Душанбе, 16-уми июли соли 2021
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад.
Дар ҷадвали 1 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Дар ҳар ду ҷадвал бо мақсади муқоиса коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар тибқи тарҳи пешин ва аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар тибқи тарҳи нав оварда шудааст.
Тавре ки маълум аст, тибқи тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ду қисми имтиҳони тавассути Марказ гузаронидашаванда – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) пешбинӣ гардида буд, ки коэффитсиент ба бали аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабе илова карда мешуд, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, довталаб дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Тибқи тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) ба 300 баробар буд.
Тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони мазкур тавассути Марказ танҳо як қисми имтиҳон – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) гузаронида мешавад, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ин қисм ба 500 баробар аст.
Вобаста ба ин, тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ коэффитсиент ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.
Масалан, агар довталаб, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии ноҳияи Варзоб (коэффитсиенти муқарраршуда тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои он – 1,03) буда, дар ҳамин ноҳия истиқомат мекунад, аз қисми А ба 400 бал (яъне, 80 % аз 500 бали имконпазири ҳадди аксар) соҳиб шуда бошад, бали умумияш бо илова шудани коэффитсиент ба он 412 мешавад. Ба ибораи дигар, бали умумӣ бо дарназардошти коэффитсиент (шартан – БУК) ба ҳосили зарби бали бадастоварда аз қисми А (шартан – ББА) ба коэффитсиенти пешбинишуда (шартан – КП) баробар аст. Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 400 × 1,03 = 412.
Тибқи ҳисоби боло бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб (шартан – БК) 12 аст. Яъне:
БК = БУК ₋ ББА,
БК = 412 ₋ 400 = 12.
Агар ҳолати дар боло зикргардидаро, ки тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонист, бо дарназардошти тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ таҳлил намоем, низ бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб ба 12 мегардад. Яъне, агар довталаби мавриди назари мо аз 300 бали имконпазири ҳадди аксари қисми Б (имтиҳони ихтисос) 80 %-ашро ба даст оварда бошад, ки ин ба 240 баробар аст, бо дарназардошти коэффитсиенти муқарраршуда, ки тибқи тарҳи пешини маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ 1,05 аст, бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб боз ба 12 баробар мешавад.
Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 240 × 1,05 = 252,
БК = БУК ₋ ББА,
БК = 252 ₋ 240 = 12.
Ҳамин тариқ, мувофиқати коэффитсиентҳо тибқи тарҳи пешини маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва тарҳи нав чунин аст: 1,05 = 1,03, 1,1 = 1,06, 1,15 = 1,09.
Коэффитсиент ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи довталаб тибқи тартиби муқарраргардида баъди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супориданаш (танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисми мазкур холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб) илова карда мешавад.
Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, азбаски балҳои имтиёзии муқарраршуда аз бали коэффитсиент бештар аст, ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ илова карда мешавад.
Лозим ба қайд аст, ки коэффитсиентҳо ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси «Кори момодоягӣ»-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.
Довталабе, ки ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиент дорад, дар ҳолати аз ягон субтест холи гузаришро соҳиб нашуданаш, ин ҳуқуқро аз даст дода, дар озмуни тақсимот низ иштирок карда наметавонад.
Барои шиносоӣ ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод мегардад.
Ҷадвали 1.
Шаҳр/ноҳия |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи пешин) |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи нав) |
|
1 |
н. Кӯшониён |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
2 |
ш. Кӯлоб |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
3 |
н. Лахш |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
4 |
н. Нуробод |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
5 |
н. Рӯдакӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
6 |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
7 |
н. Восеъ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
8 |
н. Муъминобод |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
9 |
н. Темурмалик |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
10 |
н. Ховалинг |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
11 |
н. Носири Хусрав |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
12 |
н. Роштқалъа |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
13 |
н. Вахш |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
14 |
н. Варзоб |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
15 |
н. Рашт |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
16 |
н. Роғун |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
17 |
н. Файзобод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
18 |
н. Деваштич |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
19 |
н. Зафаробод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
20 |
н. Хуросон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
21 |
н. Дӯстӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
22 |
н. Қубодиён |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
23 |
н. Ҷалолиддини Балхӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
24 |
н. Ҷайҳун |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
25 |
н. Ёвон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
26 |
н. Фархор |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
27 |
н. Шамсиддин Шоҳин |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
28 |
н. Ишкошим |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
29 |
н. Шуғнон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
Ҷадвали 2.
Шаҳр/ноҳия |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи пешин) |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи нав) |
|
1 |
ш. Роғун |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
2 |
н. Варзоб |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
3 |
н. Рашт |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
4 |
н. Нуробод |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
5 |
н. Рӯдакӣ |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
6 |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
7 |
ш. Норак |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
8 |
н. Хуросон |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
9 |
н. Ёвон |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
10 |
н. Данғара |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
11 |
н. Темурмалик |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
12 |
н. Ховалинг |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
13 |
ш. Истиқлол |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
14 |
н. Файзобод |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
15 |
н. Шаҳринав |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
16 |
н. Мастчоҳ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
17 |
ш. Панҷакент |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
18 |
н. Левакант |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
19 |
н. Кӯшониён |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
20 |
ш. Ҳисор |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
21 |
ш. Ваҳдат |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
22 |
н. Сангвор |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
23 |
ш. Турсунзода |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
24 |
н. Айнӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
25 |
н. Спитамен |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
26 |
н. Ҷаббор Расулов |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
27 |
н. Қубодиён |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
28 |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
29 |
н. Ҷайҳун |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
30 |
н. Носири Хусрав |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
31 |
н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
32 |
н. Тоҷикобод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
33 |
ш. Бӯстон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
34 |
н. Ашт |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
35 |
н. Деваштич |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
36 |
ш. Истаравшан |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
37 |
н. Ҷаллолиддини Балхӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
38 |
н. Муъминобод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
39 |
н. Фархор |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
40 |
н. Лахш |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
41 |
ш. Гулистон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
42 |
н. Исмоили Сомонӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
43 |
н. Сино |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
44 |
н. Фирдавсӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
45 |
н. Шоҳмансур |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
46 |
н. Зафаробод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
47 |
ш. Исфара |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
48 |
ш. Конибодом |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
49 |
н. Бобоҷон Ғафуров |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
50 |
н. Вахш |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
51 |
н. Дӯстӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
52 |
н. Восеъ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
53 |
ш. Хоруғ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
54 |
ш. Кӯлоб |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |