Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Шуъбаи молия

Нашр шуд: 07 Феврали 2020
Диданд: 7321

ШУЪБАИ МОЛИЯ

Шуъбаи молия воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба директори Марказ итоат менамояд. Роҳбарии бевоситаи шуъба ба зиммаи сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ МОЛИЯ

– ташкили идораи молиявӣ ва харид дар Марказ;

– ҷорӣ намудани тарзу усулҳои пешрафтаи баҳисобгирии муҳосибӣ бо истифодаи васеи воситаҳои техникию электронии ҳозиразамон;

– ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– баҳисобгирии пурраи воситаҳои пулӣ, сарватҳои молию моддӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин сабти саривақтии онҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибии амалиёти марбут ба онҳо;

– ҳисоби дурусти хароҷоти истеҳсолӣ ва муомилот, иҷрои харҷномаҳои хароҷот, фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дигар кору хизматрасониҳо, тартиб додани нархномаи ҳисоботии арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасонии аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда;

– ба роҳ мондани баҳисобгирии дақиқи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагии Марказ;

– дуруст ҳисоб намудан ва сари вақт гузаронидани пардохтҳо ба буҷет, ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва маблағҳо барои маблағгузории асосӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохт намудани қарзи бонкҳо ва ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои марбута, аз ҷумла фондҳои хайриявӣ;

– иштирок дар кори воҳиди ҳуқуқии дохилисоҳавӣ ҷиҳати тартиб додани мавод аз рӯи камомад ва азхудкунии воситаҳои пулӣ ва сарватҳои молию моддӣ ва дар мавриди зарурӣ назорати супоридани ин мавод ба мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ва дар сурати набудани воҳиди ҳуқуқӣ, бевосита иҷро намудани ин вазифаҳо;

– тартиб додани ҳисоботи муҳосибии саҳеҳ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалия ва қайдҳои муҳосибӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани он;

– бо мақсади муайян намудани захираҳои дохилихоҷагӣ пешгирӣ намудани талафот ва хароҷоти ғайриистеҳсолӣ, аз рӯи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ (дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои таркибсохторӣ) амалӣ намудани таҳлили иқтисодии фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилотҳо;

– иштироки фаъоли кормандони баҳисобгирии муҳосибӣ дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳои ба риояи интизоми давлатӣ ва мустаҳкамгардонии ҳисоби хоҷагӣ равонагардида;

– маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷчатҳои муҳосибӣ, ба расмият даровардан ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бойгонӣ супоридани онҳо;

– таваҷҷуҳи ҷиддӣ додан барои босифат тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, роҳ надодан ба ислоҳи ҳуҷҷат баъд аз имзои директор ва сармуҳосиби Марказ;

– ба сохтори назорати дохилии Марказ пешниҳод намудани маълумот ва гузоришҳои дахлдор;

– риояи қоидаҳои ба расмият даровардани қабул ва додани сарватҳои молию моддӣ;

– дуруст ба роҳ мондани сарфаи фонди музди меҳнат, муқаррар намудани маоши мансабӣ, риояи қатъии интизоми бастҳои корӣ, молиявӣ ва хазинавӣ;

– риояи тартиби гузаронидани барӯйхатгирии воситаҳои пулӣ, сарватҳои моливу моддӣ, фондҳои асосӣ, ҳисобу китоб ва уҳдадориҳои пардохтӣ;

– дар муҳлатҳои муқарраргардида рӯёндани қарзҳои дебиторӣ ва пардохти қарзҳои кредиторӣ, риояи интизоми пардохтӣ;

– дар доираи талаботи қонунгузорӣ аз тавозуни муҳосибӣ аз эътибор соқит намудани камомад, қарзҳои дебиторӣ ва дигар талафот;

– ҳамкорӣ кардан бо дигар воҳидҳои сохтории Марказ дар ташкилу баргузории семинар, мизи мудаввар ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ, иттилоотӣ ва таблиғотӣ;

– расонидани ёрии методӣ ва додани тавсияҳо ба воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Марказ дар масъалаҳои молиявӣ;

– таҳия ва (ё) иштирок дар таҳияи санадҳои дохилӣ ва меъёрии молиявии марбут ба фаъолияти Марказ ва таъмини раванди мувофиқасозии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор;

– баррасӣ ва (ё) иштирок дар баррасии муроҷиат ва арзу шикоятҳое, ки ба Марказ ворид шудаанд ва омода кардан ва (ё) иштирок дар омода кардани ҷавоб ба онҳо; расонидани ёрии методӣ оид ба чунин масъалаҳо ба воҳидҳои дигари сохтории Марказ;

– санҷиши дурустӣ ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқат кардани фармоишҳо, шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷиҳати меъёрҳои молиявӣ, ки барои имзо ба директор пешниҳод карда мешаванд; додани хулосаи зарурӣ дар бораи онҳо;

– бо воҳидҳои дигари сохтории Марказ ташкил кардани кор барои таҳия ва бастани шартномаҳо;

– омода кардани хулосаҳо оид ба пешниҳодҳо дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидани кормандони Марказ;

– иҷрои дигар уҳдадориҳои хадамоти молиявӣ ва хоҷагидорӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

 

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МОЛИЯ

– сардори шуъба;

– муҳосиб (1);

– хазинадор (1);

– мутахассис (1).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон