Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (140 ҷой)
Муҳлат: 35 рӯз (аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2022 бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, ш. Ваҳдат – 4 нафар, ш. Турсунзода – 4 нафар, ш. Ҳисор – 4 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Бохтар – 12 нафар, ш. Кӯлоб – 10 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ – 2 нафар, н. Ашт – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, н. Деваштич – 2 нафар, н. Мастчоҳ – 2 нафар, н. Спитамен – 2 нафар, н. А. Ҷомӣ – 2 нафар, н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Ёвон – 4 нафар, н. Панҷ – 2 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Қубодиён – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар.
Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (2 ҷой)
Муҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2022 бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: н. Айнӣ – 2 нафар.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;
- таъмини ворид намудани маълумоти дақиқ тибқи қоида ва дастурамали мансабӣ;
- таъмини нигаҳдории маълумоти дақиқи довталаб то замони ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ супоридан;
- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ ё олии нопурра;
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;
- малакаи кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-хотира, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;
- озодона суҳбат намудан бо забони тоҷикӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“ оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.
Интихоб ба воситаи озмун гузаронида мешавад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 21-уми январи соли 2022, то соати 16:00.