Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023

Нашр шуд: 01 Марти 2023
Диданд: 6317

Душанбе, 1-уми марти соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1‑уми март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз кард. Ин марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз ин миқдор шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар 44-тои онҳо 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД фаъолият мекунанд. Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ фаъолият мекунанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Барои ташкил ва фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ Марказ дар асоси озмун 243 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиранда ба кор ҷалб кардааст. Ҳамаи кормандони ҷалбшуда омӯзиши махсус дидаанд.

Таъкид менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб шуда, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик ё мувофиқ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад. Хотиррасон мекунем, ки бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу корманди нуқтаи бақайдгирӣ довталаб метавонад бо истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” аз номнависии пешакӣ гузашта, баъдан барои бақайдгирии расмӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шавад.

Муҳлати марҳалаи асосии асосии бақайдгирӣ то 30-юми апрел муқаррар гардидааст. Лозим ба зикр аст, ки яке аз навгониҳои соли ҷорӣ ин аст, ки марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон ҳамзамон бо раванди марҳалаи асосии бақайдгирӣ ба роҳ мешавад. Солҳои пеш ин марҳала маъмулан аз 16-ум то 30-юми апрел гузаронда мешуд.

Инчунин, соли ҷорӣ шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки дар вақти бақайдгирӣ ба довталабон барои интихоб ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешаванд, 2-то (шаҳри Исфара ва ноҳияи Ёвон) зиёд гардид. Имтиҳонҳо низ соли ҷорӣ, вобаста ба ин, дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда хоҳанд шуд.

Марказ бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи “Интихоби ихтисос”-ро таҳия кард.  Барномаи мазкур, ки низ як навгонӣ дар соли ҷорӣ мебошад, дар ду гуна: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) аз мағозаи интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ)-ро барои имтиҳон, ҳамчунин маконҳои имтиҳонсупорӣ ва фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, яке аз ин забонҳо – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро, ҳамчун забони хориҷӣ, барои имтиҳонсупорӣ интихоб карда метавонанд.

Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Чун солҳои пеш таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд.

Мо ҳамеша инро таъкид мекунем ва боз ҳам такроран мегӯем, ки довталабон бояд ҳангоми бақайдгирӣ огоҳонаю оқилона амал намоянд, талаботу қоидаҳои муқарраргардидаро риоя кунанд. Махсусан, ба масъалаи бартарии интихобҳо, яъне дуруст ва мувофиқи мақсад гузоштани комбинатсияи ихтисосҳо дар рӯйхати интихоб, ҳатман ба эътибор гирифтани миқдори маблағи таҳсил (дар ҳолати интихоби таҳсили пулакӣ) таваҷҷуҳи зиёд додани довталабону волидайни онҳо зарур аст.

Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2023, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи Марказ ва хизматрасонии “Худро бисанҷ” ёрирасон хоҳад буд.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар марҳалаи асосӣ пардохтшаванда 25 сомонӣ аст.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” ва шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз доранд.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк, ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон