Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2023
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 526
8 майи соли 2013 – Аз 13 то 31-и майи соли ҷорӣ дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) барои хоҳишмандоне, ки тибқи эълони пешакӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни интихоби маъмурони имтиҳонҳо ҳуҷҷат супоридаанд, семинар-тренинги омӯзишии якрӯза доир менамояд. Семинар-тренинги омӯзишӣ дар асоси модул ва барномаи таҳиягардида тибқи ҷадвали тасдиқгардида (шаҳри Душанбе – 13-15 май, шаҳри Қӯрғонтеппа – 20-22 май, шаҳри Хоруғ – 25 май ва шаҳри Хуҷанд – 29-31 май) гузаронида мешавад. Дар анҷоми семинар-тренинги омӯзишӣ барои мустаҳкам намудани маводҳои омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинар-тренинг видеоролики омӯзишӣ намоиш дода мешавад.
- Диданд: 781
2 майи соли 2013. Дар давоми 16 рӯзи бақайдгирӣ, ки аз 15 то 30 апрели соли 2013 идома ёфт, зиёда аз 7122 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштанд. Шумораи хоҳишмандоне, ки аз қайд гузаштаанд, 120 фоизи иҷрои бақайдгирии банақшагирифташударо дар доираи озмоиши мазкур ташкил медиҳад. Лозим ба тазаккур аст, ки таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) равона карда шудааст. Шумораи зиёди хоҳишмандони аз қайд гузашта дар ду нуқтаи бақайдгирӣ, ки дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд, ба қайд гирифта шуд.
- Диданд: 496
26 апрели соли 2013. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ Маркази миллии тестӣ Озмоиши ҷумҳуриявиро бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида истодааст.
- Диданд: 1205
25 апрели соли 2013. Дар давоми 10 рӯзи бақайдгирӣ дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис дода шудааст, зиёда аз 5404 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштанд. Шумораи хоҳишмандоне, ки аз қайд гузаштаанд, 90 фоизи иҷрои бақайдгирии банақшагирифташударо дар доираи озмоиши мазкур ташкил медиҳад. Лозим ба тазаккур аст, ки таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) равона карда шудааст.
- Диданд: 1099
Эълон: Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба маълумоти хонандагони синфҳои 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки баъд аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо (1 августи соли 2013) нафарони аз натиҷаи имтиҳон норизо метавонанд дар давоми 48 соат ба Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ бо ариза муроҷиат намоянд. Аризаи хонанда тавассути намояндаи Маркази миллии тестӣ дар шуъбаҳои минтақавӣ қабул ва ба Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ фиристода мешавад.
Эълонҳо
Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
Роҳнамои довталаб – 2023
Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
ТАҚВИМИ ИМД – 2023
Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Мақолаҳо
Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...
Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир
Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |