Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2023
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 559
7 ноябри соли 2013 бо ташаббуси роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва сардорони шуъбаҳои дахлдори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” мизи мудаввар оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
- Диданд: 624
Маркази миллиии тестӣ барои ба ҳар як шаҳрванд фаҳмонидани мақсади таъсис, ҳадаф ва афзалияти Маркази миллии тестӣ ва роҳҳои ба шогирдон фаҳмонидани он, тарзи ташкил ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию тарғиботӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ бо аҳли ҷомеа (падару модарон, омӯзгорон, хонандагон ва ғ.).
- Диданд: 564
20 сентябри соли 2013 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон барои мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар-машварат доир гардид. Бо даъвати Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати муаррифии низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) дар семинар-машварат иштирок намуда, низоми ИМД-ро муаррифӣ намуданд. Муаррифӣ дар шакли электронӣ намоиш дода шуда, ба иштирокчиён оид ба таъсис ва мақсаду вазифаҳои ММТ, хусусиятҳои фарқкунандаи низоми ИМД аз низоми амалкунандаи қабули довталабон, марҳилаҳои асосии ҷорӣ намудани низоми ИМД, бақайдгирии довталабон, супоридани имтиҳонҳо ва тарзи навишти кори хаттии эссе маълумот дода шуд. Ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ, аз қабили буклети ММТ ва брошюраи низоми ИМД тақсим карда шуд.
- Диданд: 753
Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” барои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ “Тавсияҳои методӣ оид ба интихоби касб” таҳия намуд.
Мақсади таҳияи дастури мазкур ташкили касбинтихобкунии хонандагон бо дарназардошти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) мебошад.
Дар дастур мафҳуми касб ва ихтисос, тарзи интихоби касб, пешниҳодот оид ба беҳдошти корҳои касбинтихобкунӣ, интихоби ихтисос аз низоми ИМД, матрисаи интихоби касб ва ғайра дарҷ гардидааст.
Бо истифода аз дастур хатмкунанда имконият дорад, ки аз матрисаи интихоби касб истифода барад.
Маркази миллии тестӣ тасмим гирифтааст, ки дастури мазкурро бо теъдоди 5000 нусха нашр намуда, ба МТМУ тақсим намояд.
Шакли электронии дастур дар сомонаи Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) ҷой дода шудааст.
- Диданд: 564
16 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф бо иштироки муовинони вазир, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи вазорат, роҳбарони муассиса ва ташкилотҳои тобеи вазорат муаррифии сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) доир гардид.
Сардори шуъбаи технологияи иттилоотию коммуникатсионии ММТ Назаров Р.С. суханронӣ намуда, оид ба бахшҳо ва зербахшҳои сомона, ҷойгир намудани иттилоот ва истифодабарии сомона қайд намуд.
Эълонҳо
Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |