Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

Маълумоти асосӣ

Нашр шуд: 07 Феврали 2020
Диданд: 7771

Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ 

Дохилшавӣ ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ бо шаклу низом ва тартибу талаботи муайян амалӣ мегардад. Дар ҳар мамлакат низоми муайяни тартиби қабули довталабон аз ҷониби ҳукумати он муқаррар мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, асосан, он низоми имтиҳонсупорӣ ва қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) истифода бурда мешавад, ки дар давраи советӣ қабул шуда буд.

Дар МТОК ҳангоми қабули донишҷӯён аз усулҳои муосир як намуди тест[1] маъмул аст. Ҳамзамон, довталаб танҳо як МТОК ва як тахассусро интихоб карда, танҳо дар он муассисаи таълимӣ  ҳуҷҷатҳои худро супорида метавонад.

Дар баробари ин, боадолатии баҳогузорӣ, меъёри баҳогузорӣ, дастрасӣ ба ҳуқуқи таҳсили ройгон ва шаффофияти баҳогузорӣ аксаран аз ҷониби довталабон мавриди шубҳа ва норозигӣ қарор мегирад.

Мутобиқи талаботи меъёрҳои байналмилалии муосир ба савияи дониши муҳассилини МТОК ва таъмини шароит ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТОК таҳия гардид. Дар асоси он дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ  марказҳои имтиҳонсупорӣ таъсис дода мешавад. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки довталаб дар маркази бақайдгирии ба макони зист наздик ва ё бо хоҳиши худ ба дигар марказҳои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳояшро супорад. Бо ин роҳ довталаб аз масрафҳои зиёди роҳ ва вақт озод мегардад. Дар ин маврид, яке аз принсипҳои асосии низоми марказонидашудаи дохилшавӣ – интихоби васеъ риоя мегардад.

Ҳангоми сабти ном дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шарти дигари муҳими ин низом – махфияти маълумотҳои шахсӣ риоя мегардад. Тамоми маълумот дар бораи довталаб, вақти бақайдгирӣ, тақдими даъватнома, рӯзи имтиҳону натиҷаҳои он ва ба кадом МТОК дохил гардидани ӯ комилан маҳфуз мебошад.

Истифодаи низоми миллии тестӣ ҳангоми ИМД амалӣ гардидани принсипи мувофиқатро имконпазир менамояд. Ба ин тариқ мувофиқати саволномаҳову супоришҳои тестӣ ва талаботи корҳои хаттӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби ММТ кафолат дода мешавад.

Мақоми шахс дар амалӣ гардидани ҳар як иқдом хеле муҳим мебошад. Аз маҳорат, донишу малакаи ӯ натиҷаи ниҳоии кор вобаста аст. Бо мақсади иҷро намудани принсипи касбӣ мутахассисони баландихтисосу пуртаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Ҷиҳати бартараф намудани ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми қабули довталабон ба МТОК ва таъсири одам ба раванди он низоми ИМД аз ибтидо то интиҳо тавассути компютер амалӣ мегардад. Штрих-кодгузории рамзҳо[2], санҷиш, баҳогузорӣ, натиҷаи имтиҳонҳо ва афзалияти интихоби тахассус ва МТОК комилан бар зиммаи барномаҳои компютерӣ мебошад.

 Татбиқи низоми ИМД ба МТОК қадами устувор дар амалӣ намудани  раванди рушди маориф, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисону донишҷуёни кишвар ва муайян намудани сатҳи дониши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) хоҳад гашт.


[1] тест – маҷмӯи саволу супоришҳо ё масъалаҳо аст, ки дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва китобҳои дарсии амалкунанда таҳия шудааст

[2] Штрихкод- рамзе, ки тавассути хат ва рақам ифода мешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021
  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон