Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРНОМАИ ИНТИХОБИ ИХТИСОС

Нашр шуд: 28 Феврали 2023
Диданд: 9446

Душанбе, 27-уми феврали соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи “Интихоби ихтисос”-ро таҳия кард. Барномаи мазкур, ки яке аз навгониҳо дар соли ҷорӣ мебошад, дар ду гуна: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон https://play.google.com/store/apps/details?id=com.companyname.specializationselect&pli=1) аз мағозаи интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо (https://ntc.tj/images/file/IntikhobiIkhtisos.zip) аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.

Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳо дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки онро Марказ дар шакли чопӣ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонидааст, ҷой дода нашудааст. Аз ин лиҳоз, ба шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз барномаи мазкур истифода намоянд.

Равзанаи барномаи “Интихоби ихтисос” аз унсурҳои зерин иборат аст:

• майдони интихоби гурӯҳи ихтисосҳо;

• майдони интихоби зинаи таҳсил (синфи 9-ум ё 11-ум);

• майдони интихоби ихтисос (ин майдон пас аз интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва зинаи таҳсил фаъол мегардад);

• майдони ҷустуҷӯй;

• майдони интихоби шакли таҳсил (рӯзона, шабона, фосилавӣ ё ғоибона). Ин майдон низ пас аз интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва зинаи таҳсил фаъол мегардад;

• майдони интихоби намуди таҳсил (ройгон ё пулакӣ). Ин майдон пас аз интихоби гурӯҳи ихтисосҳо, зинаи таҳсил ва шакли таҳсил фаъол мегардад;

• майдони интихоби муассисаи таълимӣ. Ин майдон пас аз интихоби гурӯҳи ихтисосҳо, зинаи таҳсил, шакли таҳсил ва намуди таҳсил фаъол мегардад;

• рӯйхати ихтисосҳо барои интихоб кардан. Пас аз интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва зинаи таҳсил дар ин рӯйхат ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки барои гурӯҳи ихтисосҳо ва зинаи таҳсили интихобшуда пешбинӣ гардидаанд, намоиш дода мешавад. Бо интихоби майдонҳои дигар (интихоби ихтисос, шакли таҳсил, намуди таҳсил ва муассисаи таълимӣ) гузинаҳо – маълумоти ин рӯйхат маҳдудтар мешавад. Бо пахш кардани чоркунҷаи ранги пасзаминааш кабуди дорои аломати ҷамъ (“+”), ки дар рӯбарӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос ҷойгир аст, дар рӯйхати поёнӣ ихтисосҳои интихобкарда пайдо хоҳад шуд;

• рӯйхати ихтисосҳои интихобкарда. Комбинатсияи ихтисоси интихобкардаро аз ин рӯйхат бо пахш кардани чоркунҷаи ранги пасзаминааш сурхи дорои аломати тарҳ (“‑”), ки дар рӯбарӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос ҷойгир аст, ҳазф кардан мумкин аст;

• тугмаи сабти рӯйхати ихтисосҳои интихобкарда дар қолаби ҳуҷҷати қобили интиқол (PDF).

Пас аз интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо довталаб бояд рӯйхати онҳоро дар қолаби ҳуҷҷати интиқолпазир (PDF) сабт кунад. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки барои бақайдгирӣ рӯйхати мазкурро дар шакли чопӣ пешниҳод кунанд. Агар довталаб чунин имконро надошта бошад, ба нуқтаи бақайдгирӣ шакли дастнависи онро метавонад пешниҳод кунад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб кунад, ки ба имконияту қобилияташ мувофиқ бошад. Ҳангоми интихоби ихтисос ба шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ), намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) ва макони ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ диққат додан хеле муҳим аст. Зеро ихтисосҳои зиёде ҳастанд, ки аз рӯйи шаклу намуди гуногуни таҳсил дар чандин муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешаванд.

Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.

Новобаста аз барномаи “Интихоби ихтисос”, гунаи ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақша аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2023-2024 тавассути ИМД донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул карда шаванд, дар сомонаи Марказ дар шакли ҷадвал бо имкони интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва муассисаи таълимӣ ҷойгир карда шудааст. Феҳристи мазкур дар сомонаи Марказ дар қолаби PDF низ ҷой дода мешавад, ки онро хоҳишмандон метавонанд боргирӣ ва чоп намоянд.

ТАВАҶҶУҲ! Қаблан дар сомонаи Марказ гунаи пешакии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳо дар шакли ҷадвал ҷойгир карда шуда буд, ки бинобар зарурат дар он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Аз ин лиҳоз, ба шахсони ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи қаблии феҳрист интихобкарда тавсия медиҳем, ки бори дигар интихобҳояшонро бо маълумоти гунаи ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳои дар сомонаи Марказ ҷойдода ва ё барномаи “Интихоби ихтисос” муқоиса намоянд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон