Душанбе, 15-уми марти соли 2016
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои буҷетии якчанд ихтисосҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба нақшаи қабули тасдиқшуда дар маҷмӯъ 400 ҷой илова гардид.
Инчунин, тибқи розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи шартномавии ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 200 ҷой илова гардид.
Рӯйхати ҷойҳои иловагардида вобаста аз муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳо дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст.