Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2022
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2022
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2022-2023 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР ҶУМҲУРӢ БА АНҶОМ РАСИД

Нашр шуд: 16 Декабри 2021
Диданд: 956

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расид 

 

Бо мақсади ошноӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ва таҷриба андӯхтани хатмкунандагон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоиширо дар доираи низоми ИМД дар байни хатмкунандагон (синфҳои 11-ум)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронид.

Бояд тазаккур дод, ки дар мувофиқа бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи директорони муассисаҳои таълимӣ рӯйхати хатмкунандагон бо интихоби гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо), ки бо ин интихобашон дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок менамоянд пешниҳод гардид.

Дар умум, аз 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати 13122 нафар хатмкунандагон пешниҳод гардид. Рӯйхатҳо тибқи интихоби хатмкунандагон ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷудо карда шуд, ки дар умум 999 синфхонаҳои имтиҳониро ташкил медод.

Дар давоми моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давомоти хатмкунандагон дар имтиҳонҳои озмоишӣ 82,75 дарсадро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ аз 530 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон ҷалб карда шуданд. Баъд аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ варақаҳои ҷавобҳои хатмкунандагон санҷида шуда, натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур тавассути раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуданд.

Хатмкунандагоне, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ фаро гирифта нашудаанд, метавонанд аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) дастрас аст, истифода баранд. Хотиррасон мекунем, ки хизматрасонии мазкур дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталабон ва ҳамчунин ба хоҳишмандони дигар имкон медиҳад, ки онҳо аз тариқи шабакаи Интернет тест супорида, дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд; бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, тарзи иҷрои тест шинос шаванд.

Бояд хотиррасон кард, ки Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо истифода аз барномаи хизматрасонии “Худро бисанҷ” имтиҳонҳои озмоиширо роҳандозӣ менамояд ва хатмкунандагон метавонанд тариқи компютер дониши худро санҷанд.

Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ пеш аз ҳама шиносоии хатмкунандагон бо маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобкарда, дарк кардан ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ, шинос шудан бо навъи саволу масъалаҳои тест ва тарзи иҷрои онҳо вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ мебошад.

 

Хадамоти матбуотии Маркази миллии тестии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • ТАҚВИМИ ИМД-2022ТАҚВИМИ ИМД-2022
  • Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2022Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2022
  • Роҳнамои довталаб - 2022Роҳнамои довталаб - 2022
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2022Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2022
  • Нақшаи қабули с.т. 2022-2023 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2022-2023 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2022 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон