Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ: ОҒОЗИ ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОНИ УМУМӢ), Б (ИМТИҲОНИ ИХТИСОС) ВА АБ-9 (ИМТИҲОНИ УМУМИЮ ИХТИСОС) ДАР СОЛИ 2019

Нашр шуд: 18 Июли 2019
Диданд: 975

Душанбе, 18-уми июли соли 2019

Имрӯз барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июн) барои иштирок дар ИМД-2019 номнавис карда шуда буданд, даври иловагии қисми А – имтиҳони умумӣ оғоз гардид. Лозим ба зикр аст, ки довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳон дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, низ дар ин давр иштирок мекунанд. Шумораи умумии довталабоне, ки дар даври иловагӣ қисми А-ро месупоранд, 3503 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша ва эълони пешакӣ, даври иловагии имтиҳонҳо танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, баргузор карда мешавад.

Даври иловагии имтиҳони қисмҳои Б (имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) барои довталабони зикргардида рӯзи 19‑уми июл доир карда мешавад.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ кормандони муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Даври иловагии имтиҳонҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор карда мешаванд.

Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳоро, риоя намояд:

1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

- даъватнома;

- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад).

Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.

2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:

- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;

- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).

3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:

- суҳбат ва ёрӣ расонидани довталабон ба ҳамдигар;

- бе иҷозати маъмури имтиҳон аз ҷой хестан ва ё дар синфхона рафтуомад кардани довталаб;

- додугирифти довталабон варақаи ҷавобҳоро байни ҳамдигар;

- ашё ва маводеро, ки истифодаашон дар имтиҳон мамнуъ аст, бо худ доштани довталаб.

Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки бояд бо далелҳо асоснок карда шуда бошад, рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

Агар тартиби баргузории имтиҳонҳо вайрон карда шуда, ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, ӯ дар ин бора аризаи апеллятсиониро дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ набаромада бояд пешниҳод намояд.

Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб чунин аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои ИМД пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасӣ ва пешниҳоди натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ огоҳ намояд.

Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул менамояд, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ дар имтиҳонҳои иловагӣ имконияти супоридани имтиҳони дахлдор дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда шуда, натиҷаи имтиҳони ӯ бетағйир мононда шавад.

Натиҷаҳои баррасии аризаҳо ва қарори қабулшуда бо протоколи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба расмият дароварда мешавад.

Комиссияи апеллятсионӣ довталаб ё намояндаи қонунии ӯро аз қарори қабулкардаи комиссияи апеллятсионӣ огоҳ месозад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақа(ҳо)и ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудаанд ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин то нашри варақа(ҳо)и ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.

Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ дар доираи ИМД ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо аз як қатор марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 25‑уми июл ба нақша гирифта шудааст.

 

РӮЙХАТИ

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИЕ, КИ ДАР ЗАМИНАИ ОНҲО МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2019 ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАНД

 

Р.т.

Маркази имтиҳонӣ / муассисаи таълимӣ

(нишонӣ)

Нуқтаи роҳнамо

(Ориентир)

Шаҳр / ноҳия

1.

01/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6

(ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур, 77)

Рӯ ба рӯйи театри “Лӯхтак”

ноҳияи

Исмоили Сомонӣ

2.

01/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 34

(ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149/1)

Паси факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

3.

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 52

(ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шевченко, 109)

Назди мағозаи “Парасту” (таваллудхонаи шаҳрии № 2)

4.

01/05

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 54‑и ба номи Лоиқ Шералӣ

(ш. Душанбе, н. Сино, кӯч. Исмоили Сомонӣ, 58)

Назди маркази гастроэнтрологӣ (сафоратхонаи Олмон)

ноҳияи

Сино

5.

01/06

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 56

(ш. Душанбе, н. Сино, кӯч. Абдураҳмони Ҷомӣ, 67а)

Назди бозори Дӯстӣ

6.

01/09

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ – гимназияи № 74

(ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯч. Деҳотӣ, 23)

Назди Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, маҳаллаи 46-ум

ноҳияи

Фирдавсӣ

7.

01/10

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24

(ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯч. Фирдавсӣ, 61)

Назди бозори Саховат (паси тарабхонаи Суғдиён)

8.

01/11

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 42

(ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯч. Фирдавсӣ, 93/2)

Бозори Саховат

9.

01/12

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 72‑и ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ

(ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯч. Мушфиқӣ, 109)

Маҳаллаи Гулистон, наздикии соҳили дарёи Душанбе

10.

01/15

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100

(ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Назаршоев, 17)

Дар шафати Маркази савдои “Ёқут-2000”

ноҳияи

Шоҳмансур

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон