Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
      • БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ
      • Ҳисоботи миллӣ PISA-2025
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ДОХИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

Нашр шуд: 18 Ноябри 2026
Диданд: 69

Дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ ва ҳифзи наслҳои оянда, махсусан кӯдакону наврасон мебошад, чунки гурӯҳҳои террористӣ бештар ба ҷавононе, ки саводи кофӣ надоранд ва ба осонӣ фирефта мешаванд, рӯй меоваранд.  Аввалин омили ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бесаводӣ ва хурофот мебошад. Маҳз ҳамин омил ва тамоюли дохилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.

Аз ҷумла, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар доираи принсипҳои адолат, шаффофият, дастрасии баробар ба таҳсил фаъолият менамояд.

Марказ дар доираи фаъолияти худ ба ҷавононе, ки хоҳиши давом додани таҳсил, малакаю маҳорат ва дониши хуб доранд, шароити мувофиқ муҳайё намуд, то ки онҳо ба муассисаҳои таълимии интихобкардаи худ дохил шуда, таҳсилро давом диҳанд ва аз бесаводӣ ва хурофот дур шаванд.

Мавриди зикр аст, ки ҷавонон аз таърихи миллат, арзишҳои фарҳангию  динӣ ва  сиёсӣ бехабар монанд, душманон ба осонӣ ба ақлу тафаккури ӯ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, муҳимтарин роҳи пешгирӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати кӯдакон аз овони хурдсолӣ  аст. Дар оила падару модар бояд ба фарзандон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллию диниро омӯзонанд. Нақши мактаб ва муассисаҳои таълимӣ дар ин самт хеле бузург аст. Омӯзгорон вазифадоранд, ки дарсҳои таърих, ҳуқуқ ва адабиётро ба хонандагон дуруст шарҳ дода, моҳияти хатарноки фирефташавӣ ба терроризмро фаҳмонанд. Ба ҷои тарс бояд дар дили наврасон ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштагони худро бедор намоянд.

Самти дигаре, ки Марказ барои пешгирӣ аз дохилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаронӣ роҳандозӣ менамояд, гузаронидани вохӯриҳо ва корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар байни ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Чун имрӯз истифодаи ғайримақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як манбаи асосии тарғиби ифротгароӣ табдил ёфтааст, дар вохӯриҳо таъкид карда мешавад, ки падару модар ва омӯзгорон вазифадоранд, ки истифодаи дурусти интернетро ба кӯдакон омӯзонанд ва онҳоро аз ворид нашудан ба гурӯҳҳои шубҳанок огоҳ созанд.

Дар баробари ин, кормандони Маркази миллии тестиро низ зарур аст, ки барои паҳн кардани маводи маърифатӣ ва зиддитеррористӣ дар шабакаҳои интернетӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд.

Танҳо бо ҳамкории зичи оила, мактаб, давлат ва ҷомеа мо метавонем, ки кӯдакону наврасонро аз доми хоинони миллат ва терроризм ҳифз намоем ва наслҳои солим, худогоҳ ва ватандӯст ба воя расонем, зеро ҷавонони худогоҳ гарави сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони азизи мо мебошанд.

Парвиз Саидзода,
сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳони
Маркази миллии тестӣ

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои ПрезидентӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои Президентӣ
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Пешгирии ҷавонон аз дохилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ

Дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ ва ҳифзи наслҳои оянда...

 

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

   

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон