Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Изҳори ҳамдарӣ ва тасаллият

Нашр шуд: 18 Марти 2014
Диданд: 1386

Дирӯз тамоми ҷумҳуриро хабари фоҷиабор ва нобаҳангоми дар роҳи ноҳияи Айнӣ рухдода сахт андуҳгин кард. Сад дареғ, ки духтаракони ғунчаи умедашон нав ба шукуфтанҳои фасли Наврӯзрасида ва омӯзгори рӯзгори кӯтоҳи онон бо тӯфони сарнавишт аз шохсорони умеду орзуҳо канда шуда, роҳи ҷовидониро пеш гирифтаанд.

Аммо чӣ илоҷ, ки касе пеши роҳи ин сафарро дошта натавонист.

Мо ғаму ғуссаи падару модарони ин гулғунчаҳои ношукуфтаро ва пайвандонашонро дарк мекунем.

Забони одамӣ барои тасаллият лол аст.

Худованди бахшояндаи меҳрубон рӯҳашонро шод ва ҷояшонро дар биҳишти абад гардонад. Ба падару модарон ва пайванду ошноёни онон Худо сабру тоқат диҳад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Марҳалаи бақайдгирии довталабон дар саросари кишвар

Нашр шуд: 14 Марти 2014
Диданд: 985

Душанбе, 14-уми марти соли 2014. Шурӯъ аз 1-уми марити соли ҷорӣ дар 20 нуқтаи бақайдгирӣ марҳалаи сабтиномшавии довталабон оғоз шуд. Чунон ки иттилоъ дода будем, нуқтаҳои мазкур дар саросари ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд. Дар байни ин 14 рӯз аллакай зиёда аз 8 ҳазор нафар довталабон аз қайд гузаштаанд. Аз ин теъдод 40 дарсадро духтарон ва 60 дарсадро писарон ташкил мекунанд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби довталабон кластерҳои V ва II бештар интихоб шудаанд. Маълумот дар бораи теъдоди онҳое, ки аз қайд гузаштаанд дар сомона ҳар рӯз ҷой дода мешавад.

Эълони имтиёзҳо

Нашр шуд: 28 Феврали 2014
Диданд: 1021

Душанбе, 28-уми феврали соли 2014. Ҳаяти мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тартиби имтиёзҳоро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ субҳи имрӯз муаяйн кард. Аз рӯйи қарори баррасишуда довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд. танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо мепардозанд.

Арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои маркзонидаи дохилшавӣ муайян шуд

Нашр шуд: 27 Феврали 2014
Диданд: 1164

Душанбе, 27.02.2014. Ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд. Бояд қайд кард, тибқи банди 7-и Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013 №2935 тасдиқ ва дар Вазорати адлия ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, хизматрасонӣ ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пулакӣ мебошад ва арзиши он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

ММТ хабар медиҳад

Нашр шуд: 25 Феврали 2014
Диданд: 1095

Душанбе, 25 феврали соли 2014. Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бароварда шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, таҳти №138 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 21.02.2014 баргузор гардид, эълон шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз гардид. Хуршед Тешаев директор ва Сабзалӣ Ҷаъфаров ба вазифаи муовини якуми директори марказ таъйин шуданд.

  1. Фаъолияти ММТ
  2. Саволҳо бе ҷавоб намонданд

Саҳифаи 155 аз 164

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 150
  • 151
  • 152
  • 153
  • ...
  • 155
  • 156
  • 157
  • 158
  • 159
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон