Душанбе, 19-уми июли соли 2019
Абдулбосит Шодиниё, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замира Абдусаломзода, котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
“СУХАНИ РӮЗ”-И БЕФУРӮЗ ё як дурӯғе, ки чил дурӯғ дорад
ВОКУНИШ БА НАВИШТАИ “АЗ ИМТИҲОН ТО ТАБОБАТ” ДАР ҲАФТАНОМАИ “СССР”, 4-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2019, № 27 (564)
Боиси хушҳолист, ки аҳли ҷомеа, аз ҷумла рӯзноманигорон, ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва гоҳо кӯшиш ҳам менамоянд, ки дар бораи он чизе бинигоранд. Дар муқоиса бо низоми анъанавии қабули донишҷӯён, низоми ИМД, ки нав аст, низоми ҷомеъ (комплексӣ) буда, барои дарки моҳият, бахусус фарқияти он аз низомҳои пешини имтиҳон ва бартариҳояш зарур аст, шахс оид ба он маълумоти нисбатан муфассал дошта бошад.
Албатта, барои ҳама маълум аст, ки касбияти рӯзноманигор, пеш аз ҳама, онро талаб мекунад, ки барои матраҳ ва баррасӣ кардани ягон масъала ӯ масъаларо муфассал омӯхта, бо ҷанбаҳои гуногуни он шинос шавад ва таҳлилу андешаҳои худро асоснок намояд, на ин ки аз рӯйи ҳар шунидаеву овозае ҳукму хулоса барорад. Чунончи, агар матлаби мавриди назар ҷанбаи илмӣ дошта бошад, шахси баррасикунандаи онро лозим аст, ки ҷиҳатҳои илмии онро биомӯзад, ё ҳадди ақал ба мутахассисони соҳаи дахлдор муроҷиат кунад, зеро исботи фикру андеша дар бораи як масъалаи илмӣ маърифати илмиро талаб мекунад ва ин коре нест, ки ҳар шахси илҳом ё хумори навиштанаш бологирифта онро анҷом дода тавонад.
Мутаассифона, дар бораи низоми ИМД ҳам гоҳ-гоҳе шахсони аз худ алломатароше пайдо мешаванд, ки ҳамчун коршиноси донову ботаҷрибаи ин низому соҳа ибрози назар кардан мехоҳанд. Лозим ба зикр аст, ки гарчанде ҳар як нафари хоҳишманд имкони ба осонӣ омӯхтани ин падидаро на фақат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигар низ дорад, боз шахсоне ҳам пайдо мешаванд, ки ба “алломагӣ”-и худ бисёр дода шуда, ҳатто назари олимону коршиносони соҳаро донистан намехоҳанд ва фикрҳои аз назари худашон мантиқию вале, дар асл, аз лиҳози илмӣ бемантиқу беасосро баён мекунанд.
Тавре ки маълум аст, ИМД-ро, ки бар тестгузаронии мутамарказ асос ёфтааст, бевосита Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд. Гарчанде тестшиносӣ ҳамчун илм дар охири асри 19 ва аввали асри 20 дар алоқамандӣ бо илмҳои марбута, чун равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва педагогика пайдо шудааст, он дар кишвари мо, ҳамчунин дар кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.
Тест ҳамчун як равиши омӯзиши фарқиятҳои фардии шахс замоне ба миён омад, ки барои муайян кардани хусусиятҳои ҷисмонӣ, физиологӣ ва равонии инсон равоншиносон кӯшиши истифода аз роҳҳои гуногуни андозагирӣ (ченкунӣ)-ро мекарданд. Нахустин муҳаққиқе, ки кӯшиши андозагирии фарқиятҳоро байни одамон дар соҳаи равандҳои равонии ибтидоӣ карда буд, олими англис Френсис Галтон (F. Galton, 1882–1911) аст. Истилоҳи “тест” баъд аз нашри мақолаи равоншиноси амрикоӣ Ҷеймс Мак-Кин Кеттел (James McKeen Cattell, 1860-1944), “Тестҳои зеҳнӣ ва андозагириҳо” (Mental tests and measurements) серистифода гардид. Дар рушди тестшиносӣ равоншиноси фаронсавӣ Алфред Бине (Alfred Binet, 1857-1911) саҳми калон гузоштааст. Ин олими фаронсавиро асосгузори тест (тестшиносӣ)-и муосир, ки барои ташхис ва рушди зеҳнӣ пешбинӣ гардидааст, низ меноманд.
Замони хеле тӯлонӣ тестҳо, дар ҳақиқат, ҳамчун афзори андозагирии фардӣ рушд мекарданд. Зарурати истифодаи онҳо водор сохт, ки аз тестҳои фардӣ ба тестҳои гурӯҳӣ гузашта шавад. Солҳои 1917-1919 дар Амрико якумин тестҳои гурӯҳӣ пайдо шуданд. Баъдан усули тестсозии равоншиноси амрикоӣ Артур Синтон Отис (Arthur Sinton Otis, 1886-1964) такмилу танзим шуда, асоси ҳамаи методологияи тестҳои гурӯҳӣ гардид ва мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт.
Таҳияи якумин тести педагогӣ ба равоншиноси амрикоӣ Эдвард Ли Торндайк (Edward Lee Thorndike, 1874-1949) мансуб аст. Номбурда асосгузори андозагириҳои педагогӣ ба ҳисоб меравад. Якумин тести бамеъёрдаровардашудае, ки таҳти роҳбарии ӯ таҳия гардид, тести Стоун барои ҳалли масъалаҳои арифметикӣ аст, ки бори нахуст бо “меъёрҳо” таъмин гардидааст.
Гурӯҳи равоншиносони амрикоӣ тестҳои “зеҳнӣ”-ро барои таълим таҳия намуданд, ки ин тестҳо “тестҳои миллӣ” ном доштанд. Дар Амрико бо таҳия ва санҷиши тестҳо хадамоти давлатии махсус машғул аст. Ҳанӯз соли 1900 дар Амрико Шӯрои имтиҳонҳои дохилшавӣ таъсис дода шуда буд. Соли 1926 Шӯрои коллеҷҳои Амрико тести SAT (Scholastic Assessment Test – тестҳои истеъдоди таҳсилӣ)-ро қабул кард. Чунин тест дар беш аз 170 кишвари дунё гузаронида мешавад ва он ҳамчун тести (имтиҳони) дохилшавӣ ба мактабҳои олии Амрико ва кишварҳои дигари англисзабон маҳсуб меёбад. SAT аз саволҳо бо гузина (вариант)-ҳои ҷавобҳо, инчунин эссе дар мавзӯи пешниҳодшуда иборат аст.
Дар Амрико аз соли 1947 Хадамоти тестгузаронии таҳсилӣ (Educational Testing Service) мавҷуд аст, ки як маркази илмию пажӯҳишии бонуфузу муътабар ба ҳисоб меравад.
Маъмулан барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои амрикоӣ ду имтиҳонро супоридан лозим аст: TOEFL (Test of English as a Foreign Language – тести забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ) ва SAT. Албатта, шахсоне, ки дар бораи низоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ каме тасаввурот доранд, дар бораи TOEFL низ медонанд, зеро ин тест на танҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои амрикоӣ зарур аст, балки натиҷаи аз он бадастоварда барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии хориҷи дигари дур низ истифода мешавад.
SAT ва ACT (American College Testing – тестгузаронии амрикоӣ) тестҳои бамеъёрдаровардашудае ҳастанд, ки онро хатмкунандагони мактабҳои амрикоӣ барои дохилшавӣ ба бакалавриат месупоранд. Дар бораи SAT аллакай шарҳ дода шуд. ACT тести бамеъёрдаровардашуда барои дохилшавӣ ба коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Амрикоӣ мебошад. Он дорои 4 тест аз фанҳои забони англисӣ, математика, илмҳои табиӣ ва хониш аст. Чунин тестҳо то ҳол истифода мешаванд ва касе аз корбурди онҳо даст накашидааст. Зимнан таъкиди ин нукта баҷост, ки SAT ‒ ин низоми тестии амрикоӣ бо низоми имтиҳонҳои давлатии ягона (ЕГЭ) дар Русия ва ИМД дар кишвари мо низ умумияту шабоҳатҳо дорад. Ин навъи имтиҳонҳо маъмулан аз 4-5 бахш иборатанд (дар ИМД – 3): 1) забони англисӣ (45 дақиқа барои посух ба 75 савол), 2) математика (60 дақиқа барои посух ба 60 савол), 3) хониш (35 дақиқа барои посух ба 40 савол), 4) тафаккур (мулоҳизаронӣ))-и илмӣ (35 дақиқа барои посух ба 40 савол). Тавре ки мебинем, вақти муайяншуда барои посух додан ба ҳар як савол дар ин низоми тестии роиҷ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ним то як дақиқа аст. Акнун муаллифи “доно”-и “Сухани рӯз” (дуруст мешуд, агар “сафсаттаи рӯз” мегуфтед) ва “дилсӯзи мардум”, худ агар аз арифметика огаҳ бошед, ҳисоб кунед, ки дар низоми ИМД барои посух додан ба ҳар савол чанддақиқагӣ вақт муқаррар гардидааст. Агар ба фаҳми ин ҳам нарасед, мо кумак мекунем: 180 дақиқа ÷ 87 саволу масъала (шумо, ки бе дурӯғу муболиғаю иғроқ ҳарфе гуфта наметавонед, дар ҳамин ҷо ҳам аз осмони ҳафтум ё аз зери замин ҳамин ададро ҳам 3-то афзуда, “90 суол” гуфтаед) = 2 дақиқа. Тибқи меъёрҳои байналмилалии тестсозӣ ҳам барои ҷавоб додан ба саволу масъалаҳои навъи шабеҳ ба тестҳои ИМД то 1,7 дақиқа бояд ҷудо карда шавад. Акнун бигӯед, ҷаноби “журналисти ҳамадон”, ки ин ҳама дӯғу дағдағаю доду фарёду ҷорзаниатон, ки барои посух ба 90 суол ҳамагӣ 3 соат вақт ҷудо кардаанд, аз баҳри чист? Шояд шумо ягон низоми тестиеро медонед, ки дар он барои посух ба як суол ним соат вақт ҷудо карда шудааст? Ё, эҳтимол, худ мутахассиси варзидаи тестшиносӣ ҳастеду тестшиносии муосирро мутлақо ғалат меҳисобед? Пас, биёед, то аз донишу маърифату таҷрибаи бемисолу пурғанои шумою “устодону муаллимони соҳибтаҷруба”-атон мо ва дигарон низ баҳраёб шавем!
Тестҳо дар шаклу сохторҳои гуногун ва бо истифода аз навъҳои мухталифи саволу масъалаҳо истифода мешаванд. Агар ҳангоми таҳияи саволу масъалаҳои тест, инчунин худи тест, талаботу қоидаҳои муқарраркардаи назарияи тестшиносӣ риоя гардад, тест беҳтарин ва боэътимодтарин афзор барои арзёбии одилонаи дониши донишомӯзон (на танҳо онҳо) аст. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш менамояд, ки дар оянда барои такмили тестҳои дар ИМД истифодашаванда бо ҷорӣ кардани навъҳои дигари саволу масъалаҳо ва бахшу сохтори нав вобаста аз имкониятҳои мавҷуда чораҳои заруриро андешад.
Хулоса, агар тестҳо дар андозагирию арзёбии дониш ва маҳорату малакаи хонандагон (ва, умуман, санҷишшавандагон) мушкил ё норасоие медоштанд, агар тестҳо барои арзёбии воқеии донишу маҳорати озмоишшавандагон муҳим намебуданд, илми тестшиносӣ тӯли чунин замоне то ин андоза рушд ва ҳатто арзи ҳастӣ намекард. Албатта, ҳар як нафаре, ки дар бораи илми тестшиносӣ донишу фаҳмиш дорад ва ҳатто ҳар шахсе, ки каме мантиқан фикрронӣ карда метавонад, ба осонӣ дарк мекунад, ки чизе, ки нуқсу норасоӣ дорад, ҳеҷ гоҳ илм шуда, рушд карда наметавонад, умри дароз намебинад.
Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза баъзе аз шахсон, аз ҷумла, тибқи навиштаи муаллифи “Аз имтиҳон то табобат”: “даҳҳо тан хонанда ва мухлисони газетаи мардумии СССР, бештар устодону муаллимон соҳибтаҷруба” моҳият ва мақсади тест, бахусус низоми тестиро дуруст дарк намекунанд, ҳатто онро аз усули одии саволгузорӣ дар раванди таълим фарқ намесозанд. Ба ақидаи чунин шахсон тест боиси паст шудани сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯён мегардад, ҳол он ки баръакс, агар тест дуруст таҳия ва мунтазам гузаронида шавад, барои мустаҳкам кардани дониши азхудкарда мусоидат мекунад. Бояд ба фаҳми ин нуктаи одӣ бирасид, ки тест як равиши арзёбӣ (андозагирӣ, ченкунӣ, санҷиш)-и дониш, маҳорат, малака ва тасаввурот аст ва вазифаи ҳеҷ яке аз равишҳои дигари арзёбии дониш, аз ҷумла имтиҳони хаттӣ, ташаккул ва рушди дониш нест (ҳарчанд ки барои ин низ ғайримустақим мусоидат мекунад), балки вазифаи асосии он назорат ва санҷидани сатҳи дониш, маҳорат, малака ва тасаввуроти ташаккулёфта ё парваришёфта аст. Ба ибораи дигар, тест ё шакли дигари имтиҳон фаъолияти шинохту омӯзиш нест. Дониш, маҳорат, малакаи хонанда ё донишҷӯй маҳсули фаъолияти шинохту омӯзиш аст, ки дар раванди таълим аз тарафи омӯзгор ба роҳ монда мешавад. Рушди равонӣ бо роҳи аз худ кардани таҷрибаи иҷтимоӣ тавассути омӯзиш амалӣ мегардад, на бо имтиҳону тест.
Шояд барои шахсоне, ки тестро аз таълим фарқ карда наметавонанд, дарки матни нукоти боло берун аз тавону зарфияти зеҳниашон бошад. Аз ин лиҳоз, мафҳуми андозагириро содатар мефаҳмонем. Барои андозагирии хусусиятҳои гуногуни ашё, ҷисму объектҳо ва ғайра аз афзорҳои гуногун истифода карда мешавад. Масалан, барои андозагирии ҳаҷму дарозии ашё аз афзорҳое, чун ҷадвал, тасмаи андозагирӣ (рулетка), ҷадвали ҷамъшаванда ва ғайра кор гирифта мешавад. Афзорҳои андозагирии ҳаҷму дарозӣ метавонанд миқёс (шкала)-и метрӣ ё дюймӣ ва ғайра, яъне воҳидҳои гуногуни ченак дошта бошанд. Агар ҳаҷми бозуи як шахс 35 см бошад ва барои афзоиши он коре накунад, аз ҷумла бо бадансозӣ (бодибилдинг) машғул нашавад, ҳаҷми он ҳамон 35 см мемонад. Ҳатто агар ин шахс ҳаҷми бозуи худро бо истифода аз тасмаи андозагирӣ ҳазор маротиба чен кунад ҳам, ин ҳаҷм тағйир намеёбад. Инчунин, агар ҳангоми чен кардани бозуи ин шахс воҳиди ченаки дигар истифода карда шавад, пас аз баргардонидани қимати ҳосилшуда ба миқёси метрикӣ боз ҳамон 35 см ҳосил мешавад. Андозагирии дониш низ ба ҳамин мисол монанд аст. Яъне, агар фаъолияти шинохту омӯзишӣ – раванди таълим набошад ё ин раванд дуруст ба роҳ монда нашуда бошад, ҳеҷ яке аз равишҳои имтиҳонгирӣ ташаккул ва парвариши дониш, рушди маҳорату малакаи хонандаро таъмин намекунад. Агар боз ҳам содатар гӯем, имтиҳони тестӣ ҳамагӣ 3 соат ва раванди таълим, масалан барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ тӯли 11 сол давом мекунад, пас, аз назари ин муҳаққиқони охирзамон ва алломагони даврон фаъолияти 3-соата чӣ гуна ба кори 11-сола таъсири манфӣ ё мусбат расонида метавонад?! Шояд дар ин ҷо сирре, нозукие, нуктае ниҳон бошад, ки мо аз он бехабарем ё ба дарки он намерасем? Ҳамадону нуктасанҷони “СССР”-ро мебоист тафсилу тафсири инро барои мо ва дигар ноогаҳон мегуфтанд.
“Катастрофа-фоҷиаи (дар байни ин ду калима тире бо фосила бояд гузошта шавад, “доно”-ҳои муҳтарам, на нимтире! А. Ш. ва З. А.) миллат” дар ҳоле мешавад, ки шахсони аз худ алломатарош аз масоили илмие, ки дар бораи он ҳатто тасаввурот надоранд, “халтура” карда, ҳарф мезананд ва кӯшиши инкор кардани назария ва аксиомаҳо (яке аз калимаҳои серистифода дар “СССР”)-и илмиро мекунанд. На танҳо ин навишта (“Аз имтиҳон то табобат”), балки аксари матолиби ин “газетаи мардумӣ” намунаи айнии “халтура” ҳастанд. Хуб мешуд, агар минбаъд пеш аз нишон додани алломагии худ дар соҳае “донандагон” – “рӯзноманигорон”-и “СССР” чун журналистони касбӣ ва қабл аз матраҳ кардани матлаб ба жарфои мавзӯъ фурӯ нараванд, онро амиқ наомӯзанд ҳам, лоақал каме пиромуни мавзӯи баррасишаванда тасаввурот пайдо бикунанд, бо моҳияти он рӯякӣ шинос шаванду баъд аз он дигаронро биомӯзонанд, ба қавле, гапи занакҳои лаби обро барои худ чун таҳқиқоти журналистӣ нашуморанд, то ки боиси шармандагии худ, гумроҳии дигарон ва иғвою ихтилофангезӣ дар байни ҷомеа нагарданд.
Муҳтарам соҳибони “газетаи мардумӣ”! Пеш аз он ки аз номи мардум гап занед, боре раведу аз мардум оид ба низоми имтиҳонҳои ҷорикардаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон бишавед. Агар “даҳҳо тан хонанда ва мухлисони газетаи мардумии СССР, бештар устодону муаллимони соҳибтаҷруба санҷишу имтиҳони тестиро катастрофа-фоҷиаи миллат” номида бошанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ниҳоди мавриди туҳмату таҳқир қарордодаи шумо таҳти тобеияташон асту борҳо аз кору кӯшишҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоишу тавсиф кардаанд (“Падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад”. Эмомалӣ Раҳмон), инчунин САДҲО ҲАЗОР (!!!) довталабони аз тариқи Марказ имтиҳон супорида, донишҷӯйгардида, падару модару устодони онҳо низоми ИМД-ро аз бузургтарин дастовардҳои соҳаи маорифи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолияш шуморида, аз фаъолияти Марказ, тавре мегӯянд, сар то по ва ҳазорон бор розию мамнунанд. Аз фаъолияти ин ниҳоди бонуфузи ҷумҳурӣ имрӯз фақат шумою “ҳамон даҳҳо тан” ашхоси номбаркардаатон ва коррупсионерҳое норозиянд, ки аз низоми пешинаи имтиҳонсупорӣ (то соли 2014) манфиатдор буданд. Агар ҳамаи бартарию хубиҳои низоми номбурдаи имтиҳонҳо ва тамоми сабукию осонию имкону шароити барои довталабон – фарзандони мардум муҳайёкардаи Марказро, ки ба чашми ашхоси кӯри худу бинои кас ноаён аст, ин ҷо батафсил баён созем, тамоми саҳифаҳои газетаи “мардумӣ”-и шумо кифоят намекунад, муҳтарам “журналисти ҳамадон”! Вале агар шумо воқеан дилсӯзи мардум бошеду инро зарур шуморед ва чанд саҳифа дар ҳафтаномаатон ҷудо кунед, мо омодаем чунин маълумотро бароятон пешниҳод созем (гарчанде мо ниёз ба таблиғ тавассути чунин ҳафтаномаи пурғалате, ки меҳвари кораш танҳо ғайбату дурӯғу иғво асту маромаш таҳқири забон ва дигар муқаддасоти миллист, надорем). Кӯру худу бинои кас гуфтани мо беасос нест. Ин ишораи мо ба сатҳу дараҷаи саводу донишу касбияту тахассуси шумо барин журналистони “раҳнамову омӯзанда” рабт дорад. Шумо пеш аз он, ки дигаронро биомӯзонед, миллату мардумро аз “катастрофа-фоҷиаи миллат” огаҳӣ бидиҳед, хуб мешуд, ки боре аввал гиребони худро бӯй мекардед, аз айбу нуқсони бешумори “газетаи мардумӣ”-атон воқиф мешудед, андаке забони тоҷикиро, ки забони давлатию модариатон низ ҳаст, меомӯхтед, саводи имлоиятонро ба ҳадди саводи журналисти касбӣ не, чун як донишҷӯи бахши журналистика ё филологияи тоҷик ҳам не, лоақал дар ҳадди забони хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёна баланд мебардоштед, аз илми услуби баёну мантиқи сухан зиёд не, каме хабардор мегардидед.
Мо дар ин нигоштаи мухтасар имкону фурсати таҳлили забону баёни матолиби “газетаи мардумӣ”-и “СССР”-ро надорем. Агар чунин кунем, гунҷоиши як шумораи пурраи газетаатон бо 16 саҳифааш ҳам кофӣ нахоҳад буд (лек агар хоҳед, мо маводди 1-2 саҳифаи газетаатонро аз лиҳози забонӣ ва имлою услубу мантиқ барои сабақгириатон ройгон таҳлил карда медиҳем). Ҳамин се ҷумлаи таҳти сарунвони “Сухани рӯз №27” ва бо номи “Аз имтиҳон то табобат” дар саҳифаи якуми ҳафтанома – газета, ки ба номи ҳар гуна ВАО (аз ҷумла, ба қавле, “жёлтая пресса”) иснод меорад, овардаатон худ баёнгари савод ва забондонии шумо барин журналистони тезқалам аст. Аввалан, “Сухани рӯз”-ро, модом ки рубрика бошад, бо рақам овардан бемантиқу ноҷост. Зимнан ибораи “Сухани рӯз №27” аз рӯйи кадом қоидаи иборасозӣ сохта шудааст (мисли ин ки бигӯем: кӯча № 7, мактаби миёна № 23)? На изофату на вергул ё аломати дигар! Шояд дар забони тоҷикӣ қоидаҳои иборасозии забони русӣ ҷорӣ гардидаасту мо бехабар аз онем? Дувум, рубрикаро бо аломати баён овардан дуруст нест. Савум, вожаи “табобат” ба мазмуни он навиштаҳоятон чӣ рабте дорад? Агар дар матн ишорае ба ягон бемору беморӣ ва ё табобат мерафт, овардани ин калима ноҷо намебуд, вале дар ин ҷо ку алоқае, пайванде дар байни ин калима ва мундариҷаи матн? Чаҳорум, дар ҷумлаи якуматон баъд аз калимаҳои “рӯз” ва “Тоҷикистон” гузоштани аломати вергул зарурат надорад. Панҷум, пас аз “доранд” аломати баён (:) гузошта, вожаи минбаъдаро бо ҳарфи калон овардаед. Ё онро бо ҳарфи хурд бояд навишт (агар ҷумлаи дуюм чун ҷузъи ҷумлаи якум бошад), ё ба ҷои аломати баён мебоист нуқта мегузоштед (агар ҷумлаи дуюм чун ҷумлаи мустақил бошад). Шашум, шумо на танҳо аз қоидаҳои корбурди аломатҳои китобат бехабаред, балки тафовути баъзе аломатҳои китобатро аз ҳамдигар намедонед. Чунонки аз ин “шоҳкор”-атон (ки ҳамагӣ аз 3 ҷумла иборат аст) пайдост, аломати тиреро аз нимтире (дефис) фарқ карда натавониста, дар се маврид ҳам ба ҷойи тире (‒) нимтире (-) гузоштаед ва бар замми ин, бо фосила (пробел) ҳам онро ҷудо накардаед. Агар дар синфҳои 5-уму 6-ум ва болотари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи вазифаҳои ин аломатҳо ва мавқеи ба кор бурдани онҳо нахонда бошед, бидонед, ки тире 5-6 ва нимтире бештар аз 20 вазифа дорад. Аз ин ҳам огоҳ бошед, ки дар ду тарафи тире ҳатман бояд фосила гузошта шавад. Ҳафтум, бо бардошт аз ин тарзи баёнатон фаҳмида мешавад, ки маънию мантиқ, таносубу услуби суханро ҳам, ба қавле, бомба мефаҳмед (зеро зеҳну ақлу дониши шумо танҳо барои иғво ангехтану ҳангома сохтану дурӯғ гуфтану сиёҳ кардани касон қобил аст) боз ҳам дур нарафта, барои истинод ба ҳамин “Сухани рӯз”-и бефурӯзатон рӯ оварда, “шоҳсухан”-атонро айнан (бе ислоҳи ғалатҳояш) меорем: “Ҳамин шабу рӯз, садҳо хатмкунандаи макотиби миёна дар Тоҷикистон, бо умеди ба даст овардани унвони донишҷӯӣ вориди ММТ-марказҳои имтиҳонсупорӣ шуда, ба суолҳо посух гуфтан доранд: Барои посух додан ба 90 суол ба довталабон ҳамагӣ 3 соат вақт додаанд”.
Дар бораи ноҷову нодуруст гузоштани аломатҳои китобат дар ин ҷумла гуфтем ва ниёз ба такрори он нест. Акнун ба маънию услуби сухани “забондон”-ҳо таваҷҷуҳ кунед: 1) “ММТ-марказҳои имтиҳонсупорӣ”. Ростӣ, ибораи булаҷабест, ки ҳатто аз даҳони довталабон, ки аз рӯйи пиндори шумо онҳо “халтуршик” ҳастанд, боре нашунидаем. Инчунин, ҳеҷ касе барои имтиҳонсупорӣ ба ММТ (Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ворид намешавад, зеро номнависии довталабон ва ҳамчунин, имтиҳонсупории онҳо ҳеҷ гоҳ дар ин Марказ ва ё бахшҳои минтақавияш баргузор нашудаасту намешавад. 2) Услуби калом талаб мекунад, ки “шабу рӯз” дар шакли ҷамъ (“шабу рӯзҳо”) оварда шавад; 3) вақте ки ММТ гуфтед, бояд онро барои хонанда шарҳ медодед, ки манзур аз ин калимаи кӯтоҳкардаи шумо Маркази миллии тестӣ(-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аст (ё мепиндоред, чунонки шумо фолбиниро маҳаки кори рӯзноманигориатон қарор дода, фолбинию хаёлу гумонҳоятонро чун таҳқиқоти журналистӣ ба ҷомеа пешниҳод мекунед, ҳамаи хонандаҳоятон ҳам фолбинанд?); 4) ба шумо, ки барои ҷустуҷӯйи маълумоти дақиқ ва далелу рақамҳо вақт надоред, иттилоъ медиҳем, ки шумораи довталабони ҳамарӯза имтиҳонсупор дар Тоҷикистон на садҳо нафар, балки ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад; 5) ҳоло хатмкунанда не, ҳамаи довталабон аллакай хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ ҳастанд; 6) довталабон на танҳо “хатмкунандаи мактаби миёна”, балки хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ) ва миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) низ ҳастанд; 7) “ба суолҳо посух гуфтан доранд”. Кадом суолҳо? Суоли падару модарон, милисаҳо, ҷӯгиҳо ё шахсони дигар? Серкории шуморо, ки барои ҷустуҷӯйи маълумоти саҳеҳ ва истифодаи шакли дурусти мафҳуму истилоҳҳо монеа мешавад, ба назар гирифта, боз ҳам ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки дар имтиҳонҳо ба довталабон на танҳо саволҳои тестӣ, балки масъалаҳои тестӣ низ пешниҳод мегарданд. Инчунин, хотиррасон мекунем, ки тестро иҷро мекунанд (яъне, бояд мегуфтед: саволу масъалаҳои тестиро иҷро мекунанд).
Дар робита бо ҷумлаи минбаъдаи сухани “воло”-ятон (ҷумлаи пеш аз охирин) чизе намегӯем, зеро агар худатон надонед, ки ин тарзи баёни андеша ба кадом меъёри забон, ба кадом услубу мантиқи сухан мувофиқ аст, дигар касе намедонад: “Оғози имтиҳони тестӣ дар ҳолест, ки қаблан даҳҳо тан хонанда ва мухлисони газетаи мардумии СССР (тибқи талаботи қоидаҳои имло ин ҷо номи нашрия бояд дар дохили аломати нохунак бошад. А. Ш. ва З. А.), бештар устодону муаллимон (“и”-и изофаташ ку, раҳнамою омӯзандагони мардум? А. Ш. ва З. А.) соҳибтаҷруба санҷишу имтиҳони тестиро катастрофа-фоҷиаи миллат номида, гуфта буданд, ки ҳоло ҳам барвақт аст, аз чунин тарзи имтиҳонгирӣ (халтура!!!) даст бикашем!”. Э, войее!!! Манзури шумо аз ин ҷумлаи булаҷабатон чист? Зикри ҳол (ҳолат), вазъ (вазъият)-и оғози имтиҳонҳо ё нақли ақидаву қавли “мухлисони газета”-атону “устодону муаллимони соҳибтаҷруба”-атон, ё баёни замони оғози имтиҳонҳо? Агар мавриди назаратон замони ҳозира бошад, “қаблан” ва “номида, гуфта буданд” навиштанатон бо ин замон чӣ умумият ва пайванде дорад? Амали замони ҳозираю гузаштаро ба чӣ навъ шумо ягонагию умумияту ҳамзамонӣ бахшидед? Рабти сухан, пайванди мантиқии фикр, таносуби аҷзои калом ку, қаламбадастони муҳтарам? Агар бехабар монда бошед, ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки пеш аз “оғози имтиҳони тестӣ”-и дарназардоштаатон низ қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз тариқи имтиҳонҳои тестӣ, ки онро ҳар як муассисаи таълимӣ худаш мегузаронд, амалӣ мегардид.
Ҷумлаи минбаъда ‒ охирин аз “Сухани рӯз”, ки муаллифаш “кони сухану маонӣ” будааст: “Вагарна муассис-ихтироъкори чунин навъи имтиҳон дар Амрико ҳаргиз 25 сол суд намешуд!”
Журналисто! Муҳаққиқо! Забондоно! Тоҷико! Оё пеш аз он ки ҳарфе бинвисед ва онро чун марвориди сухан, таҳқиқоти нодири пухтаи журналистӣ тавассути сафҳаи газета пешниҳоди мардум созед, оё сонияе, лаҳзаяке андеша намекунед, ки аз ”даҳони муборак”-атон чӣ мерезаду аз “қалами созанда”-атон чӣ мечакад? Вақте ки “вагарна” гуфтед, оё ба зеҳнатон наомад, ки ин вожа чӣ маънӣ дорад? Бо истифодаи ин пайвандаки шартӣ шумо кадом шартро гузоштан мехоҳед ё гуфтан мехоҳед? Ин пайвандак маъмулан ҷумлаи пайравро ба сарҷумла (дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ) мепайвандад. Агар сарфу наҳви забони тоҷикиро нахонда бошеду надонед ҳам (дар донишгоҳ не, лоақал дар синфҳои 5-ум то 9-уми мактаби таҳсилоти миёна), оё зеҳнан тавони дарки инро ҳам надоред, ки дар байни ин ҷумлаҳоятон ягон алоқаи маъноие ҳаст? Рабти мантиқии аҷзои сухан (ҳиссаҳои нутқ), услуби калом, таносуби сухан, мавриди истифодаи калимаҳо риоя шудааст? Бигирем, ки дар донишгоҳ чизе наандӯхтеду ба ҳар василае диплом гирифтед, вале дар мактаби миёна, дар синфи 5-ум лоақал мувофиқати хабар бо мубтадо, феъл бо исмро ҳам оё касе ба шумо наомӯзондааст? Наандешидед, ки ба дарки ин суханони чун тарошаи аз бом афтодаатон, ба ҳарфҳои бесару нӯги шумои суханомӯзи дигарон хонандаи “газетаи мардумӣ”-атон меравад? Имтиҳонро оё касе ихтироъ мекунад, муҳтарам журналистони забондон? “Амрико” дар ин ҷо номи чист: қитъа (қора)-и олам, номи давлат ё мамлакат ё чизи дигар?! Вой аз ҳоли забондонии журналисти тоҷик! Во ҳасрато, дареғо аз чунин рӯзноманигорӣ! Доду вовайло аз чунин “раҳнамоёну забономӯзону дӯстдорону дилсӯзони халқу миллат”! Ҳайфи забони бостонию ғанию ширину шевои форсии тоҷикӣ!
Як чиз маълум аст, ки агар шумо барин журналистон дар қатори довталабон, хоҳ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳ бевосита дар паси мизи мактаби миёна, агар эссе, нақли хаттӣ ё иншо нависанд, баҳояшон аз “1” (“як”) бештар намешавад. Ин ҳама доду войи шумо барин “дилсӯзони халқу миллат”-ро ҳам сабаб ин аст, ки бо чунин сатҳи саводу донишу забондонӣ ҳеҷ гоҳ тавассути ягон хел санҷишу имтиҳонҳои роҳандозикардаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комёб нахоҳед шуд, зеро Марказ ба “тағабозӣ”-ю воситаю ришвахӯрӣ ва ғайра роҳу имкон намедиҳад, лек берун аз он ба василаи роҳҳои мазкур ба мақсад расида метавонед. Пеш аз ҷор зада, бесаводию нодонии худро ба аҳли ҷомеа фош кардан боре бар сари виҷдону инсоф омада, аз кору аъмоли худ андешида наметавонед, муҳтарам доножурналистон? Боре аз он, ки забони тоҷикиро, забони давлатиро, забони модариатонро тавассути ин “газетаи мардумӣ”-атон таҳқиру харобу кӯчагӣ кардед, намеандешед? Дилсӯзию доноию забондонию журналистии шумо дар олуда кардани забони ноби тоҷикӣ бо вожаҳои бегонаи русию ӯзбакӣ ва лаҳҷаи хонаводаатон аст? Шумо лоақал одитарин шарту талабот ва меъёру қоидаҳои мақоланависию газетасозию рӯзноманигориро надониста, худро ғамхори миллату муаллими ҷамъияту дилсӯзи давлат меҳисобед? Дар боби ҳирфаию мутахассиси соҳаи худ буданатон ҳам мо батафсил сухан гуфтанӣ нестем, зеро агар чунин кунем, як китобе навиштан мебояд. Ин ҷо низ танҳо як ишорае мекунем ба яке аз ҳазор камбуди шумою бас, чун қатрае аз баҳр: дар саҳифаи дувуми “газетаи мардумӣ”-и “СССР” мехонем: “Сардабир и.в. Шаҳрзоди Амин”. Айнан дар паҳлуи ному вазифаи кормандони нашрия, дар ҳамин саҳифа бо ҳуруфи сиёҳи ғафс дар зери акси зебои ҷавоне бо нигоҳи мутафаккирона ба чашм мерасад: Сайёфи МИЗРОБ, сардабири ҳафтаномаи СССР.
Тавре ки мегӯянд, “ГАП НЕСТ!!!”
(Ба ибораи “Сардабир и.в.” бодиққат нигаред, боз ҳам кашфиёт, услубу қоидаи нав дар иборасозии тоҷикӣ...). Дар шумораи баъдии газетаи “СССР” мушоҳида кардем, ки эроди моро ба назар гирифта, ин ғалати хандаоварашонро ислоҳ кардаанд.
Дар ниҳоят, мехостем аз муаллифи “ҳамадон”-и “Аз имтиҳон то табобат” бипурсем, ки кадоме аз “ихтироъкорон”-и тест, ки дар боло чанде аз онҳоро ном бурдаем ва шояд устухонашон ҳам дар гӯр боқӣ намонда бошад, “25 сол” суд шудааст?! Ё, шояд, дар ин айёми серкории Марказ муъҷизае шуда, нафаре аз олимони пешгоми соҳаи тест зинда гардидаасту ӯро ба ҳабс гирифта бошанд ва мо бехабар мондаем?
P.S. Ин нигоштаро мо бо истифода аз ҳуқуқи худ тибқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», чун вокуниш ба матлаби чопшуда дар газетаи “СССР”, ба нашрияи мазкур пешниҳод намудем ва идораи ин ҳафтанома вазифадор буд, тибқи моддаи 19-и ҳамин Қонун, ҳамчунин аз рӯйи этикаи журналистӣ ва ахлоқи рӯзноманигорӣ, инсонию ҷавонмардӣ онро ба табъ мерасонид, ё ба он матлаби бебуну дорои “маълумоти бардурўғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори корӣ” раддия менавишт (моддаи 19-и Қонуни мазкур). Идораи газетаи “СССР” ба номаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси хоҳиши чопи вокуниш бояд расман бо мактуб ҷавоб медод. Вале масъулони “СССР”, азбаски ҳама чизро “медонанд” ва ҳама корро “метавонанд” (шиорашон: “Мо метавонем!”), на бо номаи расмӣ, балки дар ҳошияи мактуби ба онҳо ирсолкардаи Марказ бо 2 ҷумлаи кӯтоҳ, ки дорои 7 ғалати услубию имлоию китобат аст (чун ҳамеша), ҷавоби рад навиштаанд (яъне, дар донистан ва риояи талаботи ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ бо ду пой меланганд, чунонки дар имлою мантиқу услуб) ва он “сухани рӯз”-ашонро, ки мураккаб аз 3 ҷумлаи пурғалату жожу бемояву бемаънӣ аст, “ба ҳадди эъҷоз” ҳисобида, шифоҳӣ ба намояндаи Марказ гуфтаанд, “чунонки мо дар 3 ҷумла як олам маъниро ғунҷонидем, шумо ҳам бо се ҷумла ҳама мақсадатонро баён кунед”. Дигар чӣ гӯем? Гап нест!!!
Мо ҳақ дорем, ки мутобиқи моддаи 21-и Қонуни номбурда барои нашр накардани вокуниш ва нанавиштани раддия ба он маводди мавриди назар аз ҷониби газетаи “СССР” ба суд муроҷиат кунем. Лек... Лек ҳаволаашонро ба Худо мекунем.
P.P.S. Зимнан, мадраке, ки “СССР” бо воҳимаю ҳангома (аз рӯйи одат) ҷор зада, эълон карда буд (“Вагарна муассис-ихтироъкори чунин навъи имтиҳон дар Амрико ҳаргиз 25 сол суд намешуд!”) аз сомонаи «Сатирическое издание ИА “Панорама”» гирифта шудааст. Ҷорзананда, воҳимагарони муҳтарам! Акнун ба пайванди “Предупреждение” – https://panorama.pub/about (дар қисмати поёни бахши “Об издании”), ки бо ҳуруфи фарқкунандаи фирӯзаранг дода шудааст, гузашта, маълумоти зерро хонед:
“Предупреждение
Все без исключения приведённые на сайте panorama.pub материалы являются сатирой и выдумкой.
Любые совпадения текстов panorama.pub с реальными личностями и событиями не преследуют цели задеть чью-либо честь или достоинство или нанести урон деловой репутации, поскольку все материалы ресурса panorama.pub создаются как сатирические фельетоны.”
Ҳатто дар сомонаи зикршуда зери матлаби “СССР” ба он такякарда, чун ба кӯр асо, таъкид шудааст: “Сатирическое издание «Панорама». Все тексты на этом веб-ресурсе представляют собой гротескные пародии на реальность и не являются реальными новостями”.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон бар шарҳи ин хабари пурдурӯғ ва воҳимаангез, ки ҳадафаш беқадр кардану паст задани низоми тестии ИДЯ (ЕГЭ) ва ТМЯ (ЕНТ) аст, навишта:
Барои огаҳӣ аз матни пурраи хабари Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон ба ин пайванд гузаред: https://www.zakon.kz/4942703-mon-rk-soobshchil-o-feykovoy-rassylke-o.html
Хонандаи азиз, акнун худ холисона қазоват кунед, ки ҳадаф аз нашри чунин навиштаю “сухани рӯз”-ҳо чист. Ин нигоштаи мо низ посухест ба чунин “донандагон”, хоҷагони чилдурӯғ ва амсоли инҳо, ки аз воқеият ва ҳақиқати илмии масъалаҳо воқиф нашуда (чунончи, ҳатто ҳадафи таълиму тадрисро аз ҳадафу вазифаи санҷишу имтиҳон фарқ намекунанд), марому мақсадашон обро лой карда, моҳӣ доштан аст, бо дурӯғу ҳангомасозию иғвоангезӣ дар байни ҷомеа ва гумроҳсозии мардум шуҳрату номварӣ касб кардан аст.