Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 08 Феврали 2016
Диданд: 1697

Душанбе, 8-уми феврали соли 2016

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 аз 8-ум то 23-юми феврали соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар семинари мазкур ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 237 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки аз ин шумора 224 нафарашон ба иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд. Хотиррасон менамоем, ки семинари мазкур дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир мегардад.

ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТУ ВОХӮРИҲО БО ХАТМКУНАНДАГОН

Нашр шуд: 01 Феврали 2016
Диданд: 1564

Душанбе, 1-уми феврали соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ – ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор ташкил мекунанд. Курси мазкур аз рӯйи маводи иттилоотиву методии омодакардаи Марказ: дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” ва “Барнома ва модули курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ”, ки ба тамоми муассисаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим карда шудаанд, гузаронида мешавад. Инчунин, дар баробари маводи иттилоотии зикргардида, ба муассисаҳои таълимӣ Маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест ва диск (намунаи электорнии маводи лозима) тақсим карда шудааст.

ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ ВИЛОЯТӢ

Нашр шуд: 01 Феврали 2016
Диданд: 3409

Душанбе, 1-уми феврали соли 2016

Тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон дар ҳамкории Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Нашр шуд: 29 Январи 2016
Диданд: 1498


Душанбе, 29-уми январи соли 2016

Бо ибтикори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 – уми январи соли 2016 дар маҷлисгоҳи Марказ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдаки 192) бо иштироки намояндагони масъули Марказ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон,  намояндагони  ваколатдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва дигар намояндагони муассисаҳои таълимии мазкур мизи мудаввар доир гардид. Дар ҷамъомад низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, инчунин ҳамкории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ гардид.

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 27 Январи 2016
Диданд: 1603

Душанбе, 27-уми январи соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 29-уми январи соли 2016 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдаки 192 соати 09:00) бо иштироки намояндагони  ваколатдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, мизи мудаввар доир ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гузаронида мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 224-53-66, 224-53-68

  1. СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ РОҲБАРОНИ РАЁСАТ ВА ШУЪБАҲОИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
  2. КУРСҲОИ ОМӮЗИШ БАРОИ ТАБЛИҒГАРОНИ ИМД-2016

Саҳифаи 162 аз 189

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 157
  • 158
  • ...
  • 160
  • 161
  • 162
  • 163
  • 164
  • ...
  • 166
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳои давраи сеюми бақайдгирӣ - тақсимоти такрорӣ)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳои давраи сеюми бақайдгирӣ - тақсимоти такрорӣ)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои давраи сеюмҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои давраи сеюм
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон