Душанбе, 30.11.2017
Дар таърихи 29.11.2017 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҷаласаи васеи машваратӣ баргузор гашт. Натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мавзӯи меҳварӣ буд, ки дар ин нишаст баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардорони раёсати Вазорати маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори дигар, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ҳайати роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ректор ва директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва дигар шахсони масъул ширкат карданд.
Ба кори маҷлис Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор оғоз бахшид. Мавсуф қайд кард, ки соҳаи илму маориф аз соҳаҳои калидии кишвар ба ҳисоб меравад, ки рушди иқтисод ва дигар ҷабҳаҳои ҷамъият ба он рабти қавӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат онро чун соҳаи афзалиятноки мамлакат эълон кардаанд ва бахусус ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, пайваста дар маърӯзаю суханрониҳо ва зимни вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа таъкид менамоянд.
Таваҷҷуҳ кардан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо бояд мудом дар мадди назари мо бошад, вале ба сатҳу сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ беш аз ҳама аҳамият додан зарур аст. Роҳандозӣ кардани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва таъсиси Маркази миллии тестӣ бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз комёбиҳои назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Мусоидат кардан ба мониторинг ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз вазифаҳои ин ниҳод аст, – таъкид намуд А. Раҳмонзода.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ X. И. дар бораи фаъолияти Маркази миллии тестӣ дар солҳои 2014-2017 дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ маърӯза карда, муфассалу возеҳ ва бо факту арқом оид ба кори ин ниҳод вобаста ба имтиҳонҳои мазкур ба ҳозирон маълумот дод. Мавсуф ба суолҳои аҳли толор, ки пиромуни маърӯзаи шунида доданд, посух гуфт.
Баъдан Одиназода Б. Н. ва Назирӣ А. Қ. – муовинони вазири маориф ва илм, Расулзода А. Б. – сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва дигарон маърӯза карданд. Чанде аз аҳли маҷлис баъди шунидани маърӯзаҳо ба музокира баромада, фикру андешаҳои хешро марбут ба масъалаҳои баёншуда иброз доштанд.
Дар охир вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид оид ба кори ҷаласа изҳори назар карда, дар бораи масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таклифу пешниҳодҳо кард. Сипас Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор андешаронӣ карда, баҳри рафъи камбуд ва костагиҳо дар самти таълим ва сифати он ба идораю муассисаҳо ва шахсони масъул супоришҳо доданд.