суолнома гирифта мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳақиқат, дар таркиби саволу масъалаҳои тести дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2026 истифодашаванда дар ҳар як фанни имтиҳонӣ то 40% саволу масъалаҳо аз маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2026 истифода хоҳад шуд.
Салом, дуруст аст ки имсол дар ММТ на 3 Ë 4 давр балки танхо 1 давр мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, дар 4 давр гузаронидани имтиҳонҳо пешбинӣ шудааст. Доир ба даврҳои баргузории имтиҳонҳо дар соли 2026 аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.91-92) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://ntc.tj/images/Downloads/calendar_imd_2026.pdf маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Калидҳои тестҳо кай мебароянд. Ман мехоҳам ки тестҳои кор кардаамро тафтиш кунам.Рост аст ки дар кластери 5 фанни забони модари тагирот ворид шудааст .Бали забон 75 буд иваз мешавад ё не
Муҳтарам Парвонов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, нишонии макони зистатонро дуруст зикр кунед.
Салом! Лутфан, гӯед, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 11 дар соли таҳсили 2026 дар кадом рӯз(ҳо) оғоз мешавад? Оё олимпиадаи фанни ҳуқуқ барои синфҳои 11 танҳо аз доираи синфӣ 11 савол мешавад ва ё аз синфҳои 8-9-10 меояд. Ташаккур
Дуруд, муҳтарам Абдулазиззода! Ҳангоми муроҷиат ба сомонаҳои расмӣ ҷиддӣ бояд буд. Шумо зодаи кадом ноҳия ва вилоят ҳастед? Як ба навиштаҳоятон назар созед. "н. Кӯҳистони Мастчоҳ, Памирский Трак. Ноҳияи Мурғоб"(?) пас аз дурусту бомантиқ нишон додани нишонии макони зист ба саволҳоятон посух хоҳед гирифт. Узр.
Барои супоридан ба маркази миллии тести кадом намуд ҳуҷатҳо лозиманд аз қабили Атестат паспорт боз чиҳо лозиманд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Калидҳои тестҳо кай мебароянд ман мехоҳам ки тестҳои кор кардаамро тафтиш кунам ва рост аст дар панчум кластер дар фанни забони модари тагирот шудааст. Ва баъд бали забон 75 буд иваз мешавад ё не.
Муҳтарам Парвиз! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, насаб ва нишонии макони зистатонро дурусту пурра зикр кунед.
Салом мехохам пурсам ки бародари ман дар давлати Россия мебошад. Ое у метавонад хучатхои худро онлайн супорад.
Муҳтарам Муҳаммадҷон! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, насаб ва нишонии макони зистатонро дурусту пурра зикр кунед.
Салом! Лутфан, гӯед, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 11 дар соли таҳсили 2026 дар кадом рӯз(ҳо) оғоз мешавад? Рӯзҳои дақиқ ва ҷои баргузорӣ агар маълум бошад, мегуфтед хеле хуб мебуд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳанӯз санаи доир намудани олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявиро ба Марказ пешниҳод накардааст. Аз ин рӯ, лутфан, ба муассисаи мазкур муроҷиат намоед.
Салом, бисёр ихтисосхоро факта бо номашон фахмида намешавад, маънои мачозиашонро фахмидан мушкил.Барои дар бораи ихтисосхо маълумоти пурра гирифтан(яъне Бади хами ин ихтисос бо Чи корхо машгул щидан, да кучохо кор кардан мумкин буданашро) ба кучо мурочиат кунам, ёки аз Кадом сомонахо маълумот шире мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти муфассалро доир ба ихтисосҳо аз муассисаҳои таълимие, ки чунин ихтисосҳоро доранд, гирифта метавонед. Суроға ва рақами телефонҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ва олии касбӣ дар замимаҳои 2 ва 3 (саҳ.95-99) "Роҳнамои довталаб" ва ҳам шакли электрониаш дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/muassisaho.html зикр шудааст. Минбаъд, лутфан, нишонии макони зистатонро пурра нишон диҳед.
Дар ҷои балҳои гузориш дар бараш Озмун навистаги шудааст ва балҳояш фарқ мекунад ин озмун чист?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар сутуни "озмун" рақамҳо теъдоди ба як ҷой чанд нафар будани довталабонро мефаҳмонад. Масалан, агар дар нақшаи қабул 25 ҷой пешбинӣ шуда бошаду 100 довталаб дар озмун иштирок намояд, дар сутуни озмун 4,0 навишта мешавад.
Дар маркази милли тести ба кадом гуруҳи довталабон имтиезҳо ҷудо шудааст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Хучатхоро онлайн ё бе хузури ман супорида мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Чӣ тавр дохил мешавад?
Муҳтарам Мамуров! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро дуруст ва пурра зикр кунед.
Оё соли хониши колечхои тибби 1 Сол Кам карда шудааст ва барои ин аник кардан аз кучо метавонам кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои посухи дақиқ гирифтан ба коллеҷҳои тиббӣ муроҷиат намоед. Суроға ва рақами телефонҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар замимаи 3 (саҳ.97-99) "Роҳнамои довталаб" ва ҳам шакли электрониаш дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/muassisaho.html? view=article&id=36 зикр шудааст. Минбаъд, лутфан, нишонии макони зистатонро пурра нишон диҳед.
Барои чи баъзе ихтисосхо пулаки аст аммо дар куб гирифта шудааст . масалан менечмент Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон Душанбе рузона пулаки 〖(4054)〗^3
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ин ишора маънои онро дорад, ки ба тавзеҳи сеюми дар анҷоми ҷадвал (саҳ.174) овардашуда муроҷиат намоед. Минбаъд зикри насабро низ фаромӯш насозед.
Химия биология физика забони тоҷикӣ
Муҳтарам Аҳмадов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, нишонии макони зистатонро дуруст зикр кунед.
Балҳои гузариши ММТ 2026 кай меброя
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. Минбаъд, ҳангоми суол додан нишонии истиқоматро пурра нависед. Шумо ноҳияатонро зикр накардаед.
Ман мехоҳам дар даври якуми бақайдгири иштирок намоям аммо айни ҳол шиноснома надорам, синфи 11 ҳастам метавонам бе шиноснома худро ба қайд гирам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ аз 02.03.2026 оғоз гардид ва то 28.04.2026 идома меёбад. Дар ин муддат кӯшиш намоед, ки шиноснома гиред, зеро бе шиноснома (агар аз 16-сола боло бошед) Шумо аз қайд гузашта наметавонед. Ба ин суоли худ, муфассал, аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед. Минбаъд, нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Салом агар дар ихтисоси забонхои муосири хоричи англисро итихоб кунем дар донишгох англисро ë ягон забони дгарро оë аз сифр огоз мекунем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз Шумо хоҳиш шуда буд, ки минбаъд нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Ман хамин сол ДДТХ ро ба итмом мерасонам ва мехохам Боз сарказм миллии тести кластери 1 супорам, Ман пеш марказ супоридаам ва малумотхочм бояд бошанд, метавонам бидуни аттестат марказ супорам, Барои онки атестатам дар донишгох карор дорад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимӣ муроҷиат намоед.
То сана кай ба хондан хуччат месупорем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ аз 02.03.2026 оғоз гардид ва то 28.04.2026 идома меёбад. Ба ин суоли худ Шумо, муфассал, аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед. Минбаъд, ному насаб ва нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Ба кабинети инфироди дохилнашудаистодааст ё инки ҳоло фаъол нестми кабинети инфироди?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Ман дар бахши пешноманависи хаммаи маълумотҳоро пур карда фиристоданро пахш кунам рақами мобили хато менависад чи кор кунам лекин ман бо формати хх-ххх-хх-хх навистам ва аз рӯи хотирӣ +992-хх-ххх-хх-хх хам кардам вале хатоги дод?
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби дар коркарди техникӣ қарор доштан, хизматрасонии мазкур муваққатан дастнорас аст. Узр.
Чаро кабинети инфиродии ман фаол нашудааст ман наметавонам ба он ворид шавам раками назорати ва рамзро дуруст навиштам аммо нодуруст мегуяд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба "Кабинети инфиродӣ" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 38-47) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 маълумоти муфассал дода шудааст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом! Пешномнависӣ фақат барои синфҳои 11 аст ё синфҳои 9 ҳам метавонанд пешномнависӣ кунанд. Агар барои синфи 9 пешномнависӣ иҷозат бошад каме равшанӣ меандохтед. Барои таваҷҷуҳатон ташаккур...
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз хизматрасонии "Пешномнависӣ" ҳамаи довталабон истифода бурда метавонанд. Дар хусуси чӣ тавр ворид шудан ба хизматрасонӣ дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 32-35) ва дар гунаи электронии он дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=685 маълумоти муфассал оварда шудааст.
Ман мехохам аз синфи 9 бароям кадом ихтисосхоро интихоб кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти мёнаи касбӣ ва нақшаи қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) барои соли таҳсили 2026-2027 дар замимаи дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.285-309) ва шакли электрониаш дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://spec.ntc.tj/?clusterID=&fullName=&years=9 интишор шудааст.
Кластери 3 Саволу ҷавобҳо аз фаннҳо
Муҳтарам Абдурасулзода! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед ва нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Салом агар дар ихтисоси забонхои муосири хоричи олмони ро интихоб куни дар донишгох забони олмони ро аз авал огоз мекуни
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба кадом ихтисосе, ки дохил шавед, омӯзиши забонро аз ибтидо оғоз менамоянд. Минбаъд нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Саволхо оиди кластери 2
Муҳтарам Гадоев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед ва нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Ман метавонам Хар намудкасбро интихоб кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Довталаб ҳуқуқ дорад, ки то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намояд.
Саволхо барои кластери 4-ум
Муҳтарам Табарзода! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед ва нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Оё дар донишгохи милли барои маъюбони гурухи 2юм маблаги шартнома 50% мешавад??
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Зиёд ва кам кардани маблағи таҳсил дар ваколати муассисаи таълимӣ мебошад. Чун донишҷӯй гаштед, бо ариза ба ректори муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
Хучат супори Кай хохад шуд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ аз 02.03.2026 оғоз гардид. Ба ин суоли худ Шумо, муфассал, аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед. Минбаъд, нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Барои супоридан кадом ҳуҷанҳо лозим мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби хонандаи кадом синф буданатон аниқ нест, тавсия медиҳем, ки бо дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда, ба суоли худ ҷавоби муфассал гиред. Минбаъд, нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Оё мешавад аз тани дигар одам рафта хуччат супоридан? аз сабабе ки у дар хорича карор дорад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби он ки ҳангоми бақайдгирӣ сурат ва изи ангушти довталаб гирифта мешавад, шахси дигар ба ҷойи ӯ худро номнавис карда наметавонад. Довталаб имкон дорад, ки дар даври 2-юми бақайдгирӣ (аз 10 то 30-юми июн) худро номнавис намояд.
Китобчахои тестии матиматка химия ва физикаро ба ман медодед
Муҳтарам Сайдаҳмадзода! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) гузошта шудааст. Минбаъд нишонаатонро пурра нависед.
Салом мехохам донам барои одамони камбтзоат ки шахси коргар надоранд дар хона калони хона касал аст ягон имтиёз медиханд то ройгон гузарам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 87-90) ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
Салом ман синфи 9 барои колеч споридан чи дарокр мешавад ва кай
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ аз 02.03.2026 оғоз гардид. Ба ин суоли худ Шумо, муфассал, аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед. Минбаъд, нишонии макони истиқомататонро пурра нависед!
Салом як савол доштам ман ҳақи 12 интихоби ихтисос ва донишгоҳро дорам дар байни инҳо ман метавонам аввал 1790101 Кори табобатиро гузорам ва 1790102 Педиатрия 1790104 Кори тиббию ташхиси 1790105-1790107 яъне дар давоми ин ба монанди инҳоро гузошта метавонам ё не ва агар имконият бошад фаҳмонед ки ба 1790101 Кори табобати кадомаш рост меояд яъне дар давомаш кадомашро илова карда метавонам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чи тавре ки таъкид намудед, Шумо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро доред. Дар низоми ИМД интихоб ва ҷобаҷогузории ихтисосҳо ихтиёрӣ мебошад.
Салом, ман хостам ки фаҳмам агар 121060102- Забони англисӣ (тарҷума) (мутахассис) Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон супорам забони таҳсил дар он ҷо забони таҳсил русӣ мебошад ва ман ба ғайр аз 4 фанни 3юм кластер ягон имтиҳони дигар аз забонӣ русӣ месупорам? Раҳмат.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо ҳам, чун дигарон имтиҳонҳои барои гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм муқарраргаштаро месупоред.
Худро бисанҷ
Муҳтарам Абдуллоев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед.
Salom chi hel metavonam ba barnomai hudro bisanj dohil shavam
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи Марказ дар пайванди (https://onlinetest.ntc.tj/Home/Welcome?ReturnUrl=%2f) маълумот дода шудааст. Ҳамчунин, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" низ дар бораи хизматрасонии "Худро бисанҷ" маълумот ҳаст (https:// onlinetest.ntc.tj/Home/Welcome?ReturnUrl=%2f) Дар ҳолати мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 73; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
Ман мехохам дар бораи аз кучо фахмем ки бали гузариш аз ихтисоси 2
Муҳтарам Ғайбуллоев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед.
Салом алейкум! ман мехоҳам аз Муассисаи ғайридавлатии таълимӣ коллеҷи тиббӣ иҷтимоии шаҳри Бохтар ба муассисаи давлатии таълимӣ коллеҷи тиббии ҷумҳурияви шаҳри Душанбе интиқол (перевод) гирам дар коллеҷи тиббӣ иҷтимоии шаҳри Бохтар ҳаққи шартномаи перевод 1500 сомониро ташкил медиҳад коллеҷи Душанбе дар чи қадар маблағ пардозем бояд ба ғайр аз шартномаи таҳсил?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Интиқоли донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ва пардохти маблағи таҳсил дар ваколати директорони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин сабаб, ба роҳбарони муассисаҳои дилхоҳатон муроҷиат намоед.
Савол ҷавобҳо
Муҳтарам Салмон! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед ва нишонии истиқомату насабатонро пурра нависед.
Беморони норасоии кори гурдаҳо яъне гломерулонефрит ба Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба ихтисоси1790101 дохил шуданро иҷозат доранд ё не. Ба кадом ихтисосҳо онҳо дохил шуданро доранд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.319-327) ва дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/images/Downloads/nomgui_bemoriho.pdf оварда шудааст. Ҳамчунин, ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат карда метавонед.
Салом як савол доштам вақте ки мо ройгон қабул мешавем чи шарту шароитҳо дорад яъне баъди тамом кардани донишгоҳ ман намедонам дар куҷое дида будам ки вақте ройгон қабул мешавем баъд аз тамом шудани донишгоҳ мо ба мудати 3 сол танҳо 10% маошро мегирем ва бе диплом то мудати се сол ё ба монанди ҳамин оё ин асос дорад ва дар ин бора маълумоти бештар диҳед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Хамшераги
Муҳтарам Ҳакимова! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед.
Молу мулки гайриманкулро муайян намоед
Муҳтарам Набиев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед.
Дуруд! Мехостам пурсам, ки аз куҷо балҳои гузариши кластери 5 соли қаблиро ( аниқтараш донишгоҳҳои тиббиро ) дастрас карда мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Маро Баррои маркази тести о мода кунед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар назди Марказ курсҳои тайёрӣ фаъолият намекунад, вале аз хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки дар сомонаи Марказ фаъол аст, истифода карда метавонед. Ҳамзамон, ба омӯзгоронатон ва ё курсҳои тайёрӣ (омӯзишӣ) муроҷиат намоед.
Оё рост хаст ки донишгохи давлати ба номи Абуали ибни Сино дарсхо бо забони точики мешавад.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино таҳсил бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) доир мегардад. Забони таҳсил пас аз озмуни тақсимот ва донишҷӯй гаштан, дар муассисаи таълимӣ, дар ҳолати мавҷуд будани якчанд забони таҳсил, бо аризаи донишҷӯй муайян мегардад (ин амал дар ваколати муассисаи таълимӣ мебошад).
Салом . Саволу масьалахои ММТ 2026 айнан хамон саволномахои 2024 мебошад . Калидхо кай гузошта мешаванд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам. Саволу масъалаҳои соли 2026 шакли таҷдидгашта буда, аз солҳои қаблӣ фарқ мекунад. Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/testho.html нашр шудааст. Минбаъд нишонии истиқоматро пурра дарҷ намоед.
1.Агар дар Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ ҷой гиранд ба онҳо дар ММТ хол дода мешавад? 2. Агар дар Олимпиадаи биология иштирок карда бошанд ба ихтисоси кори табобатӣ ва стоматология хол дода мешавад ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Салом, яъне ман агар 1790101 - Кори табобатиро интихоб намоям дар оянда метавонам ҳамчун Уролог фаъолият намоям яъне агар инро интихоб кунам баъд аз чанд мудате ба ҳамон самти асосие ки худам мехоҳам равона мегардам ҳамин хел?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, дуруст фаҳмидед.
Саволхо оиди кластери 2
Муҳтарам Абдуалиева! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро равшану возеҳ баён намоед ва нишонии зистатонро пурра нависед.
Салом алейкум ман 21 сола ҳастам мехостам бидонам ба ихтисоси стоматология шартномавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ё донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Барои ниятимон чанд имтиёз пешниҳод шудаст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст (яъне, нимятим) бали имтиёзӣ муқаррар нагардидааст, аммо ин довталабон аз пардохти 50 %-и маблағи хизматрасониҳо озоданд. Шумо бояд хатти вафоти модар ё падар (асл ва нусха) ва шаҳодатнома дар бораи таваллудатонро (асл ва нусха) ҳангоми пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар яке аз филиалҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»”, ҶСК «Бонки Эсхата» ва дар нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоед. Бори дигар, агар муроҷиат менамоед, сабти нишонии макони истиқоматро фаромӯш насозед.
Чаро бахши"Ба довталаб" зербахши "Нақшаи қабул 2026-2027 (рӯйхати ихтисосҳо)" чанд рӯз мешавад, ки ғайри фаъол аст? Ман чӣ тавр метавонам ихтисоси лозимаро интихоб кунам, айни ҳол дастрасӣ ба маводҳои лозимаро надорам. Танҳо аз ҳамин сомона истифода карда метавонам *** Bad Request - Request Too Long HTTP Error 400. The size of the request headers is too long. ***
Дуруд, довталаби муҳтарам! Сомонаи Марказ фаъол аст. Мутахассисон чанд маротиба санҷиданд, ҳам бахши "Ба довталаб" ва ҳам зербахши "Нақшаи қабул 2026-2027 (рӯйхати ихтисосҳо)" коршояманд. Тавассути пайванди https://spec.ntc.tj/ низ ворид шудан мумкин аст. Минбаъд, зикр кардани нишониатонро фаромӯш насозед.
Ман як сол коллечи омузгори шахри Зафарободро хондаам метавонам давоми хонданро дар ДДХ идома дихам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Интиқоли донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигар дар ваколати ректор (директор)-они муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин сабаб ба роҳбарони муассисаҳои дилхоҳатон муроҷиат намоед.
Салом дар роҳнамои довталаб 2026 гуруҳи ихтисосҳои 5 ум кадомашро интихоб кунам ки дар оянда ҳамчун Уролог фаъолият карда метавонам яъне кадомаш ба соҳаи Урология таалуқ дорад чунки дар онҷо расман номаш нанавишта нашудааст Педиатрия ва Стоматология ҳаст аммо ман намедонам кадомашро интихоб кунам ки дар оянда ҳамчун Уролог фаъолият кунад лутфан агар тавонед равшан кунед ки кадомаш ба ин самт таалуқ дорад ва ин ки ман мустақиман Уролог шуда метавонам? Агар натавонам пеш аз он бояд чи хонам? Ин дуруст аст ки бояд пеш аз он духтури умуми хонд ё ин ба худ самти махсусе дорад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо бояд ихтисоси 1790101 - Кори табобатиро интихоб намоед. Дар давоми таҳсил муассисаи таълимӣ донишҷӯёнро мувофиқи қобилияташон ба самтҳои гуногуни тиб равона месозад. Бо номгӯйи ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2026-2027, ки дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.ntc.tj:8026/AdmissionPlan/Index) дар шакли электронӣ интишор карда шудааст, шинос шуда метавонед. Ихтисоси алоҳида бо номи урология нест. Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан, ба муассисаҳое, ки чунин ихтисосро доранд, муроҷиат намоед.
Рӯйхати довталабоне, ки солҳои пеш (соли 2022, аз рӯи субтести Б, кластери 5, ихтисоси 2790131) бо гирифтани чанд балл ба тақсимоти асосӣ роҳ ёфтаанд, аз куҷо дастрас карда метавонем ?
Дуруд, муҳтарам Тагайбеков! Марказ рӯйхати довталабони соли 2022 тақсимотшударо бароятон пешниҳод карда наметавонад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2022 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y22/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Ассалом алекум дар донишгохи милли ихтисоси омузгори фанни физика аст .
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи расмии Марказ, пайванди https://spec.ntc.tj/ муроҷиат намоед ва ё бевосита ба муассисаи таълимии дахлдор.
Ман, Рамазон Чононов, хатмкунандаи синфи 11, мехостам оид ба шароити қабул ба факултети стоматологияи маълумоти дақиқ гирам. Лутфан иттилоъ диҳед, ки барои дохил шудан ба шуъбаи шартномавии факултети стоматология дар соли таҳсили 2026–2027 чанд балл лозим аст? Инчунин мехостам фаҳмам, ки соли гузашта балли гузариш чанд буд. Пешакӣ барои ҷавобатон миннатдорам
Дуруд, муҳтарам Ҷононзода! Агар минбаъд бе зикри нишонии истиқомат муроҷиат намоед ба суолатон ҷавоб гардонида намешавад! 1) Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. 2) Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Академияи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна аст? ва чи ихтисосҳо мавҷуд аст? Ва бо чанд бал дохил мешави?
Муҳтарам Шербеков! Агар минбаъд бе зикри нишонии истиқомат муроҷиат намоед, ба суолатон ҷавоб гардонида намешавад! 1) Лутфан, барои гирифтани чунин маълумот ба худи муассиса ва ё сомонаи расмиаш муроҷиат намоед. 2) Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст.
Кадом
Муҳтарам Нуралиев! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед ва нишонии зистатонро пурра нависед.
Ассалому алайкум кормандони гиромӣ, ман ммт забони тоҷикиро кор карда баромадам , нофаҳмиҳо дорам , бояд бо ҷавобҳои дуруст муқоиса кунам ва аз болои ғалатҳои кор кунам, калидҳо кай дастрас мешаванд? Телефони шахсиам интернет надорад аз телефони дӯстам истифода намудам, зарур аст ҷавобҳо
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам. Дар ҷавобҳои қаблӣ мо сабаби нашр накардани калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-ро шарҳ дода будем. Агар дар ҳалли саволу масъалаҳои тест душворӣ кашед, аз омӯзгоронатон кӯмак пурсед, агар ба назари Шумо ду ҷавоби дуруст пайдо шавад ва ё саҳви дигареро дучор шавед, лутфан, моро огоҳ намоед.
Ассалому алейкум, ман мехостам Намунаи саволу масъалаҳои тест 2024 ро тестхоро а сомонаи ntc.tj дастрас кунам, аммо наёфтам Шумо метавонед ба хамин почта malavitakarina@gmail.com равон кунед, 2026 хаст аммо 2024 нест, метавонед ба хамин почта равон кунед ташаккур!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам. Марказ ҳар сол маҷмуаи саволу масъалаҳои тестро такмил медиҳад ва танҳо, нусхаи охирин дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешавад. Маҷмуаи саволу масъалаҳои тести соли 2024-ро аз китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва ё китобхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ пайдо карда метавонед.
Ассалом. Чаро дар қисми Нақшаи қабули довталабон, ки дар саҳифаи http://www.ntc.tj:8026/ мавҷуд аст,интихоби Гуруҳи ихтисос ва Зинаи таҳсил кор намекунад, ҷустҷӯйро зер кунем ҳар ду ҷустҷӯй намекунад вале танҳо номи муассисаи таълимро интихоб кунем,ҷустҷӯй мекунад.Якбор аз тарафи Марказ санҷида бинед, оё хатои техникӣ аст ё дигар...
Дуруд, муҳтарам Абдулазиззода! Лутфан , ҳангоми муроҷиат нишонии зистатонро тибқи ҳуҷҷат зикр намоед " н. Кӯҳистони Мастчоҳ - н. Мурғоб ?! Ин сомона сомонаи расмӣ аст! Дар саҳифаи «Нақшаи қабули довталабон», ки қаблан дар саҳифаи http://www.ntc.tj:8026/ ҷойгир буд, дар рафти анҷомёбии корҳои техникӣ ва таҷдиди нақшаи қабул баъзе имкониятҳои ҷустуҷӯ муваққатан фаъол набуданд. Аз ҳамин сабаб, ҷустуҷӯ ва полоишгар кор намекард. Айни ҳол суроғаи мазкур ба spec.ntc.tj иваз карда шудааст. Корҳои техникӣ аз ҷониби Марказ анҷом дода шуд ва ҳамаи имкониятҳои ҷустуҷӯ пурра фаъол аст.
Салом аллейкум барои чи нақшаи қабулро аз сомонаи шумо ба тариқи pdf гирифта намешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Нақшаи қабул – ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2026–2027 айни ҳол дар сомона дар шакли PDF дастрас нест. Дар ҳоли ҳозир танҳо суроғаи spec.ntc.tj фаъол мебошад. Шакли PDF-и нақшаи қабул баъди омода шудан дертар дар сомона ҷойгир карда мешавад.
Салом аллейкум Ҳамин донишкадаи сайёҳи соҳибкорӣ Тоҷикистон дар нохияи Левакант донишгохи олии аст.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст.
Салому алайкум. Модари ман вафот кардааст ва ман нимятим ҳисоб меёбам. Ҳангоми хондани роҳнамои довталаб дидам, ки барои довталабоне мисли ман баъзе имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Аммо ман онҳоро пурра нафаҳмидам, бинобар ин ба шумо муроҷиат карда истодаам. Оё барои довталабони нимятим 150 холи иловагӣ дода мешавад? Ин имтиёз дақиқан ба киҳо дахл дорад? Ҳамчунин мехостам дар бораи ҳаққи бақайдгирӣ пурсам: оё шахсони дорои имтиёз 50% маблағро пардохт мекунанд ё тамоман аз пардохт озоданд? Барои истифода бурдани ин имтиёзҳо кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд? Ҳуҷҷатҳоро ба куҷо ва чӣ тавр бояд супорид? Ба саволҳоям ҷавоби равшан диҳед, бисёр сипосгузор мешавам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМД, танҳо, барои ятимон (бе падару модар) ва бепарасторони то 22-сола (яъне, ба синни 22 нарасида) ва маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдакони маъюб” 150 бали имтиёзӣ муқаррар гардидааст. Барои довталабоне, ки дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасидаанду падар ё модарашон вафот кардааст (яъне, нимятим) бали имтиёзӣ муқаррар нагардидааст, аммо ин довталабон аз пардохти 50 %-и маблағи хизматрасониҳо озоданд. Шумо бояд хатти вафоти модар (асл ва нусха) ва шаҳодатнома дар бораи таваллудатонро (асл ва нусха) ҳангоми пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар яке аз филиалҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»”, ҶСК «Бонки Эсхата» ва дар нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоед.
Ҳангоми дар кластери 5 ба ихтисоси фарматсия ё дорусозӣ дохил шудан самти ихтисосҳо ба кори табобатӣ иваз кардан мумкин
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Вобаста ба интиқол аз як ихтисос ба ихтисоси дигар бевосита ба муассисаи таълимӣ муроҷиат намоед. Рӯйхати муассисаҳои таълимиро бо нишонӣ ва рақами телефонро аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/muassisaho.html пайдо намуда метавонед.
1790107 дандонпизишк Донишгохи миллии Точикистон дар огоз а 50%-и маблагро супорем мондаашро бадан мешавад?
Муҳтарам Сунатулло! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед, насабатон ва нишонии зистатонро пурра нависед.
1
Муҳтарам Шаҳром! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро возеҳ баён намоед, насабатон ва нишонии зистатонро пурра нависед.
Салом Оё руйхати мавзуъҳое ҳастанд, ки саволҳоро аз руи ҳамон тайёр шавем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои омода гаштан ба супоридани имтиҳонҳо, Шумо аз маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026, ки аллакай ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудаанд (ройгон), аз варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) ва хизматрасонии "Худро бисанҷ" (аз сомонаи расмии Марказ) истифода карда метавонед.
саволхои 4 кластер оид ба таможений
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 4 дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 53-60 ) маълумоти муфассалро дарёфт карда метавонед. Варианти электронии намунаҳо бошад, дар сомонаи Марказ, дар пайванди (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html)
Ассалому алейкум. Аз руйи маълумоте, ки дар сомона гузоштааст, ба баъзе ихтисосхои кластери 1-ум (169010109, 169010107, 1690101, 169010106, 16901, 2690101, 102060208) аз фанхои Химия ва Физика 0 бал дода мешавад, забони точики 75 ва Математика 175. Дар холат, балли максималии довталаб 250 мешавад ё ки аз хисоби имтихоноти махорат балли иловаги дода мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, ихтисосҳое, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В)-ро талаб менамоянд, ҳангоми ҳисоби балҳо танҳо бали ду субтести аввали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва бали соҳибшудаи довталаб аз имтиҳонҳои қисми В, ки бевосита дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад, ба инобат гирифта мешавад. Довталаб метавонад, дар сурати балҳои максималиро соҳиб гардидан 250 бал аз ҳисоби ду субтести аввал ва 250 бал аз ҳисоби имтиҳонҳои қисми В ба даст орад.
МАН ЧИ ТАВР АЗ СОМОНАИ ШУМО "ХУДРО БИСАНҶ"КОР ФАРМОЯМ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" маълумот дода шудааст (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689) Дар ҳолати мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 73; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
маркази милли аз фанни забон ва англиси кушода шудааст чаро да сомона намебароред мо бинем вакт кам аст саволро пурра чавоб дихед бо я калима мо бояд саволу чавобро пешаки донем тайёр шавем ай
Муҳтарам Раҳимзода Ҳ.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, пурра дарҷ намудани нишонии макони зистатонро фаромӯш насозед.
Асалом мо чи тавр чавобхои кластри 2 ро ёбем мо пешаки кор кардем аммо хастан варянтхое ки 2 чавоб тугри мегирад барои амин ба мо калидхо лозим аст 💗
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҷавобҳои қаблӣ мо сабаби нашр накардани калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-ро шарҳ дода будем. Агар ба назари Шумо ду ҷавоби дуруст пайдо шавад, лутфан, моро огоҳ намоед.
Ассалому алейкум.1)Бали гузариш дар ихтисоси Матиматика.Информатика.-рӯзона-ройгон чӣ қадар аст,дар донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав?2) Аз ҳар фан чанд саволӣ меояд ва як савол дорои чанд бал аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1) Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. 2) Соли 2026 аз ҳар фан теъдоди саволҳо 26-27-то мебошад. Доир ба навъ ва шаклҳои тест аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=1049 маълумот гирифта метавонед. Минбаъд, ҳангоми суол додан нишонии истиқоматро пурра нависед.
Шакли таҳсили фосилави чи гуна мебошад ва он аз шакли таҳсили ғоибона чи фаркят дорад? Дар шакли таҳсили фосилави донишҷу дар як сол чанд руз ё моҳ дар дарсҳо иштирок карданаш даркор?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" чунин таъкид гаштааст: "Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад". Тартиби амалишавии шаклҳои таҳсили фосилавӣ ва ғоибонаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. Роҳандозии ин шаклҳои таълим дар ваколати муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, хуб мебуд, агар ба муассисаи таълимии дилхоҳатон муроҷиат менамудед.
Салом, ман 40 сола ва дорои маълумоти миёна. Мехоҳам дар шакли фосилавӣ таҳсил намоям. Метавонам дар давраи бақайдгирӣ иштирок кунам? Агар ҳа пас кадом ҳуҷҷатҳо ба ман лозим аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳатман, метавонед. Бо тартиби бақайдгирӣ аз сомонаи Марказ ва дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" шинос шавед ва дар яке аз 4 давра аз қайд гузаред.
Ман дар синфи 11 таҳсил мекунам, ва ман мехоҳам дар ДТТ дохил шавам, ман саводи кофи надорам,ман метавонам дар ин донишгоҳ таҳсил кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар ба саводи худ боварӣ надоред, бештар тайёрӣ бубинед. Марказ бароятон маҷмуаи саволу масъалаҳои тестро дар шакли хаттӣ ва электронӣ таҳия, нашр ва дастрас гардонидааст. Ноумедиро аз сар дур созед. Тайёр шавед, ҳатман, донишҷӯй мешавед.
Ихтисоси Информатика дар Донишгохи Милли омузгори аст ё барномасози
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимӣ бо номи "Донишгоҳи Миллии омӯзгорӣ ё барномасозӣ" мавҷуд нест. Сониян, савол бояд маъно дошта бошад.
Салом аллейкум Ман чи тавр аз сомонаи шумо ҷадвали ихтисосҳоро бубинам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Нақшаи қабул – ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2026-2027-ро дар сомонаи расмии Марказ аз саҳифаи "Ба довталаб аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html дида метавонед.
Чаро Програмаи ММТ 2026 барои айфон (apple) дар app store вуҷуд надорам мо чи хел метавонем ба телфони айфон (apple) назб кунем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Версияи iOS дар ҳоли таҳия аст. Шумо метавонед, ки аз нусхаи веби ин барнома дар сомонаи https://www.spec.ntc.tj истифода баред. Дар ин хидматрасонӣ имкони интихоби то 12 комбинатсияи ихтисос ва чоп намудани онҳо мавҷуд аст.
Савол надорам ин дафьа барои шумои сабри чамил мехохам бо ин гуна довталабон 😁😁
Дуруд, муҳтарам Муминов! Сипос барои ҳамдардӣ.
Чи тавр ман ба 5 кластер рох ёбам
Муҳтарам Камолов А.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоби қаноатбахш гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Барои ба ин гурӯҳи ихтисосҳо роҳ ёфтан, қаблан бояд ин гурӯҳро интихоб намуд, сониян, чӣ тавр комёб шуданро донистанӣ бошед, хуб тайёрӣ бубинед, холи зиёд ба даст оред, ҳатман, донишҷӯй мешавед.
Асалому алейкум калиди ихтисосхо барои маркази милли тести (кластери 2) кай мебарояд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) ба он хотир нашр мешавад, ки довталабон ҷавобҳои интихобкардаашонро муқоиса намоянд ва агар саҳве дошта бошанд, минбаъд ислоҳ намоянд. Аксарият, ба ҷойи он ки мустақилона саволу масъалаҳои тестро бошуурона ҳал намоянд, интизор мешаванд, ки кай калидҳо гузошта шавад ва ҷавобҳои дурустро аз ёд намоянд. Чунин муносибат дуруст нест. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки ҷавобҳо дар арафаи оғози имтиҳонҳо гузошта шавад.
Салом алекум Ин калидхо Кай фаьол мешаванддд? Ин Бори сеюм аст Ки мепурсам 4- мах пас имтихон супоридан даркор!!!!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин савол 11.02.2026 посух гардонида шудааст.
А
Муҳтарам Эмомализода Ҳ.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
Дар вакти интихоби ихтисосхо хатмкунандаи синфи 11 донишгох ва колечро якчо гирифта метавонад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба ин суол 11.02.2026 ҷавоб гардонида шуд.
Хукук чист
Муҳтарам Ҳасан! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Ҳамчунин, ному насабатонро пурра зикр намоед.
Худро бисанҷ саволҳо бо ҷавоб
Муҳтарам Абдувалиева З.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
Хуччатсупори аз чандум сар мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даври асосии бақайдгирӣ 02.03.2026 оғоз мегардад. Ба ин суоли худ Шумо, муфассал, аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед. Минбаъд, ному насабатонро пурра нависед!
Ба кластери 4 кадом ихтисосхо дохил мешаванд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2026-2027 барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html) дар шакли электронӣ интишор карда шудааст.
Салом Одаме ки дар хорича мактабро тамом мекунад ва мехохад дар точикистон омада тахсили донишгох кунад Бояд чи кор кунад кадам ба кадам мефахмондед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба ин суоли худ Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31) ва бо гунаи электронии он аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед.
Чавоби кластери 3 доред.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳо вобаста ба фанҳо таҳия мегардад, на аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо. Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) ба он хотир нашр мешавад, ки довталабон ҷавобҳои интихобкардаашонро муқоиса намоянд ва агар саҳве дошта бошанд, минбаъд ислоҳ намоянд. Аксарият, ба ҷойи он ки мустақилона саволу масъалаҳои тестро бошуурона ҳал намоянд, интизор мешаванд, ки кай калидҳо гузошта шавад ва ҷавобҳои дурустро аз ёд намоянд. Чунин муносибат дуруст нест. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки ҷавобҳо дар арафаи оғози имтиҳонҳо гузошта шавад.
Тести кушода чихел тест аст? Аз шахри Душанбе ба шахри Хучанд перевод гирифта мишавад? Ë не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба шаклу навъҳои тест аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=1049 маълумоти муфассал гирифта метавонед. Интиқол аз як муассиса ба муассисаи дигар дар ваколати худи муассисаҳо мебошад. Минбаъд нишониатонро пурра нависед.
Салом ман мехостам ба кластери 5 ум колеҷи стомотологи дохил шавам мехостам фахмам ки ин соха ройгон дорад е пулакии он чи кадар аст дар бораи пулакии донишгохи он хам малумод дихед.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Марказ тамоми имкониятҳоро бароятон фароҳам овардааст, лекин ҷустуҷӯ намекунед, шинос намешавед... Доир ба ин суолҳо Шумо аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html посух гирифта метавонед. Минбаъд, ба мантиқи навиштаҳоятон диққат диҳед.
Кластери 2 ихтисоси менечмент Бали гузариш чанд бошад мегуфтед ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби он ки номи хонаводагиро нанавиштаед ва ҳам нишонаатонро нопурра нишон додаед, посух гардонида нашуд.
Дар вакти интихоби ихтисос хатмкунандаи синфи 11 донишгох ва хам колечро якчо гирифта метавонад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо тартиби интихоби ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.13-31) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=682 шинос шуда метавонед.
Ассалому алейкум. Хозир ман дар мактаби Россия синфи 11 хондосиям. Ман метонам аз Россия онлайн документ супорам барои ММТ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" дар шакли онлайн аз қайд гузаштан пешбинӣ нашудааст. Иштироки довталаб дар бақайдгирӣ ҳатмист. Шумо имконият доред, ки дар давраҳои 2-4 худро номнавис намоед. Бо тартиби бақайдгирӣ, лутфан, аз сомонаи расмии Марказ пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шавед.
Ман мактабро соли Гузара тамом кадаги аттестат дорам, барои хуччатсупори малумотнома аз мактаби хондагиям гифтанам лозимми?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Минбаъд, ҳангоми муроҷиат ба меъёрҳои забони адабӣ риоя намоед! Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва аз пайванди сомонаи расмии Марказ https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 шинос шуда метавонед.
Салом Ман мехохам дар Донишгохи Милли шаркшинос гузарам.Чи хел кунам ва ин ки саволу чавобро аз кучо пайдо кунам.
Муҳтарам Қосимзода! Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест 2026 аллакай ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) гузошта шудааст. Минбаъд нишонаатонро пурра нависед.
Салом Калидхои ММТ ҳанӯз ҳам набаромадааст? Мӯҳлат то охири моҳи январ буд Ду рӯз аз моҳи феврал гузашт...
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба ин савол 11.02.2026 посух гардонида шудааст.
Барои олимпиадаҳои фанни аз фани забон ва адабиёти тоҷик барои даври минтақавии аз кадом китобҳо савол меояд.ба ман фаҳмонд ки чи гуна савол меояд мисолҳо оред.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Намунаи саволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта шудааст.
Рӯйхати ихтисосҳои соли таҳсили 2026-2027 чи тавр дастрас кардан мумкин?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2026-2027 дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.ntc.tj:8026/AdmissionPlan/Index) дар шакли электронӣ интишор карда шудааст. минбаъд, лутфан, ному насаб ва нишониатонро пурра нависед.
Ман дар колледжи тибби Шахри Худжанд тахсил кардосиям . Ман мехохамки ба донишгох гузарам чи маслихат метид
Дуруд, довталаби муҳтарам! Интиқоли донишҷӯён аз як муассиса ба муассисаи дигар дар ваколати ректорони муассисаҳо мебошад.
Барои довталабон синфи 9 чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозим аст. Агар шиноснома набошад бо шаҳодатномаи таваллуд ҳуҷҷат супорида метавонад мӣ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳуҷҷатҳои зеринро бояд манзур намоед: 1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият-шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру акс аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо; 2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот- маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9 будан. Бо номгӯйи пурраи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 20-25) ва бо гунаи электронии он аз сомонаи расмии Марказ шинос шавед.
Салом! Оё калидҳои ММТ баромадааст? Мӯҳлат то охири моҳи январ буд...
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) ба он хотир нашр мешавад, ки довталабон ҷавобҳои интихобкардаашонро муқоиса намоянд ва агар саҳве дошта бошанд, минбаъд ислоҳ намоянд. Аксарият, ба ҷойи он ки мустақилона саволу масъалаҳои тестро бошуурона ҳал намоянд, интизор мешаванд, ки калидҳо гузошта шавад ва ҷавобҳои дурустро аз ёд намоянд. Чунин муносибат дуруст нест. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки ҷавобҳо дар арафаи оғози имтиҳонҳо гузошта шавад.
Асаломуалайкум хонандагони синфи 9 ҳангоми ба ММТ имтиҳон супорида хонданд тариқи буҷавӣ баъди хатм метавонан ки боз ба ММТ супоран
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Он нафароне, ки гурӯҳҳои ройгонро хатм менамоянд (ба истиснои он нафароне, ки дипломи сурх мегиранд), бояд баъди хатм се сол фаъолият намоянд.
савло надорам
Муҳтарам Давронов Ш.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. "Савло надорам " яъне чӣ?
Шакли фаъолияти Маҷлиси миллӣ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин савол, лутфан, ба омӯзгоронатон муроҷиат намоед ва ё аз китоби дарсӣ пайдо намоед.
Ихтисосҳои пурраи экономика ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосҳои ин самт ба гурӯҳи ихтисосҳои 2 ворид аст. Бо рӯйхати пурраи ихтисосҳо Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди http://www.ntc.tj:8026/?clusterID=2&fullName=&years= шинос шуда метавонед.
Маркази Милли Тести кай оғоз мешавад
Муҳтарам Холов Қ.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед. Маркази миллии тестӣ қабули имтиҳонҳои дохилшавиро соли 2014 шуруъ намудааст... Даврҳои фаъолияти Марказ дар "Тақвими имтиҳонҳҳои марказонидаи дохилшавӣ-2026" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ нашр шудааст.
Бези фанҳои ММТ баро гузаштан кор накадос чо куним?
Муҳтарам Эсонов! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, насабатонро пурра нависед.
Академияи идоракунии давлати
Муҳтарам Холматзода А.! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
Салом роҳнамои довталаби ихтисосҳо дар ҷадвали электронӣ баромада аст ё не
Дуруд, довталаби муҳтарам! "Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2026-2027" дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (Замиммаи 3, саҳифаҳои 100-309), ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас мешавад ва сомонаи расмии Марказ (https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html) нашр шудааст.
Калидхои китобчахои тести 2026 Кай мерояд ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) то давраи асосии бақайдгирӣ (02.03.2026) дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Салом калиди саволу чавобхои кластери сеюм баромадааст аз кучо дарёфт карда метавонем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) то давраи асосии бақайдгирӣ (02.03.2026) дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Оё Барои шахсоне, ки аттестаташонро бо баҳои аъло ҷамъбаст мекунанд, имтиёз вуҷуд дорад?(дар ММТ)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 87-90) ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
Салом Калидҳои ММТ кластери 5 кай фаъол мешаванд, санаи дақиқаш кай?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) то давраи асосии бақайдгирӣ (02.03.2026) дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Салом аллейкум роҳнамои довталаби ихтисосҳо баромадааст ва
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" барои соли 2026 бо ҷадвали ихтисосҳо нашр шуд ва рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дастрас мешавад.
Санҷидан
Муҳтарам Комилҷон Қурбонназаров! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед, шаҳру ноҳия ва нишонии зистатонро пурра зикр намоед.
Китобхои тести классери 1 чихел дастрас кунем?
Муҳтарам Таҳмина! Намунаи саволу масъалаҳои тест 2026 (маҷмуаҳо) аллакай ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html) гузошта шудааст. Минбаъд ному насабатонро пурра нависед.
Салом агар ман донишгохро хатм карда бошам боз метавонам ба дигар донишгох супорам гуед ки тарики маркази тести мегузарад ё тарики сухбат аз курси 1 ё 2 юм лутфан чавобро мегуфтед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани олии касбии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед ва ё бевосита ба муассисаи таълимӣ муроҷиат намоед.
Имтиёз (Коэффисент) барои донишгоҳҳои тибии намуди таҳсили РОЙГОН дар ноҳияҳои дурдасти ҶТ, аз ҷумла н.КУШОНИЁН чанд бошад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Қимати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ оварда шудааст (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701). Соли 2025 барои довталабони ноҳияи Кӯшониён қимати коэффитсиент 1,03 муқаррар шуда буд. Барои соли 2026, алҳол қиммати коэффитсиентҳо ба Марказ дастрас нашудааст. Баъди дастрас гаштан қиммати коэффитсиентҳо дар сомонаи расмии Марказ интишор карда мешавад.
Салом! Агар шахс дипломи ДМТ ихтисоси химик, омузгор дошта бошад, у метавонад хамчун ихтисоси 2 ба коллечи тибби ба ихтисоси момодоя дохил шавад ва аз чандум курс кабул мекнунанд, ё ин ки тарики ммт имтихон месупорад.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол хуб мешуд, ки ба худи коллеҷ муроҷиат менамудед.
Салом! Барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббии ба номи А.Сино ба ҳисоби миёна чи қадар бал ҷам намудан лозим
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Он дар ҳар як ихтисос вобаста аз шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. Минбаъд, ҳангоми суол додан ному насаб ва нишонии истиқоматро пурра нависед.
Ассалому алейкум. Ба иштирокчиёни олимпиадахои фанни, ягон имтиёз вучуд дорад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб (саҳ.87-90) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ман мехохам фахмам Бали опши юрист барои дагавор гузаштан чанд боша
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад. Он дар ҳар як ихтисос вобаста аз шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисос ва муассисаи мазкур тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2025 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y26/Index шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2026 эҳтимолияти тағйир ёфтани балли гузариш мавҷуд аст. Минбаъд, ҳангоми суол додан нишонии истиқоматро пурра нависед.
Салом Агар довталаб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ деҳот таҳсил карда бошад ба вай имтиҳоз дода мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 87-90) ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
Салом мешавад ки пас аз синфи 10 програмисти супорам дар колеҷ
Дуруд, муҳтарам Мирзоев! Аз сабаби он ки нишонии истиқоматро нопурра нишон додаед, ба саволи Шумо посух гардонида нашуд. Узр.
Салом.Ман барои номнависи барои озмуни "Бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгири" дер мондам.Фурсат хаст ё озмун пура ҷамбаст шуд?.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чӣ тавре ки огаҳ ҳастед, муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок дар озмуни бақайдгирандаи нуқтаҳои бақайдгирӣ то 23-юми январи соли 2026 муқаррар шуда буд ва ба итмом расид. Агар имкон дошта бошед, ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) ҳозир шавед ва ба номи директори Марказ ариза нависед.
Салом! Калиди саволу масъалахои ММТ кластери 5 кай фаъол мешавад?! Агар мешуд санаи дақиқашро мегуфтед ва ҷойи дарёфти онро низ Ташаккур
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) то охири моҳи январ дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Ассалому алейкум ман ДМТ ро хатм кардаам. Мехоҳам ба медколеҷи шаҳри Душанбе дохил шавам. Соли таҳсил чанд сол аст ва мехоҳам раванди ҳуҷҷатсупориро фаҳмам. Ташаккури зиёд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ аз 02-юми март то 28-уми апрели соли 2026 давом мекунад. Муҳлати таҳсил вобаста ба ихтисосҳо 3 ва ё 4 сол аст. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ройгон тақсим шудааст ва ҳамчунин, аз коллеҷи интихобкардаатон гирифта метавонед.
Салом ман мехохам ба кластери 5 дар сохаи стоматология хуччат супорида ва ба донишгохи тиббии Чумхурии Точмкмстон ба номи А.И.Сино ба бюджет дохил шавам аз кадом фанхо бояд имтихон супорам . Саволи дигар ин буд ки субтести кисми А(синфи 11) е кисми Б(синфи 9) ро месупорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳо қисми А барои дорандагони таҳсилоти умумӣ (синфи 11) аз фанҳои (1) забони тоҷикӣ, (2) химия, (3) биология ва (4) физика. Дорандагони таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) имтиҳонҳои қисми Б-ро месупоранд: аз фанҳои (1) забони тоҷикӣ, (2) биология ва (3) химия.
Калидхои кластери 2
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Бо аттестати синфи 9 худро ба кайд гирифта мешавад Барои хамаи донишгоххо Ё имсол хатмкунандаи колеч бо табели бахохо метавонад худро ба кайд гирад ? (Яъне аттестат 11 надорад)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо бо аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9), танҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо)-ро интихоб карда метавонед. Бе аттестат Шумо худро номнавис карда наметавонед. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 19-31).
Салом! Барои дохил шудан дар донишгохи забонхои хоричи бо надоштани атесттати синфи 11 дохил шудан мумкин аст .
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳ, академия ва донишкадаҳо)-ро, танҳо, он довталабоне интихоб карда метавонанд, ки дорои аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд. Агар Шумо хатмкунандаи синфи 9-ум бошед, пас ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода дохил шуда наметавонед.
Имсол интихомсуплри кадом мохмешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти тақвими имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2026 имтиҳонҳои қисмҳои А ва Б аз 01-ум то 10-уми июли соли 2026 пешбинӣ шудааст.
Салом ихтисоси таълимоти ибтидоӣ забони англисӣ дар донишгохи давлати Бохтар ҳаст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2026-2027 дар рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.ntc.tj) дар шакли электронӣ интишор карда мешавад.
Рӯйхати ихтисосҳои 3 кластер дар соли 2024-2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ихтисосҳои соли таҳсили 2024-2025-ро аз пайванди https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html дастрас намоед.
барои дохил шудан ба касби мухосибот, молия ва ё иктсодиёт, китоб аз руи интихоб кластер барои соли 2026 кай дар сайти мазкур пайдо мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Касбҳои номбаршуда дар гурӯҳҳи ихтисосҳои 2-юм ҷойгир аст. Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соли таҳсили 2026-2027 дар рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.ntc.tj) дар шакли электронӣ интишор карда мешавад. Ҳамчунин, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас мегардад, ҷадвали ихтисосҳо замима шудааст.
Политехнический университет М С Осими кластер 1 специальности 1400101 ва барои Дизайнер барои тест экзамен кадом фанхо меояд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, иттилоъ медиҳем, ки рамз ва ихтисоси Шумо зикркарда бо ҳам мувофиқат намекунад. Нигаред ба замимаи дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб". Ихтисоси интихобкардаатон дар муассисаи таълимии мазкур дар гурӯҳи ихтисосҳои якум ва имтиҳонҳо аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) химия ва (4) физика. Ҳамчунин, Шумо бояд дар муассиса боз имтиҳонҳои эҷодиву маҳорати махсусро супоред.
Салом ман имсол синфи 9 ро хатм мекунам мехохам ба колечи омузгори муалимаи синфи ибтидои шавам аммо намедонам чи гуна саволхо аз чи фан меоянд. Намунаи онхоро равон карда метавонед?ба чандум кластер дохил. Мешавам лутфан ба ман кумак кун то мАн ба колечи омузгори дохил шавам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосе, ки Шумо интихоб намудаед, ба гурӯҳи сеюм -"Филология, педагогика ва санъат" ворид мешавад. Имтиҳонҳо барои ин гурӯҳ барои дорандагони таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) аз фанҳои (1) забони тоҷикӣ, (2) адабиёти тоҷик/забони русӣ (барои он довталабоне, ки забони имтиҳонсупориро забони русӣ интихоб менамоянд) ва (3) забони хориҷӣ иборат аст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.55-56). Дастур ва ҳам "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест" ба ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ройгон дастрас шудааст ва Шумо аз онҳо истифода бурда, ба имтиҳонҳо омода шавед.
Дуруст АСТ ки дар соли 2026 дар имтизонхо аз довталабон иншои эссе гирифта мешавад? Агар бале пас мавзуьзоро аз кучо дастрас кунем?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Соли 2026-ум имтиҳони хаттӣ дар шакли эссе пешбинӣ нашудааст. Номгӯйи имтиҳонҳо дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (соли 2026), ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас мешавад, дар саҳифаҳои 53-60 маълумоти муфассал оварда шудааст.
Салом. Ман донишчуи курси 3 дар шахри Москва, факультет юриспруденция. Оё метавонам дар ними хониш яьне семестри якум ба Донишгохи милли Точикистон перевод кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Интиқоли донишҷӯён аз як муасисаи таълимӣ ба дигар муассиса дар ваколати ректорони муассисаҳо мебошад. Аз ин рӯ, лутфан, ба ректорони муассисаҳои дахлдор муроҷиат намоед.
Салом алейкум мехостам донам ки калиди саволу масъалаҳои тест кай фаъол мешаванд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Салом алейкум мехостам донам калиди саволу масъалаҳои тест 2026 кай фаъол мешавад.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Здравствуйте После педколледжа,бюджетное обучение хочу получить диплом для дальнейшего обучения в ХГУ Подскажите пожалуйста как это сделать? Спасибо
Здравствуйте, уважаемая Каюмова Елена! Согласно «Порядка распределения и трудоустройства молодых специалистов», утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 ноября 2022 года, № 563, граждане, окончившие образовательные учреждения среднего и высшего профессионального образования за счёт государственного бюджета обязаны отработать по специальности не менее трёх лет. Только при соблюдении данного условия он может получить диплом. Абитуриент, окончивший колледж, может пройти регистрацию на ЦВЭ только в случае предоставления диплома и приложения к нему.
Гузаштан мумкин
Дуруд, муҳтарам Ихтиёр! Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
Ассаламу алейкум ма хатмкунандаи синфи 11 уми мактаби русси. Мехохам ба донишгохи Миллии Точикистон ба факултети стоматологи дохил шавам. кадом мох метавонам хучатхоро супорам, ва чи хучат лозим аст? Барои малумоти муфассал ба кадом ракам ё ин ки ба калом сурога рафтан лозим? Барои экзамен супоридан ба чи фанхо бояд таёри бинам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисоси стоматология ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дохил мешавад. Имтиҳони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) биология, (3) химия ва (4) физика. Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ аз 02-юми март то 28-уми апрели соли 2026 давом мекунад. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ройгон тақсим шудааст, гирифта метавонед. Телефонҳо барои тамос: (+992 37) 224 53 68, 224 53 73.
салом оë калиди чавобхои намунаи китобчахои тестии 2026 кай мебарояд ????
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калид (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) ба наздикӣ дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад. Шумо метавонед аз ин саҳифа истифода кунед.
ключи теста когда будут активны?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Калид (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тест (соли 2026) рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад. Шумо метавонед аз ин саҳифа истифода кунед.
когда ключи тестов активизируются?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарм! Шакли электронии калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и маҷмуаи саволу масъалаҳои тест (соли 2026) рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Салом, Ман мехоҳам ба кластери 1-ум (програмистӣ) мехоҳам дохил шавам, аммо дар он фанни Химия ҳам ҳаст, барои чи ин фанн лозим аст?
Шаҳрванди муҳтарам! Дуруст аст, ки ихтисосҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) дохил мешаванд. Дар баробари ин, дар ин гурӯҳи ихтисосҳо ихтисосҳое ҳам ҳастанд, ки ба соҳаи химия мансубанд, ба монанди усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот, технологияҳои нуриҳои минералӣ, намакҳо ва ишқорҳо. Бинобар ин, супоридани имтиҳон аз фанни химия дар ин гурӯҳи ихтисосҳо ҳатмист. Ба имтиҳон омода шавед!
Салом. Ман мехоҳам ба ДМТ барои ихтисоси Фаъолияти ҳуқуқӣ (ҳуқуқ) дохил шавам. Лутфан ба ин саволҳо ҷавоб диҳед: 1.Барои дохил шудан ба ДМТ аз рӯи ҳуқуқ ба кадом фанҳо бояд бештар диққат диҳам? Кадом фан асосӣ ҳисоб мешавад ва барои гирифтани холи баланд муҳимтар аст? 2.Ман тестҳои Қисми А аз ҳуқуқ дорам, вале ҷавобҳояшонро надорам — лутфан бигӯед, ҷавобҳо ё калиди тестҳоро аз куҷо пайдо кардан мумкин аст. 3.Ҳамчунин нархи шартномаро гуфта метавонед?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисоси фаъолияти ҳуқуқӣ (ҳуқуқ) ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дохил мешавад. Имтиҳони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) таърих, (3) ҳуқуқ ва (4) забони хориҷӣ. Намунаи саволу масъалаҳои тест 2026 (маҷмуаҳо) ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо низ дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj) гузошта шудааст. Ҷавобҳои дуруст бошад, рӯзҳои наздик дар сомона гузошта мешавад. Шумо метавонед барои омода шудан ба имтиҳонҳо аз ин маҷмуаҳо истифода кунед. Доир ба вазни субтестҳои имтиҳон Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 78-80) маълумот гирифта метавонед.
Ихтисос
Дуруд, муҳтарам Абдулғаниев. Агар хоҳед, ки ба суолатон ҷавоб гиред, лутфан, минбаъд матлабатонро пурра ва возеҳ баён намоед.
Салом ман Худойбердиев Идибек мехостам пурсам,ки агар оилаи довталаб камбизоат бошад барои довталаб ягон ҷиҳати мусбат дорад яъне ягон имтиёз мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
Барои праграмист химия барои чи лозим мешавад ?
Дуруд, муҳтарам Яҳёева! Аз сабаби он ки ном ва номи хонаводагиро зикр накардаед ва ҳамчунин, нишонии истиқоматро нопурра нишон додаед, ба саволи Шумо посух гардонида нашуд. Узр.
Чавобхои олимпиадаи аз фанни химия даври шахри синфхои 9 соли 2026 Кадом вахт мебарояд ?
Дуруд, муҳтарам Аюб! Аз сабаби он ки насабу номи хонаводагиро зикр накардаед ва ҳамчунин, нишонии истиқоматро нодуруст нишон додаед, ба саволи Шумо посух гардонида нашуд. Узр.
Саломалейкум мехостам донам ки имсол имтиҳонҳои кластери 5 кадомҳоянд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум барои дорандагони таҳсилоти умумӣ (синфи 11) аз фанҳои (1) забони тоҷикӣ, (2) химия, (3) биология ва (4) физика. Барои дорандагони таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) аз фанҳои (1) забони тоҷикӣ, (2) биология ва (3) химия иборат аст.
Ассалом алейкум. Бали гузариш ба Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 кай ба аҳли ҷомеа пешниҳод мешавад? Бори дигар ташаккур. Мо аз ММТ сипосгузорем.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти оморӣ оид ба балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2025 дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.ntc.tj) дар рӯзҳои наздик интишор карда мешавад.
Барои Милитсия шудан бояд ба ММТ супорам ?
Дуруд, муҳтарам Аюб! Аз сабаби он ки насаб, номи хонаводагӣ ва нишонии истиқоматро зикр накардаед, ба саволи Шумо посух гардонида нашуд. Узр.
Барои праграмист шудан ба кадом кластер супоридан лозим аст ? Ва кадом фаннҳоро бояд донист?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосҳое, ки Шумо интихоб кардаед, дар гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1-ум ворид аст. Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) химия ва (4) физика.
Салом, Ман мехохам маркази милли тести кластери 1-ум ДТТ IT супорам ва намедонам аз чи фан имтихон мегиранд лутфан мегуфтед аз кадом фан имтихон мегиранд ва чи кадр вакт аст ва аз хар фан чанд саволи тест меояд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 1 аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) химия ва (4) физика. Вақти имтиҳонсупорӣ 220 дақиқа аст. Субтести забони тоҷикӣ аз 26 саволу масъала ва субтестҳои математика, физика ва химия ҳар кадом аз 27 саволу масъала иборатанд.
Аз колечи тибби ба донишгохи абуали ибни Сино перевод гирифта мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муроҷиат намоед.
Салом алейкум ман имсол коллежро хатм мекунам дар ихтисоси стоматолог ортопед ва мехохам дар точикистон хонданро давом дихам савол ба ман ягон балли изофаги медихан барои он ки ман диплом дорам ё не ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳангоми дохилшавӣ тавассути ММТНПҶТ ба нафароне, ки дорои дипломи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳастанд, имтиёз муқаррар нагардидааст.
Здравствуйте я выпускник 11-го класа я хочу поступить в ТГМУ. Я болею сахарным диабетом 1го типа могу ли я поступить?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи номгӯи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд, танҳо, беморони диабети қанд дар намуди вазнин дохил мешаванд. Маълумоти муфассалро аз пайванди https://ntc.tj/images/Downloads/nomgui_bemoriho.pdf дастрас намоед.
Салом саволхи тести милли 2026 кай мебарояд? Ва аз куҷо гирифта метавонем?Барои чи дар сайтотон саволҳои 2025 ҳаст соли 2026 нест
Намунаи саволу масъалаҳои тест 2026 (маҷмуаҳо) аллакай ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо рӯзҳои наздик дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Эгзамин супоридан
Дуруд, муҳтарам Сироҷиддинов! Минбаъд равшану возеҳ баён намудани мақсадатонро риоя намоед. Аз сабаби номушаххас будани суол ҷавоб гардонидан нашуд.
Салом дар озмуни имд класстери 5 мумкин АСТ калькулятор истифода бурдан?ва саволи дигар оё олимпиадаи Фанни чумхурияви аз Фанни забони Руси барои класстери 5 кумак расонда метавонад?Вообще олимпиадахои Фанни Чи Фоида мерасонанд муфассал маьлумот медодед!
Муҳтарам Кумирова Сино! Тибқи муқаррароти тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ истифодаи ҳама гуна маводди техникии мамнуъ, аз ҷумла, калкулятор дар дохили синфхонаи имтиҳонӣ манъ аст. Довталаби гиромӣ, барои гирифтани имтиёзҳо чунин шарту талабот пешбинӣ гардидааст: дастоварди довталаб дар сурате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар: фанне, ки довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз он ғолиб шудааст, барои ихтисос(ҳо)и интихобкардааш субтести асосӣ ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда бошад. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб". Ба ғолибони олимпиада(ҳо)и фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз фанни забони русӣ дар доираи кластери 5-ум имтиёз дода намешавад.
Салом. Лутфан маълумот медодед, ки имсол дар кластери 1-ум аз кадом фанҳо имтиҳон супорида мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 1 аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) химия ва (4) физика.
Рохнамои довталаб 2026_ кай мебарояд?
Гунаи электронии дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" барои соли 2026 дар наздиктарин рӯзҳо дар сомонаи Марказ: https://www.ntc.tj/ гузошта, дар шакли чопӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи феврали соли ҷорӣ дастрас карда мешавад (ройгон).
Салом ма чи тавр нархи ихтисосҳои 3 и донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи Сотим Улуғзодаро фаҳмам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маблағи таҳсили ихтисосҳои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ё дигар муассисаи таълимӣ дар гурӯҳҳои шартномавӣ дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" дар рӯзҳои наздик нашр мегардад. Ҳамчунин, дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.ntc.tj) дар шакли электронӣ интишор карда мешавад.
Ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муроҷиат кардан мехоҳам. Ман мехоҳам тибро ба забони англисӣ таҳсил намоям. Ман дидаам, ки Факултети байналмилалии тиб мавҷуд аст. Саволи асосии ман ин аст: Агар ман барномаи англисиро интихоб кунам, оё имтиҳони дохилшавии донишгоҳ ба забони англисӣ хоҳад буд ё ба забони тоҷикӣ/русӣ? Меҳрубона, лутфан пурсиши маро ба шуъбаи дуруст равона намоед ё суроғаи электронии онҳоро ба ман диҳед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи банди 14-ми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ гардидааст, саволу масъалаҳои тестӣ барои қисмҳои А ва Б ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Довталаб дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст. Забони таҳсилро бошад, пас аз комёб гаштан дар худи муассисаи таълимӣ интихоб менамоед.
Ман хатмкунандаи синфи 11 хастам ва мехохам ба сохаи праграмист яъне айтишники супорам Ин кадом Ихтисос хаст Аа кадом фанхоро месупорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосҳое, ки Шумо интихоб кардаед, дар гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1-ум ворид аст. Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин иборат аст: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) химия ва (4) физика.
Салом : ман Умар хатмкунандаи синфи 11. Ман мехоҳам бизнесмен шавам ва ин ихтисос дар кадом кластер мавҷуд аст ва кадом фанҳо ба ман лозим ҳастанд барои имтиҳон супори?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосҳое, ки Шумо интихоб кардаед, дар 2 гурӯҳи ихтисосҳо ворид мешавад: дар гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум ва 2-юм. Тибқи тартиб Шумо, танҳо, як гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб карда метавонед. Имтиҳонҳо бошад, аз фанҳои зерин иборат аст: Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) химия ва (4) физика ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм: (1) забони тоҷикӣ, (2) математика, (3) география ва (4) забони хориҷӣ** Довталаб дар интихоби субтест аз яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ)-и қисми А дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм ва 4 ум озод аст.
Салом, ман хатмкунандаи 11 синфи мебошам, барои электрики мошин дар кадом донишгох дохил мешавам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосҳое, ки Шумо интихоб намудаед, ба гурӯҳи ихтисосҳои 1 дохил мешаванд ва дар муассисаҳои таълимии зерин таълим дода мешавад: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Филиали "Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ"-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара, Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ва Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант.
Салом! Ман пас аз хатми синфи 9 дар шахри Санкт-Петербург дохил шудам, метавонам ки хучатхои худро онлайн супорам ? Аз сабабе ки мохи март-апрель айни хучатсупори ба Точикистон рафта наметонам вакти дарс.
Муҳтарам Додова Сафина! Тибқи тартиб довталабон дар 4 давр аз қайд гузашта метавонанд. Шумо метавонед, ки дар даври дуюм (аз 10-ум то 30-юми июни соли 2026) ва ё даврҳои сеюму чорум аз қайд гузаред. Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо аз тариқи бархат (онлайн) аз қайд гузашта наметавонед.
АССАЛАМУ АЛЕЙКУМ МАН ТАМОМКУНАНДАИ КОЛЛЕДЖИ АГРАРИИ ШАХРИ ПЕНЗА РФ. БАЪДИ ХАТМИ КОЛЛЕДЖ САНАИ 28.06.2026 ОЁ МАН МЕТАВОНАМ МАРКАЗИ МИЛЛИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН СУПОРАМ. БАРОИ ДОХИЛ ШУДАН БА ОМУЗГОРИ ХИМИЯ - БИОЛОГИЯ. КАДОМ САВОЛХОИ ТЕСТИРО ОМОДА КАРД? КАДОМ КЛАССТЕР?
Муҳтарам Холиқзода Гулсевар! Тибқи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Шумо пас аз хатми Коллеҷи аграрии шахри Пензаи РФ метавонед, ки дар ИМД иштирок намоед. Агар Шумо пас аз хатми коллеҷи мазкур ҳуҷҷати хатми таҳсилот (диплом)-ро гирифта тавонед, метавонед, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июни соли 2026) ба Тоҷикистон омада, аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаред.
Асалому алейкум! Як савол дорам соли гузашта дар сомонаи ММТ ( маркази миллии тести) савол ва чавобхои хамаи кластерхо баромада буд ва хамин сол дар сомона ворид шудем аммо кушода намешавад, ки бо довталаб тайёр кунем. Сабабаш дар бошад? Бахшиши зиёд. Сарбаланд бошед.
Намунаи саволу масъалаҳои тест 2026 (маҷмуаҳо) аллакай ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо рӯзҳои наздик дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
Ассалому алайкум намунаи саволу масалахои 2026-ро аз кучо дастрас кунам?
Намунаи саволу масъалаҳои тест 2026 (маҷмуаҳо) аллакай ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд (ройгон). Варианти электронии намунаҳо рӯзҳои наздик дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад.
1Чаро Аттор дусти нодонро маззамат номида, доштани доноро аз у авлотар мешумурад?
Савол нофаҳмост. Шумо бо ин саволатон аз мо чӣ фаҳмидан мехоҳед? Матлабро возеҳ ифода намоед.
Дар вакти имтихонхои марказонидашуда имтихонро бо забони англиси супоридан имконият дошта бошам ?
Не, наметавонед. Забони имтиҳонсупорӣ дар низоми имтиҳонҳои марказонидашуда тоҷикӣ ва русӣ аст. Агар Шумо ихтисосҳоро аз гурӯҳи ихтисосҳои 2, 3 ва 4-ум интихоб намоед, он гоҳ яке аз фанҳои имтиҳониатон (субтести 4-ум) забони хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ ва арабӣ) мешавад.
Ба Ман тестхои точики 2025 Ммт химия даркор
Шумо намунаи саволу масъалаҳои тести химияро аз сомонаи Марказ (https://ntc.tj) дастрас карда метавонед.
Савол ое дар донишгох саволхои тестиро Хар Сол иваз мекунанд е не
Оре, қисми бештари саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳар сол иваз мешаванд. Дар баробари ин ҳар сол дар ҳар варианти тест (аз ҳар фанни имтиҳон) то 40%-и саволу масъалаҳо такроран аз "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест" дода мешаванд. Бинобар ин аз "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест", ки ройгон ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешаванд ва ҳам нусхаи электронии онҳо дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj) гузошта мешаванд, дуруст истифода кунед.
Одам дар кадом баланди бе либоси космонавти зинда мемонад
Савол нофаҳмост. Шумо бо ин саволатон чӣ мехоҳед, мо нафаҳмидем.
Мегӯянд ки маркази миллии тестӣ дар соли 2026 аз фанни забони тоҷикӣ саводи довталабонро бо эссе месанҷанд. Оё ин хабар рост аст??
Навиштани иншо ва ё эссе ба забони тоҷикӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳоло ба нақша гирифта нашудааст. Довталабон имтиҳонҳои дохилшавиро мувофиқи низоме, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунад, месупоранд.
Салом! Ман мехоҳам ба донишгоҳ ба ихтисоси “Забони англисӣ” дохил шавам. Бигӯед, лутфан, оё дар имтиҳони қабулӣ иншо ё эссе ба забони тоҷикӣ мешавад? Агар ҳа, пас чӣ гуна беҳтар аст ба он омодагӣ гирифт?
Навиштани иншо ва ё эссе ба забони тоҷикӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳоло ба нақша гирифта нашудааст. Довталабон имтиҳонҳои дохилшавиро мувофиқи низоме, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунад, месупоранд.
Ман китобчаҳои маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-ро ба даст овардаам саволи ман ҳамин аст, ки баъди ҳал кардани саволҳои тести ҷавобҳои онро мо аз куҷо дида метавонем?
Калид (ҷавобҳои дуруст)-и саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои соли 2026 пас аз дастрас гардидан ба довталабон моҳи январи соли 2026 дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj) гузошта мешавад. Шумо метавонед аз ин саҳифа истифода кунед.
Асалому алейкум!саволи1-хонандаи МТМУ дар Як сол чанд маротиба хукук дорад аз Як МТМУ ба МТМУ-и дигар гузарад??? Саволи 2-юм Оё директор МТМУ-якум хукуки хонандагонро аз хат заданро дорад???
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳои Шуморо мавриди баррасӣ қарор дод. Ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки тибқи муқаррароти Оинномаи Марказ, ҳалли масъалаҳои марбут ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доираи ваколатҳои Марказ нест. Вобаста ба ин, Шумо метавонед, ки саволҳои худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор-Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоед.
1. Асалому алейкум; Номи ман Насим 22_сола ҳастам, оё ман метавонам ММТ- супорам? 2. Агар бақайдгири ММТ- аз 02-03-2026` Сар шавад; ҳангоми дар қайди ММТ-бошем моро ба хизмати ҳарби намебаранд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, Шумо метавонед, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2026 иштирок намоед. Бо саволи дуюм ба комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомататон муроҷиат намоед.
Ман тахсили мактаби миёнаро дар Туркия анчом додам атистатро аз ончо гирифтам магар ман метавонам ки дар Точикистон имтихон супорида дар университети Точикистон тахсил кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Ман мехоҳам бугалтер шавам дар ин ихтисос кадом донишгоҳ ҳаст кадом фанҳо лозим аст ба ман гуед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисоси мазкур дар нақшаи қабули беш аз 15 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ворид аст. Нигаред ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди ttps://www.ntc.tj/images/Downloads/cluster_11_2-2025.pdf . Ихтисоси Шумо интихобкарда, ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм ворид аст ва соли 2025-ум довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон супориданд: Забони тоҷикӣ, Математика, География ва Забони хориҷӣ.
Салом ман Юсуфзода Салмон хатмкунандаи синфи 11 ман мехоҳам праграмист яъне IT хонам борои ин кадом донишгоҳо ҳаст бояд кадом фанҳоро дони кадом саволҳо меояд ва чоҳо лозим аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳоло мо мушаххас ҷавоб дода наметавонем, зеро тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026-ум дар моҳи январи соли 2026-ум расонаӣ мешавад. Айни замон, онро гуфта метавонем, ки ихтисоси Шумо интихобкарда, ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ворид аст ва соли 2025-ум довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон супориданд: Забони тоҷикӣ, математика, физика ва химия. Бақайдгирӣ барои соли 2026, шояд, аз 02.03.2026 оғоз шавад. Бо эълонҳои Марказ бохабар шуда истед.
Асалому алайкум МАН имсол мактаби миëнаро буд мекунам факултети арабида аз кадом фанхо эгзамин мешавад ба жавобатон рахмат аз кадом сана сар мешавад эгзамин супори
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2026 расонаӣ мешавад. Айни замон, онро гуфта метавонем, ки ихтисоси Шумо интихобкарда, ба гурӯҳи ихтисосҳои 3 ворид аст ва дохилшавандагон аз фанҳои зерин имтиҳон месупориданд: Забони тоҷикӣ, таърих, адабиёти тоҷик ва забони хориҷӣ. Бақайдгирӣ соли 2026 шояд аз 02.03.2026 оғоз шавад. Дар ин хусус дар сомонаи Марказ эълон дарҷ хоҳад шуд. Лутфан, минбаъд суроғаи ҷойи истиқоматиатонро дуруст нависед.
Ман дар давраи дуюм хуҷат супоридаму ба колеч дохил шудам аммо хохиши хонданро дар колеч надорам бо мушкилихои зиндагии ба дарс нарафтам аз он чо хориҷ кардан мехоҳам дар давраи 4 рум хучатт супорам оё имконият хаст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, метавонед. Шумо имконият доред, ки дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил дар муассисаи тақсимотшудаатон, дар давраи чоруми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумурии Тоҷикистон, ки аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд, иштирок намоед. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Ман дар олимпиадаи мактаби чойи якумро гирифтам аз фанни физика акнун ба шахрияш меравам дар гимназия 1 мешавад ва ба он чо кадом масъала хо ва саволу чавоб тест меояд ман синфи 7 тухм мебошам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба устодон ва ё мутасаддиёни олимпиада муроҷиат намоед, зеро гузаронидани олимпиадаҳои шаҳрӣ дар ваколати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумшурии Тоҷикистон нест.
Салом! Савол ман даври 3ум Кати донишгохи миллии Душанбе гузаштагиюм лекин мегуянд, ки фармон як мохда меброя то фармон буромадана маро метавонад хизмати харби барад ё ин Ки да кучахо капида маро барад ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар салоҳияти комиссариатҳои ҳарбӣ мебошад. Аз ин сабаб, ба ин мақомот ва ё раёсати факултете, ки таҳсил менамоед, муроҷиат намоед.
Ман атестати хатми 9 дорам аммо то хол ба марказ хучатхоро наспоридам метавонам дар давре Ки холо гузашта истодааст ба кайд гирам ва ба ягон колеч супорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Мутаассифона, имконият надоред, зеро дар даври 4, танҳо онҳое иштирок карда метавонанд, ки дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ғоибона таҳсил кардан мехоҳанд. Дар ин шакли таҳсил тибқи тартиб дорандагони таҳсилоти умумии асосӣ ҳуқуқи таҳсил намуданро надоранд.
Салом. Барои баайдгир дар даври 4-юм (фосилави, гоибона) кадом хучатхо даркоранд ва нуктахои бакайдгири дар шахри Душанбе кадом МТМУ мешаванд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Давраи чоруми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумурии Тоҷикистон аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 пайдо карда метавонед. Доир ба макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар охири моҳи октябр дар сомонаи расмии Марказ мавод нашр хоҳад шуд. Таъкид менамоем, ки довталабон дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонанд.
Чи хел карда онлайн ба донишгоххои Точикистон экзамен супурда мешавад.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар тартиби гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба низом дохиланд, доир намудани имтиҳонҳо дар шакли онлайн ба нақша гирифта нашудааст.
Бад аз тахсили ду соли коледж нохатмкарда ба донишгох дохил шуда метавонад. Агар хатм кунандаи коледжи Россия бошад дар Точикистон дар сохаи худ кор карда метавонад .
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Доир ба он ки киҳо дар супоридани имтиҳонҳои маказонида иштирок карда метавонанд, аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 маълумот гирифта метавонед. Шахсони соҳибихтисосро корхонаҳое, ки ба чунин мутахассис ниёз доранд, ҳатман, ба кор қабул менамоянд.
Рузи 9 то 10уми октябр кучо рафтан лозим паёмак омад.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Лутфан, маълумоти пурраро аз кабинети инфиродиатон гиред, ё ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом алейкум, мехостам фахмам,ки маоши омузгор чи гуна хисоб карда мешавад. Мисол ! Муаллими Омадагии Ибтидои Харби(ОИХ) дар 1 хафта 4 соат дар дорад, 1 ставка кор мекунад. Хамин 1 ставкаю боз 4 соати дарсии дигар хисоб карда мешавад ё ин ки фанат 1 ставка ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Салом мехостам як чизро пурсам Оё дар даври 3 юм бакайдгири ман аз руйи ягон ихтисоси интихоб кардаам нагузаштам даври иловаги хаст? Яъне бо хамон бали ба даст овардаам дар ягон ихтисоси боки монда Гузарам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ аз рӯйи натиҷаҳои даври сеюми имтиҳонҳо иштирок намоед, доир ба муҳлат ва макони бақайдгирӣ бароятон СМС-паёмак фиристода мешавад. Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки Марказ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумурии Тоҷикистон-даври 4-ум аз 29-уми октябр то 28-уми ноябри соли 2025 бақайдгириро ба роҳ мемонад. Агар хоҳиш дошта бошед, иштирок намоед. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, вобаста ба ҷойҳои холимонда, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсилро интихоб карда метавонед.
Салом даври 3 юми иловаги хаст ? Яъне бо хамон балхоямон кучое гузарем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ аз рӯйи натиҷаҳои даври сеюми имтиҳонҳо иштирок намоед, доир ба муҳлат ва макони бақайдгирӣ бароятон СМС-паёмак фиристода мешавад. Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки Марказ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумурии Тоҷикистон-даври 4-ум аз 29-уми октябр то 28-уми ноябри соли 2025 бақайдгириро ба роҳ мемонад. Агар хоҳиш дошта бошед, иштирок намоед. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, вобаста ба ҷойҳои холимонда, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсилро интихоб карда метавонед.
Ба ман паемаки таксимот наомад?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои огоҳ шудан аз натиҷаи тақсимот Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом чиба раками назоратира кати рамз 100% дуруст менависи даромада намеша амура гуфтан хал мекнем накадиян олиям
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом:Холо ман дар донишгохи миллии Точикистон донишчуи курси 1 тахсил карда истодаам.Метавонам ба донишкадаи исломии Точикистон гузарам ба ихтисоси улуми Ислом
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Гузаронидани донишҷӯён аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи таълимии дигар дар салоҳияти ректорони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бо ин масъала, лутфан, бо ариза ба ректорони муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
Салом! Ман таксимоти такрорида аз кайд гузаштам, лекин дар варакчаи бакайдгирида раками назорати ва рамз кайд шудаги хаст хавай Кати дромада натонистестам, бо тугмачаи "рамзро фаромуш кардед" даромадам ва он чо Хар 2 номерои Ки ба варакчаи бакайдгири кайд шудааст паёмак фиристодам бо мегуядки раками телефон ё раками назорати хато ворид шудаги хаст мегуяд. Ман чандин варианто кати даромадани шудам лекин наметавонам даромада илтимос ба ман рохша нишон дихед!!! Фикр мекунам Холи бакайдгиримон кабинетда набромадаги бошад!
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шуда маълумот гиред.
Салом Ман дар даври сеюм имтихони донишгох рафтам вале аз мактаб нарафтм Ман аз кай метонам Боз супоррам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар давраи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумурии Тоҷикистон, ки аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд, иштирок намоед. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Салом.Лутфан ба саволи ман посух дихед.ман ба колечи омузгори дар давраи 2юм гузаштам валле мехостам ба дигар чо рох ёбам намехохам дар колечи омузгори тахсил кунам ба ихтисоси мехостагиам рох наёфтам гумон кардам ба мурури вақт одат мекунам валле хол он ки 1 мох гузашт валле одат накардам ба ман писанд нашуд мутасифона оё ман метавонам дар давраи 4 ум хуччат супорам ? Ён ,ки аз соли меоамад супорам лутфан ба ман чавоб дихед?) Ташаккури зиёд ба диккататон.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил дар муассисаи тақсимотшудаатон, дар давраи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумурии Тоҷикистон, ки аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд, иштирок намоед. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Добрый день! Поясните, пожалуйста, когда начнутся экзамены по стипендии "Дурахшандагон" на 2026 - 2027. И по каким предметам нужно сдавать экзамены по направлению "окружающая среда", "зеленая экономика" и другим схожим направлениям. И еще укажите язык экзаменов(интересует русский язык), пожалуйста
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани маълумот ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоед.
Ман иктисоси ибтидаи ба супирдаги ман гузаштими не
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо тавассути дафтари асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё аз бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шуда, маълумот гиред.
Н.Девашаштич дехаи Демнора
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, минбаъд матлабатонро равшан иброз намоед.
Оё чойи холи доред Кабул бо ммт ё бе ммт Чойи бйчед хаст ё дагавор Кабул то кай давом дорад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати муассисаҳо ва ихтисосҳои ҷойи холидошта пеш аз давраи бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Бақайдгирӣ барои даври чорум аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд (рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ ва шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис меёбанд, дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
МАН ДАР ЯГОНЧО ДОХИЛ ШУДАМ Ё НЕ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат метавонед, ки вобаста аз макони зистатон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиред. Нишонӣ ва телефонҳои нуқтаҳо дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalaboni-dar-davri-seyumi-imd-2025-ishtirokkarda.html
Салом. Баяд ба Донишгоҳ кадом намуди хуччатхоро пешниҳод кард. Ман дар даври 1 ум аз духтурон гузаштам натиҷаи аз духтур гузаштагиам ба ин даври 3 уми хуччатсупори низ истифода бурдан мумкин аст ё не. Ёки боз аз нав аз духтурхо гузаштан лозим аст ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: 1) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038У); 3) 6 дона сурат (3Х4); 4)маълумотнома аз ҷойи зист; 5) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 6) билети ҳарбӣ (агар бошад) ёшаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад). Барои гирифтани маълумоти муфассал ба комиссияи қабули муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
барои супоридани документ ба муассисахои таьлими,намунаи кадом маводхои лозимара бурдан даркор?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: 1) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038У); 3) 6 дона сурат (3Х4); 4)маълумотнома аз ҷойи зист; 5) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 6) билети ҳарбӣ (агар бошад) ёшаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад). Барои гирифтани маълумоти муфассал ба комиссияи қабули муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
Салом барои тахсил дар донишгох чи хужат лозим аст
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: 1) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038У); 3) 6 дона сурат (3Х4); 4)маълумотнома аз ҷойи зист; 5) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 6) билети ҳарбӣ (агар бошад) ёшаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад). Барои гирифтани маълумоти муфассал ба комиссияи қабули муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
Салом даври 4 умаш дар кучо баргузор мегарад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ барои даври чорум аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд (рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ ва шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис меёбанд, дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Салом маро мачбури водори навиштани аризаи худ барои адо намудани хизмати харби гирифтан ва аз гузаронидан! Лекин дар ммт супорида рузона гузаштам. Ман хукуки хонданро дорам ё, ки маро барои адо намудани хизмати харби мебаранд!!??? Бади гузариш ба донишгох чи хучат бояд пешниход намуд?!
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, ҳуқуқи хонданро доред. Агар аллакай дар хизмат набошед, ба муассисаи таълимии тақсимотшудаатон чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: 1) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038У); 3) 6 дона сурат (3Х4); 4)маълумотнома аз ҷойи зист; 5) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 6) билети ҳарбӣ (агар бошад) ёшаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад). Барои гирифтани маълумоти муфассал ба комиссияи қабули муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
Ассалому алейкум ба ман паёмак омад ман аз имтиҳони ммт гузаштам барои ҳозиршави ба Донишгоҳ кадом ҳуҷҷатҳоро бурдан лозим аст
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: 1) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038У); 3) 6 дона сурат (3Х4); 4)маълумотнома аз ҷойи зист; 5) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 6) билети ҳарбӣ (агар бошад) ёшаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад). Барои гирифтани маълумоти муфассал ба комиссияи қабули муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
Салом МАН аз таксимот нагузаштам оë имкони Дубора ба кайдгириро дорам илтимос муфасалтар мефахмондед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, имконият доред. Шумо метавонед, ки дар имтиҳонҳои дохилшавии даври 4-ум иштирок намоед. Бақайдгирӣ барои даври чорум аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд. Баргузории имтиҳонҳо 7-уми декабри соли 2025. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Салом ман Қаноатзода сайёра қаноат маркази тести гузаштам 2790108 пулаки 5900с ман модар надорам метавонам 2790106 пулаки 3080 с гузаронед 🥺
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Гузаронидани донишҷӯён аз як намуд ва шакли таҳсил ба дигар дар салоҳияти муассисаи таълимӣ мебошад. Бо ин масъала, лутфан, бо ариза ба ректор(директор)-и муассисаи таълимии тақсимотшудаатон муроҷиат намоед.
Салом бад аз таксимот кадом хуччатхоро ба донишгох супоридан даркор ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: 1) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 2) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038У); 3) 6 дона сурат (3Х4); 4)маълумотнома аз ҷойи зист; 5) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 6) билети ҳарбӣ (агар бошад) ёшаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 7) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад). Барои гирифтани маълумоти муфассал ба комиссияи қабули муассисаи дахлдор муроҷиат намоед.
Салом алейкум смс хами шаб миёмада бошад бад агар нагзгашта бошем ягон рохи дига ё даври дига хаст чавоб медоден пешаки рахмат 🥺
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати муваффақ нагаштан, метавонед, ки дар имтиҳонҳои дохилшавии даври 4-ум иштирок намоед. Бақайдгирӣ барои даври чорум аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд. Баргузории имтиҳонҳо 7-уми декабри соли 2025. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Салом. Ман метавонам аз нав ба кайд гирам. Ман мехохам Донишчуи курси 1 шавам. Маркази мили тести чанд давра дорад. Ба ман кумак кунед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои марказонидаи қабул барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар 4 давр баргузор мешавад. Соли ҷорӣ бақайдгирӣ барои даври чорум аз 29-уми октябр оғоз мегардад ва то 28-уми ноябри соли 2025 давом менамояд. Таъкид менамоем, ки дар ин давра, танҳо, шакли фосилавӣ ва ғоибонаро интихоб карда метавонед.
Хоҳиш ва илтимос гӯед як хол ба чанд бал гардонида мешавад.(1Кластер) Рости аз ҳиҷ ҷой маълумоти пура пайдо накардем.Хоҳиш силка равон накуненд танҳо нависед як хол ба чанд бал гардонида мешаванд.Ба силкаҳое ки мефиристет мо натавонистем даромада.Раҳмат
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Масалан, дар ИМД-2024 ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо аз субтести “Забони тоҷикӣ” дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум – “Табиӣ ва техникӣ” чунин буд: 1 хол-1,8766 бал ва холи ниҳоӣ 40-75 бал. Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест шумораи ҳадди аксари балҳо муайян шудааст. Барои миқёсгузории холҳои ҳар субтест миқёс (шкала, ҷадвал)-ҳои мувофиқ истифода мешаванд. маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 73-77).
Ое имкон дорад дар давоми соли техсил дохил шудан ба донишгоххои Олии Чт
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чи тавре ки борҳо таъкид шудааст, қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавасссути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 давр (тақсимоти охирин 19-уми декабри соли 2025) амалӣ карда мешавад.
Салом.Чаро хануз ба Ман хеч паёмаке фиристода нашудааст? Хатто кабинети инфиродиам низ Боз нашудааст. Лутфан чавоб дихед.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Пас аз ташхиси техникӣ ба Шумо посух медиҳем. Ҳамзамон, хотиррасон менамоеам, ки Шумо тавассути дафтари асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё аз бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шуда, маълумот гиред.
Ассаламу алейкум Ман хучатхои худро бакайд гирифтам вале Ман нимятим хастам ба кайд гирфта нашудаст, ба Ман Холи иловаги медиханд.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 муроҷиат намоед.
Салом чигуна феҳристи довталабонеро ки соли гузашта бо чанд бал ба кадом ихтисос гузаштаандро пайдо кунам пешаки раҳмат
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чунин маълумот (аз солҳои 2021 то 2024) дар сомонаи расмии Марказ дар ҷузвдони "Маълумоти оморӣ" дар пайванди https://stat.ntc.tj/ оварда шудааст. Марҳамат, истифода баред.
Салом ман аз якум смс рох ёфтед омадас дар дуюм смс хамихел бошад ман гузашта бошам ё алиш мешад бо
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Акнун натиҷаи озмуни тақсимотро, ки 29-уми сентябри соли 2025 эълон мегардад, интизор шавед. Шумо тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонии дар шаҳру ноҳияҳо ташкилмешуда маълумот гирифта метавонед.
Салом бар сари як хол чанд бал медиханд Боз агар хунар махорат Бали 100 гирем Амо тести бал кам мо метавонем аз руй интиход б гузарем
Дуруд, довталаби муҳтарам! Тарзи баргардонидани хол ба бал дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html оварда шудааст. Акнун натиҷаи озмуни тақсимотро, ки 29-уми сентябри соли 2025 эълон мегардад, интизор шавед.
Салом 51 хол чанд бал мешавад?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Тарзи баргардонидани хол ба бал дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html оварда шудааст. Барои ин зарур аст, ки гурӯҳи ихтисосҳо ва ихтисосу фанҳои имтиҳонсупоридаатонро омехта насозед.
Салом. Ба ман смс паём омад ки ман ба таксимот роҳ ёфтам, ин чӣ маъно дошта бошад? Ман 33 хол дорам вале дар ҷои ихтисосҳои гирифтаам 91.56 аст. Шарҳ медодед. Раҳмат.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Холҳои Шумо ба бал баргардонида шудааст, барои ҳамин фарқ мекунад. Акнун натиҷаи озмуни тақсимотро, ки 29-уми сентябри соли 2025 эълон мегардад, интизор шавед. Шумо тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонии дар шаҳру ноҳияҳо таъсисмеёфта маълумот гирифта метавонед. Маълумоти муфассал дар варақаи "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод гашта буд!).
Смс омад ки шумо ба озмуни тақсимот роҳ ёфтед бо қисми Б меспорем?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шумо як маротиба имтиҳон месупоред. Акнун натиҷаи озмуни тақсимотро, ки 29-уми сентябри соли 2025 эълон мегардад, интизор шавед. Шумо тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо таъсис меёбад, маълумот гирифта метавонед (нигаред ба варақаи "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод гашта буд!).
Салом алейкум варақаи чавобҳо ба кабинети инфиродии ман фиристода шуд ман ба он дохил шудам танҳо варақаи саволҳо дида тавонистам аммо ба саволу ҷавоби дурусти он дохил шуда натавонистам сабаб дар чи бошад
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар кабинети инфиродӣ натиҷаи имтиҳонҳоятон, ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои даври 3-юм дар сомонаи Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html оварда шудааст.
Рости ман нафахмидам ҳозир дар кабинети инфироди нусхаи саволҳо баромад ва ин нусха саволҳое ки мо худ дар марказ рӯзи имтиҳон кор када супорида будем ҳамонҳо мебошад.Инро чихел фаҳмем.Кай ҷавобҳои дурус мебарояд???
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар кабинети инфиродӣ натиҷаи имтиҳонҳоятон, ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои даври 3-юм дар сомонаи Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html оварда шудааст.
Чавоби гузаштан ё нагзвштвн кай миёмада боша
Дуруд, довталаби муҳтарам! Доир ба натиҷаи имтиҳонҳоятон, чи тавре ки дар рӯзи имтиҳон таъкид шуд, 26.09.2025 (тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) маълумот гирифта метавонед (нигаред ба банди 5-уми "Ёддошт барои довталаб"), ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод гашта буд!).
Имруз 25:09:2025 кай варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфироди мебарояд?То кай мунтазир шавем.Бо гуфта буданд ки рӯзи 21:09:2025 баъди имтиҳон мебарояд то ҳол мунтазирем!!
Дуруд, довталаби муҳтарам! Нусхаи варақаи ҷавобҳо пас аз санҷиш (верификатсия) дар кабинети инфиродӣ нашр мешавад.
Асалом алейкум ман якум давр юа 97 бал нагзаштм колечи тиби 3 давр супоридм нагзарм агар то ягон даври дигарам боша 😭😭
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марказ даври 4-уми бақайдгирӣ ва имтиҳонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил (дар доираи ҷойҳои холӣ), аз 29-уми октябр то 28-уми ноябр роҳандозӣ менамояд..
Салом. Балхои гузариш ба Донишгоххо даври 3 ум аз даври 1-2 фарк мекунад ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! То тақсимот (29.09.2025) баргузор нагардад, дар бораи балли гузариш маълумоти дақиқ додан имконнопазир аст.
Оё довталабон бо 26 бал аз имтиҳони маркази миллии тестӣ мегузаранд ё не
Дуруд, довталаби муҳтарам! Балли гузариши ихтисосҳо рӯзи тақсимот (29.09.2025) маълум мегардад.
Салом алейкум Барои чи то ҳол дар кабинети инфироди нусхаи Варақаи ҷавобҳо наомадааст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи гузориши шахсони масъул "Варақаи ҷавобҳо" пас аз санҷиш (верификатсия) 25.09.2025 дар кабинети инфиродиатон гузошта мешавад.
Салом,натиҷаи ҷавоби даври 3юм кай мебарояд,варақаи ҷавобҳо чӣ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар хусуси чанд хол гирифтан ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ва ё наёфтанатон, чи тавре ки дар рӯзи имтиҳон таъкид шуд, 26.09.2025 (тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо маълумот гирифта метавонед (нигаред ба банди 5-уми "Ёддошт барои довталаб", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод гашта буд!). Нусхаи варақаи ҷавобҳо пас аз санҷиш (верификатсия) дар кабинети инфиродӣ нашр мешавад.
Бо 26 бал довталабон аз имтиҳони маркази миллии тестӣ мегузарад ё не шакли таҳсил пулакӣ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш барои даври 3-юм 29-уми сентябри соли 2025-рӯзи тақсимот маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, тақсимот шудан ва ё нашуданро пешгӯйи намудан ғайриимкон аст.
Салом ман мехостам як чи пурсон шавам мо алакай имтиҳони даври сеюми ММТ супоридем Чаннат 21.09.2025 ба мо хотирасон карданд ки худи бегоҳи ҳамон рӯз ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳо дар кабинети инфироди партофта мешавад ва метавонем варақаҳоро бо ҷавобҳо санҷиш кунем аммо натаавонистам ҳамон санҷишро кунам дар кабинети инфироди нес мехостам кумак кунед доир ба ҳамин мавзӯъ ки чи хел варақаҳоро аз куҷо санҷиш кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (ҳамаи 15 вариант) дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст. Нусхаи варақаи ҷавобҳо пас аз санҷиш (верификатсия) дар кабинети инфиродӣ нашр мешавад.
Барои чи кабинети инфироди катъ гардид?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Чаро калиди чавобхо даври сеюми имтихонсупори наомадааст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (ҳамаи 15 вариант) дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст.
Здравствуйте. Скажите, пожалуйста, как посчитать баллы?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Маълумоти муфассал дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=698 Аз ин лиҳоз, пешакӣ дақиқан муайян намудани балҳо ғайриимкон аст.
салом ами чавобои даври сеюм кай меброян мо увора ай кчо биёв
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (ҳамаи 15 вариант) дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст. Минбаъд, лутфан, ба тарзи дурусти навишти калимаҳо ва маънии ҷумлаҳоятон диққат диҳед.
Салом ман рузи 21 рафтам тест супоридам кластери 2 гуфтанд шаб чавобхои дуруст мебарояд ман аз кучо чавобхои дурустро ёбам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (ҳамаи 15 вариант) дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст.
Салом чавобхои имтихонро кай нашр мекунанд дар сомонаи марказ кай маълум мешавад натичаи имтихонхо лутфан ба саволам чавоб дихед
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар хусуси чанд хол гирифтан ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ва ё наёфтанатон, чи тавре ки дар рӯзи имтиҳон таъкид шуд, 26.09.2025 (тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо маълумот гирифта метавонед) .
Ман чан хол гирифтам
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар хусуси чанд хол гирифтан ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ва ё наёфтанатон, чи тавре ки дар рӯзи имтиҳон таъкид шуд, 26.09.2025 (тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) маълумот гирифта метавонед.
салом ами чавобои баври 3 аз кучо биёвем амура равон мекаден
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (ҳамаи 15 вариант) дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст. Лутфан, ҳангоми навишт ба меъёрҳои забони адабӣ риоя намоед (Дар як ҷумла беш аз 10 ғалат)!
Салом ака ман ман дар колече ғайри давлати мехонам ман метавонам баяди 1семестир ба дигар колеч перевод гирифта метавонам ба чанд сӯм перевод мекна ва мешавад ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳарам! Бо ин суол ба муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоед. Минбаъд, лутфан, ҳангоми навишт ба меъёрҳои забони адабӣ ва услуби навишт диққат диҳед!
Дар намунаи саволу масалаҳои даври 3юум барои чи дар калидҳо танҳо як калид ҳаст ва варианташ ҳам навистаги нес оё ҳамаашон якхелаанд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (ҳамаи 15 вариант!) дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст.
Ассалом алейкум Ман ба маркази тести хуччат супоридам Хамин руз тести миллиро супоридам аммо ба ман ягон смс паемак бо рамзу пароли ман наомдааст. Холо мехохам ба кабинети инфиродии худ ворид шавад. Рамз ва пароли худро аз кучо ефта метавонам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салому алейкум. Экзамен имруз супоридагиро чавоби саволхо кай метод?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тестҳои дар даври сеюм истифодашуда дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст.
Салом алейкум ҳамин ҷавобҳои эгзамини даври сеюм кай меоянд роҳхат ёфта
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар хусуси ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ва ё наёфтанатон, чи тавре ки дар рӯзи имтиҳон таъкид шуд, 26.09.2025 (тавассути кабинети инфиродиатон, паёмак СМС, дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо маълумот гирифта метавонед).
Ман аз таьрих чан суолда дуруст жавоб додам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тестҳои дар даври сеюм истифодашуда дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2025-davri-ilovagi.html гузошта шудааст. Дар муқоиса бо китобчаи тестиатон метавонед, ки чанд хол гирифтанатонро муайян намоед.
Салом ба кабинети инфироди ворид шуда наметавонам ҳар чанд рамз ва рақами назоратиро бо диқат менависам аммо рамз ё рақами назорати нодуруст аст мегуяд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот, Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Ронандаи хавопаймо дар Кадом класстер дохил мешавад ва аз синфи чандум
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ин ихтисос ба кластери 1 дохил мешавад, лекин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ихтисос ба нақша гирифта нашудааст. Хуб мешуд, агар ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамудед.
Ман мехохам тест кор кунам чи тавр кардан мумкин аст ???
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар сомонаи Марказ таҳия шудааст, истифода баред. Дар ин хусус, ролики видеоӣ низ (https://ntc.tj/images/ slide/Darkhosti_ramz.mp4) ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" низ дар бораи хизматрасонии "Худро бисанҷ" https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=689 маълумоти муфассал дода шудааст.
Салом. Имтиҳони эҷод ва маҳоратро насупори ба дигар ихтисосҳое ки имтиҳони э ва мм надорад таъсири манфи намерасонад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Не, таъсир намерасонад. Натиҷаи имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, танҳо, ба он ихтисосҳое дахл дорад, ки супоридани чунин имтиҳонҳо пешбинӣ шудааст.
Салом Ман мехостам донам, ки ММТ даври 4-ум дорад ё не? Агар дошта бошад кай огоз мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои он нафароне, ки дар се давра имконияти аз қайд гузаштанро надоштанд, Марказ даври 4-умро роҳандозӣ менамояд (танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил дар доираи ҷойҳои холӣ), ки бақайдгирӣ аз 29-уми октябр то 28-уми ноябр давом мекунад.
Салом алейкум хоҳари ман ба кабинети инфиродӣ худро кушода натавониста истодааст Рамз ё рақами назоратӣ хато гуфта истодааст
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот Шуморо лозим аст, ки ба бинои асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва н. Рашт), ки ба макони истиқоматиатон наздик аст, ҳозир шавед ва ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73 ва 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом мо хизмата бади 27сентябр тамом мекнем ба метонем ки бо дохил шавем ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои он нафароне, ки дар се давра имконияти аз қайд гузаштанро надоштанд, Марказ даври 4-умро роҳандозӣ менамояд (танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил дар доираи ҷойҳои холӣ), ки аз 29-уми октябр то 28-уми ноябр (дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои инихобшуда) давом мекунад. Рӯйхат дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
Ассалому алейкум! Ман бо ихтисоси Баҳисобгирии муҳосиби таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф диплом дорам аммо коре пайдо накардам Ба ғайр аз соҳаи маориф ба дигар соҳа кори хубе пайдо накардам. Ман кадом ихтисосро интихоб карда ихтисоси худро такмил дода метавонам? То ин ки кори хубе пайдо кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Қабул барои гирифтани маълумоти дуюм дар ваколати муассисаҳои таълимист, аз ин сабаб бо ин суол ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
Салом ман чекро гирифтам имруз метавонам рафта ихтисосро интихоб кунам е ин ки алакай дер шуд
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои даври сеюм то 14.09.2025 муқаррар шуда буд.
Салом экзамен даври 3-юуми ММТ кластери 2 Кай баргузор мешавд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар варақаи "Ёддоштҳо", ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод шуда буд, дар ин хусус маълумоти муфассал дода шудааст. Баргузории имтиҳон барои ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо 21.09.2025.
Барои имтиҳонҳои давраи 3 , барои 21 сентябр даъватнома равон мекунед?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар бандҳои 2-юм ва 3-юми "Ёддоштҳо", ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод шуда буд, дар ин хусус маълумоти муфассал дода шудааст.
Салом даъватномаи даври 3 кай ва дар кучо гирифтан лозим ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар бандҳои 2-юм ва 3-юми "Ёддоштҳо", ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод шуда буд, дар ин хусус маълумоти муфассал дода шудааст. Даъватномаро аз он маконе мегиред, ки дар "Варақаи бақайдгири"-атон таъин карда будед.
> Муҳтарам — Маркази миллии тестӣ (НЦТ / ММТ), Салому алайкум. Ман (Номи шумо) — довталаби имтиҳони НЦТ ҳастам. Мехостам пурсидам: оё ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» (хусусан ҷойи 1-ум, 2-юм, 3-юм) ҳангоми ҳисоб кардани натиҷаҳои ММТ холҳои иловагӣ (bonus-балл) мегиранд? Агар ҳа, лутфан шумораи холҳо ва он ки оё дастовардҳои солҳои қаблӣ (мас., дар синфҳои 9–10) низ эътибор доранд ё танҳо дастовардҳои синфи 11. Ташаккур барои посух ва ҳамкорӣ.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 муроҷиат намоед.
Ассалому алайкум фарзанди ман 16 сола бемории диабети канд дорад майюби гурухи 2 ба хисоб меравад мехостам фахмам ,ки барои чунин майюбон аз тарафи давлат ягон имтиёз хаст барои хондан ба донишгохи тибби ба номи А. Сино
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати гирифтани холи гузариш ва тавсия додани мақомоти дахлдор ҳангоми тақсимот ба балҳои маъюбони гурӯҳи 1-2 150 бал илова карда мешавад. Маълумоти муфассал дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701
Рузи 21 сентиябр рузи имтихон бо формаи мактаби рафтан даркор
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар муасссисаи таълимиро соли ҷорӣ хатм карда бошед, албатта, бо сарулибоси тавсиявӣ. Бо либосҳои варзишӣ ва хонапӯшӣ ба имтиҳонҳои маркзонидаи дохилшавӣ ҳозир шуданро тавсия намедиҳем.
Салом 3юм давр супоридм хуччатома эгзамин чандум ва да кадом мактаб бояд бспорм ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар бандҳои 2-юм ва 3-юми "Ёддоштҳо", ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод шуда буд, дар ин хусус маълумоти муфассал дода шудааст. Баргузории имтиҳон 21.09.2025.
Салом даъватномахо кай меояд ва мо онро аз кучо мегирем ва имтихон кай аст эьлони натичахо кадом руз аст ва дарсхо аз кай шуруъ мешаванд лутфан ба саволам пура чавоб дихед
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар бандҳои 2-юм ва 3-юми "Ёддоштҳо", ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо пешниҳод шуда буд, дар ин хусус маълумоти муфассал дода шудааст.
ман 3давр супоидам смс наомадааст кай смс меояд ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ирсоли СМС-паёмак 19.09.2025.
Салом барои гузаштан аз ММТ чанд хол даркор кластери 2
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар низоми ИМД холҳои гузариш аз ин ё он ихтисос дар рӯзи тақсимот маълум мегардад ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Аз ҳамин сабаб, холи гузариш пешакӣ эълон намегардад
Салом! Ман аллакай аз кайд гузаштаам. Чӣ тавре ки ба ман маълум намуданд 21 сентябр имтиҳон оғоз мешавад. Тибқи Ихтисоси интихоб намудаам ман бояд кадом классеро хонда ба саволҳо омода шавам. Лутфан пурра муфасалтар фаҳмонед.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар мо надонем, ки Шумо кадом гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб намудаед, маслиҳат дода наметавонем, ки аз рӯйи кадом фанҳо ба имтиҳонҳо омода шавед. Маълумоти муфассал доир ба имтиҳонҳо дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691
Салом алейкум... синну соли довталаб барои коледҷи тиббӣ то чандсола бояд бошад? Аз мо як нафар довталаб 40 сола
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дохилшавӣ ба муассисаҳои тиббӣ маҳдудият дорад. Таҳсили довталабон дар шакли таҳсили рӯзона (ихтисосҳои самти тиб ҳамааш рӯзона!) то синни 35-солагӣ муқаррар шудааст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (с.17) ва дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=682. Барои гирифтани маълумоти ниҳоии муфассал ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
салом алейкум мо ройгон дохил шидем да колечи рогун 1 хафта хондем ай баьзе сабабхо махкул нашид мегем броем ай сар мактаб бхонем мешава?мо 2009 директори колеча гуфтем хоричмон намекна тарсондестай мега да практура пешниход мекнм чи кор кардан лозм?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ихтиёрист. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Салом.Дар бакайдгири бо либоси одди биеем мешавад
Дуруд, довталаби муҳтарам! Албатта, сарулибоси тавсиявӣ ҳатмӣ нест, лекин бо либосҳои варзишӣ ва хонапӯшӣ низ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, ки нуқтаҳои бақайдгирӣ дар он ҷо воқеъ аст, аз рӯйи этика нест.
Ман соли 2019 ДТТ ба номи академик М . С. Осимӣ дар ш. Душанберо аз рӯи ихтисосҳои электротаъминкунии корхонаҳои саноати (430103) хатм намудам оё агар ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудан хоҳам аз курси чанд қабул мекунанд.
Дуруд, шаҳрванди муҳарам! Қабул барои гирифтани маълумоти дуюм дар ваколати муассисаҳои таълимист, аз ин сабаб, бо ин суол ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
Салом, ҳангоми хонанда ба дигар Донишгоҳ дохил шудан метавонан онро иваз кунад?(мисол аз Технологический университет Таджикистана ба Таджикский национальный университет)Ва дар муддати чи кадар?
Дуруд, шаҳрванди муҳарам! Бо ин суол ба муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
Салом .Ман дар даври аввали ммт ихтисоси 2 супорида будам ва хуччатхоямро ба донишгох насупоридам .Ман метавонам дар даври 3 ихтисоси 2ро интихоб кунам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! То анҷоми давраи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии даври 3-юм (то 13.09.2025) бо супоридани 370 сомонӣ метавонед, ки гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисосҳо, шакл ва намуди таҳсил ва ғайраро иваз намоед.
Ассалом. Оё хак дорем, ки чойхои ихтисосхои интихобкардаамонро иваз намоем? Ба мисли ихтисоси интихобкардаи охирро ба чои аввал кучонем?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! То анҷоми давраи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии даври 3-юм бо супоридани 30 сомонӣ метавонед, ки гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисосҳо, шакл ва намуди таҳсил ва ғайраро иваз намоед.
Салом . Имрӯз ман аз аз бақайдгирӣ гузашта будам . Вале бақайдгиранда аз ман напурсида имтиҳони забони хориҷиро забони англисӣ навиштанд вале ман забони олмониро интихоб карда будам оё инро ман метавонам имтиҳони англисӣро ба олмони гардонам
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар ташвиш мабошед. Рӯзи имтиҳон ҳамон забони хориҷиро супоред, ки хуб медонед. Танҳо, дар варақаи ҷавобҳо ишора намуданро фаромӯш насозед.
Пас аз кабули шудани довталаб ба Донишгох кабинети инфироди фаъолият мекунад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, то якчанд муддат фаъол мемонад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба телефони 224 53 62 дар тамос шавед.
салом ман 2кластер супоридам аммо махкулам нашуд метавонам боз аз нав супорам дар вакти аз нав супоридан боз чеки банк даркор аст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! То анҷоми давраи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии даври 3-юм бо супоридани 30 сомонӣ метавонед, ки гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисосҳо, шаклу намуди таҳсил ва ғайраро иваз намоед.
Ассалому алейкум.Дар даври дуюм гузашта будам лекин бо сабабҳои гуногун ҳуҷҷатсупорӣ нарафтам.Дар даври сеюм аз бақайдгирӣ гузаштам. Оё маро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардан ҳақ доранд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар салоҳияти комиссариатҳои ҳарбӣ мебошад. Аз ин сабаб, ба ин мақомот муроҷиат намоед.
салом дар колечи тибби фарматсефти чои холи хаст ба 2009
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст.
Салом хучатхои таёркардаамонро мо бояд дар кучо супорем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html маълумоти муфассал доир ба макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирии даври сеюм оварда шудааст. Шумо дар нуқтаи бақайдгирии ба макони зистатон наздик худро номнавис намоед.
Салом дар Колеҷи саёҳи ва хизматрасонии иҷтимоъии Хуҷанд ҷои холи ҳаст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст.
Салом , Ман савол дорам, барои барои ба қайд гирифтан дар даври сеюм кадом ҳуҷҷатҳо заруранд? Маълумотнома, шаҳодатнома ва боз чи лозим ҳаст? Ва даъватнома дар ин давр ба кучо меояд? Дар телефони мобили ё ки ба шакли варақа ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html маълумоти муфассал доир ба макони бақайдгирии даври сеюм ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ оварда шудааст. Дар хусуси тайёр шудани даъватнома ба Шумо СМС ирсол мегардад.
Салом Алейкум. Ман мактабро 4 сол пеш хатм кардам . Кадом хуччатхо лозим аст барои бакайдгири ба имтихонхо ???
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html маълумоти муфассал доир ба макони бақайдгирии даври сеюм ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ оварда шудааст.
Салом. Ман мехоҳам ғолибони дохил шавам аммо дар марказ ба қайд нагирифтам.Метавонам дар ш.Душанбе дар нуқтаи бақайдгири худро ба қайд гирам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, метавонед. Ғолибона не, ғоибона (фосилавӣ), агар ҷойҳои холӣ мавҷуд бошад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр шудааст: https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html.
Салом.Мехостам дар бораи классери 3-юм Маьлумот дихед чанд чои холи мебошад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати мушаххаси ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм барои ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр шудааст: https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html.
Салом оё намояндаҳои донишгоҳ метавонанд ҷойҳои холи барои донишгоҳро донист ё ин ба маркази милли тестӣ вобаста аст.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати мушаххаси ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр шудааст: https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html.
Салом ман ба даври дуюми бакайдгири нарафтам метавонам дар даври сеюми бакайдгири иштирок кунам ??
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр шудааст: https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davrai-seyumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
Салом . Ман 2004 мактабро чансол пеш хатм кардам дохил шидм нахондм пура ман метавонам кластери 5 тибби аз нав спорам…. Ва чи хучатхо лозимай?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дохилшавӣ ба муассисаҳои тиббӣ маҳдудият дорад. Таҳсили довталабон дар шакли таҳсили рӯзона (ихтисосҳои самти тиб ҳамааш рӯзона!) то синни 35-солагӣ муқаррар шудааст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (с.17) ва дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=682. Маълумоти ниҳоиро аз худи муассисаҳои дахлдор низ гирифтан мумкин аст.
Салом , Ман дар даври якум Бо 265 бал ба хучанд дохил шудам. Дар даври 3 бо хамин бал дар Душанбе дар кластери 3 дохил шуда метавонам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш барои даври 3-юм 29-уми сентябри сол 2025-рӯзи тақсимот маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, тақсимот шудан ва ё нашуданро пешгӯйи намудан ғайриимкон аст.
Ман 265 бал гирифтам шумо Кадом ихтисоси кластери 3ро ба ман тавсия медихед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Лутфан, ихтисосҳои дилхоҳатонро интихоб намоед.
Салом барои даври 3 ум хуччатсупори санаи чанд бояд ба кучо хозир шавем
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Ассалому алайкум, ман ба Донишгохи Милли ба ихтисоси Психология шартномави гоибона гузаштам аммо бо якчанд сабабхо дар вакти муайяншуда ба хуччатсупори ба худи донишгох хозир шуда натавонистам, лутфан ба ман бигуед ки ое ман хучатхоямро пешниход карда метавонам е на хохиш мекунам ба ман маслихат дихед ман чикор кунам ман хондан мехохам…
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом ман 22сола ҳастм мехоҳм дар кластери чорум супорум дар даври сеюм оёо имконияташ ҳаст ва чи гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале. аввалан, бо рӯйхати ҷойҳои холӣ, ки барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст, шинос шавед. Дар ҳолати пайдо намудани ихтисосҳои писандидаатон ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшавандаро, ки дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab. html?view= article&id=684 гузошта шудааст, омода намоед ва баъдан аз қайд гузаред.
Салом ман 2 юм кластер гузаштам бо ихтисоси Иктисодиёт ва идора дар корхона оё ман бояд саҳар ба дарс равам ё инки нисфирузи ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷадвали дарсии ҳар як ихтисос ва факултет аз ҷониби факултети дахлошта таҳия мегардад. Оид ба ин масъала ба раёсати факултети дахлдор муроҷиат намоед.
Ассалому алекум Ман Бурибекова Мафтуна мехостам фахмм ки дар кадом донишгоххо, кадом ихтисосхо чойхои холи монда АСТ.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст.
Салом ман синфи 9ба ихтисоси 5супоридаам аммо аз ҳисоби балҳои ба даст овардагиям ба шаҳри Истаравшан гузашта натавонистам ҳоло акнун боз шанс дорам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ҷойҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Ба коллеҷи дилхоҳатон дохил шудан бошад, ба тайёрии худи Шумо вобастааст.
Маоши вазифавии кормандонии муваккати (2025) кай пардохт мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чи тавре, ки аз бахши молия иттилоъ доданд: "Маоши кормандони муваққатӣ давра ба давра пардохт шуда истодааст. Маоши кормандони муваққатии дар вилояти Суғд фаъолиятнамуда, дар давраи навбатӣ пардохт карда мешавад".
Салом барои даври 3 уми хуччатсупори малумот дихед кай ва дар кучо бояд супорем ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Рӯйхати ҷоҳои холӣ барои интихоб дар даври сеюм дар сомонаи Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html гузошта шудааст. Ҳамчунин, шакли чопии рӯйхати мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирӣ низ мавҷуд аст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар 11 шаҳру ноҳия таъсис дода шудааст, дар сомонаи расмии Марказ нашр мешавад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом. Як савол доштам. Ман соли 2022 имтихон барои дохилшави ба кластери 5 супорида будам ва ба донишгохи милли гузаштам. Он вакт телефони мобилии ман дигар буд ва Рамзи кабинети инфиродии ман дар он буд. Хозир бошад бо телефони навам мехохам ба кабинет ворид шавам, аммо рамзро аз ёдам баровардаам чунки он 3 сол пеш буд. Дар холи хозир ин ба ман хеле ва хеле мухим аст. Метавонад рамзро ба почтаи электроннии ман равон кунед. Пешаки рахмат
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бояд тазаккур диҳем, ки хизматрасонии "Кабинети инфиродӣ" танҳо дар марҳалаи соли имтиҳонӣ фаъол мебошад. Мутаассифона, хоҳиши Шуморо иҷро карда наметавонем.
Салом устод мухтарам ман ба савол доштам ман ба колечи тибби н рудаки гайридавлати дохил шудам ое ман имконият дорам ба колечи чумхурияви интикол гирам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф донишҷӯй ҳуқуқ дорад, ки аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигари таълимӣ интиқол гирад. Интиқоли донишҷӯй дар ваколати ректор (директор)-они муассисаҳои таълимист.
Салом раками назорати 8222251100151мехостан фахмам гузаштам ë не
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси Менеҷменти бонкӣ, рӯзона, пулакӣ - 4400, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) ГУЗАШТЕД.
Салом Ман ба шакли фосилави гузаштам мехостам фахмам Ки Чи тавр шакли фосилавиро мехонанд якбор мефахмондед ва инчунин саволи Дигар хам дорам маблаги тахсил ро дар аввал хаммашро месупоранд ё нимашро максад авали Сол 50%ва охири сол50%?илтимос чавоб дихед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавоби ин суолҳо дар ваколати муассиса мебошад. Бинобар ин, бетаъхир ба муассисаи тақсимотшудаатон ҳозир мешавед ва ба ҳамаи саволҳоятон посух мегиред.
Салом ман дар колечи технологи Точикистон фармацев гзаштам аз 1 .10. 2025 то мохи январ хонам ба колечи тибби нохияи Рудаки гайри давлати перовод гирам мешавад ёне илтимос ба ман мегуфтед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф донишҷӯй ҳуқуқ дорад, ки аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигари таълимӣ интиқол гирад. Интиқоли донишҷӯйон дар ваколати директорони муассисаҳои таълимист.
Салом нафароне, ки дар даври сеюм мегузаранд чандуми октябр метавонанд хучатхои лозимиро ба донишгохи рох ёфтаашон супорандва чандуми октябр метавонанд ба донишгох ба дарс раванд?рахмат
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳозиршавӣ дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти даври сеюми имтиҳонҳо аз 29-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2025.
Салом ман шаҳри ваҳдат гузаштам он ҷо мада дур аст метавонам ба ноҳиям Рӯдакӣ иваз кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Пас аз тақсимот Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаи таълимиро надоред. Дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом раками назорати 8111251100431 Ман мехостам фахмам Ки Ман гузаштам ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора, фосилавӣ, пулакӣ - 2800, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) ГУЗАШТЕД. Муборак бошад. То 01.09.2025 ҳуҷҷатҳоятонро ба муассисаи мазкур бояд супоред.
Салом ман дар даври дуюм ба динишгохи славянский гузоштам бад рузи хониш яни 1сентября чехел документ лозим мешавад барои даромадан.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба комиссияи қабули муассисаи тақсимотшудаатон муроҷиат намоед.
Салом донишкадаи исломи точикистонро Нав кушоданд оё духтаронро Кабул мекунанд ва даври сеюм низ дорад лутфан чавоб медодед
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Қабули духтарон дар соли таҳсили 2025-2026 бо роҳи ИМД дар назар нест. Ҷойҳои холӣ барои даври сеюм 01.09.2025 маълум мешавад.
Салом ман ба кластери 1 кум ба донишгохи давлатии хукук бизнес ва сиёсати точикистон дохил шудам ба шакли фосилави аз кай ман бояд ба донишгох хозир шавам. 1 сентябр ман рафтанам даркор ё не?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба комиссияи қабули муассисаи тақсимотшудаатон муроҷиат намоед.
Салом Ман ба 83 Бад метавонам дар колечки омузгори Шахри хисор гзарам роёгон
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар Шумо Қурбонова Адиба Фирузҷоновна бошед, натиҷаи озмуни тақсимотатон чунин аст: Аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси Математика, рӯзона, ройгон, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор) ГУЗАШТЕД. Муборак бошад.
Салом оё дар даври сеюми бакайдгири мисли даври якум хуччат месупорем ?(аз мактаб боз справка мегирем?)
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab. html?view= article&id=684. агар хатмкардаи синфи 11 бошед, шаҳодатномаи хатм (аттестат)-ро, агар синфи 10 бошед, маълумотнома бо сурат. Қабл аз оғози бақайдгирӣ талаботи ниҳоӣ нашр мешавад.
Салом. Ман дар даври дуюм иштирок намудам. Ман дорои 41 хол ва колечи муҳандисию омӯзгории ш. Душанберо гирифтам сабаби нагузаштани ман дар чи бошад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балҳои Шумо барои тақсимот ба ихтисосҳои интихобнамудаатон камӣ кардааст. Ба кабинети инфиродиатон дохил шуда, сабабшро фаҳмида метавонед.
Салом ман дар рузи 26.08.25 дар таксимоти такрори иштирок накардам кай метавонам боз иштирок кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (агар синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Теъдоди ҷойҳои холии ихтисосҳои боқимонда пас аз тақсимоти такрории иловагӣ 01.09.2025 маълум ва нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом ма якум давр гзаштм хуччатома наспоридм да Донишгох бо кай ай нав ба кайд гирифта метонм ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Теъдоди ҷойҳои холии ихтисосҳои боқимонда пас аз тақсимоти такрории иловагӣ 01.09.2025 маълум ва нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Ассалому алайкум. Ман дар вақти ҳуҷҷатсупори ҳуҷҷатҳоямро дар кластери 3юм супорида будам. Лекин дар даври якуми имтиҳон иштирок карда натавонистам. Оё то ҳол имконаш ҳаст ки ман имтиҳон супорам? Ё ки аз нав бояд ҳуҷҷат супорам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ки бо супоридани 370 сомонӣ (синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Теъдоди ҷойҳои холии ихтисосҳои боқимонда пас аз тақсимоти такрории иловагӣ 01.09.2025 маълум ва нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом ман мехостам фахмам ки чавоби нуктаи бакайдгири 24 то 26 август кай мебиёяд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимоти такрории иловагӣ 29-уми август эълон мешавад. Муҳлати ҳозиршавӣ ба муассисаҳои таълимӣ то 01-уми сентябр.
Салом ман довталаб хастам агар ман тарафхои Конибодом ё ваҳдат кабул кунам бад перевод карда мешавад тарафи ноҳияи Рӯдакӣда?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф донишҷӯй ҳуқуқ дорад, ки аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигари таълимӣ интиқол гирад. Интиқоли донишҷӯй дар ваколати ректор (директор)-они муассисаҳои таълимист.
Салом ман дар кабинети инфироди худ раками назорати ва рамзро дуруст ворид мекунам вале мегуяд нодуруст аст ман бояд чи кор кунам
Шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани маслиҳат ба телефонҳои (+992 37) 224 53 62, 224 53 73, 224 53 86 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом. Мебахшеду савол хандаоварам бошад дар донишгоҳ чихел либосу сумка гирифтан даркор фарқ надорад ми либос рангаш кабуд ё сиёҳ бошад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Сарулибос бояд тавсиявӣ бошад, ҷузвдон мувофиқи хоҳиш. Маълумоти муфассалро аз муассисае, ки тақсимот шудед, гирифтан мумкин.
Салом!Барои даври 3-юм ба кучо бояд хуччат супорем ба кадом муассисаи таълими ва чихел хуччатхо лозиманд?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо супоридани 370 сомонӣ (агар синфи 9 бошед, 320 с.) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холии ихтисосҳои боқимонда пас аз тақсимоти такрории иловагӣ 01.09.2025 мълум ва нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab. html?view= article&id=684.
Салом.Танхо зудтар чавоб дихед! Ман дар даври якум ба донишгохи милли гузаштам ва хуччатхоямро то 6 август насупоридам ва ман метавонам дар даври такрори санаи 24 26 август доир мегардад иштирок кунам. Ба савол зудтар чавод дихед.!!!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Не, наметавонед.
Ман 32хол гирифтам бо колежи тибби шахри турсунзода мегузарам ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш рӯзи тақсимот маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, гузаштан ва ё нагузаштанро пешгӯйи намудан ғайриимкон аст.
Салом: Маро барои даври сеюм дар н. Рашт даъват карданд рафта натавонистам метавонамки дар ягон маркази бақайдгирии дигар аз қайд гузарам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед. Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ дар ш.Душанбе дар МТМУ №100 ва №70 то соати 17:00 26.08.2025 фаъолият мекунанд.
Ассалому алейкум устодони азиз. Ман дар кластери 5 бо 225 балл дар ягон ихтисос нагузаштам ҳоло он, ки ихтисоҳои да бахши дуюм интихоб кардани ман аз бали ман паст буданд, илтимос ҷавоб гардонед ба саволи ман ,бахшиш, раҳмати калон
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин балле, ки Шумо доред, фақат дар гурӯҳи ихтисосҳои 1 ва 2, дар ихтисосҳое, ки ҷойҳои холии зиёд доштанд, комёб шудан мумкин буд.
Салом Ман ба колечи тибби дохил шуданиям ба шакли пулаки аз даври 3 Юм чойхои холи хаст ва ягон чиз лозим мешавад ягон хуччат лутфан маьлумоти пурра дар ин бора равон кунед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки бо супоридани 370 сомонӣ маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом Ман тарзи истифода бурдани кабинета инфиродиро натавонистам то ки аз холҳои худ хабардор шавам ё роҳхат ба кадом ихтисос шуданамро фаҳмам чи кор кунам
Шаҳрванди муҳтарам! Ба рои аниқ намудани натиҷа ба телефонҳои 224.53.62, 224.53.73, 224.53.86 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
Салом ман аз интихоби 7-умам гузаштам аммо ман холо дар дигар чо хастам барои хуччат супоридан ба мо то 23-юм вакт додаанд ман метавонам фардои хамон руз рафта супорам ман намехохам аз ихтисосам даст кашам лутфан чавоби дакик медодед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои шахсони деркарда 27.08.2025 дар бинои асосии Марказ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 гурӯҳи корӣ фаъолият менамояд, агар дар ихтисосе, ки Шумо тақсимот гаштаед, ҷойи холӣ монда бошад, ба Шумо роҳхати нав медиҳанд. Метавонед, ки дар ин рӯз ба бинои Марказ ҳозир шавед.
Салом ба ман дар даври дуюм смс наомада буд шумо ба мо занг зада будед гуфтед ки санаи 24 ба шумо паём мефиристем аммо нафиристодед пешаки гуям ки раками мобилие ки ман дар варакахоям дода будам нодуруст кайд карда буданд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз мост, ки бар мост! Рақам нодуруст бошад, чӣ тавр СМС мераавад? Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ рӯзи 26.08.25 ба МТМУ № 70 (ш. Душанбе) рафта, аз қайд гузаред. Шиноснома ё ҳуҷҷати дигар, расиди бонкӣ (30 сомонӣ) ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро фаромӯш накунед!
салом чойхои холи барои каластери 3 малум шуд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати электронии ҷойҳои холӣ барои тақсимоти такрории иловагӣ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html ва шакли чопиаш дар нуқтаҳои бақайдгирӣ. Лутфан, минбаъд барои дуруст, бо забони адабӣ баён намудани матлаб кӯшиш намоед.
Салом алейкум. Ман дар даври аввал ва дуюм иштирок кардам аз руи кластери 5 ум аммо ноком шудам. Ман даври аввал ва дуюмро дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифтам ва дар ҳамонҷой супоридам аммо мехоҳам даври сеюмро дар шаҳри Душанбе ба қайд гирам чун ки барои ман мувофиқ аст. Лутфан барои ман гуед ки мешавад е не. Паемаки ммт алакай омадааст ва маконро низ дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст. Агар ҷавоб ҳа бошад бо тафсил баен кунед. Қаблан сипосгузорам !
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед. Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ дар ш.Душанбе дар МТМУ №100 ва №70 то соати 17:00 26.08.2025 фаъолият мекунанд.
Салом ман мехостам фахмам ки метавонам дар таксимоти 24 то 26 иштирок намоям? Довталабоне ки дар даври 3-юм иштирок менамоянд агар донишгох шомил шаванд аз мохи октябр ба дарс мераванд илтимос ба савол пурра чавоб дихед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Не наметавонед. Онҳое, ки дар даври сеюм тақсимот мешаванд, дарсҳояшон моҳи октябри соли 2025 оғоз мешавад.
Ман дар даври авал иштирок накардам метавонам дар даври Бади иштирок кунам ба он маблаги супоридам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Не, наметавонед.
Ба ман смс омад аз ммт ки шумо метавонед дар даври такрори 24 08 2025 ба бахши минтақави шаҳри Бохтар рафта аз қайд гузаред. Шумо метавонед адреси аниқи онҷо ро гуед дар куҷои шаҳри Бохтар аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/mu-lat-va-tartibi-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-ta-simoti-takrorii-ilovagi.html
Салом ба ман sms омад ки санаи 24.08.2025 ба бахши минтақави шаҳри хуҷанд рафта аз қайд гузаред анит тараш дар куҷо баргузор мегардад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/mu-lat-va-tartibi-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-ta-simoti-takrorii-ilovagi.html
ассалому алайкум ман донишҷӯ шуда будам аз сабаби вафоти очаам то 6 август иштирок карда натавонистам. Ҳозир ман чи кор карданам лозим, ки барои донишҷуи тибби шавам аз моҳи сентябри 2025?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки бо супоридани 370 сомонӣ (агар синфи 11 бошед) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 224.53.73 ва 224.53.68 занг занед.
Саломуалайкум ман як саволи ҷиддӣ доштам оид ба ихтисос ман ҳозир фарҳанги ҷаҳонӣ ватанӣ.Фолклор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам рӯзона.Баъд баъди якум семестр перевод мегирам ба таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳанги англисӣ-хитоӣ.Ман боз мехоҳам ба миллӣ алгебраҳам дохил шавам омӯзам фосилавӣ малими алгебра оё мумкин ду касб дар д.миллӣ
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳрванд дар як вақт дар ду муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳсил карда наметавонад. Барои маълумоти муфассал ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Ассалом ҷойҳои холи ба даври тақсимоти такрори кай элон карда мешавад ва аз куҷо ёфтан мумкин
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати электронии ҷойҳои холӣ барои тақсимоти такрории иловагӣ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/ruykhati-ikhtisoshoi-doroi-joihoi-kholi.html ва шакли чопиаш дар нуқтаҳои бақайдгирӣ.
Ман пули шартномаро супоридам метавонам рафта гирам боз пули шартномаро аз колечи шархи бохтар ман намехохам дар колеч тахсил кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба муассисаи таълимии тақсимотшудаатон муроҷиат намоед.
Салом дар тақсимоти такрори 2юм бали гузариши кластери 1ё2 чанд буд ба ман бигуед раҳмат барои ҷавоб додан
Шаҳрванди муҳтарам! Баллҳои гузариши тамоми ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ баъдтар, пас аз ҷамъбасти тақсимотҳо дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
Салом барои синфхои 9 дар давраи сеюм мохи сентиябр оё иштирок карда метавонанд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, иштирок карда метавонанд, агар ҷойҳои холӣ боқӣ монад.
Салом ман мехостам пурсам ки имконияташ хаст ки шумо мегуфтед ки нуктай бакайдгири 24 то 26 авгус дар кучоаст ба ман смс намёмадааст илтимос мегутед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ дар нишонии шаҳри Душанбе МТМУ №100 ва №70 то соати 17:00 26.08.2025 фаъолият мекунанд.
Салом мехостам фахмидан ки ман аз даври дуюми кластери 5 гузашта бошам? Рамзи нав додан натавониста истодаам даромада да кабинети инфиродиям.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби он ки бо ному насаби Шарипова Сумая якчанд довталаб ҳаст, мо наметавонем ба саволи Шумо посух гардонем. Лутфан, ном, номи падар ва номи хонаводагиро пурра нависед, ё рақами назоратиатонро. Агар имконият доред, ба нуқтаҳои бақайдгирии воқеъ дар МТМУ №№100 ё 70 рафта, маълумот гиред.
салом, ман дар даври якум гузаштам, аммо ба донишгох хозир нашудам ва мехохам ба ягон донишгох дохил шавам, чи карда мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил Шумо имконият доред, ки бо супоридани 370 сомонӣ (агар синфи 11 бошед) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
САЛОМ МАН САВОЛЕ ДОШТАМ ЧАРО МАН БО 92 БАЛ БА КОЛЕЧИ ТИББИ ХИСОР НАГУЗАШТАМ Ё БА КОЛЕЧИ ТИББИ Н РУДАКИ АММО ХАМСИНФАМ БО 67 БАЛ ГУЗАШШТ АЗ ЧИ САБАБ БОШАД
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби он ки ҳамсинфи Шумо кадом ихтисосро интихоб намудааст, ба мо маълум нест, ба суолатон ҷавоб гардонида наметавонем.
Салом як савол доштам ман аз таксимоти такрори рох ёфтам аммо то 23-юми август барои хуччат супори вакт додаанд ман дар дигар чо хастам имкони омадан надорам метавонам фардои хамон руз омада хуччатхоро супорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 27.08.2025 ба бинои асосии Марказ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 ҳозир шавед.
1083251100346 салом ин рақами назоратии ман аз куҷо фаҳмам ки дохил шудам ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо аз рӯйи ягон интихобатон тақсим нашудаед. Барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ бояд рӯзи 25.08.25 ба МТМУ № 70 (ш. Душанбе) рафта, аз қайд мегузаштед. То соати 17:00 26.08 2025 имконият доред, ки дар муассисаи мазкур аз қайд гузаред. Шиноснома ё ҳуҷҷати дигар, расиди бонкӣ (30 сомонӣ) ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро фаромӯш накунед!
Савол:Салом ман дар донишкадаи фарханг ва санъати Мирзо Турсунзода шомил шудам бо 53 бал холо ки бали ба даст овардаи Ман 167 бал аст магар ман ба шуъбаи будчави рох намеёфтам ? Ман мехохам дар даври 3-юми бакайдгири иштирок кунам Ман кай имтихон месупорам вай кай маълум мешавад ки Ман гузаштам ё нагузаштам ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати ҳозир нагаштан ба муассисаи таълимии тақсимотшуда, Шумо имконият доред, ки бо пардохти маблағи пурра барои хизматрасонӣ (370 сомонӣ) дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Имтиҳҳонҳо 21-уми сентябр. Эълони натиҷаи тақсимот 26-уми сентябр (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии фиристодани паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо). Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд аст.
Салом бо 115 бал кати кадом кластер барои гузаштан осон дар даври тақсимоти иловаги шумо тавсия медиҳед раҳмет барои хондан ва ҷавоб додан
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба ин суолатон 21.08.2025 ҷавоб гардонида будем (танҳо, он ҷо 100 бал навишта будед).
Оё андози хона,мурғхона,оғил ё худ говхона як хел мебошад ва чанд сомони як метри квадра?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, бо ин суоли худ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Салом ман мехостам фахмам кай смс мебиёяд барой нуктай бакайд гири
Дуруд, довталаби муҳтарам! Доир ба замон ва макони нуқтаи бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ 22.08.2025 пас аз соати 14:00 ба унвони довталабон СМС-паёмак ирсол мегардад.
оё барои каластери 3 чой барои касбхои тарчумон дар даври сеюм холи хаст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Теъдоди ҷойҳои холӣ барои даври сеюм пас аз ҷамъбасти тақсимоти такрории иловагӣ 02.09.2025 муайян ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Шакли чопии ин мавод ба нуқтаҳои бақайдгирӣ то 02.09.2025 дастрас мегардад.
Салом ман довталаб хастам боз ба кадом ихтисосхо ҷой хастанд масалан ихтисоси 3ҷой хастанд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Теъдоди ҷойҳои холӣ дар тақсимоти такрории иловагӣ 22.08.2025 пас аз соати 14:00 муайян ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Шакли чопии ин мавод ба нуқтаҳои бақайдгирӣ то 24.08.2025 дастрас мегардад.
Маълумоти бештар дар бораи даври 3юм
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бори дигар таъкид менамоем, ки даври сеюми бақайдгирӣ аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад. Пас аз супоридани маблағи пурраи хизматрасонӣ худро номнавис карда метавонед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мешавад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
Салом як савол ман дар россия мебошам барои фахмидани чавоби ммт кабинети инфироди ба номрои тчк май бояд сабшени брава номром дар россия чикор кунам ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Зуд рақами назорати ва ё рақами даъватномаатон, ё ном, номи падар ва насабатонро беғалат ирсол намоед, зеро бо ин ному насаб дар пойгоҳи мо якчанд довталаб ворид ҳастанд. Бо дастрас гардидани маълумоти пурра ва дақиқ мо натиҷаатонро маълум менамоем.
Асалом ман мехостам чойхои холиро ки ба таксимоти 3 юм пешниход мекунанд барои кластери 5 кай мебарояд бифахам, оё дар таксимоти 3 юм боз имтихон месупорем ё бо холхое ки дар таксимоти аввал гирифта будем бо онхо моро боз ба донишгоххо мегузаронанд? Илтимос чавоб медолед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, таъкид менамоем, ки мафҳумҳои "тақсимоти такрории иловагӣ" ва "даври сеюм"-ро фарқ намоем. Агар Шумо Мамадҷонова Марҳабохон Каримҷоновна ҳастед, аллакай аз рӯйи интихоби 8 (ихтисоси 1790101, рӯзона, пулакӣ - 14250 сомонӣ, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон (ғайридавлатӣ)) ГУЗАШТАЕД ва ҳоҷат ба тақсимоти такрориву имтиҳони даври сеюм надоред, агар аз таҳсил даст кашида бошед, имконият доред, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, пас аз супоридани маблағи пурраи хизматрасонӣ худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мешавад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
Дар коллечи омори шахри Вахдат барои хонадаи баъди синфи 9, кластери якум ва дуюм дар даъвати дуюм чанд чои холи вучуд дорад?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шояд Шумо тақсимоти такрории иловагиро дар назар доред, зеро даври дуюм моҳи июн доир шуда буд. То оғози бақайдгирӣ (24.08.2025) барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ рӯйхати ниҳоии ҷойҳои холӣ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад ва ҳам шакли чопиаш ба нуқтаҳои бақайдгирӣ дастрас мешавад.
барои даври 3 кадом ҳуҷҷатҳо даркор мешавад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чун дар даврҳои якум ва дуюм барои номнависӣ ҳуҷҷатҳои дар пайванди зерин таъкидшударо пешниҳод менамоед: https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-baqaydgiri-va-aznavbaqaydgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html
Салом алейкум. Оё дар каластери 5 доир ба ихтисосҳои соҳаи тиб дар Донишгоҳи Д.А.Сино ,ДМТ ва Д.Д.Х. чойи холи вуҷуд дорад ва дар имтиҳони даври 3 юм ки рӯзи 22 сентябр мешавад чойи холи мемонад.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, бо ҷавобҳои қаблӣ шинос шавед. Сониян, иттилоъ медиҳем, ки нақшаи қабули ихтисосҳои самти тиб дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба пуррагӣ иҷро гардид. Агар бо сабабе баъзе довталабони тақсимотгашта ба муассисаҳо ҳозир нагарданд, ҷойи онҳо дар даври сеюм холӣ эълон карда мешавад.
оё то ҳол дар каластери 5 ҷои холи ҳаст
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Суолҳо айнан такрор шудааст. Лутфан, ба ҷавобҳои қаблӣ шинос шавед.
Салом то Хол дар кластери 5 чойхои Холи хаст ё не?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Пас аз тақсимоти такрорӣ, дар маҷмуъ, дар гурӯҳи ихтисосҳои 5 боз 15303 ҷойи холӣ мавҷуд аст.
Илтимос чавоби дакик дихед. Дар давраи сеюм ки мохи сентябр мешавад Донишгохи Милли ва тибби низ мешаванд дар руйхат? Дар солхои гузашта ин донишгоххо дар давраи сеюм дар руйхат будан? Илтимос чавоби дакик дихед ин бисер мухим аст.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи маълумоти омории мутахассисон пешниҳоднамуда, дар тақсимоти такрорӣ (19.08.2025) 293 нафар довталаб ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон (ғайридавлатӣ) тақсимот гардида, нақшаи қабули ихтисосҳои самти тиб ба пуррагӣ иҷро гардид. Агар бо сабабе баъзе довталабони тақсимотгашта ба муассисаҳо ҳозир нагарданд, ҷойи онҳо дар даври сеюм холӣ эълон карда мешавад.
Салом дар 5 класстер 165 хол ба кадом ихтисос мерасад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Балли гузариш рӯзи тақсимот маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, гузаштан ва ё нагузаштанро пешгӯйи намудан ғайриимкон аст.
Ман мехомки им Тихон бисфорам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, аввал, як ба суолатон бодиққат назар намоед, ислоҳ кунед ва баъдан муроҷиат намоед. Шумо донишҷӯй шуданӣ ҳастед!
Салом хоҳишмандам пурра ба саволи ман ҷавоб гардонед. Ман як донишгоҳро хатм кардам. Мехоҳам боз тибқи маркази миллии тести аз нав ба донишгоҳи дигар ҳуҷҷат супорам. Оё ман ҳуқуқи ин корро кардан дорам. Ман намехоҳам тибқи комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супорам танҳо мехоҳам тибқи маркази миллии тести ҳуҷҷат супорам. Ва ҳамчунин кадом ҳуҷҷатҳо лозим мебошад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таъкид шудааст, ки "Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад". Агар Шумо намуди ройгони таҳсилро хатм карда бошед, боз дар чунин намуди таҳсил шомил шуда наметавонед. Марказ тибқи тартиб аз довталабон ҳуҷҷатҳои заруриро талаб менамояд, агар аттестатро пешниҳод намоед, ҳуҷҷатҳоятонро қабул менамояд, вале дар ҳолати аз озмун гуштан муассисаҳои таълимӣ, шояд ба таҳсил иҷозат надиҳанд. Барои маълумоти дақиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Салом ман довталаб хастам ки 2бор супоридам роҳ ёфтам лекин нагузаштам ва 24-26август мада смс меоя ёки чихел ман медонам ки дар кадом муассиса рафта супориданро
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чун дар тақсимоти такрорӣ ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
Колеҷҳои тибби давлати аз ғайридавлати бо чи фарқ мекунад дараҷаҳои дипломашон ба кор таъминкунияшон масалан дар давлати ихтисоси ройгон ҳаст дар ғайридавлати нест боз .. аз чи фарқ мекунад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" чунин таъкид шудааст: 1. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо идора карда мешаванд. 2. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо муассисаҳои таълимии давлатӣ баробарҳуқуқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Салом ман мехостамки аз натиҷаи имтиҳонам бохабар шавам оё дохил шудаам ё не рақами назоратии нав:7213251100426
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси 2790101, рӯзона, пулакӣ - 5720 сомонӣ, Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон (ғайридавлатӣ)) ГУЗАШТЕД.
Салом ман ба кабинети инфиродии навам даромада наметавони шумо метавонед чавоби озмуни таксимоти такрори ба ман гуед рамзи назоратии навам 7171250900402
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 7 (ихтисоси 2790131, рӯзона, пулакӣ - 6490 сомонӣ, Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ (ғайридавлатӣ)) ГУЗАШТЕД.
Ассалому алейкум. Ман аз даври такрори ҳам нагузаштам. Оё бо 123 хол мегузарам дар даври такрори, ки аз 24 то 26 уми август баргузор мешавад. Мехоҳам ки кластерро (5ум ) иваз накунам. Ташаккури зиёд. 🙏
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар ихтисосҳое, ки ҷойи холии зиёд доранду хоҳишмандон кам интихоб намоед, шояд комёб гардед. Балли гузариш рӯзи тақсимот маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, гузаштан ва ё нагузаштанро пешгӯйи намудан ғайриимкон аст.
Савол:салом кабинети инфиродии нави ман кушода натавонистам медиден ку ман донишоҳи н.х гузаштам? Рақами назорати пешина 3072251100645 рақами назорати нав 7312251101263
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 3 (ихтисоси 125010402, рӯзона, пулакӣ - 5900 сомонӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) ГУЗАШТЕД.
Салом аз кучо фахмам Ки дар даври таксимоти такрори рох ёфтаам ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар Шумо Бобоқулов Салоҳиддин Қурбоналиевич бошед, натиҷаи озмуни тақсимотатон чунин аст: аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси 14201010104, рӯзона, пулакӣ - 4200 сомонӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) ГУЗАШТЕД.
Салом бо 100 бал мешавад ки ба яган донишгоҳ гузари дар даври тақсимоти иловаги пешопешаки раҳмпт барои ҷавоб додан
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар ихтисосҳое, ки ҷойи холии зиёд доранду хоҳишмандон кам, интихоб намоед, шояд комёб гардед. Балли гузариш рӯзи тақсимот маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, гузаштан ва ё нагузаштанро пешгӯйи намудан ғайриимкон аст.
Салом ман аз дуюм давр гузаштам дар нохичи Бобочон гафуров гайридавлати ва намедонам ки чи хучат барам хело дур аст аз ш.душанбе агар боз сеюм давр супорам боз эгзамен мегиранд ё боз дар бонк 30см мепартоем факат ихтисос интихоб мекунем тамом ва агар ман сеюм давр супорам дар мохи сентябр меояд бад ман мактаб рафтан мегирам то супоридани эгзамен ва чавоби эгзамен ман синфи 10 гузаштам лутфан тезтарак фахмонен
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил Шумо имконият доред, ки бо супоридани 320 сомонӣ (агар синфи 9 бошед) маблағи хизматрасонӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
салом: лутфан метавонед гуед ман дар озмуни такрори гузаштам ман бояд кадом хучатхоро супорам барои чавоб ташакур.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, рӯйхати ҳуҷҷатҳо дар пайванди сомонаи Марказ: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nati-a-oi-ta-simoti-takrorii-dovtalaboni-dar-davr-oi-yakum-va-duyumi-imd-2025-ishtiroknamuda-e-lon-karda-shud.html .
Салом. Ман довталаб Амрохонзода Рохила, рақами довталабиям 5199917. Дар рӯзи 13.08.2025 дар даври 2 (маркази мактаби №90) ҳангоми супоридани ихтисос дар варақаи ҷавобҳо номи худро нанавистам. Лутфан ҳолати манро баррасӣ намоед. Рақами тамос: 012761515.чинс:зан ба ман гуед ман рох ёфтам ё не
Муҳтарам Рохилабону! Дирӯз аз Шумо хоҳиш карда будем, ки барои фаҳмидани натиҷа ё рақами назоратиатонро пешниҳод намоед (он рақаме, ки ҳангоми бақайдгирии такрорӣ дар варақаи бақайдгириатон дода шудааст), ё нусхаи варақаи бақайдгириро ва ё ба бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ, 192) оед. Чаро ба зангҳо ҷавоб намедиҳед?
Чанд нафар довталаб аз руйи кластери 5 гузштанд
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи омори пешакӣ дар тақсимоти такрорӣ ба ихтисосҳои гурӯҳи панҷум 4333 нафар (1724 н. синфи 9 ва 2609 н. синфи 11 тақсимот шуданд.
Ман. Метавонам. Дар. Маркази милли. Тестӣ имтихон. Супорам. Рӯзи 24. 26. Ман то. Ҳоло. Ба. Ягон. Донишгоҳ. Насупоридааям. АзруиКластери3. Мехоҳамсанҷам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
Салом ман дар даври дуюм ба донишгохи давлатии сохибкори рох ёфтам метавонам ихтисоси худро иваз кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Пас аз тақсимот Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаи таълимиро надоред. Дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
Здравствуйте, простите пожалуйста но можете мне помочь? Я ни как не могу зайти в личный кабинет (кабинети инфироди- товесть). Вы бы могли вместо меня зайти пожалуйста? Это мой прошлый контрольный номер: 1016251103574 Это мой новый контрольный номер: 7162251100533 За раннее спасибо вам. Буду ждать ваш ответ.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ИЛОВАГӢ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 24-ум то 26-уми август аз нав аз қайд гузаред.
натиҷаи даври дуюмро дастрас накардам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ИЛОВАГӢ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 24-ум то 26-уми август аз нав аз қайд гузаред.
комиссияи қабули муассисаи тақсимотшудаатон чихели мурочиат кунем ба
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тавассути сомонаи муассиса ё рафтан ба шаҳри Бохтар.
Салому дуруди бепоён ба Шумо устодони азиз. Ман мехостам фаҳмам оё имкон дорад, ки ман аз колеҷи тиббии ноҳияи Данғара даст кашида ба яке аз колеҷҳои тиббии шаҳри Душанбе дохил шавам. Сабаб ман дар тақсимоти даври дуюм ба колеҷи тиббии ноҳияи Данғара дохил шудаам аммо мехоҳам дар яке аз колеҷҳои шаҳри Душанбе таҳсил кунам. Мехостам дар доираи имкониятҳо маслиҳат диҳед. Хоҳиш мекунам.
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Пас аз тақсимот Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаи таълимиро надоред. Дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
Колечи тибби нохияи Бобочон Гафуров (гайридавлати) гузаштам ин чо дар кучо чойгир аст ва ман хозир бояд ба кучо хучаихои худро супорам намедонам фахмонед!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Нишонии коллеҷ: вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Ленин, 15. телефон: (3442) 3-11-94. Агар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб"-ро бодиққат мехондед, ҳоҷат ба суолу интизорӣ набуд.
Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси 125010402, рӯзона, пулакӣ - 5600 сомонӣ (бидуни пардохти андозҳои ҳатмии давлатӣ ба андозаи 20%), Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) ГУЗАШТЕД. Фавран аз 19.08.2025 то 23.08.2025 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Ба ман фахмонда дихед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани маълумоти муфассал ба муассисаи тақсимотшудаатон муроҷиат намоед. Лутфан, минбаъд, катакчаи барои ҷинс ҷудошударо дуруст пур кунед.
Ман озмуни такрори 12-15 август иштирок будам ле Ки им Руз смс и паёмак омад ягон интихоб нагузаштам, Бад 24-26 август бо таксистом такрори иштирок мекунам агар аз таксистом такрори нагузаронам Ман Чи хел мекунам чойхои Холи дар колледжи тибби доранд ё не
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати ноком гаштан аз тақсимоти такрории иловагӣ дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис карда метавонед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр. Миқдори ҷойҳои холии ихтисосҳои боқимонда пас аз тақсимоти такрории иловагӣ маълум мешавад.
Салом ман да кори ҳамшира дар н.Рудаки гузаштаам ман метавонам перевод гирам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Пас аз тақсимот Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаи таълимиро надоред. Дар ҳолати даст кашидан аз таҳсил дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21-уми сентябр.
салом: ман дар даври такрори супоридам аммо кабинети инфироди кушода натавонистам то хол ба ман сабшени наомадааст метавонед фахмед ки ман гузаштаам ё не раками назорати пешинаам 1024251107058 раками назорати навам 7133251101196 пешопеш ташакури зиёд
Дуруд, довталаби муҳтарам! Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи интихоби 5 (ихтисоси 1260204, рӯзона, пулакӣ - 3300 сомонӣ, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) ГУЗАШТЕД. Муҳлати ҳозиршавӣ ба муассисаи таълимӣ то 23-юми августи соли 2025.
Ҷавоби тақсимоти такрори кай маълум мешавад
Дуруд, довталаби муҳтарам. Озмуни тақсимоти такрорӣ 19-уми августи соли 2025 эълон карда шуд.
Салом. Кабинети инфиродии нави ман кушода намешавад, медиден ку ман дар тақсимоти такрории донишгоҳба гузаштам? Рақами назоратии пешина 3204251103986 Рақами назоратии нав 7311251100481
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо аз рӯйи интихоби 1 (ихтисоси 1700201, рӯзона, ройгон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) ГУЗАШТЕД.
Салом мехостам донам ки барои донишгоҳ чи ҳуҷатҳоро бояд таёр кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, рӯйхати ҳуҷҷатҳо дар пайванди сомонаи Марказ: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nati-a-oi-ta-simoti-takrorii-dovtalaboni-dar-davr-oi-yakum-va-duyumi-imd-2025-ishtiroknamuda-e-lon-karda-shud.html .
Ман ба кори фарматсевти дар шаҳри Бохтар гузаштам баъд аз 1 курси метавонам ба дигар ихтисос дар шаҳри Душанбе перевод кунам
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба комиссияи қабули муассисаи тақсимотшудаатон муроҷиат намоед.
Ба ман смс омад аз даври дуюм нагузаштам ва ба озмуни тақсимоти такрори гузарам ин озмун чи тавр мегузарад барои ҷавоб ташаккур
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Шумо боз як маротиба, бе супоридани имтиҳон, дар тақсимоти такрории иловагӣ (24-26-уми августи соли 2025 барои интихоби ҷойҳои холӣ иштирок карда метавонед. Ин озмун ҳам чун озмуни тақсимоти такрорӣ мегузарад.
Ассалому алайкум ман довталаб хастам,ки 2бор супоридам роҳ ёфтам лекин нагузаштам кадом роҳ кати гузаштан мумкин аст?2юм савол ва ман иктисодҳоро бояд иваз кунам!
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Шумо боз як маротиба, бе супоридани имтиҳон, дар тақсимоти такрории иловагӣ (24-26-уми августи соли 2025 барои интихоби ҷойҳои холӣ иштирок карда метавонед. Метавонед, ки ё аз гурӯҳи ихтисосҳои 2 ва ё аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро интихоб намоед.
Асалом писари ман аз даври 2 кластери нагузашт метавонем бо хамин холхояш ба донишгохи техники ё донишгохи милли дохил кунем бе даври такрори
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Шумо боз як маротиба, бе супоридани имтиҳон, дар тақсимоти такрории иловагӣ (24-26-уми августи соли 2025 барои интихоби ҷойҳои холӣ иштирок карда метавонед. Берун аз тақсимоти Марказ фарзандатонро муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул намекунанд.
Ман бояд даври сеюм супорам Донишкадаи Исломии Точикистон чихел супорам ва чандум кластер хаст??
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Теъдоди ҷойҳои холӣ 01.09.2025 нашр мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Оё натиҷаи тақсимоти такрори муайян шуд?
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 19.08.2025 соати 00.00.01. эълон гардид.
Асалом ман дар таксимоти такрори дар коллечи тиббии ш.Турсунзода гузаштам ва манро аз санаи 19 то 23 барои хуччатсупори фарёд кардаанд мехостам бипурсам ман бояд кадом хуччатхоро бо худ барам ба ман мегуфтед
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, рӯйхати ҳуҷҷатҳо дар пайванди сомонаи Марказ: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nati-a-oi-ta-simoti-takrorii-dovtalaboni-dar-davr-oi-yakum-va-duyumi-imd-2025-ishtiroknamuda-e-lon-karda-shud.html .
Салом 2давр гузаштам кадом намуд ҳучатҳо лозим аст ва ба кучо барем ?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, рӯйхати ҳуҷҷатҳо дар пайванди сомонаи Марказ: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nati-a-oi-ta-simoti-takrorii-dovtalaboni-dar-davr-oi-yakum-va-duyumi-imd-2025-ishtiroknamuda-e-lon-karda-shud.html .
Салом. Дар таксимоти такрори барои чи балхо аз нав баланд шудаги аст . Инро чхел фахмем? Бали мора дигар хел нишон додаги хаст . Ракамхо дигар аст дар кабинети инфироди .
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Он довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳояшонро иваз намуданд, аз рӯйи ҷадвали нав холҳояшон шкалабандӣ карда шуд. Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан, ба телефонҳои 224.53.62 ва 224.53.73 занг занед.
Ассалому алайкум барои Донишгоҳ кадом дакументҳо лозим аст?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, рӯйхати ҳуҷҷатҳо дар пайванди сомонаи Марказ: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nati-a-oi-ta-simoti-takrorii-dovtalaboni-dar-davr-oi-yakum-va-duyumi-imd-2025-ishtiroknamuda-e-lon-karda-shud.html .
Салом ман ба таксимот боз нагузаштам ман бояд ба колечи тибби чумхурияви бояд гузарам ман бояд чикор кунам боз бояд имтихон супорам рузхои имтихон каё аст ё боз ба таксимот супорам агар боз ба имтихон супорам ба колечи чумрияви ш душанбе гузарам агар чойхои холи набошад кабул мекунанд илтимос ягон маслихат дихед
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Шумо боз як маротиба, бе супоридани имтиҳон, дар тақсимоти такрории иловагӣ (24-26-уми августи соли 2025 барои интихоби ҷойҳои холӣ иштирок карда метавонед.
Саломуалайкум ман ба ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ фолклор гузаштам Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.Акнун перевод гирифта мешавада ба ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳанги англисӣ-хитоӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кайба.Баъд пропусной бояд бария ба ҳуҷҷатсупори ба донишгоҳи милли
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба комиссияи қабули муассисаи тақсимотшудаатон муроҷиат намоед.
Салом! Ман аз руйи таксимоти 2-юм ба донишкадаи тибби гузаштам. Ба ман кадом хуччатхоро бурданамро тавсия медодед!!!
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марҳамат, рӯйхати ҳуҷҷатҳо дар пайванди сомонаи Марказ: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nati-a-oi-ta-simoti-takrorii-dovtalaboni-dar-davr-oi-yakum-va-duyumi-imd-2025-ishtiroknamuda-e-lon-karda-shud.html .
Салом алейкум смс паёмак оиди тақсимоти даври дувуми маркази тести наомад
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои фаҳмидани натиҷаи озмун ба мо рақами назоратии охиринатон лозим. Ё ба бахши минтақавии Марказ, ки ба макони зистатон наздик аст, муроҷиат намоед.
ман имконияти дигар надорам ки ихтисосхои интихобкардаамро иваз кунам?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳар он довталабе, ки тақсимот гардид, то анҷоми нимсолаи якуми таҳсил ҳуқуқи иваз кардани ихтисос ва муассисаи таълимиро надорад.
Барои чи кабинети инфиродии ман кор намекунад. Кабинети инфироди ба рақами телефони худам аст аммо рамзро намефиристад . Шояд хато рақами назоратӣ бошад . Чи гуна инро дуруст намоем?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол гардид. Ҳамчунин, тавассути телефон СМС паёмак ирсол гардид.
Салом баллхои ихтисосои таксимоти такрори баромад е не аз кучо дастрас кунем агар баромада бошад
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 19.08.2025 соати 00.00.01. эълон шуд. Ба довталабон тавассути СМС паёмак ва кабинети инфиродӣ ирсол гардид.
Асалому алейкум ман донистан мехоҳам ки натиҷаи тақсимоти такрори ммт рӯзи 19.08.2025 эълон мешавад соати чанд эълон мешавад илтимос ҳаминро гӯед
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 19.08.2025 соати 00.00.01. эълон гардид.
Мебахшед пурсиш доштам ки шаби 19 ум соати чанд мебиеяд ?
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 19.08.2025 соати 00.00.01. эълон гардид.
Салом чойхои холи барои даври 3 ум кай эълон карда мешавад?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷойҳои холӣ барои тақсимоти такрории иловагӣ 23.08.2025 ва барои даври сеюм 01-уми сентябри соли 2025 эълон карда мешавад.
Салом ман Амрохонзода Рохила даври дуюм супоридам аммо ба кабинети инфиродии ман чавобаш наомадааст шумо мегуфтед ман дар даври дуюм ба ягон колеч рох ёфтам ё не??
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои фаҳмидани натиҷа ё рақами назоратиатонро пешниҳод намоед (он рақаме, ки ҳангоми бақайдгирии такрорӣ дар варақаи бақайдгириатон дода шудааст) ва ё ба бинои асосии Маркази миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оед (хиёбони Рӯдакӣ, 192). Ҳамзамон ҳангоми ирсоли савол ҷинсатонро дуруст нависед.
Салом. Дар вақти бақайдгирӣ ба мо варақаи "Ёддоштҳо" надода буданд. Ман дар тақсимоти такрорӣ ба қайд гирифтам. Вале то ҳол бо рақами назоративу рамзи нав ба кабинети инфиродӣ даромада намешавад. Натиҷаи тақсимоти такрориро аз куҷо фаҳмида метавонам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад. Ҳамчунин, дар ин сана тавассути телефон СМС паёмак ирсол мегардад.
Салом ма ягон бор хучатсупоридаги нестам метавонам хучат супорида ай санаи чандум?
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ, ки аз 2-юм то 13-уми сентябр давом мекунад, худро номнавис намоед. Хотиррасон менамоем, ки доираи интихоби ихтисосҳо маҳдуд мегардад. Имтиҳонҳои даври сеюм 21 -уми сентябр.
Салом, чаро кабинети инфироди кор намекунад,даври 2-юм ки бакайд гирифтаам то имрӯз кор намекунад.
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Салом ,Балхои гузариши дигар ихтисосхоро соли хониши 2025-2026 аз кучо бубинем мешавад
Шаҳрванди муҳтарам! Баллҳои гузариши тамоми ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ баъдтар, пас аз ҷамъбасти тақсимотҳо дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
Салом ман рузи санаи 13 август рафта аз сари нав ихтисосҳоро интихоб кардам ва донистан мехостам ки кай ба ман смс барои он ки гузаштам ё не меояд
Дуруд, довталаби муҳтарам. Озмуни тақсимоти такрорӣ 19-уми августи соли 2025 эълон карда мешавад. Маълумоти муфассал дар бандҳои 9-11-и "Ёддоштҳо"-е, ки ҳангоми бақайдгирӣ бароятон дода буданд.
Тақсимот ва гузашти имтиҳонҳои такрорӣ кай эълон карда мешавад.
Дуруд, довталаби муҳтарам. Озмуни тақсимоти такрорӣ 19-уми августи соли 2025 эълон карда мешавад. Маълумоти муфассал дар бандҳои 9-11-и "Ёддоштҳо"-е, ки ҳангоми бақайдгирӣ бароятон дода буданд. Дар тақсимоти такрорӣ довталабон имтиҳон намесупоранд.
Савол: Асаламу алайкум.Ба даври дуюми ба кайдгири рафта рӯзи 15 август аз кайд гузаштам аммо ба кабинети инфиродӣ даромада нашудос Оё даромада мешавад ?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Ассалом ман ай даври якм нагзаштм ай сари нав рузи 13 ба кайд гирифтм чавобш кай мебиея хамура мегуфтен?
Дуруд, довталаби муҳтарам. Озмуни тақсимоти такрорӣ 19-уми августи соли 2025 эълон карда мешавад. Маълумоти муфассал дар бандҳои 9-11-и "Ёддоштҳо"-е, ки ҳангоми бақайдгирӣ бароятон дода буданд. Минбаъд ҳангоми муошират ба меъёрҳои забони адабӣ риоя намоед!
Чаро номи мо да кабинети инфироди намеброя
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии ҳамаи он довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад. Минбаъд ҳангоми муошират ба меъёрҳои забони адабӣ риоя намоед!
Салом алейкум кабинети инфироди ма даромада нашидестай чко кнем номерорам нав кадагием чавобомона бояд бинем
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии ҳамаи он довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад. Минбаъд ҳангоми муошират ба меъёрҳои забони адабӣ риоя намоед!
Ман дар таксимоти такрори иштирок намудам вале дар кабинети инфироди даромада нашудоски рамзи назоратиро нодурус гуфта истодас барои ин бояд чи кор кунам ва натичаи таксимоти 2 юм кай маьлум мешавад
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии ҳамаи он довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Салом, ман дар даври таксимоти такрори хучатсупори намудам, вале ба кабинети инфиродии худ ворид шуда нашуда истодааст(гохо рамзро хато мегуяд, гохо раками нахоратиро, ханом ивазнамужани рамз Боз раками телефон ва почтаи электронирохам хато мегуяд, дар асос хамаашон бе ягом хатоги ворид карда шудаанд) , аммо ба кабинети инфиродии пештараам то хол даромада метавонам, лек дар ончо хеч тагйироте нест... Оё танхо Аз ман хаминхел нуксон дорад? Ё Аз хама довталабони даври такрори то хол кабинеташон кушода нашудаги?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии ҳамаи он довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Чаро ба кабинета инфиродии намедарояд аз ман
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Ассалому алейкум ман дар таксимоти такрори яъне дуюм давр супоридам аммо ба кабинети инфироди даромада наметавонам руками назоратиро хато мегуяд ман бояд чи кор кунам?
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Здравствуйте я не могу войти в личный кабинет.при входе говорится:Неправильный контрольный номер или пароль.Потом попробовал поменять пароль через номер телефона но там тоже говорится Неправильный контрольный номер или номер телефона но я всё несколько раз перепроверил всё было правильно.Подскажите что делать? Спасибо!
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Салом: Ман даври дуюум аз қайд гузаштам чаро дар кабинети инфиродии нав дохил шуда наметавонам
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Салом чаро Бад аз таксимоти такрори ба кабинети инфироди даромаданамешавад аз Руи варакаеки ба МО медиханд дар таксимотитакрори ракам ва Рамзи нав МО кушоданаметавонем бароионки менависанд рамз ё ракам нодурустаст чихел МО кабинети нави худроккшоем
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Салом ман рузи 14 дар мактаби 1 таксимоти такрори рафта будам. Валле кабинети инфироди даромада намешавад ва смс хам намеояд.Бояд чи кор кад???
Дуруд, довталаби муҳтарам! Кабинети инфиродии довталабоне, ки аз 12 то 15-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз қайд гузаштанд, 19.08.2025 фаъол мегардад.
Салом чавобхои таксимоти такрори кай эълон мешаванд?
Дуруд, довталаби муҳтарам. Озмуни тақсимоти такрорӣ 19-уми августи соли 2025 эълон карда мешавад.