Душанбе, 5-уми августи соли 2020
Рӯзи 3-юми августи соли 2020 дар маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) доир гашт.
Ба кори ҳамоиш, ки дар он намояндагони расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар (рӯзномаву ҳафтанома, маҷалла, радиову телевизион ва ожонсиҳои иттилоотӣ) ширкат доштанд, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) Икромӣ Хуршед Икром оғоз бахшида, дар бораи муҳимтарин самтҳои фаъолияти Марказ мухтасар маълумот дод ва қайд кард, азбаски барои намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумотнома дар бораи фаъолияти Марказ дар соли 2020 ба забони тоҷикӣ дар шакли ҷузва пешниҳод карда шудааст ва бинобар маҳдуд будани вақти муқарраршуда дарҳол ба суолу ҷавоб гузаштан ҳадафманд хоҳад буд.
Икромӣ Х. И. аз ҳамкории журналистону хабарнигорони кишвар бо Марказ ва масъалабардории онҳо аз тариқи ВАО изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, ҳозиронро аз умдатарин навгониҳои рухдода дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии кишвар, бахусус тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонҳо дар низом воқиф сохт.
Директори Марказ аз ҷумла гуфт, ки бинобар вазъи марбут ба пандемияи COVID-19 имсол марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД ва давраи иловагии имтиҳонҳо на танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб низ баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа хабарнигорон ба суолҳои худ дар бораи масъалаҳои гуногуни марбут ба ИМД ва фаъолияти Марказ аз роҳбарияти муассисаи мазкур ва масъулони соҳа посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар охир роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ташаккур ба хабарнигорон аз онҳо изҳори умедворӣ кард, ки дар баёну нашри иттилооти марбут ба Марказ ва низоми ИМД дақиқкору ҳақбин хоҳанд буд ва барои дурустии маълумот ва ба ифроту тафрит роҳ надодан дар инъикоси хабарҳои марбута ҳамеша бо эҳсоси масъулият муносибат мекунанд.