Душанбе, 11-уми феврали соли 2019
Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми январи соли 2019, № 581 рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, тасдиқ гардид.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон ба бақайдгирӣ таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 31 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 аз 1-уми март оғоз мегардад ва мувофиқи тартиби муқарраргардида он бо ҳузури довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида истода, гунаи электронияшро дар сомонаи худ (http://ntc.tj/images/Downloads/6_az-qayd-guzashtan.pdf) ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.