Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОН
Душанбе, 4-уми апрели соли 2016
оид ба интихоби кормандони муваққатӣ барои ташкил ва
баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озмун эълон мекунад
Мансаб: Роҳбари маркази имтиҳонӣ (46 ҷой)
Ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ (46 ҷой)
Муҳлат: 15 (понздаҳ) рӯз (аз 29-ум июн то 13-уми июл бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, н. Рашт – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 12 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Конибодом – 4 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 2 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 12 нафар, ш. Кӯлоб – 12 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, ш. Хоруғ – 2 нафар.
Барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо марказҳои имтиҳонӣ (МИ) таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.
Бо ин мақсад Марказ барои интихоби роҳбарони МИ ва ёварони роҳбарони МИ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории ИМД
- омода намудани марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД
- назорати фаъолияти кормандони муваққатии ба ӯ вобаста
- таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф на камтар аз 5 сол
- малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо
- малакаи хуби муошират
- маҳорати суҳбати озод бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
- ба иштирокчиёни имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2014 ва 2015 афзалият дода мешавад
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаи тасдиқкардаи Марказ бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ, нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, тавсиянома аз ҷойи кори асосӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами инфиродии суғуртавиро ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
шахси мутасаддӣ: Т. Каримов, тел.: 915 98 00 88 (ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);
дар вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Хаким Карим, 16,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
шахси мутасаддӣ: М. Аҳмадзода, тел.: 911 10 12 97 (вилояти Суғд);
дар вилояти Хатлон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
шахси мутасаддӣ: Р. Халилов, тел.: 915 98 00 58 (вилояти Хатлон);
дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
шахси мутасаддӣ: М. Шоназарова, тел.: 915 98 00 51 (ВМКБ);
Интихоб аз тариқи озмун гузаронида мешавад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 29-уми апрели соли 2016 то соати 16:00.