Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ХОЛҲОИ ГУЗАРИШИ ФАННӢ ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021

Нашр шуд: 19 Июли 2021
Диданд: 30244

Душанбе, 19-уми июли соли 2021

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19‑уми июли соли 2021, № 1021 холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо) аз ҳар субтести қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021 ба даст овардани онҳо зарур аст, муқаррар гардиданд.

Дар ҷадвали 1‑ум холҳои гузариш аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва дар ҷадвали 2‑юм холҳои гузариш аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) вобаста аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо нишон дода шудаанд.

 

1. Холҳои гузариш аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Субтест

Холи гузариш

1

Табиӣ ва техникӣ

Забони тоҷикӣ

6

Математика

3

Химия

3

Физика

3

2

Иқтисод ва география

Забони тоҷикӣ

6

Математика

3

География

3

Забони хориҷӣ*

3

3

Филология, педагогика ва санъат

Забони тоҷикӣ

6

Таърих

3

Адабиёти тоҷик/забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек

3

Забони хориҷӣ*

3

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Забони тоҷикӣ

6

Таърих

6

Ҳуқуқ

6

Забони хориҷӣ*

3

5

Тиб, биология ва варзиш

Забони тоҷикӣ

6

Биология

4

Химия

4

Физика

4

                               * Забони англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ.

 

2. Холҳои гузариш аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Субтест

Холи гузариш

1

Табиӣ ва техникӣ

Забони тоҷикӣ

5

Математика

3

Физика

3

2

Иқтисод ва география

Забони тоҷикӣ

5

Математика

3

География

3

3

Филология, педагогика ва санъат

Забони тоҷикӣ

5

Адабиёти тоҷик/забони русӣ

3

Забони хориҷӣ*

3

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Забони тоҷикӣ

5

Таърих

3

Забони хориҷӣ*

3

5

Тиб, биология ва варзиш

Забони тоҷикӣ

5

Биология

8

Химия

6

                              * Забони англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ.

 

Холи гузариш барои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), новобаста аз ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои мазкурро талабкунанда ва муассисаҳои таълимӣ, бо шарти супоридани ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардида 40 хол муқаррар карда шудааст. Яъне, ба озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда танҳо довталабоне роҳ меёбанд, ки ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардидаро супорида, на кам аз 40 холро (ҷамъи холҳо аз ҳамаи санҷишҳо) ба даст овардаанд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи тарҳи амалкунандаи маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад.

 

Соҳиб шудан ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор – роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталаб ё гузаштани ӯро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад. Тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш гузаштан ё нагузаштани довталабро танҳо натиҷаҳои озмуни тақсимот муайян мекунад.

Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми Б соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.

Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В ё Г) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Инчунин, агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду вале аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон