Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БАРОИ ТАБЛИҒГАРОН ДАР СОЛИ 2019

Нашр шуд: 14 Январи 2019
Диданд: 929

Душанбе, 14-уми январи соли 2019

ogozi IMD2019-1Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) дар соли 2019 барои таблиғгарон оғоз кард. Вобаста ба ин 14-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ, аз ҷумла вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд. Ҷаласаро директори Маркази миллии тестӣ Икромӣ Хуршед ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз ҳадафи ҷамъомад, баъзе дигаргунию навгониҳои дар низоми ИМД баамаломада огоҳ сохта, таъкид кард, ки мутасаддиён – таблиғгарон ва шахсони дигари алоқаманди низоми мазкур барои софдилонаю бо камоли масъулият иҷро намудани вазифаҳояшон бикӯшанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид низ ба аҳли нишаст муҳим ва дар баробари ин, хеле масъул будани маъракаи дар пеш истодаро қайд кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки дуруст ва мувофиқи матлаб роҳандозӣ кардани корҳои таблиғотию иттилоърасонӣ вобаста ба низоми ИМД яке аз омилҳои комёбии довталабон дар роҳи донишҷӯист. Ҳар қадр ки довталабон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои номбурда бо хусусияту нозукиҳои давру марҳилаҳои низом хубтар шинос бишаванд, ҳамон андоза ба ғалатҳо камтар роҳ медиҳанд, ҳамон андоза эҳтимоли донишҷӯ гаштани довталаб бештар мешавад.

Ҳар як шахси масъул, ки чун корманди муваққатӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома мебандад, бояд бикӯшад, ки вазифаашро тибқи уҳдадориҳояш иҷро кунад, ба саҳлангорию амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳад, таъкид кард Нуриддин Саид.

ogozi IMD2019-3Сипас шахсони масъули Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои муайян дар доираи курси шиносоӣ бо низоми ИМД барои таблиғгарон дар соли 2019 тавассути муаррифии компютерӣ (презентатсия) баромад карданд. Дар баробари мавзӯъҳои маъмулие, ки ҳамасола дар бораи онҳо ба иштирокдорони ин чорабинӣ маълумот пешниҳод мегардид, соли ҷорӣ доир ба як қатор навгониҳои низоми ИМД, аз қабили ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ва ба низоми ИМД ворид гардидани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (воқеъ дар шаҳри Хоруғ) иттилоъ дода шуд.

Иштирокдорони курси шиносоӣ ба низоми ИМД аз ҷумлаи кормандони масъули сарраёсат ва раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ интихоб шуда буданд.

Тибқи сархати дуюми банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои шиносоии омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо низоми ИМД фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд. Мувофиқи фармоишҳои мазкур ҷиҳати омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт огоҳ намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандон, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо тартиб ва ҷузъиёти ИМД-2019 курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.

Дар доираи 9 дарси пешбинишуда давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал доир ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор гуфтугӯҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудаанд.

Замони баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳ (давр)-и аввал барои 100 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2019 вобаста ба минтақаҳо чунин аст:

-  барои таблиғгарони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 14- ум то 16-уми январи соли 2019 (дар шаҳри Душанбе, маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф);

-    барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон аз 17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар шаҳри Бохтар (муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов);

-      барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб (филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб);

-    барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд (гимназияи № 1-и ба номи Раҳим Ҷалил).

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3600 намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 24-ум то 26-уми январ ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои 150 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2019 аз 28-уми январ то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон