Имрӯзҳо мушкилоти коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонад. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлати азизамон, Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад. Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои дигаргунсозиҳои иҷтимоию иктисодӣ дар мамлакати мо муқовимат бо коррупсия ҳам дар системаи ҳокимияти давлатӣ ва чи дар қисмҳои алоҳидаи он эълон карда шудааст. Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд. Хурсандиовар аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо ва барномаҳои гуногун қабул карда шудааст.
Мусаллам аст, ки баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва аз 3 августи соли 2021, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуданд. Принсипҳои асосии Стратегия аз инҳо иборат мебошанд:
- қонуният;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
- ба назар гирифтани афкори ҷомеа;
- эътироф намудани коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи маҷмуи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.
Дар заминаи қабули стратегияҳо ва барномаҳои дахлдор, нақша-чорабиниҳо барои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ташкил карда шуд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ки ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва сохтори конститутсионӣ маҳсуб меёбад, бо фармоиши директори Марказ аз 07.01.2022, № У-3 Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 оид ба «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ кард. Қайд кардан ба маврид аст, ки вобаста ба амалӣ намудани чораҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ баҳри кам намудани робитаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муқовимат ба коррупсия, ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда Марказ дар семинарҳо ва вохӯриҳои худ бо довталабон ва волидайни онҳо вобаста ба ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзои ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбатҳо мегузаронад. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар сомонаи расмии Марказ оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иттилооърасониро сари вақт роҳандозӣ намудааст, то ки довталабон, волидайни онҳо ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ, ки аз ҷониби шахсони номаълум сар мезананд, бовар накарда, аз сомонаи расмии Марказ барои шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва фаъолияти Марказ бархурдор бошанд ва минбаъд низ оид ба ин масъала чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамин тариқ, такмили корҳои зиддикоррупсионӣ бояд ба татбиқи ҳамаҷонибаи тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва молиявӣ алоқаманд бошад, ки таҳияи механизмҳои заруриро таъмин карда, татбиқи он имкон медиҳад, ки барои тағирёбии куллӣ вазъият дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ заминаҳои ҷиддии мусбатро фароҳам биёрад.