Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 996
Душанбе, 19-уми июни соли 2018
Ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, расонида мешавад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани паёмак (SMS) аз телефони мобилиашон барқарор намоянд.
- Диданд: 747
Душанбе, 19-уми июни соли 2018
Ба диққати довталабоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 аз қайд гузаштаанд, расонида мешавад, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ташкил карда мешаванд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
МАТЛАБИ МАТБУОТӢ: OИД БА ОҒОЗИ СЕМИНАР БАРОИ ОМӮЗГОРОН-ТАФТИШГАРОНИ КОРИ ХАТТИ (ЭССЕ) ДАР ИМД – 2018
- Диданд: 803
Душанбе, 19-уми июни соли 2018
Мутобиқи банди 46-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018 – 2019 бо мақсади омода намудани омӯзгорон – тафтишгарони кори хаттӣ (эссе) дар 3 минтақаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Бохтар, Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ барои омода кардани кормандони муваққатӣ ҷиҳати тафтиши корҳои хаттӣ (эссе) дар ИМД – 2018 баргузор мегардад. Шумораи иштирокдорони семинар 200 нафар аст, ки мувофиқи нақша ба 20 гурӯҳ ҷудо карда шуда, ба ҳар як гурӯҳ роҳбар таъйин гаштааст. Ба ҷуз ин, аз ҷумлаи кормандони Марказ низ 6 нафар дар ин семинар иштирок хоҳанд кард.
- Диданд: 752
Душанбе, 14-уми июни соли 2018
Дар доираи корҳои омодагӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмур ва маъмури калони имтиҳон, бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ дар 26 нуқтаи 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гузаронид. Мувофиқи эълон дар марҳилаи 1-ум 3928 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супориданд. Дар марҳилаи 2-юм аз тарафи шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда санҷида шуда, ҳуҷҷатҳои 2984 нафар хоҳишманд, ки ба талаботи дар эълон зикршуда мувофиқат карда буд, интихоб карда шуд. Дар марҳилаи 3-юм шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон ин ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, 2567 нафар довталаби барои кор ариза пешниҳодкардаро барои ширкат дар семинар-машварат иҷозат дод.
- Диданд: 1037
Душанбе, 6-уми июни соли 2018
Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2018 иштирок кардан мехоҳанду лекин худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ин имтиҳонҳо аз 12-уми июн оғоз мегардад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |