Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ХОЛҲОИ ГУЗАРИШИ ФАННӢ ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021

Нашр шуд: 19 Июли 2021
Диданд: 31078

Душанбе, 19-уми июли соли 2021

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19‑уми июли соли 2021, № 1021 холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо) аз ҳар субтести қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021 ба даст овардани онҳо зарур аст, муқаррар гардиданд.

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Нашр шуд: 16 Июли 2021
Диданд: 2986

Душанбе, 16-уми июли соли 2021

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумииа асосӣ – синфи 9-ум) дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 20‑ум то 22‑юми июл дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Панҷакент ва ноҳияи Рашт, инчунин муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ

Нашр шуд: 16 Июли 2021
Диданд: 3900

Душанбе, 16-уми июли соли 2021

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад.

ЭЪЛОН!

Нашр шуд: 16 Июли 2021
Диданд: 3378

Душанбе, 16‑уми июли соли 2021

Пас аз бозбинӣ ва ислоҳи ғалатҳои техникӣ ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест (калидҳо)-и имтиҳонҳои асосӣ ва иловагӣ дар шакли нав омода ва дар сомонаи Марказ гузошта шуд. Ба довталабоне, ки ҷавобҳои худро бо калидҳои қаблан дар сомонаи Марказ гузошташуда санҷидаанд, тавсия медиҳем, ки бори дигар ҷавобҳояшонро бо калидҳои рӯзи 13.07.2021 гузошташуда бисанҷанд.

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ

Нашр шуд: 12 Июли 2021
Диданд: 2973

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ

Оғози даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2021

 

Душанбе, 12-уми июли соли 2021 

Имрӯз барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июни соли 2021) барои иштирок дар ИМД номнавис карда шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, даври иловагии имтиҳонҳо оғоз гардид. Ҳар ду қисми имтиҳонҳои мазкур (А ва Б) дар як рӯз – 12-уми июл баргузор карда мешавад.

  1. ЭЪЛОН!
  2. ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ

Саҳифаи 80 аз 176

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 75
  • 76
  • 77
  • 78
  • ...
  • 80
  • 81
  • 82
  • 83
  • 84
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон