Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ТАБРИКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАЪФАРЗОДА САБЗАЛӢ ФАЙЗАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Нашр шуд: 17 Марти 2023
Диданд: 686

Ҳамватанони азиз!

Наврӯзи фархундапай бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, назокату латофаташ ба кишвари хуршедию зебоманзарамон, ба хонадони ҳар яки мо боз қадами мубораки худро мениҳад.

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.

Боиси тазаккур аст, ки Наврӯз – ин ҷашни миллӣ ва бостонии халқи тоҷик бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳониро гирифт.

Бо дарки ҳамин нуктаҳо буд, ки Сарвари фарҳангпарвари тоҷикон − Пешвои миллат барои мақоми ҷаҳониро соҳиб гаштани Наврӯз, ин ҷашни қудсию миллию давлатии мо, ҷаҳду талош карданд. Маҳз бо саъйу эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи мо, тоҷикон, байналмилалӣ шуд, ки ин, воқеан, мояи тафохуру сарфарозии мост.

Чун ба ҳазорсолаҳо аз масири таърих назар афканем, идроки амиқ, дилу ният ва тафаккури пок, ҷаҳонбинии фарох, тамаддуни волои ниёгонамон ба хубӣ эҳсос мешавад. Дарк мекунем, ки Наврӯз эҷоди табиату тафаккури халқ ва миллатҳоест, ки дар тӯли ҳазорон сол ба тоҷикию форсӣ ҳарф мезананд. Наврӯз моли тоҷик, фарҳанги тоҷик, ҷашни тоҷик аст, зеро он исми тоҷикона дорад ва ин рӯзу ин идро дар тамоми кураи Замин бо лафзи шевои тоҷикӣ ном мебаранд Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Наврӯз хусусияти ба ҳам овардани мардум, устувор гардонидани пояи ваҳдату ҳамдилии халқҳоро низ дорост.

Наврӯз на фақат ид, балки чизе боло ва волотар аз ҳама идҳост. Наврӯз рамзи ҳастии мо гаштааст. Наврӯз ҷашни бунёдкорӣ, созандагӣ ва озодагист. Аз ин рӯ, дар Наврӯзу арафаи он мардум ба тозаю озода намудани маҳалли зист, бунёди боғҳо, шинондани гулу дарахтон, хулоса, ободу зебо кардани диёри баҳороғӯши худ машғуланд ва ин гувоҳи муҳаббати беандозаи мардуми мо ба сарзамини аҷдодии хеш ва ихлосу эҳтироми онҳо ба дастовардҳои истиқлолият, баёнгари зебоипарастию  ободкории ӯст... 

Бар замми корҳои ободонию зебоисозӣ, чун фарзанди соҳибадабу хушхулқи тоҷик ва идомабахшандаи суннатҳои волои аҷдодӣ, мову шуморо мебояд дар Наврӯзу баҳорон бар ҳамдигар бештар оғӯши бародарию дӯстӣ боз кунем, аз меҳру ободию созандагӣ, сахову вафо бештар ҳарф занем ва ҳамаи амалҳоямон низ бар ин замина бошад. Чунонки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Дар айёми Наврӯз кинаю адоватро аз худ дур кардану бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву рафоқат ба фарзу суннати ҳамешагии мардум табдил ёфта буд. Ба дидори пирону барҷомондагон расидану гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани харобаву вайронаҳо, ки шиори ҳаррӯзаи зиндагии ниёгонамон буданд, дар айёми мо аҳамияти хоса пайдо мекунанд”.

Бар шумо, ҳамдиёрони гиромӣ, омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад!

Бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор, сарсабзиҳои ҳаёт, дастурхони пур аз нозу неъмат ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Наврӯзатон пирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Барномаи "Интихоби ихтисос"Барномаи "Интихоби ихтисос"
  • Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣРӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон