Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 15 Марти 2016
Диданд: 1402

Душанбе, 15-уми марти соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои буҷетии якчанд ихтисосҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба нақшаи қабули тасдиқшуда дар маҷмӯъ 400 ҷой илова гардид.

ОҒОЗИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2016

Нашр шуд: 01 Марти 2016
Диданд: 1587

Душанбе, 1-уми марти соли 2016

Даври асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2016 шурӯъ гардид. Дар асоси таҳлилҳо оид ба шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2016 бо мақсади таъмини дастрасии хоҳишмандон барои аз қайд гузаштан дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ таъсис дода шуда, дар 20 шаҳру ноҳияи кишвар нуқтаҳои сайёр фаъолият хоҳанд кард.

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД-2016

Нашр шуд: 29 Феврали 2016
Диданд: 1408

Душанбе, 29-уми феврали соли 2016

Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб ба тартиби зерин муқаррар карда шуд:

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ КИШВАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 27 Феврали 2016
Диданд: 1464

Душанбе, 27-уми феврали соли 2016

Намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Рӯзҳои дарҳои кушода”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷиистон, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гашт, ширкат варзиданд.

Зимни вохӯрии мазкур директори Марказ Хуршед Тешаев дар бораи тамоми паҳлуҳои низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва муҳимтарин раванду марҳалаҳои он, аз ҷумла, аз омодагию бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, маълумот дода, онҳоро дар мавриди дуруст муайян кардани бартарии интихоби ихтисосҳо ба ҳушёриву бодиққатӣ, инчунин барои васеъ истифода бурдани сомонаи Марказ даъват кард.

Дар охир намояндагони Марказ ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳо доданд.

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ МАХСУС БАРОИ НОШУНАВОЁН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нашр шуд: 25 Феврали 2016
Диданд: 1430

Душанбе, 25-уми феврали соли 2016

Дар чаҳорчӯбаи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоён дар шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо хатмкунандагон, падару модарони хатмкунандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ директори Марказ Хуршед Тешаев дар бораи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва муҳимтарин раванду марҳалаҳои он – омодагию бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот муаррифӣ (презентатсия) намуд. Лозим ба қайд аст, ки муаррифӣ барои хатмкунандагон бо мадади тарҷумони имову ишора пешниҳод карда шуд.

  1. НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2016
  2. ВОХӮРИИ КОЛЛЕКТИВИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА РАҲМОНЗОДА АБДУҶАББОР АЗИЗ

Саҳифаи 152 аз 181

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 147
  • 148
  • ...
  • 150
  • 151
  • 152
  • 153
  • 154
  • ...
  • 156
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон