шаҳри Душанбе, 28‑уми июни соли 2019
Ба таваҷҷуҳи довталабон ва алоқамандони дигари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 расонида мешавад, ки рӯзи 28‑уми июн, соати 16:00 барномаи махсус тавассути шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон мустақиман пахш карда мешавад. Дар барномаи мазкур кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва масъалаҳои марбут ба ин низоми маълумот медиҳанд. Бинандагон метавонанд саволҳои худро тавассути телефони 221 47 82 ба мутахассисони Марказ пешниҳод карда, ба онҳо ҷавоб гиранд.
Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия медиҳем, ки дар бораи мавзӯъ ва масъалаҳое, ки барояшон номафҳум аст, бипурсанд.