Душанбе, 27‐уми январи соли 2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти соҳа пайваста бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мемонад. Аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он шарик мебошад, Лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1‐уми Иттиҳоди Аврупо “Таҳқиқоти миллии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон” аст. Бояд гуфт, ки арзёбии дастовардҳои таълимӣ неруи ҳаракатдиҳандаи фаъолияти таълим ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад. Вобаста ба ин Марказ дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ абзори роҳандозии ин Лоиҳа – саволу масъалаҳои тестро дар якчанд вариант аз фанҳои табиатшиносӣ (синфи 5‐ум), биология, физика ва химия (синфи 11‐ум) таҳия намуд.
Бо мақсади муайян намудани сифати (коршоямӣ)‐и саволу масъалаҳои тести таҳиягардида озмоиш ба нақша гирифта шуда буд, ки аз 27-уми январи соли 2021 оғоз гардид. Озмоиш дар синфҳои 5‐ум ва 11‐уми 26 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод ва Ҳисор баргузор мегардад.
Барои иштирок дар озмоиш муассисаҳои таълимӣ ва синфҳо бо усули интихоби тасодуфӣ гирифта шудаанд. Дар ин озмоиш иштироки 1600 нафар хонанда, аз ҷумла 820 хонандаи синфи 5‐ум ва 780 нафар хонандаи синфи 11‐ум дар назар дошта шудааст.
Ба хонандагоне, ки дар озмоиш иштирок менамоянд, фаҳмонида мешавад, ки ҳамаи саволу масъалаҳоро бо масъулияти тамом иҷро намоянд, зеро ҷавобҳои ҳаққонии онҳо барои муайян намудани коршоямии саволу масъалаҳои тест, ки минбаъд барои истифода дар таҳқиқоти асосӣ интихоб мегардад, муҳиманд.
Ёдовар бояд шуд, ки вақти озмоиш мувофиқи шумораи саволу масъалаҳои тести ҳар фан аз 45 то 60 дақиқа муайян шудааст.