Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1217
Душанбе, 24-уми майи соли 2019
Рӯзи 23-юми майи соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар, ки ташкилкунандаи он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, намояндагони Маҷлиси намояндагон, Вазорати маориф ва илм, ректорон ва ноибони ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Лозим ба зикр аст, ки дар ин ҷаласа ноиби ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург Горбашко Елена Анатолевна низ ширкат карда, дар мавзӯи зикршуда маърӯза кард.
- Диданд: 1030
Душанбе, 20-уми майи соли 2019
Бо мақсади омодагӣ ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ оғоз кард. Чунин семинар-машваратҳо аз 20-ум то 21-уми майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти умумии № 100 барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 18 нафар шунаванда, аз 23-ум то 24-уми май дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 23-ум то 24-уми май дар шаҳри Бохтар дар муассисаи таҳсилоти умумии № 12 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 9 нафар шунаванда ва дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти умумии № 51 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 8 нафар шунаванда баргузор мегардад.
- Диданд: 1138
Душанбе, 17-уми майи соли 2019
Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Русия дар рӯзҳои 16-ум-17-уми моҳи майи соли 2019-ум дар байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмоиши “Абзори арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои ибтидоӣ” (SAM)-ро аз фанни математика гузаронд. Дар озмоиш зиёда аз 1000 нафар хонандагони синфҳои 4-ум аз 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
- Диданд: 1044
Душанбе, 8-уми майи соли 2019
Тибқи талаботи банди 12-уми ”Тартиби интихоби муассисаҳои таълимии дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда” комиссияи таъсисдодаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ, арзёбӣ, интихоб ва қабули муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкили марказҳои имтиҳонӣ аз 65 муассисаҳои таълимӣ дидан намуд. Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ рӯйхати 47 муассисаи таълимӣ барои ташкили марказҳои имтиҳонӣ дар соли 2019 ҷиҳати тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
- Диданд: 1117
Душанбе, 30‑юми апрели соли 2019
Олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ байни хонандагони литсей ва мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат аз фанҳои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзи 27-уми апрели соли 2019-ум дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии президентӣ” дар шаҳри Душанбе доир карда шуд. Олимпиадаи мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор намуд.
Эълонҳо
Озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ
Озмун барои интихоби маъмури калон ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
Озмун барои интихоби тренерон
Намунаи саволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
Роҳнамои довталаб – 2025
ТАҚВИМИ ИМД – 2025
Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |