Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОН
дар бораи озмуни интихоби роҳбарони нуқтаҳои бақайдгирӣ
Душанбе, 8-уми январи соли 2016
Вазифа: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (28 ҷой)
Муҳлат: 48 (чилу ҳашт) рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрел бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе - 4 нафар, ш. Ваҳдат - 1 нафар, ш. Турсунзода - 1 нафар, н. Рашт - 1 нафар, н. Рӯдакӣ - 1 нафар, н. Ҳисор - 1 нафар, ш. Хуҷанд - 2 нафар, ш. Истаравшан - 1 нафар, ш. Исфара - 1 нафар, ш. Конибодом - 1 нафар, ш. Панҷакент - 1 нафар, н. Ашт - 1 нафар, н. Б. Ғафуров - 1 нафар, ш. Қӯрғонтеппа - 2 нафар, ш. Кӯлоб - 1 нафар, н. Восеъ - 1 нафар, н. Данғара - 1 нафар, н. Ёвон - 1 нафар, н. Фархор - 1 нафар, н. Шаҳритус - 1 нафар, н. Ҳамадонӣ - 1 нафар, н. Ҷ. Румӣ - 1 нафар, ш. Хоруғ -1 нафар.
Барои бақайдгирии довталабон бо мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2016 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.
Ба зиммаи кормандони интихобгардида масъулияти ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ гузошта мешавад.
Вазифаҳои асосӣ:
- иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон;
- омода намудани нуқтаи бақайдгирии довталабон;
- назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиб;
- таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ;
- собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;
- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳое, ки шумораи зиёди иштирокдоронро фаро мегирад;
- доштани қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва идораи равандҳо;
- малакаи зарурии кор бо воситаҳои техникӣ ва барномавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, барномаҳои офисӣ ва бастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;
- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- ба шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2014 ва (ё) 2015 чун корманди муваққатӣ кор карда буданд, афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд шакли пурсишномаи муқарраргардида, нусхаи шиноснома (бо қайди ҷойи истиқомат), рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) ва рақами инфиродии суғурташуда (РИС)-ро ба нишонии зерин пешниҳод намоянд:
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,
шахси мутасаддӣ: Т. Каримов, тел.: 915 98 00 88 (ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);
дар вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Хаким Карим, 16,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,
шахси мутасаддӣ: В. Сабуров, тел.: 915 98 00 89 (вилояти Суғд);
дар вилояти Хатлон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,
шахси мутасаддӣ: Р. Халилов, тел.: 915 98 00 58 (вилояти Хатлон);
дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234,
почтаи элекронӣ (e-mail): Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,
шахси мутасаддӣ: М. Шоназарова, тел.: 915 98 00 51 (ВМКБ);
Хоҳишмандон танҳо ба воситаи озмун интихоб карда мешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 29-уми январи с. 2016, то соати 16:00.