Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ДАР БОРАИ ОЗМУНИ ИНТИХОБИ ЁВАРОНИ РОҲБАРОНИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 08 Январи 2016
Диданд: 863

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОН

дар бораи озмуни интихоби ёварони роҳбарони нуқтаҳои бақайдгирӣ

Душанбе, 8-уми январи соли 2016

Вазифа:  ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (28 ҷой)

Муҳлат: 35 (сию панҷ) рӯз (аз 1-уми март то 15-уми апрел бо имкони тамдид)

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе - 4 нафар,  ш. Ваҳдат - 1 нафар,  ш. Турсунзода - 1 нафар, н. Рашт - 1 нафар, н. Рӯдакӣ - 1 нафар, н. Ҳисор - 1 нафар,  ш. Хуҷанд - 2 нафар, ш. Истаравшан - 1 нафар, ш. Исфара - 1 нафар, ш. Конибодом - 1 нафар, ш. Панҷакент - 1 нафар, н. Ашт - 1 нафар, н. Б. Ғафуров - 1 нафар, ш. Қӯрғонтеппа - 2 нафар, ш. Кӯлоб - 1 нафар, н. Восеъ - 1 нафар, н. Данғара - 1 нафар, н. Ёвон - 1 нафар, н. Фархор - 1 нафар, н. Шаҳритус - 1 нафар, н. Ҳамадонӣ - 1 нафар, н. Ҷ. Румӣ - 1 нафар, ш. Хоруғ -1 нафар.

Барои бақайдгирии довталабон бо мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ -  2016 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.

Ба зиммаи кормандони интихобгардида масъулияти ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон ва ёрӣ расонидан ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ гузошта мешавад.

Вазифаҳои асосӣ:

- иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон;

- омода намудани нуқтаи бақайдгирии довталабон;

- назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиб;

- дар вақти зарурӣ иваз намудани яке аз бақайдгирандагон дар нуқтаи бақайдгирӣ;

- таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ (дар ҳолати зарурӣ).

Талаботи тахассусӣ:

- маълумоти олӣ ё олии нопурра;

- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳое, ки шумораи зиёди иштирокдоронро фаро мегирад;

- доштани қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва идораи равандҳо;

- малакаи зарурии кор бо воситаҳои техникӣ ва барномавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, барномаҳои офисӣ ва бастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;

- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- ба шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2014 ва (ё) 2015 чун корманди муваққатӣ кор карда буданд, афзалият дода мешавад.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд шакли пурсишномаи муқарраргардида, нусхаи шиноснома (бо қайди ҷойи истиқомат), рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) ва рақами инфиродии суғурташуда (РИС)-ро ба нишонии зерин пешниҳод намоянд:

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192,

почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

шахси мутасаддӣ: Т. Каримов, тел.:  915 98 00 88 (ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);

 

дар вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Хаким Карим, 16,

почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

шахси мутасаддӣ: В. Сабуров,  тел.: 915 98 00 89 (вилояти Суғд);

 

дар вилояти Хатлон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13,

почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

шахси мутасаддӣ: Р. Халилов, тел.:  915 98 00 58 (вилояти Хатлон);

 

дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234,

почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

шахси мутасаддӣ: М. Шоназарова, тел.: 915 98 00 51 (ВМКБ);

 

Хоҳишмандон танҳо ба воситаи озмун интихоб карда мешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 29-уми январи с. 2016, то соати 16:00.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон