Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ДАР БОРАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Нашр шуд: 28 Сентябри 2016
Диданд: 1028

28-уми сентябри соли 2016

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ)

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ) барои таҳияи тестҳо аз фанни мазкур масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олӣ дар соҳаи таърих (таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ бартарӣ дониста мешавад);

– таҷрибаи омӯзгории на кам аз 6 сол;

– таҷрибаи корӣ ҳамчун омӯзгор-таҳиягари тестҳо на кам аз 2 сол;

– донистани равишҳои нави тестгузаронӣ ва таълим;

– дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;

– малакаи баланди муошират;

– малакаи хуби кор бо компютер;

– нутқу саводи хуби хаттӣ аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (ба донандагон забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);

Ба шахсоне, ки бо Марказ ҳамчун корманди муваққатӣ (муқарриз, таҳиягари тестҳо) ҳамкорӣ кардаанд ва ё дар таҳияи супоришу тестҳо барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок доштаанд, бартарӣ дода мешавад.

 

2. Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ барои сари вақт гузаронидани ташхиси техникӣ, корҳои профилактикӣ, таъмири асосӣ, таҷдиди қисматҳои таҷҳизот ва версияҳои таъминоти барномавӣ нисбат ба техника ва шабакаи компютерии дар Марказ истифодашаванда масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти хизматрасонии таҷҳизот ва таъминоти барномавии компютерҳо ва шабакаҳои компютерӣ;

– таҷрибаи корӣ дар насбу танзим, хизматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти компютерӣ ва офисӣ, таъминоти барномавӣ бо назардошти версияҳои шабакавии онҳо;

– маҳорати ташкил ва гузаронидани дарс (машварат)-ҳои фосилавӣ бо кормандони бахшҳои минтақавӣ дар самти дастгирии техникӣ;

– мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;

– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

 

3. Мутахассис-барномасоз

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Мутахассис-барномасоз барои иштирок дар равандҳои гуногуни коркарди коркарди иттилоот, аз ҷумла таҳияи қолабҳои ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ, қабул ва назорати иттилооти воридшаванда, омода кардани додашудаҳои аввалия, тавлиди ҳисоботҳо, нашри ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва ғайра масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самтҳои: барномасозӣ дар муҳит ва забонҳои муосири барномасозӣ; истифодаи системаҳои амалиётии муосир ва дастаи барномаҳои амалӣ;

– малакаи хуби корӣ дар самти насбу танзим ва таҷдиду истифодаи таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

– фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳо: забонҳои дархостӣ, коркарди додаҳо, системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо;

– дониши назариявӣ ва маҳорати амалӣ кардани усулҳои санҷиши таъминоти барномавии таҳия ва таҷдидшаванда барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта;

– малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;

– маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва таҳлили масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;

– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

 

4. Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии бахши минтақавии шуъбаи ташкил ва имтиҳони Марказ дар шаҳри Хуҷанд

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

Талаботи тахассусӣ:

Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ барои таъмини кори доимии таҷҳизоти компютерӣ, таъминоти барномавӣ ва шабакаи компютерии бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, насбу танзим, ташхису таҷдид ва хизматрасонии онҳо, инчунин таъмини машварат ва дастгирии техникии кормандони асосӣ ва муваққатӣ дар минтақа вобаста ба масъалаҳои истифодаи ТИК масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр);

– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти насбу танзим, таҷдиду ташхис ва хизматрасонию истифодаи таъминоти барномавӣ (системаҳои амалиётии муосир, дастаи барномаҳои амалӣ ва ғайра), таҷҳизоти компютерию офисӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

– қобилияти хуби корӣ ва малакаи хуби муошират;

– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

 

5. Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд

Шумораи ҷойҳо: 1

Реҷаи корӣ:

– дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 08:00;

– дар рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 08:00-и рӯзи дигар.

Талаботи тахассусӣ:

Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои муҳофизати кормандон, бино ва таҷҳизот дар дохили бахши минтақавӣ, танзиму риояи тартибот дар дохили муассиса, назорати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ, бақайдгирии шаҳрвандони ба Марказ муроҷиаткунанда ва амнияти бахши минтақавӣ масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

– маълумоти миёна ва ё миёнаи махсус;

– собиқаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ (ба шахсони синнашон то 50-сола афзалият дода мешавад);

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кори хаттӣ.

Хоҳишмандон дар озмун тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳояшонро (ариза, нусхаи шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИЦ) ва резюме бо забони тоҷикӣ) ба Марказ бо нишонии зерин пешниҳод намоянд:

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192

Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Факс: (+992 37)  224 53 66

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 17-уми октябри соли 2016, то соати 16:00

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон