Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1217
Душанбе, 23-юми майи соли 2018
Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Русия дар рӯзҳои 22-юм-23-юми моҳи майи соли 2018-ум дар байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмоиши “Абзори арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои ибтидоӣ” (SAM)-ро аз фанни математика гузаронд.
- Диданд: 1046
Душанбе, 22-юми майи соли 2018
Ҷиҳати омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ доир кард. Чунин семинар-машваратҳо аз 15-ум то 16-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти умумии № 100 барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 31 нафар шунаванда, аз 18-ум то 19-уми май дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таҳсилоти умумии № 19 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 18-ум то 19-уми май дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти умумии № 51 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 8 нафар шунаванда ва дар шаҳри Бохтар дар муассисаи таҳсилоти умумии № 12 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 9 нафар шунаванда баргузор гардид.
- Диданд: 942
МАТЛАБИ МАТБУОТӢ
оид ба оғози семинарҳои омӯзишӣ барои тренерони кормандони муваққатӣ барои баргузории ИМД-2018
Душанбе, 14-уми майи соли 2018
Мутобиқи банди 46-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 бо мақсади омода намудани тренерон дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд бо шумораи 65 нафар иштирокдор давраи 1-уми семинар- машварати омӯзишӣ барои омода кардани кормандони муваққатӣ ҷиҳати гузаронидани ИМД-2018 баргузор мегардад. Аз рӯйи эълон дар ин бора 44 нафар ба ҳайси тренер ҳуҷҷат супоридаанд. Аз ин 44 нафар мувофиқи нақша 31 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд. Инчунин, аз ҳисоби кормандони Марказ 21 нафар дар ин семинар иштирок менамоянд.
- Диданд: 1032
Душанбе, 2-юми майи соли 2018
Бо мақсади иҷрои бандҳои марбутаи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2012, № 334 тасдиқ шудааст, ҷиҳати гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, марҳилаи 1 (Иттиҳоди Аврупо) ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Рашт (20.04.2018) ва Бохтари вилояти Хатлон (27.04.2018) семинар-машварати омӯзишии якрӯза оид ба татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим баргузор гардид. Дар семинар ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, кормандони дахлдори раёсат ва шуъбаҳои маориф иштирок намуданд.
- Диданд: 1091
Душанбе, 1-уми майи соли 2018
Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2018 ба анҷом расид.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |