Душанбе, 3‑юми декабри соли 2021
3 декабри соли 2021 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими ҷоизасупории даҳгонаи довталабони беҳтарин дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021 баргузор гардид.
Маркази миллии тестӣ бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо дар се соли охир маротибаи 4-ум аст, ки довталабони беҳтарини ИМД-ро муайян ва қадрдонӣ менамояд.
Соли ҷорӣ Марказ довталабони ғолибро дар ду номинатсия “даҳгонаи довталабони беҳтарин дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муайян кард.
Баҳри қадрдонии довталабони беҳтарин дар ИМД-2021 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ шарикони расмӣ Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, ширкати “Сиёма”, ширкати Tcell, нашриёти “Муосир”, ва ҶДММ “Рухом” низ саҳми худро гузоштанд.