Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

Маълумоти умумӣ

Нашр шуд: 06 Марти 2018
Диданд: 1547

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади таҷдиди низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (МТТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 5-уми марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” таъсис дода шуд, ки тибқи оиннома фаъолияти он ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТТОК равона гардидааст.

Дар робита бо масъалаи ҷорӣ намудани ИМД ба МТТОК 28-уми июли соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созашномаи лоиҳаи гранти “Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия (READ) марҳалаи 2-юм» ба имзо расид, ки онро Марказ то 31-уми октябри соли 2014 амалӣ намуд.

Мақсади лоиҳа таҳкими иқтидори кадрии Марказ ва ташкили фаъолияти он баҳри амалӣ намудани низоми ИМД ба МТТОК буд. Дар доираи татбиқи лоиҳа бахшҳои таҳкими равандҳои институтсионалии Марказ, тақвияти неруи кадрии Марказ ва муҷаҳҳазгардонии Марказ амалӣ гардид.

Бо назардошти нақшу аҳамияти баланд доштани ин имтиҳонҳо дар соҳаи илму маориф муассисаи мазкур таҷдиди сохтор ва тағйири тобеияти идорӣ карда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврали соли 2014, № 138 дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. 

Аз соли 2015, дар баробари МТТОК (донишгоҳу донишкадаҳо), муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми ИМД ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад.

Ғайр аз ин, тибқи оиннома вазифаи дигари Марказ ташкили мониторниг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон аст. Дар ин самт низ Марказ ҳамасола як қатор корҳоро ба анҷом мерасонад, ки ин барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои оинномавии Марказ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

МАҚСАДҲОИ АСОСИИ ОИННОМАВИИ ММТНПҶТ

– таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ;

– гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тестгузаронӣ.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ОИННОМАВИИ ММТНПҶТ

– ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТТМОК ҶТ);

– тақсимоти довталабон ба МТТМОК ҶТ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо;

– ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон.

 

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ММТНПҶТ

– таъмини дастрасии иттилоот ба ҷомеа оид ба низоми ИМД ба МТТМОК ҶТ;

– таҳияи барномаҳои имтиҳони фанҳо;

– таҳияи саволномаҳои тестӣ, озмоиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

– ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳон дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бақайдгирии довталабон ва гузаронидани ИМД;

– ҷалб намудани сохторҳои дахлдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ, саломатӣ ва тартиби ҷамъиятӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳон;

– тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Барномаи "Интихоби ихтисос"Барномаи "Интихоби ихтисос"
  • Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣРӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон