Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1973
Душанбе, 23-юми июли соли 2018
Барои холро ба бал баргардонидан Марказ аз усули муайян истифода мекунад, ки дар он вобаста аз ҳар як субтести қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо мушаххасоти зерин ба назар гирифта мешавад:
- Диданд: 1355
ЭЪЛОН
Тартиби пешниҳоди ариза барои довталабоне, ки дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро доранд
Душанбе, 4-уми июли соли 2018
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар давр(ҳо)-и асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва (ё) қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва (ё) қисми Е (кори хаттӣ (эссе)) иштирок карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон аз 18-ум то 20-уми июл ба роҳ монда мешавад.
- Диданд: 1160
ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ
Оғози даври асосии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) дар соли 2018
Душанбе, 1-уми июли соли 2018
Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон, ҳатмӣ аст, оғоз гардид. Ёдрас мекунем, ки қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ; математика; таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар шудааст.
- Диданд: 973
Душанбе, 29-уми июни соли 2018
Дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илм Мирбобоев Р. М. ва намоянда аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов М., инчунин аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Ш. директори Марказ Икромӣ Х. ва муовини якуми Марказ Ҷаъфаров Ф. ҷаласаи машваратӣ бо шахсони масъули роҳбарикунандаи ташкил, баргузорӣ ва назорати имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2018 дар марказҳои имтиҳонӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини аввали вазири маориф ва илм Мирбобоев Р. ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошад, ки нигоҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба он нигаронида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маркази миллии тестиро ҳамчун низоми таъминкунандаи шафофият, адолат ва арзёбии баробари донишу маҳорати довталабон дар имтиҳонҳо эътироф намуда, инро дар баромадҳояшон қайд менамоянд.
- Диданд: 942
Душанбе, 26-уми июни соли 2018
Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Баъди арзёбии донишу маҳораташон шахсони дар семинар ширкатварзида ба марказҳои имтиҳонӣ барои назорати ташкилу гузаронидани имтиҳонҳо, дар баробари кормандони Марказ, аз 1-уми июл то 13-уми июл сафарбар карда хоҳанд шуд. Намояндагони ваколатдори Марказ барои назорати рафти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва тибқи тартиботи муқарраршуда доир намудани он уҳдадоранд.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |