Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ ДАВРИ АСОСИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН

Нашр шуд: 01 Марти 2017
Диданд: 948

Душанбе, 1-уми марти соли 2017

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад:

Даври асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2017 шурӯъ гардид.

Барои аз қайд гузаштани довталабон дар 29 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 33 нуқтаи бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст.

Бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.

Соли ҷорӣ ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имсол ба низом дохил шуд) ва 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2017 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1‑ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12‑ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд. Соли ҷорӣ бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешавад ва довталаб метавонад, ки дар вақти бақайдгирӣ яке аз ин шаҳрҳо ё ноҳияҳоро ҳамчун макони имтиҳонсупориаш интихоб намояд.

Падару модаронро низ даъват менамоем, ки ҳангоми бақайдгирӣ, бахусус дар ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсилро интихоб кардани фарзандонашон бетараф набошанд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон