Курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2021
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Вобаста ба ин 18-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Марказ курси шиносоӣ бо иштироки намояндагони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор баргузор гардид, ки он то 20 – уми январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор, дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводди тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.
Баъд аз баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар шаҳри Душанбе ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкилу баргузории ин курс тибқи ҷадвали тасдиқшудаи сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ хоҳанд рафт.
Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3836 намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 27-ум то 29-уми январи соли 2021 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар анҷоми курсҳои шиносоӣ сатҳи дониши иштирокдорони даври аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ тавассути тест санҷида мешавад.
Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2021 аз 1-уми феврал то 5-уми март, ё дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони доимӣ ва муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари довталабон пешбинӣ шудааст.