Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
Дар давоми 3 рӯзи бақайдгирӣ зиёда аз 1827 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 30 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар ду нуқтаи бақайдгирӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) мушоҳида карда мешавад.
Муфассал...
Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Даъвати хонандагони синфҳои 10 барои иштирок дар озмоиши калон
Аз соли 2014 сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии худ (ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2010 № 17 тасдиқ гардидааст) дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи модели низоми нави ИМД ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Саҳифаи 165 аз 165
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Бадомафтодагон
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Ҳамаи хабарҳо