Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1109
Душанбе, 7-уми июни соли 2019
Дар доираи корҳои омодагӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмур ва маъмури калони имтиҳон, бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ оғоз кард.
- Диданд: 1024
Душанбе, 7-уми июни соли 2019
Ба диққати довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 аз қайд гузаштаанд, расонида мешавад, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.
- Диданд: 1210
Душанбе, 7-уми июни соли 2019
Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2019, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД аз 10-уми июн оғоз мегардад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе бо нишониҳои дар зер овардашуда то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.
- Диданд: 1237
Душанбе, 24-уми майи соли 2019
Рӯзи 23-юми майи соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар, ки ташкилкунандаи он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, намояндагони Маҷлиси намояндагон, Вазорати маориф ва илм, ректорон ва ноибони ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Лозим ба зикр аст, ки дар ин ҷаласа ноиби ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург Горбашко Елена Анатолевна низ ширкат карда, дар мавзӯи зикршуда маърӯза кард.
- Диданд: 1049
Душанбе, 20-уми майи соли 2019
Бо мақсади омодагӣ ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ оғоз кард. Чунин семинар-машваратҳо аз 20-ум то 21-уми майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти умумии № 100 барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 18 нафар шунаванда, аз 23-ум то 24-уми май дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 23-ум то 24-уми май дар шаҳри Бохтар дар муассисаи таҳсилоти умумии № 12 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 9 нафар шунаванда ва дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти умумии № 51 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 8 нафар шунаванда баргузор мегардад.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |