Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТАБЛИҒГАРОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Нашр шуд: 25 Январи 2019
Диданд: 964

Душанбе, 25-уми январи соли 2019

su-tabli-1Дар амал татбиқ намудани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди маорифи мамлакат, баланд бардоштани касбияти донишҷӯёну мутахассисон ва арзёбии дониши воқеии дастпарварони муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим дорад. Лозим ба таъкид аст, ки дуруст ба роҳ мондани корҳои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ, хусусан корҳои иттилоотию таблиғотӣ як омили комёбии довталабон дар имтиҳонҳои мазкур ба ҳисоб меравад.

su-tabli-2Дар робита ба ин Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро барои таблиғгарони минтақаи мазкур оғоз намуд. Дар кори семинар 29 нафар корманди шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба ҳайси таблиғгар иштирок намуданд. Дар ифтитоҳи кори семинар муовини сардори раёсати маорифи вилоят Раҳматов С. А. иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла қайд намуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ чорабинии муҳими соҳаи маорифи кишвар мебошад, ки таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа дар тамоми марҳалаҳояш ба он нигаронида мешавад. Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъминкунандаи шаффофият, адолат ва арзёбии баробари донишу маҳорати довталабон мебошад. Инчунин, сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Аҳмадзода М. баромад карда, оид ба ҳадаф ва вазифаҳои курси омӯзишӣ, тартиби гузаронидани дарсҳо (дар маҷмӯъ, 9 дарс дар давоми 3 рӯз) дар доираи мавзӯъҳои мухталиф иштирокдорони курсро шинос намуд.

Сипас кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон Саидов П. Ҳ., сардори шуъбаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ Назаров Р. С. дар доираи мавзӯъҳои пешниҳодшудаи курси шиносоӣ суханронӣ карданд. Бояд таъкид кард, ки доир ба навгониҳои воридгардида дар низоми ИМД барои соли 2019 низ иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин, маводи ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла намунаи китобчаҳои тестӣ, дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ба ҳар яке аз таблиғгарони шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон