Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 717
Душанбе, 27-уми феврали соли 2016
Намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Рӯзҳои дарҳои кушода”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷиистон, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гашт, ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрии мазкур директори Марказ Хуршед Тешаев дар бораи тамоми паҳлуҳои низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва муҳимтарин раванду марҳалаҳои он, аз ҷумла, аз омодагию бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, маълумот дода, онҳоро дар мавриди дуруст муайян кардани бартарии интихоби ихтисосҳо ба ҳушёриву бодиққатӣ, инчунин барои васеъ истифода бурдани сомонаи Марказ даъват кард.
Дар охир намояндагони Марказ ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳо доданд.
- Диданд: 814
Душанбе, 25-уми феврали соли 2016
Дар чаҳорчӯбаи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоён дар шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо хатмкунандагон, падару модарони хатмкунандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ директори Марказ Хуршед Тешаев дар бораи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва муҳимтарин раванду марҳалаҳои он – омодагию бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот муаррифӣ (презентатсия) намуд. Лозим ба қайд аст, ки муаррифӣ барои хатмкунандагон бо мадади тарҷумони имову ишора пешниҳод карда шуд.
- Диданд: 902
Душанбе, 22-юми феврали соли 2016
Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 расонида мешавад, ки рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста аз шаҳру ноҳияҳо дар соли 2016 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани довталабон дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирии довталабон аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғоз мегардад ва ҳар хоҳишманд имкон дорад, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик аз қайд гузарад.
- Диданд: 670
Душанбе, 17-уми феврали соли 2016
Бо мақсади баррасии масъалаҳои омодагӣ ба давраи бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016, корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар бораи низоми имтиҳонҳои мазкур ва андешидани чораҳои зарурӣ барои дар сатҳи баланд доир кардани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10‑уми феврали соли 2016 вохӯрии кормандон бо ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз доир гардид.
- Диданд: 968
Душанбе, 8-уми феврали соли 2016
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 аз 8-ум то 23-юми феврали соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар семинари мазкур ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 237 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки аз ин шумора 224 нафарашон ба иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд. Хотиррасон менамоем, ки семинари мазкур дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир мегардад.
Эълонҳо
Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Кабинети инфиродӣ
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |