Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1435
Душанбе, 1‐уми феврали соли 2021
Тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2021, № 69) аз 1-уми феврал то 5-уми марти соли 2021 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагон, падару модарон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021 ба нақша гирифта шудааст.
- Диданд: 2805
Душанбе, 27‐уми январи соли 2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти соҳа пайваста бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мемонад. Аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он шарик мебошад, Лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1‐уми Иттиҳоди Аврупо “Таҳқиқоти миллии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон” аст. Бояд гуфт, ки арзёбии дастовардҳои таълимӣ неруи ҳаракатдиҳандаи фаъолияти таълим ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад. Вобаста ба ин Марказ дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ абзори роҳандозии ин Лоиҳа – саволу масъалаҳои тестро дар якчанд вариант аз фанҳои табиатшиносӣ (синфи 5‐ум), биология, физика ва химия (синфи 11‐ум) таҳия намуд.
- Диданд: 1379
Душанбе, 27-уми январи соли 2021
Раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, курси шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои мазкур барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 27-уми январи соли 2021 оғоз карданд.
- Диданд: 1679
Курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2021
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
- Диданд: 1310
Душанбе, 25-уми декабри соли 2020
Бо мақсади фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда ба имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-ум то 29-уми декабри соли ҷорӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои мазкур баргузор хоҳад шуд.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |