ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ
Оғози даври асосии ИМД – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2021
Душанбе, 1‑уми июли соли 2021
Имрӯз – 1‑уми июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои дохилшавӣ оғоз гардид. Даври асосии имтиҳонҳо барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда, ки шумораашон 103429 нафарро ташкил медиҳад, муқаррар гардидааст. Аз шумораи зикргардида 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1937 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият мекунанд. Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 112 нафар аз кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ низ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии шахсони ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дохилшуда соли ҷорӣ 143 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи 1-уми июл 14261 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд. Қисми А аз чор субтест иборат аст, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.
Даври асосии имтиҳонҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 7-уми июл идома меёбад: аз рӯйи қисми А вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо то 6-уми июл ва аз рӯйи қисми Б рӯзи 7-уми июл аст.
Барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш)-ро интихобкарда, бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда дар синфхонаҳо зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳонҳо (қисми А) ба тартиби зерин дар давоми 2 рӯз гузаронида мешавад:
- рӯзи аввал – барои довталабони забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ, ки рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ ба охир мерасад, инчунин барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;
- рӯзи дуюм – барои довталабони забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ, ки рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт ба охир мерасад.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳони қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шудааст.
Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону дигар шахсони дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст.
Кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигари дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалбгардида, ки бевосита бо довталабон кор мекунанд, бояд ниқоб ва дастпӯшакҳои резинии тиббӣ пӯшанд. Барои кормандони дигар танҳо пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмист. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ, ки бо корманди тиб ва маводди зарурӣ барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин гардидааст, ташкил карда шудааст. Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад. Барои санҷидани ҳарорат аз ҳароратсанҷи фосилавӣ (ғайритамосӣ) истифода карда мешавад.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.
Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳоро, риоя намояд:
- Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- даъватнома;
- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);
- ниқоби тиббӣ.
Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.
- Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;
- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
- Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:
- суҳбат ва ёрӣ расонидани довталабон ба ҳамдигар;
- бе иҷозати маъмури имтиҳон аз ҷой хестан ва ё дар синфхона рафтуомад кардани довталаб;
- додугирифти довталабон варақаи ҷавобҳоро байни ҳамдигар;
- ашё ва маводеро, ки истифодаашон дар имтиҳон мамнуъ аст, бо худ доштани довталаб.
Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.
Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД бояд бо далелҳо асоснок карда шуда, рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда мешавад.
Агар тартиби баргузории имтиҳонҳо вайрон карда шуда, ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, ӯ бояд дар ин бора аризаи апеллятсиониро дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ набаромада пешниҳод намояд.
Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.
Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул мекунад, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ барои супоридани имтиҳони иловагии дахлдор иҷозат дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда, натиҷаи имтиҳони ӯ бетағйир мононда шавад.
Натиҷаҳои баррасии аризаҳо ва қарори қабулшуда бо протоколи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи ИМД ба расмият дароварда мешавад.
Комиссияи апеллятсионӣ довталаб ё намояндаи қонунии ӯро аз қарори қабулкардаи комиссия огоҳ месозад.
Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудаанд ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.
Соли ҷорӣ низ, чун соли гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои он тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 20‑уми июл ба нақша гирифта шудааст.