Душанбе, 2-юми январи соли 2019
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шинос кардани шахсони хоҳишманд бо балҳои гузариш аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2018 маълумотро дар ин бора дар сомонаи Марказ ҷойгир кард. Лозим ба қайд аст, ки ҷадвалҳо барои ҳар як муассисаи таълимӣ таҳия гардида, маълумотро дар бораи шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ва озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос низ дар бар мегирад.
Озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос аз рӯйи таносуби шумораи умумии интихобҳо тибқи натиҷаҳои ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ – аз 1-уми март то 30-юми апрел ва иловагӣ – аз 12-ум то 30-юми июн) ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ҳисоб карда шудааст. Масалан, тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2018 барои комбинатсияи ихтисоси “1790102 – “Педиатрия” шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон" ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 50 ҷой ҷудо гардида буд ва шумораи умумии довталабоне, ки дар марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда буданд, 11546 нафарро ташкил дода буд. Ҳамин тариқ, озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос қариб ба 231 нафар баробар буд.
Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз қисми (ё қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёзҳо) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил мегардад. Бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он тибқи ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад. Масалан, агар комбинатсияи ихтисоси дар боло зикргардидаро гирем, бо назардошти бартарии интихобҳо аз шумораи умумии довталабони комбинатсияи ихтисоси зикршударо интихобкарда, ки 11546 нафарро ташкил медод, 50 нафари нисбат ба довталабони дигар балҳои баланддошта гузаронида шуда, бали довталаби аз ҳама охир – 50‑ум (зеро тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос 50 ҷой ҷудо гардидааст) тақсимшуда 412,2762-ро ташкил дод.
Бояд таъкид кард, ки бали гузариш тибқи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳо ҳеҷ гоҳ барои довталаб наметавонад ҳамчун як роҳнамо барои интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо бошад, зеро бали гузариш аз рӯйи як комбинатсияи ихтисос дар ҳар озмуни тақсимот гуногун аст (ҳамчунин ҳар сол). Масалан, бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси “101010203 – “Таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (Забони англисӣ)” шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди пулакии таҳсил дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ 119,5060 буду дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба 227,576 баробар шуд, яъне баланд гардид. Баръакс, бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси “12106010201 – “Забонҳои муосири хориҷӣ (хитоӣ-англисӣ)”, шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ 438,2508 буду дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба 349,6172 баробар шуд, яъне паст гардид. Ҳамчунин бали гузариш мутобиқи комбинатсияи ихтисоси “123010203 – “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (ҳиндӣ - англисӣ)”, шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2016 ба 296,5698, дар соли 2017 ба 351, 9356 ва дар соли ҷорӣ ба 393,2195 баробар буд.
Вобаста ба ин, ҳангоми интихоби комбинатсияи ихтисосҳо ба назар гирифтани бали гузариши қаблии онҳо метавонад боиси ба иштибоҳ роҳ додани довталаб гардад. Аз ин рӯй, тавсия дода мешавад, ки довталаб барои роҳнамоӣ дар интихоб на балҳои гузариш аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳоро тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти солҳои пешин, балки таносуби шумораи умумии интихобҳо аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳо ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён барои ин комбинатсия ҷудогардидаро дар соли баргузории имтиҳон ба назар гирад.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола дар раванди бақайдгирӣ маълумоти оморӣ дар бораи шумораи довталабони бақайдгирифта дар бахши “Ҳисоботи даврӣ”-и сомонаи Марказ ҷой дода мешавад. Марказ маълумоти омории бақайдгириро вобаста ба: шаҳру ноҳияҳо; интихоби муассисаҳои таълимӣ; дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ва интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ таҳия карда, мунтазам дар сомонаи худ ҷойгир менамояд. Маълумоти оморӣ вобаста ба шаҳру ноҳияҳо, интихоби муассисаҳои таълимӣ ва дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ҳар рӯз ва вобаста ба интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ дар давоми ҳар 15 рӯз дар сомона ҷойгир карда мешавад.
Мақсад аз мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маълумоти омории рафти бақайдгирӣ роҳнамоӣ кардани довталабон барои интихоби дурусти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва комбинатсияи ихтисосҳо аст. Яке аз ҳадафҳои ба роҳ мондани азнавбақайдгирӣ низ ҳамин буд, ки довталабон маълумоти омории рафти бақайдгириро ба назар гирифта, дар хусуси гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон хулосаи дурусту қатъӣ бароранд.