Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: АККРЕДИТАТСИЯИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ БОЗДИД АЗ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 25 Июни 2019
Диданд: 5201

ш. Душанбе, 25-уми июни соли 2019

Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2019 аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)-ро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД), ки аз 1-ум то 13-уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳонӣ доир мегарданд, оғоз менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд.

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури намояндагони ВАО, ки барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ аз аккредитатсия гузаштаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.

Намояндагони ВАО, ки хоҳиши боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии раванди ИМД-ро доранд, бояд ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:

1. Номи пурра ва расмии ВАО; ҳудуди паҳншавӣ, шакли нашри иттилоот; даврияти чоп; адади нашр; индекси почта ва нишонии редаксия; рақами телефон ва факси сармуҳаррир, нишонии почтаи электронӣ;

2. Насаб, ном ва номи падари намояндаи ВАО, вазифаи ишғолнамудааш, рақами телефони корӣ ва факс, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ дар тамос будан имконият медиҳад.

3. Номи пурра ва расмии ВАО/журналистони давлатҳои хориҷӣ; шаҳодатномаи аккредитатсия дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ишғолнамудаи намояндаи ВАО, рақами телефони корӣ/мобилӣ ва почтаи электронӣ, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ дар тамос будан имконият медиҳад.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо аз намояндагони ВАО барои аккредитатсия – 29 уми июни соли 2019 то соати 17:00.

 

Телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 66; 882 20 07 07

 

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон