Ёрӣ ба довталабон
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан ба унвони донишҷӯйӣ ва таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гардидааст. Ин ҳама шароит ва имкониятҳоеро, ки Марказ дар ин ҷода фароҳам овардааст, даҳ сол қабл касе онро, ҳатто орзу намекард: интихоби то 12 ихтисос, интихоби вақти мувофиқ барои бақайдгирӣ, имкониятҳои такрорӣ барои бақайдгирӣ ва имтиҳонсупорӣ (дар нуқта ва марказҳои имтиҳонии ба ҷой (макон)-и зист наздик), арзёбии объективӣ ва шаффофи дониш, тақсимоти одилона ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо ёрии техникаву технологияи муосир тибқи интихоби довталаб (пас аз дастёбӣ ба хол ва бали гузариш) ва амсоли инҳо.
Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар муддати ин солҳо чун низоми мукаммали миллии тестӣ ва абзори арзёбиаш ҳамчун воситаи муътамади санҷиши донишу маҳорати довталабон эътироф гаштааст.
Барои интихоби ихтисосҳо Марказ барномаи махсус таҳия намуд, ки онро дар компютер ё телефони мобилӣ истифода кардан мумкин аст. Рӯйхати ихтисосҳо дар сомонаи Марказ гузошта мешавад ва хоҳишмандон метавонанд онро ба телефон ё компютер боргирӣ карда, ихтисосҳои дилхоҳашонро барои қайд бо мақсади иштирок дар ИМД осон интихоб кунанд. Ин барнома аз ҳар лиҳоз дар интихоби ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои довталабон муносибтару беҳтар аст.
Таҷрибаи даҳсола нишон дод, ки яке аз мушкилиҳо дар низом саҳван интихоб намудани ихтисосҳо ҳангоми бақайдгирӣ аз ҷониби довталабон аст. Ҳарчанд Марказ имконият медиҳад, ки довталабон ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шаклу намуд ва забони таҳсили қаблан интихобкардаашонро тағйир диҳанд, лек пас аз тақсимот низ гоҳ-гоҳ изҳори пушаймонии довталабон аз интихоби ихтисосҳо мушоҳида мешавад.
Бояд тазаккур диҳем, ки ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб кунад, ки ба табиату донишу қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас, бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.
Марказ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор ва муассисаҳои ба низом воридгашта, ки мутахассисони касбӣ тайёр мекунанд, бо дарназардошти ба ҳам монанд ва наздик будани фанҳои имтиҳон ихтисосҳои дар нақшаи қабул воридгаштаро дар панҷ гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) муттаҳид кардааст:
1. Табиӣ ва техникӣ
2. Иқтисод ва география
3. Филология, педагогика ва санъат
4. Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ
5. Тиб, биология ва варзиш
Бояд эътироф намуд, ки мутаассифона, баъзе ихтисосҳое ба назар мерасад, ки мазмуну муҳтавои онро довталабон, танҳо, бо шиносоӣ бо номашон дарк карда наметавонанд ва натиҷа ҳамин аст, ки онҳоро таваккалан интихоб менамоянд ва намедонанд, ки баъди хатми муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ дорои кадом касб мегарданд, дар куҷо ва дар кадом соҳа фаъолият карданашон мумкин аст.
Мақолаи мазкур барои расонидани кумаки амалӣ ба довталабон таҳия шудааст. Умед аст, ки ин иқдомро ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ идома медиҳанд ва ҳангоми вохӯриҳо ва таблиғот ба ин ҷиҳати масъала низ диққат медиҳанд ва сафи довталабоне, ки ин ихтисосҳоро интихоб хоҳанд намуд, албатта, меафзояд.
Бо назардошти муроҷиати довталабон номгӯйи як қатор чунин ихтисосҳоро пешниҳод месозем, ки ҳангоми интихоби ин ихтисосҳо довталабон ва баъзе аз падару модарон ва бақайдгирандагон низ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, дар шарҳи он оҷизӣ мекашанд ва охиран аз интихоби ихтисосҳои мазкур даст ҳам мекашанд. Масалан, дар шарҳи ихтисосҳои зерин: 137020201 - Вагонҳо, 1400301 - Зеҳни сунъӣ, 125011027 - Иқтисоди сабз, 126020323 - Логистика, 103030201 - Дефектология, 1030304 - Олигофрено-педагогика, 1030306 - Сурдопедагогика, 12301080203 - WEB-журналистика, 123011302 - Бойгонии аудиовизуалӣ, 1560102 - Кадастри замин, 175020103 - Дендрология, 2790135 - Кори тиббӣ-офиятӣ, 2790135 - Реабилитатсияи тиббӣ-иҷтимоӣ ва ғайра.
Вобаста ба имконият кӯшиш менамоем, ки ин ҷо доир ба баъзе аз ин ихтисосҳо маълумот диҳем, то ин ки довталабон бо дили пур ихтисосҳояшонро интихоб карда тавонанд*.
Ихтисоси “Вагонҳо”. Мутахассиси ин соҳа фаъолияти ҳайати ҳаракати роҳи оҳанро ташкил мекунад, истифодаи бехатарии онро амалӣ менамояд, ҳуҷҷатҳои технологиро барои истеҳсол ва таъмири ҳайати ҳаракат таҳия мекунад. Инчунин, ба салоҳияти ӯ дохил мешавад: таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашии истеҳсол ва таъмиру навсозӣ ва тағйир додани ҳайати ҳаракаткунанда; назорати техникӣ ва идоракунии сифат.
“Зеҳни сунъӣ” як равияи илмиест, ки объекти он низомҳои интеллектуалии қарорқабулкунандаи равандҳо ва моделҳои расмии ин равандҳо мебошад. Мавзуи асосии равияи мазкур тартиб додан ва тадқиқоти моделҳо, воситаҳо ва усулҳои тарроҳии низомҳои зеҳнӣ мебошад.
Тайёр кардани мутахассис аз рӯи ин ихтисос ташаккули салоҳиятҳои муайяни касбӣ, аз ҷумла, дониш ва малакаҳо дар соҳаи низомҳои таҳлилӣ ва гузоштани масъалаҳо; мушаххасоти алгоритм; ба расмият даровардани иттилоот ва дониш; манбаи додаҳо, барномарезӣ ва тарҳрезии барномаҳо ҳамчун ҷузъи низоми мураккаб; ташкили равандҳои таҳлилии истеҳсолот ва пешгӯии он, истифода ва коркарди низомҳои зеҳнӣ бо мақсадҳои гуногун; тадқиқоти таҷрибавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва ғ. мебошад.
Доираи фаъолияти касбии мутахассис инҳоянд:
- низомҳои компютерӣ ва иттилоотӣ;
- комплексҳои барномавӣ;
- технологияҳо барои коркарди низомҳои иттилоотии таҳлилӣ ва пешгӯӣ бо мақсадҳои гуногун;
- низомҳои интеллектуалӣ.
Шахси соҳиби ин ихтисос ҳамчун таҳлилгари додаҳо, барномасози равандҳои иқтисодӣ, барномасоз дар муҳити коркарди зеҳни сунъӣ, менеҷер-таҳлилгари захираҳои иттилоотӣ (бизнес-аналитик), идоракунандаи маълумотҳои зиёд, маъмури пойгаҳи додаҳо, мутахассис–таҳлилгари соҳаи бонк, телекоммуникатсия, ширкатҳои мобилӣ ва дигар соҳаҳое, ки манбаи маълумоти зиёд барои коркард доранд, фаъолият карда метавонад.
Имрӯз зеҳни сунъӣ яке аз бахшҳои ҷолибтарин дар технология ва тиҷорат аст. Мо дар ҷаҳони интеллектуалӣ зиндагӣ мекунем, ки дар он мо метавонем мошин созем, бо алгоритм ҷаз эҷод кунем ё CRM-ро ба паёмрасонҳои дастгоҳҳои электрониамон пайваст кунем, то ба паёмҳои муҳимтарин авлавият диҳем.
Зеҳни сунъӣ муҳимтарин инқилоб дар технология аз замони ихтирои мошинҳои ҳисоббарорӣ маҳсуб мешавад ва ҳама чизро тағйир хоҳад дод, зеро он метавонад бо истифода аз робот ё нармафзор ба зеҳни инсон тақлид кунад.
“Кадастри замин” – маҷмуи маълумот оид ба замин мебошад. Мутахассисони ихтисоси кадастри замин дар Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак бо дар назардошти КВД “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, Институти лоиҳакашию тадқиқотӣ, Институти давлатии лоиҳакашӣ оид ба заминсозӣ “Тоҷикзаминсоз”, инчунин, дар соҳаҳои гуногуни сохтмон фаъолият карда метавонанд. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати кадастри замин таъсис дода шудааст, ки доираи фаъолияташ қабули маълумотҳо оид ба тағийрёбии ҳолати заминҳо буда, ҳар сол фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб дода, барои истифода ба мақомотҳои дахлдор равона менамояд. Ҳамасола мутахассисони раёсати кадастри замин дар ченаки кишти зироатҳои кишоварзӣ иштирок карда, маълумот тартиб дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Тибқи бандҳои 27, 28 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои амалӣ кардани кадастри давлатии замин” арзёбии иқтисодии заминҳо бо мақсади асоснок гардидани истифодаи самаранокии заминҳо, муқаррар ва фарқгузорӣ намудани андозаи меъёрҳои пардохти андози замин бо назардошти қудрати истеҳсолии заминҳои кишоварзӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва дигар хусусиятҳояшон арзёбӣ карда мешаванд. Амалӣ намудани кадастри давлатии замин дар ҷумҳурӣ ба зиммаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, маълумотҳо оид ба амалӣ намудани кадастри давлатии замин дар шакли варақӣ ва электронӣ иҷро карда мешавад. Кадастри замин аз ҷониби Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои он дар маҳалҳо гузаронида мешавад.
“Логистика” яке аз ихтисосҳои муосир ва ояндадори асри ХХ1 ба шумор меравад. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси номбаршуда, ҳамчунин, дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ба тахассуси дусоҳавии “Маркетолог-иқтисодчӣ” соҳиб мегарданд. Инҳо мутахассисони дорои таҳсилоти бакалавр мебошанд, ки дар соҳаи информатика, математика ва иқтисодиёт дониши ҳаматарафаи фундаменталиро соҳиб мешаванд.
Бартарии ин ихтисос аз дигар ихтисосҳои мактабҳои олии мухталифи ҷумҳурӣ дар он аст, ки вай соҳаҳои иқтисодиёт, математика ва истифодаи касбии технологияи компютерӣ-коммуникатсиониро байни ҳам мепайвандад. Логистика ҳамчун низоме аст, ки таъминоти тамоюли бозори идоракунии корхонаро ба роҳ монда, мазмуни фаъолияти корхона ва муқаррар намудани алоқаҳои онро бо истеҳсолот муайян менамояд.
Cамтҳои асосии корҳое, ки дар ин доира амалӣ мешаванд, инҳо мебошанд:
- омӯзиши бозор ва пешгӯйии талабот ба намудҳои муайяни маҳсулот;
- хариди захираҳои моддӣ барои истеҳсоли маҳсулот;
-қабули қарор оид ба андозаҳои захираҳо ва идораи захираҳо;
- ташкили ҷараёнҳои моддӣ дар истеҳсолот;
- ташкили тақсимоти мол: интихоб ва борпечонии маҳсулоти тайёр, интиқоли он ба ҷои муқарраргардида, расонидани мол ба истеъмолгар, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои лозимӣ.
Логистика фаъолият аз рӯи банақшагирӣ, иҷро ва назорати ҳаракати табиии масолеҳ, маҳсулоти тайёр ва иттилооти ба он тааллуқдошта аз мавқеи истеҳсолшуда ба ҷои истеъмолшаванда бо мақсади қонеъ намудани талаботҳои истеъмолгарон ва ба даст даровардани фоида мебошад.
Логистика метавонад, ки ташкилотҳоро ба муваффақиятҳои тиҷоратӣ ноил гардонад. Ба туфайли донишҳои технологияи муосир, маҳорати оптимизатсияи захираҳо, ҷустуҷӯи манбаъҳои ниҳонии рақобатпазирӣ, пешгирӣ аз зиддиятҳои байнифунксионалӣ ва дарёфти созишҳои иқтисодиро ба даст овардан мумкин аст. Логистика низоъҳои байнифунксионалӣ ва байниташкилотиро дар асоси ҷустуҷӯ бартараф менамояд. Дар ҳама ҷойе, ки ҷараёни молӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ мавҷуд аст, логистикҳо лозиманд. Бинобар ин, дар бозори меҳнат нисбат ба мутахассиси соҳаи логистика талабот зиёд мебошад.
Дорандагони ин ихтисос дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз он ҷумла, марказҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таълимӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо ҷараёнҳои моддӣ, молиявӣ, истеҳсолӣ ва иттилоотӣ сарукор доранд, фаъолият карда метавонанд.
Баъзан довталабон истилоҳи “логистика”-ро бо “лингвистика” омехта месозанд. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки доир ба ихтисоси “лингвистика” низ каме маълумот диҳем.
Вазифаи асосии омодасозии мутахассисон аз руйи равияи 450302 -“Лингвистика” ташаккули малакаҳои умумифарҳангӣ, умумикасбӣ ва тахассусие мебошад, ки барои анҷом додани фаъолияти касбӣ дар соҳаи забоншиносӣ, муоширати байнизабонӣ, робитаҳои байнифарҳангӣ, лингвистикаи назариявӣ ва амалӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ зарур аст. Аз рӯйи равияи “Лингвистика” барои фаъолият дар соҳаи забоншиносии дидактикӣ, тарҷумонӣ, машваратӣ-робитавӣ, илмию таҳқиқотӣ ва иттилоотию забоншиносӣ мутахассисон тайёр мешаванд. Фаъолияти асосӣ ба ду самт: кори илмию таҳқиқотӣ ва дар амал татбиқ намудани малакаи ҳосилшуда ҷудо мешавад.
Соҳаи фаъолияти касбӣ тибқи равияи “Лингвистика” назарияи забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла, русӣ ва англисӣ), назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ, робитаҳои байнифарҳангӣ, қисмати забонии системаҳои электронии иттилоотӣ ва фарҳанги кишварҳои забонашон омӯхташавандаро дар бар мегирад.
Соҳаи фаъолияти касбии мутахассисони равияи “Лингвистика” имконият медиҳад, ки онҳо фаъолияти тарҷумонӣ, инчунин, таълимию методиро анҷом диҳанд, ки ин рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат меафзояд.
Ихтисоси “Дефектология” ихтисосе мебошад, ки қонуниятҳои таълиму тарбия ва хусусиятҳои психофизикии инкишофи кӯдаконеро, ки нуқсонҳои руҳӣ (психикӣ) ва ҷисмонӣ доранд, меомӯзонад. Шахсоне, ки мутахассиси ин соҳа мегарданд, дар кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимии махсус ва муассисаҳои офиятбахш фаъолият мекунанд. Баъди хатм соҳиби касби “дефектолог –омӯзгор” мегарданд.
“Олигофренопедагогика”. Аз рӯйи ихтисоси мазкур дар муассисаҳои таълимӣ ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам таҳсилоти фосилавӣ мутахассис тайёр карда мешавад. Аз рӯйи ихтисоси номбурда шахс баъд аз хатми донишгоҳ метавонад, ки дар муассисаҳои махсуси барои кӯдакони доррои нуқсони зеҳнӣ, ҳамчун олигофрено-педагог фаъолият намояд.
Ихтисоси «Сурдопедагогика». Шахс аз рӯйи ихтисоси номбурда баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаври педагогика гардида, метавонад дар муассисаҳои махсуси барои кӯдакони нуқсони шунавоӣ ва забонидошта, ҳамчун сурдопедагог ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият намояд. Илова бар ин, дар зинаи таҳсилоти магистратура ихтисоси «Сурдопедагогика» таъсис дода шудааст, ки баъд аз хатми зинаи таҳсилоти бакалавриат шахс дар ин зина таҳсилро давом диҳад.
Соҳибихтисосони “WEB-журналистика” дар васоити электронии ахбори омма (ВЭАО): интернет-рӯзнома, интернет-радио, интернет-телевизион, марказҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои ҳамҷавори иттилоотиву иртиботӣ (нашриёт, хадамоти матбуотӣ, агентиҳои рекламавӣ ва PR - робита бо ҷомеа) фаъолият карда метавонад. Барои намуду навъҳои гуногуни ВЭАО бо назардошти махсусияти онҳо мавод таҳия мекунанд. Дар раванди кори эҷодӣ – интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва танзими мавод дар нашрияҳои даврӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, ВАО-и интернетӣ мувофиқи меъёрҳои забонӣ, касбӣ, шаклу услуб, талаботи технологии намудҳои гуногуни ВАО бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, муассисаву ташкилотҳо ҳамкорӣ ва робитаи тарафайнро ба вуҷуд меоранд. Дар ҷараёни барориши нашрия, таҳияи барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сомонаҳои интернетии ВАО дар асоси талаботи технологияи муосир ширкат намуда, дар муҳити мултимедиявӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ, усулҳо ва технологияи таҳияи маводи иттилоотӣ бо низоми гуногуни аломатҳо (шифоҳӣ, аудиоӣ, видеоӣ, аккосӣ, графика ва ғ.) кор карда метавонанд. Хулоса, хатмкунандагони ихтисоси “WEB-журналистика” барои ВАО-и интернетӣ, нашрияҳои даврӣ, радио ва телевизион, марказҳои иттилоотӣ, нашриёт ва дигар соҳаҳои ҳамҷавор мавод тайёр мекунанд. Ҳамчун журналист, муҳаррир ва барномарези воситаҳои электронии ахбори омма фаъолият карда метавонанд.
Ихтисоси «Бойгонии аудиовизуалӣ». Мувофиқи ихтисоси мазкур дар ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, бойгониҳои идоравие, ки бо ҳуҷҷатҳои илмӣ-техникӣ, ҳуҷҷатҳои сурат, симо ва синамоӣ, дар бойгониҳои аудиовизуалӣ, бойгониҳои муассиса ва идораҳо, инчунин, дар воҳидҳои сохтории муассисаҳое, ки ба коркарди иттилоот, захира ва истифодаи он сарукор доранд, метавон фаъолият кард. Ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, ба монанди лентаҳои магнитӣ, перфокартаҳо, DVD, CD дискҳо, флеш-кортҳо имконият медиҳанд, ки дар раванди инкишофи техникии ҷомеа коркарди ҳуҷҷат хуб ба роҳ монда шавад. Ин мутахассисон ҳуҷҷатҳои илмӣ-техникӣ ва аудиовизуалӣ, ҳуҷҷатҳои шакли электрониро коркард, тасниф ва барои ҷойгирнамоӣ дар бойгониҳои давлатӣ омода менамоянд. Васоити технологияи нав ва сарчашмаҳои ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ бо усулҳои сабти иттилоот дар намуди иттилооти аксӣ ва садоӣ, паҳн кардани манбаъҳои таърихии сурат-аудио-видео, ҳуҷҷатҳои иттилоотии таърихиро барои насли ояндаи миллат хуб ба роҳ мемонанд.
Хулоса, соҳибихтисосони “Бойгонии аудиовизуалӣ” таъмини ҳифзи амнияти ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, назорати техникӣ ва физикӣ-техникии ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, услуби пур кардани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳолати техникӣ ва физикии ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, сохтани дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ ба ҳуҷҷатҳои аудиовизуалиро омӯхта, аз рӯи он фаъолият карда метавонанд.
“Дендрология”. Ин ихтисос марбут ба омӯхтани дарахтон буда, маънояш «дендрон»–дарахт ва «логос» – таълимот мебошад. Дендрология сохти берунии дарахтон, хусусияти сабзонидану парвариши онҳо, биология ва экология, инчунин, самтҳои гуногуни истифода бурдани ин ё он намуди дарахтонро меомӯзад. Маълумотҳои дендрологӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои муҳими хоҷагӣ оид ба беҳтар намудани таркиб ва баланд бардоштани самаранокии боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, ҷангалҳои табиию сунъӣ, ташкили хати муҳофизатии ҷангал, мустаҳкам намудани нишебиҳои кӯҳӣ ва ғ. бо роҳи дуруст ҳалли худро ёбанд.
Бо мақсади сабзонидан ва парвариши дарахтзорҳои мелиоративӣ барои мубориза ба муқобили бодлесӣ ва шусташавии замин (эрозия), гузаронидани корҳои селексионӣ оид ба бунёди дарахтони навъҳои беҳтарину нодир ва ороишӣ ва донистани хусусиятҳои морфобиологии онҳо мутахассисони ин соҳа лозиманд. Донишҳои дендрологӣ, махсусан, ба мутахассисони соҳаи кабудизоркунӣ ва меъмории манзара дар шаҳрҳо ва маркази ноҳияву ҷамоатҳо хеле муҳим мебошад.
Ихтисоси мазкур ба мутахассисони оянда оид ба авлод, намуд, зернамуд, маҳали пайдоиш, хусусиятҳои рушди дарахтону буттаҳои нодиру ороишӣ ва сояафкан маълумоти мукаммал медиҳад. Аз рӯйи ин ихтисос барои ташкили ҷангалбоғҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, дарахтзорҳои назди осоишгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, дармонгоҳҳо, дарахтзорҳои кӯчаю хиёбонҳои шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, ноҳияҳо ва ғайра низ мутахассис тайёр менамояд.
Мутахассисони соҳаи дендрология биологияи дарахтони навъу намудҳои гуногуни ороишию нодирро, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд, меомӯзанд ва минбаъд барои афзоишу парвариши онҳо ҷораҷўӣ мекунанд. Барои иҷрои ин корҳо дарахтони маҳаллӣ ва интродуксияшуда (дарахт ва набототи аз дигар минтақа ва давлатҳо овардашуда) бояд сабзонида ва парвариш карда шаванд, ки ин ба уҳдаи мутахассисон- дендрологҳо гузошта мешавад.
Ихтисоси “Кори тиббӣ-офиятӣ”. Ба хатмкардагони ихтисоси “Кори тиббӣ-офиятӣ” тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ доир ба варзиши муолиҷавӣ ва физиотерапия” дода мешавад. Чунин мутахассисон метавонанд дар муассисаҳои табобатӣ - пешгирикунанда, марказҳои саломатӣ ва солимгардонӣ, барқарорсозӣ, офиятӣ, осоишгоҳҳо, хонаи маъюбону пиронсолон ва кӯдакон, муассисаҳои томактабӣ, инчунин, ба таври инфиродӣ мустақилона фаъолият намоянд.
Мирзошариф Шодиев, мушовири маъмурияти
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии маорифи Тоҷикистон