Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР ИМД-2017

Нашр шуд: 02 Марти 2017
Диданд: 1150

Душанбе, 2-юми марти соли 2017

Бо мақсади сабукӣ додан ба довталабон тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани имтиёзҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои шахсоне, ки дар соҳаи варзиш дастовард доранд ё хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адо кардаанд, тағйир ёфт. Тибқи он барои шахсони зикршуда тасдиқи нотариалии нусхаи ҳуҷҷатҳои дахлдор зарур нест, яъне чунин шахсон барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои дахлдорро бо нусхааш бе тасдиқи нотариалӣ пешниҳод менамоянд.

Шахсоне, ки дар ИМД-2017 иштирок кардан мехоҳанд, бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдори зерин дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ сабти ном шаванд:

1) шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст ва нусхаи он;

2) ҳуҷҷат дар бораи зинаи дахлдори таҳсилот ё дар бораи хатмкунандаи муассисаи таълимӣ будани шахс:

– маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11-ум);

– маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);

– маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);

– аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои шахсоне, ки муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11-умро хатм кардаанд);

– диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи он (барои шахсоне, ки муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

– диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи он (барои шахсоне, ки муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм кардаанд);

3) расид (квитансия)-и пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”;

4) хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои 1‑ум ва 2‑юм ва кӯдаки маъюб тибқи ихтисос(ҳо)-и аз муассиса(ҳо)-и таълимӣ интихобкарда;

5) ҳуҷҷат(ҳо)-и тасдиқкунандаи имтиёзҳо ва нусхаи он(ҳо) (агар дошта бошад), аз ҷумла:

– хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумотномаи силсиладор) ва нусхаи он дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдаки маъюб будани довталаб (барои маъюбони гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдакони маъюб);

– хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо (барои ятимони кулли то 21-сола);

– маълумотнома дар бораи бепарастор будан, ки бахши оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор додааст, ҳамчунин қарор (ҳалнома)-и суд дар ин бора ва нусхаи он (барои бепарасторони то 21-сола);

– хатти вафоти падар ё ­модар ва шаҳодатнома да­р бораи таваллуди довталаб ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо (барои шахсони то 21-солаи­ фарзандони хизматчиё­ни ҳарбие, ки ҳангоми­ иҷрои уҳдадории хизм­ати ҳарбӣ ҳалок гардидаа­нд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз­мати ҳарбӣ маъю­б ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд);

– тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои шахсоне, ки ҷойи 1‑ум, 2‑юм ё 3‑юмро ишғол намудаанд);

– тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг (барои шахсоне, ки чунин дастовард доранд);

– шаҳодатнома дар бораи узви дастаи яккачини варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, дорандаи унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нусхаи шаҳодатнома (барои шахсоне, ки чунин дастовард доранд);

– билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ дода шудааст ва нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатнома (барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон